Гузориши иттилоотӣ оид ба вохўриҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба пешгирии ҷинояткорӣ, шомилшавии муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстермистӣ, ҳолатҳои савдои одамон ва дигар масъалаҳои муҳоҷирати меҳнат

Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои муштараки  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират вобаста ба иҷрои Стратегияи милли Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 – 2020 ва Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2018 шуруъ аз 24 июл то 8 августи соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз тарафи кормандони масъули вазорат корҳои таблиғотию иттилоотӣ оид ба пешгирии ҳолатҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию эктремистӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва гирифтор шудани шаҳрвадони ҷумҳурӣ ба савдои одамон баргузор карда шуданд.

Чорабиниҳои болозикр дар 43 шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор карда шуданд.

Боиси қайд аст, ки дар рафти вохўрию суҳбатҳо дар баробари кормандони вазорат масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои чумҳурӣ иштирок намуданд.

Дар ин давра дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ зиёда аз 86 вохўрию суҳбатҳо баргузор карда шуданд, ки дар рафти онҳо беш аз 8500 нафар шаҳрвандон иштирок намуданд.

Дар рафти чорабиниҳои мазкур 5000 варақаҳои таблиғотию иттилоотии аз тарафи Созмони байналмилалии муҳоҷират дастрасшуда ва 3500 адад маводҳои таблиғотии Хадамоти муҳоҷират, оид ба муҳоҷирати бехатар, дарёфти ҷойҳои корӣ ва пешгирии терроризму экстремизм дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ паҳн карда шуданд, ки ба иттилоотнокии  онҳо оид ба проблемаҳои ҳалталаби рўз мусоидат хоҳад намуд.

Ҳамчунин, дар рафти вохўрию суҳбатҳо байни кормандони вазорат ва муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба қонунгузории давлатҳои қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ, будубоши муҳоҷирон дар ин давлатҳо ва фаъолияти қонунӣ саволу ҷавобҳо суръат гирифтанд.

Дигар хабарҳо...