Вохўрии муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмин Сангинзода бо ҳайати коршиносони Бонки Умумиҷаҳонӣ

img_0362

 

Санаи 15-уми феврали соли 2017 дар бинои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохўрии муовини якуми Вазир – Сангинзода Э. Н. бо ҳайати коршиносони Бонки умумиҷаҳонӣ   (БУ) доир гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо асосан натиҷаи ҳисоботи «Ташхис ва стратегияи эҷоди ҷойҳои корӣ  дар Тоҷикистон»-ро, ки аз ҷониби БУ омода карда шудааст, муҳокимаю баррасӣ   намуда,  ҳамчун қадамҳои минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба самтҳои зеринро муайян карданд:

1) касбомўзӣ  ва роҳнамоии касбӣ ;

2) хизматрасонӣ  дар самти бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ ;

3) пешниҳод намудани маълумот оид ба вазъи бозори меҳнат;

4) нақшаи минтақавӣ  ва соҳавии рушди таъсиси ҷойҳои корӣ ;

5) ширкат варзидан дар таҳияи «Харитаи роҳ» («Дорожная карта»).

Дар мулоқот коршиносони Бонки мазкур ҷаноби Дейвид Робалино ва хонум  Виктория Строкова ҳузур доштанд.

Вохўрӣ  дар фазои дўстона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.

Дигар хабарҳо...