Вохурии муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мушовири Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

20170203_093506Имрўз дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дархости Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мувофиқа бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  вохўрии муовини якуми Вазир – Сангинзода Эмин Нуъмон бо мушовири Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби  Такаши Камада  доир гардид.

Дар ҷараёни мулоқот Тарафҳо масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкории  муштарак  дар самти таҷрибаомўзии кормандони  ҷавони вазорат  дар  Ҷопон, таҳия ва тарҳрезӣ  намудани Барномаи мушаххаси маҳзани ягонаи иттилоотии электронӣ оид ба шартномаҳои меҳнатии басташуда  байни  корфармо  ва коргар ва дигар масъалаҳои марбут ба салоҳияти вазоратро  баррасию муҳокима намуданд.

Тасмим гирифта шуд, ки намояндаи Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JIKA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъулини марбутаи  вазорат корро дар ин самт ба роҳ монад.

Вохўри дар фазои дўстона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.

 

Дигар хабарҳо...