Эмин Нўъмон САНГИНЗОДА: «Тоҷикистон дорои сатҳи баланди рушди инсонӣ хоҳад шуд!»

img_035314.02 соли 2017, ш. Душанбе, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон «Меҳнат» – и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҳадафҳои созандаи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвари муаззами Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2016 вобаста ба эълон гардидани соли 2017 – Соли ҷавононро 14 феврали соли равон ҳамаҷиҳата баррасӣ намуд.

Муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сангинзода Эмин Нўъмон, ки ҳамзамон раиси ташкилоти ибтидоии мазкурро бар уҳда дорад, зимни маърўзаи худ таъкид кард, ки сиёсати давлатии ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, тамоми шароити мусоид барои таҳсил, кор ва зиндагии арзанда фароҳам оварда шудааст. Мавсуф зикр намуд, ки айни замон синни миёнаи кормандони дастгоҳи марказии вазорат 39,5 сол мебошад ва 40 фоизи кормандони онро кадрҳои ҷавон ташкил медиҳанд, ки ин неруи бузург аст.

img_0354

Э.Н. Сангинзода Паёми Пешвои миллатро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба эълон гардидани Соли ҷавонон тавзеҳ дода, дар идомаи маърўза афзуд, ки дар ин санади сарнавиштсоз оид ба вусъат додани шуғли аҳолӣ ва кам кардани шумораи бекорон, хусусан дар байни ҷавонон, аз ҳисоби рушди соҳаҳои кишоварзӣ, коркарди маҳсулот, саноати сабук, хўрокворӣ, масолеҳи сохтмон, кимиё, маъдан ва хизматрасониҳои нақлиёту алоқа, сайёҳӣ ва маорифу тандурустӣ ҳамасола на кам аз 100 ҳазор ҷойҳои корӣ таъсис дода мешавад ва дар панҷ соли оянда фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баланд бардоштани сифати рушди неруи инсонӣ равона шуда, ба масъалаҳои илм, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, муҳити зист ва шуғл диққати ҷиддӣ дода мешавад, ки бо назар ба амалӣ гардидани чунин тадбирҳои созанда Тоҷикистон дорои сатҳи баланди рушди инсонӣ хоҳад шуд.

Бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат дар ин давра ҳамаи аҳолии калонсол ҳадди ақал соҳиби маълумоти миёнаи умумӣ ва на кам аз нисфи аҳолии қобили кор соҳиби таҳсилоти миёна ва олии касбӣ мегардад. Бино бар ин, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид бар он доштанд, ки дар давраи татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегӣ бо мақсади баланд бардоштани ченаки нишондиҳандаҳои сармояи инсонӣ ба пешрафти илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ, таъмин кардани аҳолӣ бо оби ошомиданӣ, дигар шароити рифоҳию манзилӣ ва муҳити зист таваҷҷуҳи амиқ эҳдо гардад.

Бо назар ба ин дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шудааст, ки «Мо афзоиши ҳамасолаи шумораи аҳолӣ ва зиёд шудани қувваи қобили меҳнатро ба инобат гирифта, минбаъд ба ин масъала таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир менамоем».

Бо ин мақсад дар идома бахши хусусӣ, соҳибкории хурду миёна, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ ҳамаҷониба дастгирӣ меёбад ва ҷиҳати ҷалби сармоя дар ин самт тадбирҳои иловагӣ амалӣ гардида, ба фарогирии калонсолон ва занону ҷавонон бо шуғли пурсамар эътибори бештар равона мегардад, касбҳои мардумӣ, ҳунарҳои дастӣ ва кори хонагӣ инкишоф ва шаклҳои мавсимии шуғл самаранок корбаст мешаванд.

Дар хусуси омўзишу бозомўзӣ, шаҳодатномакунии малакаҳои касбӣ мутобиқ ба меъёрҳои бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар маърўзагар зимни суханронӣ зикр намуд, ки барои баланд бардоштани сатҳи касбомўзии калонсолону ҷавонон ва мутобиқсозии сатҳи касбии онҳо ба талаботи бозори меҳнат тибқи дастуру ҳидоятҳои Сарвари муаззами Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон тадбирҳои созанда тадриҷан амалӣ мегарданд.

Ҳамчунин дар маҷлис самтҳои асосии фаъолияти ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон «Меҳнат» – и вазорат мушаххас гардида, вусъат бахшидани корҳои таблиғотӣ байни ҷавонон, истофодаи роҳу усулҳои муосир, ҷалби ҷавонон ба ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии кишвар таъкид карда шуд.

Дар ин чорабинӣ кормандони ҷавони дастгоҳи марказии вазорат тасмим гирифтанд, ки Соли ҷавононро дар ҳамдастӣ бо кулли кормандони соҳа дар сатҳи волои ифтихор аз ватану ватандорӣ ҷашн гирифта, барои рушду нумўи фарогири саросарии ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии кишвари азизамон аз имконоту хиради созанда босамар истифода хоҳанд кард.

Дар анҷоми маҷлис 2 нафар аъзои ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон «Меҳнат»-и вазорат ба Конференсияи ғайринавбатии 34–уми Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки 20 феврали соли равон баргузор мегардад, вакил интихоб карда шуданд.

 

Дигар хабарҳо...