Супоридани мукофотҳои давлатӣ дар остонаи ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

%d1%88%d0%b5%d1%80%d0%be%d0%b2Имрўз дар Қасри миллат  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба истиқболи 26 – солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.

Қабл аз оғози маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати фарорасии ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош гуфта, изҳор доштанд, ки фаъолияти пурсамар ва содиқонаи фарзандони бонангу номуси миллат ҳамеша қадрдонӣ гардида, заҳмати созандаву бунёдкоронае, ки ба нафъи ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон равона шудааст, аз ҷониби давлат қадрдонӣ карда мешавад.

Дар миёни сарфарозшудагон Директори Муассисаи давлатии «Маркази такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони системаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Шеров  Абдусамад Шомаҳмадович низ буданд, ки бо медали «Хизмати шоиста» қадрдонӣ карда шуд.

Бояд қайд  кард, ки Шеров А.Ш. аз соли 2001 инҷониб дар системаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар симатҳои гуногун  кору фаъолият  намуданд.

Ба ин муносибат имрўз дар  дастгоҳи марказии Вазорат  ҷаласа баргузор карда шуд, ки  дар он Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сумангул Тағойзода А.Шеровро самимона табрик гуфта, ба ў дар роҳи пешбурди меҳнати содиқона комёбиҳо орзў намуданд.

Дигар хабарҳо...