Баргузории семинар дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

img_0383

Имрўз дар бинои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо дастгирии Хазинаи таҳсилоти Аврупо  семинари якрўза дар мавзўи   «Натиҷаҳои сиёсат ва низоми таҳсилот ва таълимоти касбӣ дар Тоҷикистон» бо иштироки 52 нафар намояндагони сохторҳои марбутаи давлатӣ ва созмонҳои   байналмилалӣ баргузор гардид.

Дар  рафти семинар   масъалаҳои  марбут ба сиёсати кунунии давлатӣ  оид  ба  рушди  таҳсилоти  ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон  дар Тоҷикистон, бозёфтҳои таҳлили кишварӣ дар Тоҷикистон, Раванди Туринии соли 2016-2017 мавриди муҳокимаю баррасии  меҳмонон ва иштирокчиёни чорабинӣ  қарор дода шуданд.

Иштирокчиён ва гурўҳҳои кори семинар ҳамчунин  ҷанбаҳои мухталифи ислоҳот ва  рушди  таҳсилоти   ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон  дар Тоҷикистон, аз ҷумла босамарӣ ва натиҷанокӣ  дар аксуламал ба талаботи иқтисодиёт ва бозори меҳнат, демографӣ, иҷтимоӣ ва инклюзивӣ, натиҷанокии дохилии низоми таҳсилоти касбӣ, идора ва низоми он ва   пешравии ислоҳот дар таҳсилоти касбӣ таҳлилу арзёбӣ гардида,  барои корҳои минбаъда дар ҳамкорӣ ва ҳамдастӣ  бо созмони Хазинаи таҳсилоти Аврупо  дар доираи Раванди Турин пешниҳодоти созанда манзур гардиданд.

Бояд тазаккур дод, ки Раванди Турин соли 1994 бо  аъзогии  28 кишвар, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турини Италия таъсис ёфта, дар самти  дастгирии ҳамаҷонибаи рушди таҳсилотикасбӣ дар ҳудуди кишварҳои  узв  фаъолият менамояд.

 

Дигар хабарҳо...