Саҳми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

Соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ чун дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша зери таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, он яке аз соҳаҳои калидӣ маҳсуб ёфта, айни замон дар амалӣ намудани сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда дорад, ки он дар таҳия ва татбиқи як қатор стратегияву барномаҳои соҳавӣ инъикос ёфтааст.

Аз ҷумла аз рўзҳои аввали замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, ки он дар шароити басо мураккаби сиёсиву иқтисодӣ бо меҳнати шабонарўзии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиби халқи тоҷик гардид, то имрўз ислоҳоти музди меҳнат пайваста ҷараён дорад. Дар натиҷа, ҳаҷми  музди миёнаи меҳнат нисбат дар ин давра аз 0, 92 сомонӣ ба 920, 77 сомонӣ расида,  имкон дод, ки сатҳи камбизоатӣ  аз 81 фоизи соли 1999  то  32,6  фоиз дар соли 2016  коҳиш ёбад.

Масъалаи шуғли аҳолӣ ва беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагӣ дар меҳвари сиёсати ягонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта, фақат дар 10 соли охир зиёда аз як миллион ҷойҳои кории доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуда, тавассути мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ 345 ҳазору 173 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд, ки 30 фоизи онҳоро занон ташкил медиҳанд. Мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 1 млн. 73 ҳазор нафар шаҳрвандони корҷўйро ба қайд гирифта, ба  беш аз 497 ҳазор нафарашон расман мақоми бекорӣ додааст. Тавассути татбиқи чорабиниҳои Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар маҷмўъ 345 ҳазор нафар шаҳрвандон бо ҷойҳои корӣ таъмин гардиданд. Инчунин, аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ин давра 5232 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуда, зиёда аз 345 ҳазор нафар шаҳрвандони бекор ва корҷўён ба намудҳои гуногуни шуғл ҷалб шуданд.

Ташрифҳои пайваста ва бобарои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои вазорат боиси тағйиротҳои куллӣ  гардид.

Ҳамасола иҷрои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ пурра таъмин гардида, теъдоди муассисаҳо ва филиалҳо ва номояндагиҳои Маркази таълими калонсолон аз 10 адад дар соли 2010 ба 76 адад дар соли 2016 расонида шуд. Фаъолияти муассисаҳои таълимии мазкур дар доираи техналогияҳои пешқадами таълими касбӣ ба роҳ монда шуда, танҳо дар соли 5 соли охир зиёда аз 500 ҳазор шаҳрвандони бекор ва муҳоҷирони меҳнатӣ ба тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомўзӣ, шаҳодатномакунии малакаҳои касбӣ фаро гирифта шудаанд.

Ин абармарди замон ҳамчун роҳбари давлат ба ваъдаи додаи худ дар назди халқи Тоҷикистон  содиқ монд. Зеро суханони аввалини Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси Роҳбари давлат: «Ман барои барқарор кардани сулҳ дар Тоҷикистон ва баргардонидани ҳамаи гурезаҳо ба Ватан тайёр ҳастам ҳаётамро қурбон кунам», ба дили ҳазорон шаҳрвандони кишварамон умеди сулҳу осоишро бедор кард ва аз соли 1993 сар карда, 1 млн. гурезаҳои тоҷик муташаккилонаи ба ҷойи зисти доимиашон баргаштанд.

Масъалаҳои танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, робитаи доими бо ҳамватанони бурунмарзӣ ва диаспораҳои тоҷикон дар давлатҳои хориҷӣ зери таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Бо туфайли заҳматҳои ў ба дили ҳамватанони бурунмарзии мо муҳаббат ба Ватан шуълавар шуда, онҳо имрўзҳо ба рушди соҳаҳои иқтисодиёти кишвар саҳми босазо гузошта истодаанд.

Муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ низ аз мадди назари Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дур намонд.

Дар давоми солҳои 2001-2015 зиёда аз 18563 оилаҳои муҳоҷирони дохилию экологӣ аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кўҳистон ба воҳидҳои дорои заминҳои бекорхобида кўчонида шуда, бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ барои сохтмони манзили истиқоматӣ ва қарзҳои имтиёзнок таъмин гардидаанд.

Бо дастгирии бевоситаи ў ҷиҳати амалӣ намудани ин амали хайрхоҳона дар давоми солҳои 2001-2015 аз буҷети давлатӣ зиёда аз 11 млн. сомонӣ барои сохтмони манзили истиқоматӣ ба  оилаҳои муҳоҷирони дохилию экологӣ равона гардидааст.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таҳкид намуда, мегуяд: “Таҳсилоти ибтидоии касбӣ низ яке аз зинаҳои муҳими соҳаи маорифи кишвар буда, иқтисодиёти миллиро бо мутахассисони соҳибкасб таъмин менамояд ва дар рушди ҳайёти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат саҳми босазо мегузорад”.  (Ҳангоми суханрони дар бинои Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон)

Айни замон дар 61 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўйи 14 самту 96 ихтисос барои иқтисодиёти миллӣ кадрҳои коргарӣ тайёр карда мешаванд.

Илова бар ин, бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат дар доираи татбиқи яқ қатор лоиҳаҳои сармоягузорӣ ҷиҳати таъмиру тармим ва бо таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳаз намудани  муассисаҳои соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ корҳои назаррас ба анҷом расидааст.

Дар доираи татбиқи лоиҳаи Бонки Рушди Осиё тайи солҳои 2016-2021 ба таъмиру азнавсозӣ ва бо таҷҳизотҳои замонавӣ таъмин намудани 21 муассисаҳои соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 5 филиалҳои Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон ва 2 филиали Маркази касбомўзӣ ва соҳибкории вазорат зиёда аз 32 млн. доллари ИМА равона мегардад, ки ин аз дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ шаҳодат медиҳад.

Эҳёи ҳунарҳои қадимаи мардуми тоҷик, ки аз Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рушди қолинбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020” сарчашма мегирад,  имрўз яке аз ҳадафҳои калидӣ дар фаъолияти муассисаҳои таълими касбӣ роҳандозӣ шудааст.

Дар ҳамин раванд 9311 нафар занону духтарони хонашин ба омўзиши ҳунарҳои мардумӣ аз қабили «Қолинбоф», “Қуроқдўз”,  “Бофанда”, “Гулдўз”, “Дузанда”, “Сузанидўз”, “Заргар”, ”Зардўз”, “Адрасбоф”, “Тарроҳ”, ”Ҷомадўз”, ”Оҳангар”, ”Бофандаи маҳсулоти пашмин”, “Тоқидуз” , “Дузанда гулдуз” ҷалб  гардиданд.

Ба масъалаи дастгирии ташаббуси соҳибкории занон ва ҷавонон диққати ҷиддӣ дода шуда, танҳо дар ду соли охир беш аз 19 ҳазор занону духтарони хонанишин ба омўзиши ҳунарҳои мардумӣ ҷалб гардида, 300 ҳазор нафар касбу ҳунарҳои нав омўхта ҳоло барои фаъолият дар бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ омода мебошанд.

Дигар хабарҳо...