Рӯзи байналмилалии муҳоҷир

Ассамблеяи генералии СММ аз 4 декабри соли 2000, 18 декабрро Рӯзи байналмилалии муҳоҷир эълон намуд. Маҳз 18 декабри соли 1990 Ассамблеяи генералии СММ Конвенсияи байналимилалӣ «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо»-ро  қабул намуд. Дар давоми 13 сол Конвенсияи мазкурро 47 давлати дунё эътироф намуда, 1 июли соли 2003 Конвенсияи мазкур эътибори ҳуқуқӣ пайдо кард.

Мақсад аз ҷашн гирифтани Рӯзи байналмилалии муҳоҷир ин сол аз сол зиёдшавии муҳоҷирони меҳнатӣ дар миқёси ҷаҳон мебошад. Мувофиқи ҳисоботҳои оморӣ ва таҳлили коршиносон агар имрӯз теъдоди муҳоҷирон дар ҷаҳон 235 млн. бошад, соли 2050 ин теъдод ба 405 млн. хоҳад расид. Таҷлил намудани Рӯзи байналмилалии муҳоҷир ин ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи шаҳрвандии чӣ давлатҳои интиқолкугнандаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва чӣ давлатҳои қабулкунандаи муҳоҷирон барои ҳалли масъалаҳо ва мушкилоти муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад.

Доир ба таҷлили Рӯзи байналмилалии муҳоҷир Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи чорабиниҳои мушаххасро таҳия  ва амалӣ намуда истодааст.

Тибқи Нақшаи чорабинии мазкур Раёсати муҳоҷирати аҳолии вазорат, Хадамоти муҳоҷират, Шуъба ва бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар минтақаҳои гуногуни ҶТ чорабиниҳо дар самти муҳоҷиратти меҳнатӣ мегузаронанд. Ҳамчунин тавассути шабакаҳои телевизионӣ ва радиоҳои «Ватан» ва «Имрӯз»   бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳоҷир барномаҳо таҳия ва пешниҳод гардиданд.

Дигар хабарҳо...