Вохўрии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо Кордори Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрўз, 10 апрели соли 2017  вохўрии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумхурии Тоҷикистон Тағойзода Сумангул Саид бо Кордори Сафорати Ҷумҳурии Корея  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ли Вучёл баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот тарафҳо масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкории дуҷонибаро  дар самти муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳсилоти ибтидоии касбӣ, шуғли аҳолӣ ва таълими калонсолон, инчунин пешниҳодҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро  ба ҷаласаи якуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Корея, ки 18 апрели соли равон дар шаҳри Сеул баргузор мегардад, мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор доданд.

Вохўри дар фазои дўстона, якдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум гузашт.

 

Дигар хабарҳо...