Вохурии муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмин Сангинзода бо ҳайати коршиносони Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат

img_0230

Имрўз дар бинои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохўрии муовини якуми Вазир – Сангинзода Э. Н. бо ҳайати коршиносони Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат  (ТБМ) доир гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба рафти татбиқи Барномаи ҳамкорӣ байни шарикони сетарафаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат оид ба меҳнати арзандаро баррасию муҳокима намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки дар доираи амалӣ намудани фазаи дуюми лоиҳаи Бартараф кардани буҳрон ва таъмини меҳнати арзанда ва бехатар 10 феврали соли равон дар шаҳри Душанбе Мизи мудаввар оид ба баррасии «Шарҳи хулосавии вазъи ҳифзи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби коршиносони ТБМ таҳия гардидааст, баргузор мегардад.

Дар назар аст, ки дар ҷараёни чорабинии мазкур таваҷҷуҳи хосса ба хулосаҳои коршиносон нисбати вазъи ҳифзи меҳнат ва тавсияҳои зарурии таҳиянамудаи онҳо дода мешавад. Дар асоси фикру назари коршиносон ва мутахассисони таҷрибадори соҳаи ҳифзи меҳнат ҷанбаҳои калидии кор дар ин самт муайян карда мешаванд ва дар ин замина лоиҳаи Барномаи ҳифзи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2017-2020 омода мегардад.

Дар мулоқот коршиносони ТБМ Ролф Бюшел, Мокану Валентина ва дигарон ҳузур доштанд.

Вохўри дар фазои дўстона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.

 

 

 

 

 

 

 

Дигар хабарҳо...