Ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ

Аз оғози соли ҷорӣ, аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо 694 ярмаркаи ҷойҳои кории  холӣ дар ВМКБ -52 ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ, вилояти Суғд –  257, вилояти Хатлон – 278, шаҳри Душанбе – 24 ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 83 чунин чорабиниҳо ташкил ва баргузор гардиданд. Дар ин ярмаркаҳо  7038  корхонаю муассисаҳо иштирок намуда, ба корҷўён ба ҳисоби миёна ҳар як корхона зиёда аз 13,2 ҷойҳои кории холиро пешниҳод намуд, ки дар маҷмўъ 93385 ададро ташкил медиҳанд. Дар натиҷаи баргузории ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ 7062 нафар шаҳрвандон ба ҷои кор роҳхат гирифта, аз ин шумора 5091 нафар (72%) бо ҷойҳои корӣ таъмин гардиданд.

Бояд қайд намуд, ки таҷрибаи ташкил намудани ярмаркаи соҳавии ҷойҳои кории холӣ дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо ва корфармоён тадбири муассир дар мусоидат ба шуғли бекорон мебошад.

Дар маҷмўъ тавассути ташкил ва гузаронидани ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ дар давраи баррасишаванда 11799  нафар шаҳрвандон ба намудҳои гуногуни шуғл ҷалб шуданд, ки аз ин теъдод 1552 нафар занон ва 1441 нафар ҷавонон мебошанд.

Аз  теъдоди ҷойҳои кори холии пешниҳодшуда 1701  адад ба соҳаи саноат (музди миёнаи меҳнат 788 сомонӣ), 117 ба соҳаи сохтмон (музди миёнаи меҳнат 829 сомонӣ), 606 ба соҳаи кишоварзӣ (музди миёнаи мехнат 375 сомонӣ), 202 ба соҳаи нақлиёт ва алоқа (музди миёнаи меҳнат 485 сомонӣ), 801 ба соҳаҳои маориф ва фарҳанг (музди миёнаи меҳнат 509 сомонӣ), 2120 ба соҳаи тандурустӣ (музди миёнаи меҳнат 520 сомонӣ), 215 ба соҳаи савдо ва хизмати маишӣ (музди миёнаи меҳнат 528 сомонӣ), 227 ба соҳаи манзилию коммуналӣ (музди миёнаи меҳнат 507 сомонӣ) ва 1258 ҷойҳои кории холӣ ба дигар соҳаҳо (музди миёнаи меҳнат 672 сомонӣ) рост меояд.

Дигар хабарҳо...