Мулоқоти Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тағойзода Сумангул Саид бо сардори Сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия Кирилова Олга Евгеневна

Дар доираи ҷаласаи 14–уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ  сардори Сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия Кирилова Олга Евгеневна ба шаҳри Душанбе ташриф оварда, дар ҳошияи ин ҷаласа санаи 27 январи соли 2017 Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тағойзода Сумангул Саид бо мавсуф мулоқот доир намуд.

Дар ҷараёни вохўрӣ тарафҳо масъалаҳои марбут ба танзими равиши муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россияро мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор доданд.

Инчунин дар рафти мулоқот масъалаҳои  вобаста ба тайёрӣ ба ҷаласаи навбатии ХХ-уми Шўрои Роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои аъзои ИДМ ва дар доираи он гузаронидани Конференсияи байналмилалӣ оид ба муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ки моҳи майи соли 2017  дар шаҳри Душанбе барпо мегардад, таъкид гардида,  ҷонибҳо  омодагии худро ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани он  иброз намуданд.

Вохўрӣ дар фазои якдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.

 

 

Дигар хабарҳо...