ВОХЎРИИ МУОВИНИ ЯКУМИ ВАЗИР Э.Н.САНГИНЗОДА БО НАМОЯНДАГОНИ ТБМ

img_061020 апрели соли 2017, тибқи дархости расмии намояндагии ТБМ дар Тоҷикистон, дар вазорат вохурии муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сангинзода Эмин Нуъмон бо намояндагони ТБМ – роҳбари лоиҳаи «Меҳнати арзанда» ҷаноби Рольф Бюшел, мутахассис оид ба робита бо ҷомеаи ТБМ дар Женева хонум Ольга Богданова ва хамоҳангсози лоиҳаҳои ТБМ дар Тоҷикистон Собирҷон Аминов баргузор гадид.
Дар вохўрӣ мутобиқгардонии консепсияи лоиҳаи ТБМ бо номи «Аз соя баро!» баррасӣ гардида, муҳтавои ссенарияи намоиши театрӣ, ки ҷамбаҳои мушаххаси шуғли ғайрирасмиро инъикос менамояд, мавриди мухокимаи ҳаматарафа қарор дода шуд.
Дар назар аст, ки чорабинии театрикунонидашудаи «Аз соя баро!» рузи 19 май дар Душанбе, моҳҳои июн-августи соли ҷорӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ баргузор мегарданд.
Кайд кардан лозим аст, ки ин чорабиниҳо бо мақсади тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолӣ ҷиҳати пешгирии шуғли ғайрирасмӣ бо ташаббуси вазорат ва шарикони иҷтимоӣ – Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи марҳалаи дуюми лоиҳаи ТБМ «Бартараф кардани буҳрон ва таъмини меҳнати арзанда ва бехатар» ба нақша гирифта шудааст.

Дигар хабарҳо...