Маросими ифтитоҳи расмии майдончаи варзишӣ дар қисмати ғарбии шаҳраки 92-юми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

img_2169Дар доираи  иҷрои муқаррароти «Нақшаи чорабиниҳо оид ба корҳои ободонӣ, бунёди гулгаштҳо ва кабудизоркунӣ, сохтмони майдончаи варзишӣ дар   ҳудуди шаҳри Душанбе» (тибқи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 феврали соли 2017),   29 июли соли 2017 маросими ифтитоҳи расмии маҷмааи майдончаи варзишӣ дар қисмати ғарбии шаҳраки 92-юми ноҳияи Синои пойтахт, ки аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бунёд шудааст,  баргузор  гардид.

Маҷмааи мазкур аз майдони ҳозиразамони  варзишӣ   барои ҳаводорони бозиҳои футбол, волейболу баскетбол   ва  майдончаи  бозиҳои  кудакона  иборат  мебошад.  Дар атрофи майдонча корҳои ободонию  кабудизоркунӣ  анҷом дода шуда, бо гулҳои мавсимӣ  зебо  гардонида шудааст.

Сокинони маҳалла бо хушҳолӣ аз ифтитоҳи боз як иншооти варзишӣ-фарҳангӣ аз ғамхориҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ибрози  сипосу миннатдорӣ  намуданд. img_2166

 

Дигар хабарҳо...