МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ бинои маъмурӣ дар ноҳияи Данғара

0-02-04-f1354d3bd3671be5608edae35a634b7ded289137cd1cd6e0673987f6710b6e18_full

Рузи 2 августи соли 2017,  дар остонаи таҷлили ҷашни 26–умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон маросими ифтитоҳи бинои маъмурии Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, бахшҳои Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти муҳоҷират ва филиали Муассисаи давлатии “Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон” баргузор гардид, ки он аз таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ  шаҳодат медиҳад.

Дар маросими кушодашавии бинои маъмурӣ муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмин Сангинзода, муовини Раиси ноҳияи Данғара Бунафша Файзиддинзода ва директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Бобохон Баротзода иштирок доштанд.

Бояд гуфт, ки лоиҳаи сохтмони бинои мазкур 26 июли соли 2010 аз ташхиси техникӣ гузашта, худи ҳамон сол сохтмони он бо арзиши 4 миллиону 400 ҳазор сомонӣ оғоз гардид ва дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ бо сифати баланд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Баробари ба истифода қарор додани бинои хуштарҳу замонавӣ шароити мусоиди кор барои кормандони соҳа фароҳам омад.

Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи бинои мазкур Сангинзода Эмин Нўъмон иброз намуд: “Итминони комил дорам, ки кормандони соҳа ҷавобан ба дастгириву ғамхориҳо ва бо мақсади дар сатҳи баланд амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бокортаъминкунии шаҳрвандони бекор ва корҷўён, сафарбаркунӣ ба тайёрии касбӣ, омўзиши ҳунарҳои мардумӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва дар ин замина ба беҳтар намудани некўаҳолии мардум софдилона хизмат менамоянд”.

0-02-04-7e6d8658e1b8d3198e6048239feaf003c832be1a02d68ffecdabdc7e9989c683_full

Дигар хабарҳо...