Баргузории «Мизи мудаввар» дар Агетии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бахшида ба 20-солагии рўзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Рўзи  16-феврали  соли  2017 баргузории мизи мудаввар дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бахшида ба 20-солагии рўзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ, Раиси Шўрои куҳансолони ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон АвзаловҒайбулло Саидович, шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ ва роҳбари Дастгоҳи Кумитаи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хонов Абдураҳмон Умарович сурат гирифт.

Дар ин  мизи мудаввар  муовинони  директори Агентии  меҳнат  ва шуғли  аҳолӣ, инчунин сардорони  раёсату  шуъбаҳо, мудирони бахшҳо,  сармутахассисон, мутахассисонипешбар,  мутахассисони дастгоҳи марказии  Агентӣ, омўзгорон, касбомўзони дастгоҳи марказии Муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон”  иштирок намуданд.

Маҷлисро муовини  якуми директори  Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ  Абдураҳмонов Б. М., ифтитоҳ намуда, сараввал меҳмонони маҷлисМ.Асрорӣ, Ғ.Авзалов, Г.Келдӣ ва А.Хонов-ро аз номи роҳбарияти Агентӣ ва кормандон барои иштирокашон изҳори минатдорӣ  намуд.

Ҳамзамон Абдураҳмонов Б. М. хадаф аз ташкили вохўриро ба маврид шуморида, қайд намуд, ки нақши Ваҳдати миллӣ дар муттаҳидсозии мардуми Тоҷикистон мақоми муҳимро бозида барои расидан ба истиқлолияти миллӣ роҳандозӣ кардан дар тақдири ҳар як миллати халқи кишварҳои гуногуни олам ҷойгоҳи худро дорад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора чунин таъкид намуда буд: «Созишномаи сулҳ барои сарзамини аҷдодии мо суботу оромии воқеиро таъмин кард, Ваҳдати миллиро ба вуҷуд овард ва зиндагиеро фароҳам сохт, ки онро ҳар фарди покдилу некхоҳи мамлакат дер боз интизор буд».

Барои баррасии масъалаи рўзнома сухан ба Мирзошоҳрух Асрорӣ – раиси Кумитаи иҷроияи ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дода шуд.

М.Асрорӣ ба сухан баромада қайд намуд, ки рушди босуботу мунтазами ҷомеа ба оромию ҳамдигарфаҳмии аъзои он, қувваҳои сиёсию фарҳангӣ ва қишрҳои иҷтимоӣ вобаста аст. Тавре воқеияти обьективӣ шаҳодат медиҳад ҳаёт барои ба эътидол овардани вазъияти сиёсию иқтисодии ҷомеаро водор менамояд, ки сулҳу суботро таъмин ва ба ин васила истеҳсоли неъматҳои моддӣ ва рушди маънавиро ба роҳ монад.

Аз ин рў ваҳдат на танҳо омили ҳастии ҷамъият, балки асли худи олам аст.

Аз таърихи халқамон метавонем мисолҳое оварем, ки дар натиҷаи аҳамият надодан ба ваҳдат тезутунд шудани зиддиятҳои дохилӣ ба вайрон шудани шаҳру деҳот, пароканда шудани ҳунармандону косибон, аз байн рафтани боғҳову киштзорҳо ва дар натиҷа боиси гуруснагию беморӣ, касодии маънавию ахлоқӣ гардид.

Дар замони истиқлолияти давлатӣ ва воридшавии кишвар ба марҳилаи нави тараққиёт ва худшиносии миллӣ ҷомеаи мо аз низоъҳои фалокатбор ба шарофати Ваҳдати миллӣ наҷот ёфт. Маҳз Ваҳдати миллӣ барои пойдории истиқлолият ва рушди давлатдориамон заминаи муҳимтарин гардид, ки таввасути он бо ибтикори дурандешонаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ватани азизамон бо дастовардҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва коммуникатсионӣ муваффақ гашт.

Тавре дар Паёми Президенти мамлакат – Пешвои миллат 22 декабри соли 2016 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд Паёми навбатӣ нисбати солҳои пешин фарқияти таърихӣ дошта ба масъалаи ҷавонон ва занон зиёдтар таваҷҷуҳ карда шудааст.

Эълон гардидани соли 2017 «Соли ҷавонон» барои муаррифии Тоҷикистон ҳамчун давлати устувор дар арсаи байналмиллалӣ имкон фароҳам овард. Ҳар як фарди масъулиятшиноси кишвар, махсусан ҷавононро зарур аст, ки дар ҷавоб ба ғамхориҳои Сарвари давлат дар шароити кунунии вазъи сиёсӣ ҳушёриву зирракиро аз даст надиҳанд ва нагузоранд, ки ба амният ва сулҳу суботи сиёсӣ, якпорчагиву ваҳдати пойдори Тоҷикистони биҳиштосо халал ворид гардад ва ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм нигоҳ доранд.

Сухан ба Авзалов Ғ.С.- раиси Шўрои куҳансолони ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дода шуд.

Муҳтарам Авзалов Ғ. аз хизматҳои беандозаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба даст овардани Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар кишварамон суханронӣ намуда қайд намуд, ки рўзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар баробари Истиклолияти давлатӣ ва раванди бунёди давлати демократӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ба ҳам омадани миллату мардуми Тоҷикистон, худшиносию ватандўстӣ мақоми хоса дорад. Роҳи расидан ба Ваҳдати миллӣ осон набуд. Кўшишҳои давлатҳои миёнарави ҳамсоя ва шарикони стратегӣ барои расидан ба хадафи асосӣ беназир ба чашм мерасид. Вале беназиртарин омил дар ин ҷода хиради азалии миллати тоҷик бо роҳбарии фарзанди фарзонааш сармеъмори Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон буд.

Ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар ин бора таъкид намудааст: «Сулҳу ваҳдат ва таҳаммулпазирӣ дар табиату хислати мардуми тоҷик ба арзишҳои муқаддасе табдил ёфтаанд, ки бо ҷону равони мо сарнавишта шуда, дар ташаккули ахлоқу фарҳанг ва зиндагии маънавии ҷомеаи мо қадру манзалати баланд доранд».

Бо заҳматҳои пайвастаи Пешвои миллат, Сарвари давлат, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва халқи азизу меҳрубонамон дар тўли солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар бо омезиши ҷаҳонбиниҳои мухталиф, тафаккури арзишманду пешрафта, фазои устувори сиёсӣ, маънавию ахлоқӣ ва иҷтимоие, ки барои тавлиду устувории мафкураи муттаҳидсоз ё худ мафкураи миллӣ мусоидат намояд, шароит фароҳам оварда шудааст.

Сухан ба Гулназар Келдӣ – шоири халқии Тоҷикистон дода шуд. Муҳтарам Г.Келдӣ зикр намуд, ки Ваҳдат натанҳо арзиши миллӣ, балки бештар ва болотар аз он арзиши умумиинсонӣ низ маҳсуб мешавад, ки барои ҳар макону ҳар замон зарур аст. Чунон ки муборизи роҳи сулҳи ҷаҳонӣ устод М.Турсунзода ҳифзи ваҳдати умумиинсонӣ ва дўстиро васф карда, васият намуда буд:

Халқи олам дўст бо мо гаштааст,

Ваҳдати халқи ҷаҳонро гум макун.

Ваҳдат аз ҷониби аҳли адаб ҳамчун падидаи худовандию инсонӣ, иҷтимоӣ ва фардию умумибашарӣ дарк карда шуда, ҳамчун василае, ки барои расидан ба хадафҳои ормонии онҳо хизмат мекунад, ситоиш карда шудааст.

Шоири зиндаёди мо Лоиқ Шералӣ низ ваҳдатсаро буд ва даъват мекард:

Зи ҳар ҷо биёему якҷо шавем,

Ҳама қатраҳоему дарё шавем.

Дар давраи Иттиҳоди Шўравӣ қатъи  назар аз беадолатиҳои сиёсию иқтисодӣ ва ғайра дар самти худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ заминаҳои воқеӣ ба вуҷуд омадаанд. Зиёиёни соҳиб тафаккури дунявӣ ташаккул ёфтаанд, ки барои ба вуҷуд омадани Ваҳдати миллӣ заҳмати зиёде кашида буданд. Хидматҳои устод С.Айнӣ, А.Лоҳутӣ, Ш.Шотемур, Б.Ғафуров, М.Турсунзода ва дигаронро дар ин раванд бояд махсус зикр кард.

Ваҳдати миллӣ дар ин марҳала ба воситаи ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмиллалӣ ба проблемаҳои давлати ҷавонамон, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо ва ташкили гуфтугў бо қувваҳои оппозитсионӣ ба вуқўъ пайваст. Ҳамзамон, давлат барои ҳалли проблемахои низомӣ, иктисодӣ ва иҷтимоӣ нақшаҳои муҳимро тарҳрезӣ кард, ки асоси онро қабули Конститутсияи нав ва ҷорӣ намудани низоми нави иқтисодӣ ташкил медод. Ҳоло бошад низоми иктисодии бозори кишварамон устувор шудааст.

Дар охири баромад муҳтарам Г.Келдӣ ба иштирокчиён бурдборию комёбиҳо орзу намуд.

Абдураҳмонов Б.  аз фаъолияти ташкилоти ибтидоии «Шуғл»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ суханронӣ намуда, зикр намуд, ки аз 50 нафар кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ 43 нафарашон аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошанд, ки (86%) кормандонро ташкил медиҳад. Ташкилоти ибтидоии «Шуғл» тибқи дастури раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фаъолиятро дар бобати тарбияи ҷавонон, тақвияти арзишҳои ватандорӣ, худшиносӣ эҳтироми сунатҳои милии мардум ва таблиғу ташфиқи дастовардҳои мамлакат ба манфиати миллат ва ҷомеаи кишвар мавриди иҷро қарор дорад.

Сухан ба Роҳбари Д астгоҳи Кумитаи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – Хонов Абдураҳмон Умарович дода шуд.

Хонов А.  дар баромади худ, зикр намуд, ки Паёми Пешвои миллат, ҳамзамон фаъолияти 25 солаи ҷавонони кишварро мавриди баррасӣ қарор дод. Тавре Президенти кишвар қайд кард: «Ҳукумати Тоҷикистон ташабусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардонидани онҳо имконият фароҳам меорад». Масъалаи муҳими дигаре, ки дар Паём зикр гардид, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба шумор меравад.

Қабули барномаи давлатии «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» низ ба хотири расидан ба хадафҳои болои иҷтимоӣ ва тақвияти сармояи инсонӣ қабул гардидааст.

Мо бояд шукргузорӣ аз тинҷиву оромӣ, сулҳу Ваҳдати миллӣ, ободии кишвар намуда, нисбати хизматҳои шабонарўзӣ ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоем.

Дар фарҷоми маҷлис  Абдураҳмонов Б.М., ба меҳмонон Мирзошоҳрух Асрорӣ, Авзалов Ғайбулло Саидович, Гулназар Келдӣ ваХонов Абдураҳмон Умаровичбарои иштирок ва суханрониҳои пурмуҳтавояшон аз номи роҳбарияти Агентӣ ва тамоми иштирокчиён изҳори минатдорӣ намуда, ҳозиринро бовар кунонид, ки минбаъд ҳамкории соҳавиро  бо Кумитаи иҷроияи ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонидома хоҳанд дод.

Дигар хабарҳо...