Мулоқоти С.Тағойзода бо Вазири шуғл ва меҳнати Ҷумҳурии Корея Ли Ки-Квон

img_065727 апрели  соли 2017  Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағойзода Сумангул Саид Вазири шуғл ва меҳнати Ҷумҳурии Корея Ҷаноби Ли Ки-Квон ва ҳайати ҳамроҳашро  ба ҳузур пазируфт.

Дар  рафти вохурӣ   масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн муҳокимаю баррасӣ гардида, дурнамои миёнамуҳлати ҳамкориҳои мутақобилан судманд  муайян карда шуданд.

Тағойзода С.С. таъкид намуданд, ки маҳз сафари Асосгузори сулҳу  Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Корея дар моҳи апрели соли 2015  заминаи нави рушди   муносибатҳои дўстона ва ҳамкориҳои судмандро миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея гузоштааст. Дар ҷараёни ин сафар ва вохурӣ дар сатҳи олӣ Тарафҳо оид ба тавсеаи ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи иқтисод, савдо, сармоягузорӣ, саноат, маориф ва ҳамчунин  муҳоҷирати  меҳнатӣ  ба  мувофиқа  расида  буданд.

Дар мулоқоти имрўза, ҷониби Тоикистон алоқамандии худро дар  робита ба интиқоли қувваи  корӣ  ба Ҷумҳурии Корея иброз намуда,  изҳори умедворӣ кард, ки санади меъёрии марбута дар ин самт миёни ду кишвар ба имзо расонида мешавад. Бояд зикр кард, ки лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея оид ба интиқоли қувваи корӣ ба Ҷумҳурии Корея  дар баррасии ҷониби кореягӣ қарор дорад.

Дар ин замина ҳамчунин қайд карда шуд, ки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути 61 муассисаҳои таҳсилоти  ибтидоии касбӣ ва 73 марказҳои таълими калонсолон имкон дорад кадрҳои баландихтисоси касбӣ ва мавриди ниёзро барои  интиқол ба Ҷумҳурии Корея омода намояд, ки онҳо дар навбати худ малакаҳои корӣ ва забондониашонро зимни фаъолияти меҳнатиашон дар он кишвар мукаммал намоянд.

Вохўри дар фазои дўстона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.

 

Дигар хабарҳо...