Вохўрии муовини Вазир дар Хадамоти муҳоҷират

Ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти назорати қатъии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Ҷиҳати иҷрои Созишномаи Сарони ҳарду давлат барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 март то 24 апрели соли 2017 дар тамоми қаламрави Федератсияи Россия ҷиҳати расмикунонии иқомат тавассути бақайдгузорӣ дар мақомоти муҳоҷират ва тамдиди муҳлати будубош имконият дода шуд.

Бо мақсади шарҳи авфи муҳоҷирони меҳнатӣ муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Маҳмадуллозода дар бинои Хадамоти муҳоҷират бо шаҳрвандони мамлакат вохўрӣ барпо намуд.

Дар он муовини Вазир муфассал дар бораи муҳоҷирони ғайрирасмӣ аз Тоҷикистон, ки аз тарафи Ҳукумати Федератсияи Россия афв эълон шудааст, суханронӣ намуд. Ў қайд намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи феврали соли 2017 ҳангоми вохўрӣ бо Президенти Федератсияи Россия Ҷаноби Владимир Путин масъалаи расмикунонии будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро арзёбӣ намуданд, ки он мавриди амал қарор гирифт.

“Ин рӯзҳои аввали қонунигардонии буду боши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Тариқи телефон ҳамватанон ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ ва Хадамоти муҳоҷират муроҷиат мекунанд. Мо аз ҳамватанон хоҳиш мекунем, ки ҳангоми рӯ ба рӯ шудан ба мушкилот зуд бо мо дар тамос шаванд, то талош кунем, мушкил ҳал шавад. Ин чорабинӣ нав оғоз шуд ва шояд баъзеҳо аз ноогоҳӣ иқдоми дигар кунанд», – афзуд ӯ.

Тибқи қарори Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар муҳлати як моҳ, аз санаи 25 март то 24 апрели соли 2017 дар тамоми қаламрави Федератсияи Россия барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расмикунонии иқомат тавассути бақайдгузорӣ дар мақомоти муҳоҷират ва тамдиди муҳлати будубош имконият дода мешавад.

1). Дар ин муддат шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вайрон кардани қоидаҳои будубош ва фаъолияти меҳнатии қаблӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида намешавад. Инчунин шахсоне, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия муҳлати будубошашон гузаштааст, метавонанд, ба шуъбаҳои мақомоти муҳоҷирати Федератсияи Россия муроҷиат намоянд ва ба онҳо барои қонунӣ гардонидани будубош корти муҳоҷиратии нав, бо нишон додани мақсади вуруд ва қайди муҳоҷиратӣ ба муҳлати 90 рўз дода мешавад ва онҳо имкон доранд дар ин муҳлат будубоши худро расмӣ гардонанд. Дар ҳолати гум кардан ва ё надоштани корти муҳоҷиратӣ ба шаҳрвандон корти муҳоҷиратии нав бо ҳуқуқи иқомат ба муҳлати 90 рўз дода мешавад.

2). Дар ин муддат тамоми қарорҳои Сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия оид ба манъи вуруди шаҳрвандони мо, ки дар асоси бандҳои 4 ва 8 моддаи 26 Қонуни Федератсияи Россия таҳти рақами 114 «Оид ба тартиби воридшавӣ ба Федератсияи Россия ва хориҷшавӣ аз Федератсияи Россия» қабул гардида буданд, бекор карда мешаванд.

Тартиби мазкур нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарорҳои судӣ аз қаламрави Федератсияи Россия берун ва депортатсия шудаанд, татбиқ намегардад. Шаҳрвандоне, ки дар асоси дигар моддаҳои қонунҳои Федератсияи Россия воридшавиашон ба Федератсияи Россия манъ шудааст (бинобар содир кардани ҷиноят, доштани бемориҳои сироятӣ ва ғайра) ба ин категория дохил намешаванд.

Муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси бандҳои 4 ва 8 моддаи 26 Қонуни Федератсияи Россия таҳти рақами 114 «Оид ба тартиби воридшавӣ ба Федератсияи Россия ва хориҷшавӣ аз Федератсияи Россия» воридшавиашон ба Федератсияи Россия манъ гардидааст ва айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, дар ин муддат иҷозати дубора воридшавиро ба Федератсияи Россия пайдо менамоянд.

Дар вохўрӣ сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода, муовинони Сардор Муқим Ниёзов ва Толиб Шарипов оид ба авфи муҳоҷиратии эълоншуда посухҳо ба шаҳрвандон пешниҳод намуданд ва ба саволҳои онҳо ҷавобҳои мушаххас дода шуд.

Онҳо дар баромадашон бо сокинони ҷумҳурӣ муроҷиат намуданд, ки ҳар як шаҳрванди мамлакат моҳи апрел пеш аз сафар барои муайян намудани ҳолати кор ба сохторҳои Хадамоти муҳоҷират дар маҳалҳо муроҷиат намоянд.

Вобаста ба дигар масъалаҳои алоқаманд ба муҳоҷирати шаҳрвандони кишвар метавонанд ба телефонҳои зерин тамос гиранд:
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ – 235-03-85; 236-68-88; 236-22-72.
Хадамоти муҳоҷират – 225-07-19; 225-05-81; 225-05-91.

Намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират – 44640-19-51; 44640-91-99.

Дигар хабарҳо...