Омўзиши Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Рўзи 31 январи соли 2017 дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ки рўзи 22 декабри соли 2016 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа  гардида буд аз ҷониби намояндагони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон омўзиш карда шуд.

Дар ин мулоқот муовини якуми директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Абдураҳмонов Б.М., намояндагони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Толибов Раҷабмурод Ғолибович – сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва назорат, Искандаров Қосимшо – сарходими илмии Пажўҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шарифов Гул Ваҳобович – муовини сардори раёсати захираҳои об, ва Холиқов Муслиҳиддин Салоҳиддинович – сармутахассиси раёсати захираҳои оби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон сардорони раёсату шуъбаҳо, мудирони бахшҳо, сармутахассисон, мутахассисони пешбар ва мутахассисони дастгоҳи марказии Агентӣ, кормандони Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» иштирок намуданд.

Маҷлисро муовини якуми директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Абдураҳмонов Б М., ифтитоҳ намуда, сараввал намояндагони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Толибов Раҷабмурод Ғолибович – сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва назорат, Искандаров Қосимшо – сарходими илмии Пажўҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шарифов Гул Ваҳобович – муовини сардори раёсати захираҳои об, ва Холиқов Муслиҳиддин Салоҳиддинович – сармутахассиси раёсати захираҳои оби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз номи роҳбарияти Агентӣ ва кормандон барои иштирокашон изҳори минатдорӣ намуд.

Абдураҳмонов Б. М., қайд кард, ки дар Паёми имсолаи Асосгўзори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шарифи Тоҷикистон ироа гардид, аз музафарияту дастовардҳо ва массилу мушкилоти соҳаҳои гуногуни мамлакат сухан рафт. Тавре Пешвои муаззами миллат ёдовар шуд, имрўз меҳнати софдилона ва якҷояи мардуми шарафманди кишвар ва истифодаи босамар аз тамоми имконияти мавҷуда, мо ба рушди уствори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистони азиз ноил гардидем.

Абдураҳмонов Б. М., суханро ба Искандаров Қосимшо – сарходими илмии Пажўҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дод.

Муҳтарам Искандаров Қ., Ба сухан баромада комёбиҳои соли сипаришударо аз талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расидан ба истиқлолияти энергетиқӣ, баромадан аз бунбасти комуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ арзёби кард.

Инчунин Искандаров Қ. дар суханрониаш дастовардҳои солҳои гузаштаро ёдовар шуда ва нақшаҳоро барои соли оянда, ки дар Паём дарҷ гардидаанд масъалагузори кард.

Абдураҳмонов Б. М. сухани навбатиро ба Толибов Р. Ғ. – сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва назоратӣ Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дод.

Муҳтарам Толибов Р. Ғ. бо шарҳ нуқтаҳои Паёмро ифтитоҳ намуда, ҷиҳати масъалаҳои некуаҳволии мардум, рушди соҳаҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мубориза бар зиддӣ терроризм баён намуданд.

Яке аз нуқтаҳои Паёми навбатӣ масъалаи тарбияи насли наврас ва омода намудани мутахассисони ҷавон аст. Бо ин мақсад Пешвои миллат соли 2017-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Соли ҷавонон» эълон кард.

Сипас сухан ба Шарифов Гул – муовини сардори раёсати захираҳои оби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд.

Муҳтарам Шарифов Г. иброз дошт, ки яке аз нуқтаҳои асосии Паёми навбатӣ масъалаи даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор дар солҳои 2018-2028» мебошад ва ин моро бетараф гузошта наметавонад. Ҷаноби Олӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ зуҳуроти муамоҳои экологиро хеле нозукона эҳсос намуда дар Ассамблеяи Созмони Миллали Мутаҳид як зумра пешниҳодҳо намуд. Аз он ҷумла соли 2003 «Соли оби тоза», солҳои 2005-2015 даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт», соли 2013 соли ҳамкориҳои байналмилалӣ «Дар риштаи об» ва инак пешниҳоди чоруми Пешвои миллат даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028».

Сипас оид ба муроҷиатномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Тоҷикистон оиди дар муддати 24 соат додани неруи барқ ва сарфакорона истифодабарии он чӣ дар манзили зист ва чӣ дар ҷои кора мал намуда, пардохти саривақтии қувваи барқ дар тамоми муассисаҳои системаи Агентӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Абдураҳмонов Б. М. зикр намуд, ки Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҷиҳати амалӣ намудани муроҷиатномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба бартараф намудани лимити нерўи барқ ва сарфакорона истифодабарии он дар манзили зист ва ҷои кор корҳои мушаххасро ба сомон расонида истодааст.

Оид ба масъалаҳои баррасишуда, аз ҷониби кормандони дастгоҳи марказии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба муҳтарам намояндагони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон саволҳо дода шуд ва ҷавобҳои қаноатманд гирифта шуд.

Дар охир Абдураҳмонов Б.М., ба меҳмонон бори дигар барои иштирокашон ва суханрониҳои пурмуҳтавояшон аз номи роҳбарияти Агентӣ ва тамоми иштирокчиён изҳори миннатдорӣ намуда, бовар кунонид, ки минбаъд ҳамкориро бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон идома медиҳанд.

Дигар хабарҳо...