Баргузории ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се моҳаи аввали соли 2017

Рўзи 19 апрели соли 2017 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи  ҳайати васеи мушовара оид ба ҷамъбасти  фаъолияти вазорат дар се моҳаи  аввали соли 2017  бо иштироки роҳбарияти вазорат, агентӣ, хадамотҳо ва сохторҳои системаи он  баргузор  гардид.

Маҷлисро Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тағойзода Сумангул Саид ифтитоҳ намуда, суханро ба муовини Вазир Мирзозода Абдусалом Назаралӣ  дод, ки дар навбати худ доир ба раванди иҷроиши бандҳои марбутаи нақшаи солонаи  вазорат дар се моҳаи аввали  соли 2017, камбудиҳои алоҳидаи ҷойдошта дар фаъолияти баъзе сохторҳои он ва пешниҳодот ҷиҳати рафъи мушкилоти ҷойдошта  маърузаи ҳисоботӣ намуданд.

Мавсуф дар оғози баромадаш  қайд карданд, ки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  фаъолияти худро дар се моҳи  соли 2017 дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ , Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ва маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар соли 2016 ва вазифаҳо барои соли 2017 ба роҳ монда, ба як қатор натиҷаҳо ноил гардид. Аз ҷумла:

Ҷиҳати такмил ва рушди низоми қонунгузории соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ  ва фароҳам овардани заминаи ҳуқуқию ташкилӣ  дар се моҳи соли 2017 аз ҷониби вазорат дар маҷмўъ 36 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ  таҳия  гардид, ки аз ин шумора 8 ададро лоиҳаи Қонун, 2 ададро лоиҳаи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22 ададро лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 3 ададро лоиҳаи Созишномаҳо ва 1 ададро лоиҳаи Ёддошти тафоҳум ташкил медиҳад.

Дар семоҳаи аввали соли равон чун солҳои қаблӣ  болоравии музди меҳнати номиналӣ  дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт ва минтақҳои ҷумҳурӣ  ба назар мерасад. Дар моҳи январи соли 2017 музди меҳнати номиналӣ  1064,58 сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 162,94 сомонӣ  ва ё 18 фоиз зиёд шудааст.

Ба ҳолати 1 марти соли 2017 дар ҷумҳурӣ  85316 адад корхона, новобаста аз шакли моликият арзи вуҷуд дошта, аз ин 31688 ададаш дар давраи ҳисоботӣ  фаъол буда, теъдоди 28386 корхона бо шартномаҳои  коллективӣ  ва созишномаҳои соҳавӣ  фаро гирифта шудаанд, ки 89,6 % умумиро  ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ  зимни 398 адад санҷиши макомоти назоратии вазорат  1010 адад қонунвайронкунӣ   ошкор гардид, ки 546 ҳолат ба масъалаҳои меҳнат, 347 ҳолат ба масъалаҳои бехатарии меҳнат ва риояи стандартҳо, 41 ҳолат ба масъалаҳои шуғл ва 76 ҳолат ба масъалаҳои муҳоҷират иртибот доранд.

Вазорат тибқи супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ  бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ  ҷиҳати танзими равандҳои муҳоҷирати аҳолӣ  як қатор тадбирҳоро амалӣ  намуд.

Тайи марҳилаи ҳисоботӣ  112 810 нафар шаҳрвандон аз ҷумҳурӣ  ба хориҷи кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ  сафар намуданд, ки аз инҳо 99 281 нафар мард  ва 13 529 нафарро зан ташкил медиҳанд. Дар ин давра муҳоҷирони меҳнатӣ  ба Федератсияи Россия – 110 193 нафар ва Ҷумҳурии Қазоқистон – 2 617 нафар сафар карданд.

Рафти муҳоҷирони меҳнатӣ  ба хориҷа нисбати ҳамин давраи соли гузашта 31 509 нафар, ё ин ки 22% кам шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ  аз хориҷи кишвар 84 297 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ  ба Ватан бозгаштанд, ки аз ин 72 312 нафарро мард ва 11 985 нафарро зан ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 16 920 нафар ё ин ки 25% зиёд шудааст.

Вазорат дар ин давра ҳамкориро бо мақомоти дахлдори давлатҳои қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ , аз ҷумла Федератсияи Россия ҷиҳати ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ  ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирон идома ва тақвият дод. Аз ҷумла,  лоиҳаи Созишнома миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Россия  оид ба ҳамкорӣ  дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ  27 феврали соли ҷорӣ  ба имзо расонида шуд.

Бо дахолат ва мусоидати  кормандони Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират дар се моҳи соли 2017 маблағи 7 млн. 592 ҳазор рубли русӣ  музди меҳнати пардохтнашудаи муҳоҷирони меҳнатӣ  – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи корфармоён, баргардонида шуда,  19 қарорҳои судҳои ноҳивӣ  бо қарорҳои судҳои болоӣ  бекор карда шудаанд. Инчунин аз ҷониби Намояндагӣ  зиёда аз 2409 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ  бо ҷои кори доимӣ  дар Федератсияи Россия таъмин карда шуданд.

Чораҳои татбиқшуда ҷиҳати танзими муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба расмикунонии будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ  – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, ки дар ҷараёни вохўрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ , Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Федератсияи Россия аз 27 феврали  соли ҷорӣ   мувофиқа ба даст омада буд, корҳо оғоз гардидаанд.

Тибқи қарори Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар муҳлати як моҳ, аз санаи 25 март то 24 апрели соли 2017 дар тамоми ҳудуди Федератсияи Россия барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расмикунонии иқомат тавассути бақайдгузорӣ  дар мақомоти муҳоҷират ва  тамдиди муҳлати будубош имконият дода мешавад.

Ба ҳолати 30 марти соли равон дар ҷумҳурӣ  164 оилаи муҳоҷирони дохилӣ  (ихтиёрӣ ) дар вилояти Хатлон, дар ҳудуди ноҳияҳои Данғара 75 оила ва Ёвон 5 оила, дар вилояти Суғд дар ҳудуди шаҳрҳои Панҷакент 4 оила ва Исфара 20 оила, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  дар ҳудуди шаҳри Роғун 10 оила ва ноҳияи Варзоб 50 оила бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ  барои сохтмони манзили истиқоматӣ  таъмин гардида, муҳоҷирон дар мавзеъҳои нави зист ба қайд гирифта шудаанд, ки ин 30%-и нақшаи солонаро ташкил медиҳад.

Ҷиҳати иҷрои  қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2016, №506 дар давраи ҳисоботӣ  ба 183 хоҷагӣ  дар мавзеъҳои бехавф аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  қитъаи замини наздиҳавлигӣ  барои сохтмони манзили истиқоматӣ  ҷудо гардидааст, аз ҷумла ВМКБ – 32, вилоятҳои Суғд – 34, Хатлон – 86 ва НТҶ – 43 хоҷагӣ , ки ин 56%-и нақшаи солонаро ташкил медиҳад.

Дар се моҳи соли 2017 ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ  37 490 нафар шаҳрвандон муроҷиат намуданд, ки 23404 нафари онҳо ҳамчун корҷўй ба қайд гирифта шуда, ба  14600 нафар расман мақоми бекорӣ  дода шуд. Тавассути татбиқи чорабиниҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ  дар маҷмўъ 12172 нафар шаҳрвандон бо ҷойҳои корӣ  таъмин гардиданд. Аз ҷумла, ба воситаи ҷойҳои кории бандшуда (квотаҳо) 1002 нафар ва тавассути ташкили корҳои фардӣ  930 нафар соҳиби ҷойи кор шуданд.

Дар се моҳи соли ҷорӣ  аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ  дар маҷмўъ ба 57109 нафар шаҳрвандон хизматрасонии иҷтимоӣ  анҷом дода шуд.

Давоми семоҳаи аввали соли 2017 тавассути мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ , ҷиҳати машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ  ба 930 нафар шаҳрвандони бекор ба андозаи 2 млн. 686,3 ҳазор сомонӣ  қарзи имтиёзнок дода шуд.

Ба дастгирии ташаббуси соҳибкории занон ва ҷавонон аҳамият дода шуда, ба 528  нафар занон дар ҳаҷми 1 626 431 сомонӣ  ва ба 355  нафар ҷавонон  ба  андозаи 1 103 226 сомонӣ  қарзи имтиёзнок дода шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ  дар муассисаҳои таълими касбии калонсолон 13657 нафар шаҳрвандон ба тайёрии касбӣ  ва шаҳодатномакунонии малакаҳои касбӣ  ҷалб гардиданд.

Аз ҳисоби маблағҳои буҷети Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар марказҳои таълими касбии калонсолон 7132 нафар ба тайёрии касбӣ  фаро гирифта шуданд, ки нисбати дурнамои Барнома 43,0 фоизро ташкил медиҳад ва аз ин шумора 5318 нафар (74,5%) занон мебошанд.

Аз 962 хатмкардагони курсҳои тайёрии касбӣ , ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети барнома маблағгузорӣ  шудаанд, 486 нафар дар ташкилоту муассиса ва корхонаҳо бо ҷойи кор таъмин гардиданд ва сатҳи бокортаъминшавии хатмкардагони муассисаҳои таълими касбии калонсолон дар давраи ҳисоботӣ  50,5 фоизро ташкил намуд.

Тайи  солҳои охир, раванди муосир дар фаъолияти хизматрасонии таълими касбӣ  ин роҳандозии омўзиши ҳунарҳои мардумӣ  мебошад. Дар ҳамин раванд, дар семоҳаи якуми соли 2017 бо мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ  дар муассисаҳои таълимии система 6684 нафар занону духтарони хонашин ва шаҳрвандон ба омўзиши ҳунарҳои мардумӣ   ҷалб  гардиданд.

Илова бар ин, тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат бори нахуст дар муассисаҳои таълими касбии калонсолони Тоҷикистон омўзиши касби “Дўхти либосҳои мактабӣ ”, “Кулолгар” ва “Оҳангар” ба роҳ монда шуд ва дар давраи ҳисоботӣ  маҷмуан 117 нафар ба омўзиши касби “Дўхти либосҳои мактабӣ ”, 111 нафар “Кулолгар” ва 79 нафар ба омўзиши касби “Оҳангар” сафарбар гардиданд.

Рушди ҳунарҳои мардумӣ  дар кишвар бомаром идома дошта, айни замон дар ҷумҳурӣ  886 дастгоҳи қолинбофии дастӣ  ва 733 дастгоҳҳои адрасу – атласбофӣ  дар марказҳои омўзишӣ  ва ҳунарҳои мардумӣ  насб карда шуда, мавриди истифода қарор доранд.

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти вазорат ин тайёр намудани кадрҳои коргарии баландихтисоси ҷавобгўи талаботи замони муосир ва бо ҳадафҳои стратегии рушди иқтисодиёти кишвар  ҳамоҳанг намудани фаъолияти муассисаҳои давлатии таълимии системаи вазорат мебошад.

Айни замон дар сохтори  вазорат  61 муассисаи системаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ  ва 20 маркази таълими калонсолон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат фаъолият менамояд. Муассисаҳои мазкур аз рўи 14 самт ва аз рўи 96 ихтисос кадрҳои коргариро тайёр  менамоянд.

Дар литсейҳои касбии техникии кишвар 23 ҳазору 143 хонанда таҳсил менамоянд, ки аз ин 4 ҳазору 805 нафарро (20,7%) духтарон ташкил медиҳанд.

Баъди муҳокимаи ҳамаҷонибаи маъруза Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Тағойзода Сумангул Саид ҷаласаро ҷамъбаст намуда, вобаста ба масъалаҳои баррасишуда  қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Дигар хабарҳо...