Баргузории чорабиниҳои идона бахшида ба таҷлили ҷашни Наврўз

Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омодагӣ ва баргузории ҷашни Наврўзи байналмилалӣ  18 марти соли 2017 дар “Боғи ботаникӣ” (Ирам)-и пойтахт даври ниҳоии Фестивали истеъдод ва ҳунарҳои хонандагони муассисаҳои давлатии таълимии соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ   баргузор гардид.

Нахуст Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Тағойзода Сумангул Саид, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ииҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Абдуҷаббор Раҳмон ва аъзои ҳакамон  маҳсули дастони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбиро, ки ба маърази тамошо баровардабуданд, тамошо намуда, баъди чамъбасти озмун ғолибон ва фаъолон диплом, ифтихорнома ва сипосномаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд

Баргузории Фестивали мазкур дар се давра ба нақша гирифта шуда, даври якум дар моҳи январи соли равон дар дохили муассисаҳои давлатии таълимии литсейҳои касбии техникӣ, даври дуюми он бошад дар охири моҳи феврали соли ҷорӣ дар миқёси шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон гузаронида шуд.

Баргузории чунин чорабинӣ барои баланд бардоштани тафаккури зеҳнии хонандагони муассисаҳои давлатии таълимии  соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ равона карда шуда, дар рушд ва дарёфти истеъдодҳои ҷавон нақши муҳимро иҷро менамояд.

 

Дигар хабарҳо...