Муҳоҷирон ба пурсишҳои худ ҷавоб гирифтанд

24.01.17

Кормандони «Маркази машваратии омодагии пеш аз сафари муҳоҷирати меҳнати»-и Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бо сокинони шаҳракҳои ба номи Исмоили Сомонӣ ва Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри  Хоруғ мулоқот  доир намуданд.

Директори марказ Пўлод Зеваршоев мегўяд, ки ин вохўрӣ дар доираи нақшаи қаблан тарҳрезигашта дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳр рўи кор омад. Муҳтавои асосии сўхбат ба Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат алоқаманд буд. Дар ҷараёни суҳбату мулоқот ба он нуқтаҳои Паём, ки ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ аз ҳисоби дастгирии соҳибкории хурду миёна ва дар заминаи он таъмини рушди истеҳсолот, танзими раванди муҳоҷирати меҳтатӣ диққати ҳозирон ҷалб карда шуд.

Шаҳракҳои ба номи Исмоили Сомонӣ ва Шириншоҳ Шоҳтемур дар заминаи си маҳаллаи шаҳри Хоруғ дар ду соҳили дарёи Ғунд соли гузашта бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуда, хар кадоме аз онҳо 15 ҳазор нафарӣ аҳолӣ доранд, қи бештар аз нисфи онро ҷавонон ташкил медиҳанд.Теъдоди муайяни онҳо дар муҳоҷиратӣ меҳнатӣ қарор доранд. Ба ин хотир ҳам қисми бештари пурсишҳои иштирокдорони мулоқот ба ин масъала алоқаманд буданд ва созмондиҳандагони воҳўрӣ ба саволҳо бо далелҳои мўътамад ҷавоб гуфтанд.

                                                       Н.Хайруллоев

                                         мутахассиси МД Марказ оид ба

                                        корхои нашриёти хабар дар ВАО                 

Дигар хабарҳо...