Гузориши матбуотӣ оид ба натиҷаҳои ҷаласаи 12-уми Гурўҳи кории муштараки Тоҷикистону Россия

vm1a0253

25 апрели соли 2017 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 12-уми гурўҳи кории муштараки Тоҷикистону Россия оид ба амалигардонии Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва шаҳрвандони Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 октябри соли 2004 баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа Гурўҳи кориро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағойзода Сумангул Саид – Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҷониби Федератсияи Россия Краюшкин Андрей Вячеславович – муовини аввали сардори Раёсати кулл оид ба масъалаҳои муҳоҷират роҳбарӣ намуданд.
Инчунин, дар кори Ҷаласа намояндаи Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Колотилинский С.В. ва роҳбари Намояндагии Хадамоти федералии муҳоҷирати Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркевич В. В. иштирок намуданд.

Дар Ҷаласа роҳбарони ҳарду ҷониби Гурўҳи кории муштарак муҳиммияти корҳои идомадор дар самти таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳимояи манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатии дар қаламрави давлатҳо – Тарафҳо фаъолияти меҳнатӣ доштаро таъкид намуда, қайд карданд, ки ҳамкориҳои дуҷониба бо мақсади баланд бардоштани самаранокӣ дар ҳалли масъалаҳои зимни татбиқи Созишнома бамиёнмеомада фаъолтар гаштаанд.
Мувофиқи рўзномаи тасдиқшудаи Ҷаласаи мазкур Тарафҳо масъалаҳои марбут ба рафти иҷроиши қарорҳои Ҷаласаи 11-уми Гурўҳи кории муштараки Тоҷикистону Россия, вазъият дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва инчунин раванди корҳо оид ба омодакунии 5 адад лоиҳаи созишномаҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират аз ҷумла, дар бораи реадмиссия ва Протоколи иҷроия оид ба тартиби татбиқшавии он, дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини иҷтимоӣ (суғуртаи иҷтимоӣ ва таъмини нафақаи ш

аҳрвандони тарафҳо), оид ба ҷалби муташакилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия, оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират (мубодилаи иттилоот) ва оид ба вазъи ҳуқуқии намояндагии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуѓли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россияро муҳокимаю баррасӣ намуданд.
Инчунин дар ин ҷаласа масъалаи рафти корҳо доир ба баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи аз байн бурдани маҳдудиятҳо барои вуруд ба Федератсияи Россия, аз ҷумла нисбати онҳое ки дар қаламрави Федератсияи Россия ҳуқуқвайронукиҳои ҷузъии маъмурӣ содир кардаанд, муҳокима гардид.
Баъд аз музокирот Тарафҳо оид ба ҳар як банди рўзнома қарорҳои мушаххас қабул намуданд.

Дигар хабарҳо...