Гузориши матбуотӣ доир ба натиҷаҳои фаъолияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 (19 январи соли 2017, соати 09.00)

 

nishasti_matbuot_182017

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  давраи соли 2016  фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррароти  барномаҳои стратегӣ  ва ҳадафҳои рушди миллӣ  ба роҳ монда,  ба натиҷаҳои  муайян  ноил  гардид.

Дар соли 2016 ҷиҳати фароҳам овардани заминаи ҳуқуқию ташкилӣ  ва  такмилу рушди низоми қонунгузории соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ , аз ҷониби вазорат дар маҷмўъ 32 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ , аз ҷумла, 4  лоиҳаи қонунҳо, 3  лоиҳаи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 24  лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардид.

Даромади пулии аҳолӣ  дар соли 2016   тибқи  маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  27, 2  млрд. сомониро ташкил карда   нисбат ба соли 2015  8,1 фоиз афзудааст.

Хароҷотҳои пулӣ  ва амонатҳои аҳолӣ  ба ҳолати январ–октябри  соли 2016  қариб 26, 1  млрд. сомониро ташкил дода, барои хариди мол ва пардохти хизматрасонии аҳолӣ  61,1 фоиз ва барои пардохтҳои ҳатмӣ  ва ҳаққи узвияти ихтиёрӣ  дар ҳаҷми 23,3 фоизи маҷмўи умумии хароҷоти пулӣ  ва амонатҳо сафарбар карда шудааст.

Ба ҳолати 1 декабри соли 2016 музди меҳнати миёнаи  кормандони ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ  нисбат ба соли 2015,  77,3 сомонӣ  ё 9,0 фоиз  афзоиш ёфта, ба 939,6  сомонӣ  баробар гардид.

Дар натиҷаи сиёсати инсонпарваронаи  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ  – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон танҳо аз моҳи сентябри соли 2012 нисбат ба июли соли 2016 ҳадди ақали музди меҳнат 2 маротиба ва андозаи музди меҳнати миёна дар соҳаҳои иқтисодиёт бештар аз 69 фоиз афзоиш ёфта, зиёдшавии миёнасолонаи музди меҳнат дар давоми солҳои 2012 – 2016 7,2 фоизро ташкил медиҳад.

Дар соли 2016  ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ  119 709 нафар муроҷиат намуданд, ки 77 349 нафари онҳо ҳамчун корҷў ба қайд гирифта шуда, ба 51 299 нафар расман мақоми бекорӣ  дода шуд.

Вазорат дар доираи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ    барои таъсиси ҳарчи бештари ҷойҳои кории нав ва бокортаъминсозии шаҳрвандон як қатор корҳои мушаххасро  анҷом дод. Аз ҷумла, тавассути мақомоти шуғли аҳолӣ   дар маҷмўъ 39 067  нафар бо ҷойҳои корӣ  таъмин гардиданд, ки  112,4 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Ба воситаи   ҷойҳои кории бандшуда (квотаҳо) 2 876 нафар ва тавассути ташкили корҳои фардӣ  3 946 нафар соҳиби ҷои кор шуданд. Дар  давраи ҳисоботӣ  ба 11 106 нафар бинобар аз даст додани ҷойи кор ба муддати то 3 моҳ кумакпулӣ  барои бекорӣ  пардохт гардид.

Бо мақсади мусоидат барои дарёфти ҷои кори муносиб ба шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ  дар ин давра 702 ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ  ва вазифаҳои озод гузаронида шуд. 5 606 нафар корҷў дар ин ярмаркаҳо соҳиби ҷои кор, ба 6 144 нафар роҳхат барои касбомўзӣ  дода шуда, 1 778 нафар ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар гардида, ба 30 833 нафар хизматрасонии машварати касбӣ  расонида шуд. Бевосита тавассути ташкилу баргузории ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ  13 528 нафар шаҳрванди бекор ва корҷў ба намудҳои гуногуни шуғл ҷалб шуданд.

Дар асоси 246 шартномаи тарафайн бо корхонаву ташкилотҳо 6 818 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ  ва 18 540 нафар аз ҳисоби маблағҳои буҷети барнома дар марказҳои таълими касбии мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ  ба омўзиши касбӣ  фаро гирифта шуданд.

Дар маҷмўъ, дар соли 2016 аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ  ба 193 639 нафар хизматрасонии иҷтимоӣ  анҷом дода шуд.

Мувофиқи маълумоти  расмии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар нуҳ моҳи соли 2016  аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ  ва воқеӣ  дар маҷмўъ  114 368 ҷойҳои нави корӣ , иловагӣ  ва барқароршудаи корӣ  таъсис дода шудааст, аз ҷумла 56063 ё 49,0 % ҷойи кори доимӣ  ва  54 905 ё 48% ҷойҳои кори  мавсимӣ  ва муваққатӣ  мебошанд. Дар моҳҳои  январ-сентябри  соли 2016  3400 ё 3,0 % ҷойҳои кори иловагӣ   ва барқароршуда ташкил карда шудааст. Бештари ҷойҳои корӣ   асосан дар соҳаҳои кишоварзӣ , шикор ва ҷангалпарварӣ  – 38259 ҷой, саноати коркард, истихроҷи маъданҳои кўҳӣ  ва коркарди конҳо -7254, сохтмон -17931,  дар бахши хизматрасонӣ   дар соҳаи  савдои яклухт ва чакана, таъмири автомобилҳо, молҳои маишӣ  ва маводи  истифодаи шахсӣ -20846, нақлиёт -5138, фаъолияти молиявӣ  -1456,  маориф – 6556, тандурустӣ  -3467,  хизматҳои коммуналӣ , иҷтимоӣ  ва шахсӣ  -2169 ва дигар намуди хизматрасониҳо -7587 ҷой таъсис дода шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ  аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ , ҷиҳати машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ  ба 3946 нафар шаҳрвандон ба андозаи 12 млн. 066 ҳазору 213 сомонӣ , ё худ ба як шаҳрванд ба андозаи 75,9 нишондиҳанда барои ҳисобҳо маблағ дода шуд, ки ин нишондод 113,8 фоизи дурнамои Барномаро дар самти дастгирии шахсони бекор дар инкишоф ва рушди соҳибкорӣ  ташкил медиҳад.

Айни замон дар сохтори  вазорат  61  муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ  ва 73  марказҳои таълими касбии  калонсолон (5-марказ, 38-филиал, 30- намояндагӣ ) фаъолият намуда, аз рўи 14 самт ва 96 ихтисос мутахассис тайёр менамоянд. Муҳлати таҳсили хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ  нисбатан кам карда шуда, таваҷҷуҳи ҷавонон барои таҳсил дар ин муассисаҳо афзудааст.

Ҳамзамон ислоҳоти  соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ  ва таълими касбии калонсолон идома дошта, 32 барномаву стандартҳои таълимии соҳа таҷдиди назар шуда, бо назардошти талаботи бозори меҳнат 13 ихтисосҳои нав (ороиши сангҳои қимматбаҳо, механики барқӣ  оид ба лифтҳо, устои коркарди пластика, оператори техникаҳои роҳсозӣ , устои дастгоҳҳои сардкунанда ва ҳавотозакунӣ , устои насбкунии камераҳои назоратӣ  ва хатҳои интернет, ороишгари сохтмон, меъмори ландшафт, хизматрасонии техникӣ  ва таъмири компютер, мошиначии крани борбардор, коркарди технологияи консерва дар шароити хона, косметолог-маҳсгар, фермер-соҳибкор) кушода шуданд. Дар соли 2016 дар муассисаҳои таълими касбии калонсолон ва муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ  маҷмўан 105 815 нафар шаҳрвандон ба тайёрии касбӣ  ҷалб гардиданд, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта (101209 нафар) 4606 нафар зиёд мебошад.

Дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии ҷумҳурӣ   25 523 хонанда таҳсил менамоянд, ки аз ин 4 805 нафарро (20,7%) духтарон ташкил медиҳанд. Бояд тазаккур дод, ки дар соли хониши 2016-2017 дар ин муассисаҳо 273 хонандаи ятиму бепарастор ва 245 нафар хонандаи маъюб ба таҳсил фаро гирифта шуда, ҳифзи иҷтимоии онҳо таҳти назорати бевоситаи роҳбарияти вазорат қарор дорад.

Теъдоди омўзгорони ин муассисаҳо ба давраи ҳисоботӣ  1457 нафар (588 нафар зан) ва устоҳои таълимӣ  истеҳсолӣ  1096 нафарро (283 нафар зан) ташкил медиҳанд.

Дар соли 2016 муассисаҳои давлатии таълимии соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбиро бо муҳлатҳои таҳсили 1-2-3-сола, 15  808 нафар хонандагон хатм намуданд, ки нисбат ба соли 2015 (9577 н.) 6231 нафар зиёд мебошад.

Бо мақсади таҳким бахшидан ба рушди ҳунарҳои мардумӣ  ва иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба ташкил ва баргузории озмунҳо, мусобиқаҳо ва чорабиниҳои фарҳангӣ  бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазорат озмуни ҷумҳуриявии “Ҳунарҳои мардумӣ ”-ро  баргузор  намуд.

Дар соли 2016 Вазорат тибқи супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ  бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ  ҷиҳати танзими равандҳои муҳоҷирати аҳолӣ  як қатор тадбирҳоро амалӣ  намуд.

Дар соли 2016 аз ҷумҳурӣ  517308  нафар  шаҳрвандон ба хориҷи кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ  сафар намудаанд, ки  аз инҳо 435457   нафарро мард ва 81851  нафарро зан ташкил медиҳанд.

Муҳоҷирони меҳнатии кишвар дар ин муддат ба Федератсияи Россия – 504 935  нафар ва Ҷумҳурии Қазоқистон – 12 373 нафар сафар кардаанд.

Рафти муҳоҷирони меҳнатӣ  ба хориҷа нисбат ба  соли гузашта 35 288  нафар, ё ин ки 6% кам шудааст.

Дар соли 2016  аз хориҷи кишвар 436974 нафар муҳоҷирони меҳнатии тоҷикистонӣ  ба Ватан бозгаштанд (353504 нафар мард ва 83470 нафар зан), ки нисбати  соли 2015  48 381 нафар ё ин ки 12 фоиз зиёд  шудааст.

Вазорат дар ин давра ҳамкориро бо мақомоти дахлдори давлатҳои қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ , аз ҷумла Федератсияи Россия ҷиҳати ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ  ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирон идома ва тақвият дод. Айни замон 4 лоиҳаи Созишномаҳои байни Ҳукумати Федератсияи Россия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ  дар соҳаи муҳоҷират, дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баамалбарории фаъолияти муваққатии меҳнатӣ   дар қаламрави Федератсияи Россия, оид ба реадмисия ва дар бораи ҳамкорӣ  дар соҳаи таъминоти иҷтимоӣ  (нафақаи суғуртавӣ ) дар баррасии Тарафҳо қарор доранд.

Дар соли 2016 ба сохтори дахлдори вазорат вобаста ба масъалаҳои муҳоҷират 98 490 нафар шаҳрвандон бо дархост муроҷиат кардаанд, ки нисбати соли гузашта 13691 ё ин ки 12% кам шудааст.

Айни замон дар сохтори дахлдори вазорат чор муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ  ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ » дар шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд ва Қурғонтеппа фаъолият менамоянд.

Зиёда аз 4066 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ -шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки воридшавиашон ба муддати муайян ба Федератсияи Россия  манъ гардидааст, дар дохили кишвар бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Бо дахолати кормандони Намояндагии вазорат дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират  ба ҳолати 1 ноябри соли 2016 маблағи 40 млн. 722 ҳазор рубли русӣ  музди меҳнати пардохтнашудаи муҳоҷирони меҳнатӣ  – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи корфармоён, баргардонида шуд. Бо мусоидати намояндагии вазорат дар давоми  соли  2016 80 қарори судҳои ноҳиявӣ  бо қарори судҳои болоӣ  бекор карда шуда, 388 парванда дар ҳолати баррасии судҳои болоии ш.Москва ва вилояти Москва қарор доранд.

Ҳамчунин дар соли 2016 зиёда аз 12487 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ  бо ҷойи кори доимӣ  дар ҳудуди Федератсияи Россия таъмин карда шуданд.

Соли 2016 ба 11 330 нафар шаҳрвандони хориҷӣ  иҷозат барои амалӣ  намудани фаъолияти корӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1112 нафар зиёд мебошад. Ширкатҳое, ки барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ  иҷозатнома доранд,  ҳамчунин 21 606 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҷойҳои кори доимӣ  таъмин намуданд.

Барои вайрон кардани қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ   дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соли 2016 нисбати 492 нафар протоколҳои маъмурӣ   тартиб дода шуданд.  Аз ин теъдод 204 нафари онҳо барои дағалона вайрон кардани қоидаҳои будубош бо қарорҳои суд аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон берун карда шуданд.

Дар соли 2016 дар ҷумҳурӣ  505 оилаи муҳоҷирони дохилӣ  ва 400 хоҷагиҳои муҳоҷирони экологӣ  бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ  барои сохтмони манзили истиқоматӣ  таъмин гардида, муҳоҷирон дар мавзеъҳои нави зист ба қайд гирифта шудаанд. Ба ҳамаи оилаи муҳоҷирони дохилӣ  ва экологӣ  тавассути сохторҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ  қарзҳои имтиёзнок ва кумакҳои яквақтаина пардохт карда шуд.

Дар соли 2016  аз ҷониби Хадамоти назорати давлатии вазорат 2409 адад  санҷиш гузаронида шуд, ки аз он 1118 санҷиш ба масъалаҳои меҳнат, 912 санҷиш ба масъалаҳои бехатарии меҳнат ва риояи стандартҳо, 338 санҷиш ба масъалаҳои шуғли аҳолӣ  ва 41 санҷиш ба масъалаҳои муҳоҷират рост омада, дар маҷмўъ 790 ташкилоту муассисаи давлатӣ , 1333 ташкилоти хусусӣ  ва 286 субъекти хоҷагидори шакли дигари моликиятро фаро гирифтанд.

Дар ҷараёни санҷишҳои анҷомёфта 7401  адад қонунвайронкунӣ  (дар соли 2015 – 6588 адад) ошкор гардид, ки 3631 ҳолат ба масъалаҳои меҳнат, 2318 ҳолат ба масъалаҳои бехатарии меҳнат ва риояи стандартҳо, 1329 ҳолат ба масъалаҳои шуғл ва 123 ҳолат ба масъалаҳои муҳоҷират иртибот доранд.

Вазорат ҳамкориҳоро бо созмонҳои марбутаи байналмилалӣ  ва вазорату идораҳои дахлдори давлатҳои хориҷӣ  тақвият дода, дар  соли 2016  3 созишнома ва 1 ёддошти тафоҳумро оид ба масъалаҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ    ба имзо расонида, 9 лоиҳаи созишнома ва 2 ёддошти тафоҳум дар марҳилаи мувофиқа қарор доранд.

Аз ҷумла, 20 июни соли 2016  Созишнома байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Озарбойҷон дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ  ба имзо расонида шуд.

Маркази матбуоти вазорат бо аксарияти васоити ахбори омма, шабакаҳои телевизионӣ  ва радио ҳамкории мустақим дошта, дар давраи ҳисоботӣ  кормандони масъули вазорат дар 28 барномаи телевизионӣ  ва 43 барномаи радиоӣ  мусоҳибаҳо ташкил намуда, дар сомонаи расмии вазорат (www mehnat.tj) ва дигар сомонаҳо мунтазам мавод нашр намудааст.

Дар сохтори Вазорат КВД  «Рўзномаи “Шуғл ва муҳоҷират» фаъолият менамояд. Дар соли 2016  24 шумораи рўзнома  моҳе 6000 нусха  бо теъдоди умумии 72 000  нусха ба табъ расонда, тариқи корҳонаҳои фаръии КВД «Почтаи тоҷик» дастраси обуначиёни шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  гардонд.

 

Вазорати меҳнат, муҳоҷират

ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дигар хабарҳо...