Чорабинии муштараки фаҳмондадиҳӣ дар шаҳри Исфара

7 феврали соли равон чорабиниҳои муштараки маърифатии Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Хуҷанд ва филиали ташкилоти ҷамъиятии “Марказ оид ба ҳуқуқҳои инсон” оғоз гардиданд. Чорабинии нахустин дар ҷамоати деҳоти Хонободи шаҳри Исфара доир гардид, ки дар он намояндагони табақаҳои гуногуни аҳолӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ иштирок намуданд.

Дар вохӯрии мазкур бештар ба муҳимтарин нуктаҳои Паёми Сарвари кишвар ба Маҷлиси Олӣ, тағйироту иловаҳо ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии Федератсияи Русия роҷеъ ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро диққат дода шуд.

Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро дар ин чорабинӣ сармутахассис Р. Раҳимов намояндагӣ кард.

Дар охир байни маърӯзачиён ва иштирокчиён саволу ҷавоб баргузор гардид.

Дигар хабарҳо...