Мулоқот бо Сафири навтаъини Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

24 декабри соли 2014 вохӯрии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  С. Тағойзода бо Сафири навтаъини Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доктор Ҳуҷатуллоҳ Фағонӣ доир гардид.

вохурии Вазир бо Сафири Эрон

Мақсад аз вохӯрӣ шиносоӣ бо Сафири навтаъини Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар ҷараёни он муҳокимаи масъалаҳои дуҷониба  низ сурат гирифтанд.

Дар рафти мулоқоти мазкур аз ҷониби Вазорат якчанд пешниҳодҳо аз қабили таъсис додани марказҳои таълимӣ – истеҳсолӣ аз ҷумлаи касбҳои  қолинбофӣ, косибӣ,  гулдӯзӣ, зардӯзӣ, ҷуроббофӣ, чакандӯзӣ, қуроқдӯзӣ ва ғайра барои занону духтарон дар деҳоти дурдаст ва куҳистони ҷумҳурӣ.

 

Дуюм роҳандозии усулҳои муосири тавонбахшии иҷтимоии ҷавонони ниёзманд, бахусус маъюбон, бо истифодаи таҷриба, дастовардҳо ва кӯмаки Кумитаи имдоди имом Ҳумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар заминаи Литсей-интернати касбии махсуси маъюбони вазорат.

Ва ниҳоят омӯзиши таҷрибаи кори ҳунаристонҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон тавассути ташкил намудани таҷрибаомӯзии устоҳои таълимӣ ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии системаи вазорат мебошад.

Лозим ба ёдоварист, ки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Кумитаи имдоди имом Ҳумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамкориро дар самти касбу кор, омӯзиши техникӣ ва касбӣ дар асоси созишномаю қарордодҳо, ёддошти тафоҳум ва нақшаи чорабиниҳои муштарак ба роҳ мондааст.

Вохӯрӣ дар фазои дустона ва якдигарфаҳмӣ сурат гирифт.

Дигар хабарҳо...