Ҳамоиш дар Ҷамоати шаҳраки Такоб

Дар Ҷамоати шаҳраки Такоби ноҳияи Варзоб ҳамоиш бо иштироки сокинони ҷамоат баргузор шуд.

Дар вохўрӣ баромадкунандагон дар мавзўъҳои расонидани мазмуну муҳтаво оид ба расмикунонии будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, рушди соҳибкорӣ, касбомўзӣ, имтиёзҳои шахсони бекор, рушди ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳия, пешгирии гароиши аҳолӣ ба гуруҳҳои ифротгаро ва терроризм. Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», беҳдошти ҳолати санитарӣ ва ҳифзи табиат аз ифлосшавӣ,  пешгирии бемориҳои сироятӣ, бартараф намудани ақидаҳои экстремистӣ, проблемаҳои умумиинсонӣ, терроризм, хурофотпарастиву ифротгароӣ ва гирифтани пеши роҳи шомилшавии муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳаракату созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ ва баланд бардоштани ахлоқи оиладорӣ ва пешгирии хушунати хонаводагӣ, пешгирии худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ, хариду фурўши одамон, ҷинояткорӣ дар байни занон , пешгирии унсурҳои номатлуб (талоқ ва баҳсҳои оилавӣ) суханронӣ намуданд.

Вохўриро Моҳтоб Қосимзода муовини раиси ноҳияи Варзоб оғоз намуда, барқияи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзоёни гурўҳи кориро ба ҳозирин шинос намуд. Ў қайд намуд, ки  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи феврали соли 2017 ҳангоми вохўрӣ бо Президенти Федератсияи Россия Ҷаноби Владимир Путин масъалаи расмикунонии будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро арзёбӣ намуданд, ки он мавриди амал  қарор  гирифт.

Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони ноҳия расонида шуд, ки тибқи қарори Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар муҳлати як моҳ, аз санаи 25 март то 24 апрели соли 2017 дар тамоми қаламрави Федератсияи Россия барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расмикунонии  иқомат тавассути бақайдгузорӣ дар мақомоти муҳоҷират ва тамдиди муҳлати будубош имконият дода мешавад.

Аз муҳоҷирони меҳнатӣ сокинони ноҳия хоҳиш карда шуд, ки барои гирифтани маълумоти дақиқ пеш аз сафар барои кор ба Федератсияи Россия ба Бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб муроҷиат намоянд.

Орифҷон Олимзода мутахассиси пешбари Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия баромад карда, шарҳи авфи муҳоҷирони меҳнатӣро ба ҳозирин байён намуд. Аз ҷумла, гуфт:

1). Дар ин муддат шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вайрон кардани қоидаҳои будубош ва фаъолияти меҳнатии қаблӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида намешавад. Инчунин шахсоне, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия муҳлати будубошашон гузаштааст, метавонанд, ба шуъбаҳои мақомоти муҳоҷирати Федератсияи Россия муроҷиат намоянд ва ба онҳо барои қонунӣ гардонидани будубош корти муҳоҷиратии нав, бо нишон додани мақсади вуруд ва қайди муҳоҷиратӣ ба муҳлати 90 рўз дода мешавад ва онҳо имкон доранд дар ин муҳлат будубоши худро расмӣ гардонанд. Дар ҳолати гум кардан ва ё надоштани корти муҳоҷиратӣ ба шаҳрвандон корти муҳоҷиратии нав бо ҳуқуқи иқомат ба муҳлати 90 рўз дода мешавад.

2). Дар ин муддат тамоми қарорҳои Сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия оид ба манъи вуруди шаҳрвандони мо, ки дар асоси бандҳои 4 ва 8 моддаи 26 Қонуни Федератсияи Россия таҳти рақами 114 «Оид ба тартиби воридшавӣ ба Федератсияи Россия ва хориҷшавӣ аз Федератсияи Россия» қабул гардида буданд, бекор карда мешаванд.

Тартиби мазкур нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарорҳои судӣ аз қаламрави Федератсияи Россия берун ва депортатсия шудаанд, татбиқ намегардад. Шаҳрвандоне, ки дар асоси дигар моддаҳои қонунҳои Федератсияи Россия воридшавиашон ба Федератсияи Россия манъ шудааст (бинобар содир кардани ҷиноят, доштани бемориҳои сироятӣ ва ғайра) ба ин категория дохил намешаванд.

Муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси бандҳои 4 ва 8 моддаи 26 Қонуни Федератсияи Россия таҳти рақами 114 «Оид ба тартиби воридшавӣ ба Федератсияи Россия ва хориҷшавӣ аз Федератсияи Россия» воридшавиашон ба Федератсияи Россия манъ гардидааст ва айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, дар ин муддат иҷозати дубора воридшавиро ба Федератсияи Россия пайдо менамоянд.

Олимҷон Бобоев сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Варзоб оиди рушди соҳибкорӣ, касбомўзӣ, имтиёзҳои шахсони бекор, рушди ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳия сухан гуфта, қайд карданд, ки  шаҳрвандони бекоре, ки дар қайди шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии маҳалли зисташон истиқомат мекунанд ва хоҳиши ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шуданро доранд метавонанд тариқи шуъба маблағҳои имтиёзнок барои ташкили корҳои фардӣ соҳибкорӣ дастгирӣ ёбанд. Муҳоҷироне, ки ягон касби коргарӣ надоранд метавонанд ба шуъбаҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии маҳалли зисташон муроҷиат намоянд ва ба касбомўзӣ фаро гирифта мешаванд.

Таманно Шокирова мудири Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Варзоб муфассал дар бораи Пешгирии гароиши аҳолӣ ба гуруҳҳои ифротгаро ва терроризм суханронӣ намуданд.

Раҷабали Турсунзода мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва саёҳии ноҳия ба ҳозирин оиди бартараф намудани ақидаҳои экстремистӣ, проблемаҳои умумиинсонӣ, терроризм, хурофотпарастиву ифротгароӣ ва гирифтани пеши роҳи шомилшавии муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳаракату созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ сухан гуфтанд.

Мавлуда Мирзоева мудири Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб зимни баромади хеш оиди баланд бардоштани ахлоқи оиладорӣ ва пешгирии хушунати хонаводагӣ, пешгирии худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ, хариду фурўши одамон, ҷинояткорӣ дар байни занон, пешгирии унсурҳои номатлуб (талоқ ва баҳсҳои оилавӣ) суханронӣ намуданд.

Дар хатми ҳамоиш ба ҷамъомадагон (муҳоҷирони меҳнатӣ), ки ба Федератсияи Россия сафар мекунанд варақаҳои ёддоштҳо (буклетҳо) дастрас карда шуд.

Чунин як ҳамоиш бо аҳолии Ҷамоати деҳоти ба номи С.Айнӣ, деҳаи Чанори ноҳия низ баргузор гардид.

Дигар хабарҳо...