Баргузории маҷлиси Вазорат бо иштироки намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрўз, 31 марти соли 2017 дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ  ва мубориза  бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои нимсолаи якуми соли 2017  маҷлиси навбатии  кормандони дастгоҳи марказии Вазорати  меҳнат,  муҳоҷират  ва  шуғли  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иштироки  намояндагони  Агентии  мазкур  баргузор  гардид.

Муовини якуми Вазир Сангинзода Эмин Нуъмон ҳамчун раисикунандаи маҷлис  дар назди ҳозирин баромад намуда, зуҳуроти коррупсияро ҳамчун омили хатарзо ба фаъолияти муътадили давлату давлатдорӣ ва истиқлолияти давлатӣ хонда, онро чун унсури коҳишдиҳандаи  эътимоди мардум ба давлат ва обрўю эътибори он  маънидод  кард.

Раисикунанда оид ба раванди татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо коррупсия ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ маълумот дода,  қайд намуд, ки дар вазорат ҷиҳати иҷрои Стратегияи муқовимат  бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020  бо фармоиши Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ аз 18 декабри соли 2015, № 242 Барномаи зиддикоррупсионии  соҳавӣ барои солҳои 2016-2017 таҳия гардида, Комиссияи дохилиидоравӣ  таъсис дода шудааст. Тибқи Барномаи мазкури соҳавӣ ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои номатлуб дар сохторҳо мунтазам  таҳлили  хавфҳои коррупсионӣ гузаронида, ҷиҳати омўзиши иловагии қонунгузории зиддикоррупсионӣ  барои  хизматчиёни  давлатӣ  курсҳои  таълимӣ  ташкил гардида,  назорати молиявӣ ва истифодаи самараноку мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин дар вазорат  ба таври мунтазам бо иштироки намояндагони сохторҳои дахлдори давлатӣ вохўрию суҳбатҳои судманд  баргузор карда мешаванд.

Турсунзода Шодком Худоймурод -муовини сардори Раёсати якуми Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати  давлатии молиявӣ  ва мубориза  бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ҳозирин доир  ба ҷанбаҳои мухталифи Стратегияи муқовимат  бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020  суханронӣ намуд, ки бешак барои иттилоънокии кормандони дастгоҳи марказии вазорат дар ин соҳа  мусоидат менамояд.

Дар чорабинии нақшавии мазкур ҳамчунин  Раҳмонзода Фаромарз Назришо Нозири Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  иштирок дошт, ки ба саволҳои пайдошудаи ҳозирин  посухҳои  қаноаткунанда  дод.

Дар охири маҷлис ибрози умедворӣ карда шуд, ки чорабинии мазкур  барои  пешгирии  омилҳои  коррупсионӣ  мусоидат  хоҳад  намуд.

Дигар хабарҳо...