Баимзорасонии созишномаи нави ҳамкорӣ

32994746402_e1e763750f_z

27 феврали соли 2017 зимни сафари расмии Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағойзода Сумангул Саид ва Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Россия Топилин Максим Анатольевич Созишнома миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолиро ба имзо расониданд.

Мавриди амал қарор гирифтани созишномаи нави ҳамкорӣ дар оянда ба таҳкими ҳамшарикии стратегии Тоҷикистону Россия дар соҳаҳои афзалиятноки муносибатҳои меҳнатӣ, шуғли аҳолӣ, мубодилаи иттилоот дар самтҳои марбут ба фаъолияти тарафҳо мусоидат менамояд.

 

Дигар хабарҳо...