Гурўҳи корӣ ба фаъолияти худ шурўъ намуд

Бо мақсади шарҳи Авфи муҳоҷирони меҳнатӣ, ки аз ҷониби Федератсияи Россия эълон шудааст, дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурўҳи корӣ ташкил карда шуд.

Гурўҳи корӣ аз 4 то 12 апрел дар минтақаҳои Кўлоб, Қурғонтеппа ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо кормандони шуъбаву бахшҳои Хадамот, роҳбарони ҳукумати маҳаллӣ ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вохўрӣ барпо намуда, муфассал оид ба шарҳи авфи муҳоҷиратии эълоншуда чӣ гуна посухҳо ба шаҳрвандон бояд пешниҳод намуд ва чӣ гуна ба саволҳои онҳо ҷавобҳои мушаххас додан маслиҳатҳои муфид медиҳанд.

Мақсад аз ташкилии гурўҳҳои корӣ пурзур намудани корҳои иттилоотӣ ва фаҳмондадиҳӣ аз тарафи шуъбаву бахшҳо дар ҷамоатҳои сераҳолӣ мебошад. Ҳар як як аъзои гурўҳи корӣ ҳангоми вохўрӣ бо сокинони шаҳру ноҳияҳо тавсия медиҳанд, ки моҳи апрел пеш аз сафар барои муайян намудани ҳолати кор ба сохторҳои Хадамоти муҳоҷират муроҷиат намоянд.

Бояд қайд намуд, ки ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти назорати қатъии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Бори дигар таъкид менамоем, ки тибқи қарори Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар муҳлати як моҳ, аз санаи 25 март то 24 апрели соли 2017 дар тамоми қаламрави Федератсияи Россия барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расмикунонии иқомат тавассути бақайдгузорӣ дар мақомоти муҳоҷират ва тамдиди муҳлати будубош имконият дода мешавад.

1). Дар ин муддат шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вайрон кардани қоидаҳои будубош ва фаъолияти меҳнатии қаблӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида намешавад. Инчунин шахсоне, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия муҳлати будубошашон гузаштааст, метавонанд, ба шуъбаҳои мақомоти муҳоҷирати Федератсияи Россия муроҷиат намоянд ва ба онҳо барои қонунӣ гардонидани будубош корти муҳоҷиратии нав, бо нишон додани мақсади вуруд ва қайди муҳоҷиратӣ ба муҳлати 90 рўз дода мешавад ва онҳо имкон доранд дар ин муҳлат будубоши худро расмӣ гардонанд. Дар ҳолати гум кардан ва ё надоштани корти муҳоҷиратӣ ба шаҳрвандон корти муҳоҷиратии нав бо ҳуқуқи иқомат ба муҳлати 90 рўз дода мешавад.

2). Дар ин муддат тамоми қарорҳои Сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия оид ба манъи вуруди шаҳрвандони мо, ки дар асоси бандҳои 4 ва 8 моддаи 26 Қонуни Федератсияи Россия таҳти рақами 114 «Оид ба тартиби воридшавӣ ба Федератсияи Россия ва хориҷшавӣ аз Федератсияи Россия» қабул гардида буданд, бекор карда мешаванд.

Тартиби мазкур нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарорҳои судӣ аз қаламрави Федератсияи Россия берун ва депортатсия шудаанд, татбиқ намегардад. Шаҳрвандоне, ки дар асоси дигар моддаҳои қонунҳои Федератсияи Россия воридшавиашон ба Федератсияи Россия манъ шудааст (бинобар содир кардани ҷиноят, доштани бемориҳои сироятӣ ва ғайра) ба ин категория дохил намешаванд.

Муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси бандҳои 4 ва 8 моддаи 26 Қонуни Федератсияи Россия таҳти рақами 114 «Оид ба тартиби воридшавӣ ба Федератсияи Россия ва хориҷшавӣ аз Федератсияи Россия» воридшавиашон ба Федератсияи Россия манъ гардидааст ва айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, дар ин муддат иҷозати дубора воридшавиро ба Федератсияи Россия пайдо менамоянд.

Айни замон дар дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират Ситоди корӣ ташкил карда шудааст, ки ҳар рўз аз натиҷаи фаъолияти Раёсату шуъбаву бахшҳои Хадамот дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба Сардори Хадамоти муҳоҷират ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ маълумот пешниҳод мегардад.

Дигар хабарҳо...