Вохўрии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамоҳангсози доимии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

img_0437

Имрўз Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағойзода Сумангул Саид бо ҳамоҳангсози доимии СММ ва намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Пратиба Мета мулоқот доир намуд.

Дар ҷараёни мулоқот Тарафҳо масъалаҳои марбут ба самтҳои фаъолияти вазорат аз ҷумла: муносибатҳои меҳнатӣ, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ва таълими калонсолонро  мавриди баррасӣ қарор доданд.

Инчунин, Тарафҳо бо мақсади таҳким ва рушди ҳамкориҳои минбаъда масъалаҳои таҳия ва пешниҳод намудани  лоиҳаи барномаҳо вобаста ба паст намудани шуғли ғайрирасмӣ, бақайдгирии электронии шартномаҳои коллективию меҳнатӣ ва омўзиши бозорҳои меҳнати  дигар давлатҳоро муҳокма намуданд.

Вохўрӣ дар фазои дўстона, якдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.

Дигар хабарҳо...