Омўзиши нуқтаҳои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷиқистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷиқистон дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

%d0%ba%d0%be%d0%bb%d0%bb%d0%b5%d0%b3%d0%b8%d1%8f-2

Санаи 27 январи соли 2017  дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  зимни баргузории ҷаласа  бо иштироки кормандони дастгоҳи марказӣ  ва сохторҳои тобеи он  нуқтаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷиқистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷиқистон баррасӣ шуданд.

Дар рафти чорабинии мазкур Сардори Раёсати назорати умумии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Содиқзода Абдусамӣ маърўза намуда, Паёми Пешвои миллат, Сарвари давлатро раҳнамо ва барномаи амал барои вазорату идораҳо, сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ барои соли 2017  хонд.

Инчунин, қайд карда шуд, ки  дар Паёми имсолаи Пешвои миллат, Сарвари давлат таъсиси ҳарчӣ бештари ҷойҳои нави корӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, баланд бардоштани сатҳи касбомўзӣ дар муассисаҳои таълимӣ, ҷалби бештари занону ҷавонон ба омўзиши касбу ҳунарҳои ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгў масъалаҳои муҳим ва ҳалталаб  муайян  гардидаанд.

Бинобар ин, масъулини вазоратро зарур аст, қи барои иҷрои саривақт ва сифатноки дастуру супоришҳои Сарвари давлат тамоми тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

 Дар рафти муҳокимаи масъала инчунин Прокурори калони Раёсати назорати умумии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Холиқзода Усмоналӣ  ва масъулини  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷиқистон иштирок намуданд.

Дар анҷоми  ҷаласа муовини якуми вазир Сангинзода Э. Н. андешаву бардоштҳои худро аз Паём иброз дошта, таъкид намуд, ки баҳри амалӣ намудани бандҳои Паёми Сарвари давлат тамоми саъю кўшиш  ба харҷ дода хоҳад шуд.

Дигар хабарҳо...