Таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон

Бо мақсади тайёр намудани кадрҳои коргарии босифат ва бо ҳадафҳои стратегии рушди иқтисодиёти кишвар ҳамоҳанг намудани фаъолияти муассисаҳои давлатии таълимии системаи вазорат дар соли 2015 як қатор корҳоро ба анҷом расонид.

Дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ таълим аз рўйи 14 самту 96 ихтисос ба роҳ монда шуда, соли 2015 муассисаҳои таълимиро хонандагон аз рўйи 14 самту 92 ихтисос хатм намуданд.

Аз шумораи умумӣ 4 ҳазору 272 нафар (44,6%) дар заминаи синфи 9 (бо гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ) ва 5 ҳазору 105 нафар (55,4%) дар заминаи синфи 11 хатм намудаанд.

Зиёдшавии теъдоди хатмкардагони муассисаҳои давлатии таълимии соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар соли 2015 нисбат ба соли 2014 дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлону Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба назар мерасад.

Агар зиёдшавии теъдоди хатмкардагони муассисаҳои давлатии таълимии соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар соли 2015 нисбат ба соли 2014 дар шаҳри  Душанбе – 256 нафар (12,5%), вилояти Хатлон – 103 нафар (4,6%), ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 9 нафар (0,8%)  зиёд шуда бошад ҳам, пас дар вилояти Суғд хатми хонандагон дар соли 2015 нисбат ба соли 2014 85 нафар (2,4%) коҳиш ёфтааст.

Аз теъдоди 9 ҳазору 577 нафар хатмкардагони соли 2015 7 ҳазору 286 нафарашон (76,1%) аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва 2 ҳазору 291 нафар (23,9%) ба тариқӣ шартномавӣ таҳсил намудаанд.

Дар соли 2014 бошад, теъдоди хатмкардагон аз ҳисоби буҷаи давлатӣ 8 ҳазору 17 нафар (86,4%) буда, аз ҳисоби шартнома 1259 нафар (13,6%)-ро ташкил медиҳад. Аз ин нишондод бармеояд, ки теъдоди хонандагони аз ҳисоби шатрнома таҳсилкунанда сол то сол зиёд гардида, теъдоди онҳо дар соли 2015 нисбат ба соли 2014-ум 10,3% зиёд гардидааст.

Аз шумораи умумии хатмкардагони муассисаҳои давлатии таълимии соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар соли ҷорӣ 3908 нафар (40,8%) бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шуданд, ки нисбат ба соли 2014-ум 794 нафар (25,5%) зиёд аст.

Ҳамзамон аз шумораи умумии хатмкардагон 1521 нафарашон ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дохил шуданд, ки нисбат ба соли 2014-ум 256 нафар зиёд аст. Аз ин теъдод 60 нафарашон ба Донишгоҳи давлатии шаҳри Пензаи Федератсияи Росссия дохил шуданд, ки аз мустаҳкамгардии ҳамкории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муассисаҳои давлатии таълимии таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия дарак медиҳад.

Соли 2015 танҳо 297 нафар хонандагон муассисаҳои давлатии таълимии соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбиро бо дипломи аъло хатм карданд, ки нисбат ба соли 2014-ум 13 нафар коҳиш ёфтааст.

Дар соли 2015 дар заминаи муассисаҳои давлатии таълимии системаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  121 ҳазору 626 нафар таҳсил намуда, соҳиби касби коргарӣ гардиданд. Аз ҷумла, 9 ҳазору 577 нафар дар курсҳои 1-2-3-солаи литсейҳои касбии техникӣ,10 ҳазору 840 нафар дар курсҳои кўтоҳмуддати литсейҳои касбии техникӣ ва 101 ҳазору 209 нафар дар курсҳои кўтоҳмуддати Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон ва филиалу намояндагии он дар ҷумҳурӣ ба тайёрии касбӣ ва шаҳодатномакунонии малакаҳои касбӣ фаро гирифта шудаанд. Дар марказҳои таълими калонсолон ва филиалу намояндагиҳои онҳо шаҳрвандон дар се шакл: барномавӣ,  шаҳодатномакунонии малакаи касбӣ ва худмаблағгузор ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

Дигар хабарҳо...