Дастгирии фаъолияти соҳибкории бекорон

Давоми соли 2015 аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷиҳати машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ба 3846 нафар шаҳрвандон  ба андозаи  12 миллиону 111  ҳазору 824 сомонӣ, ё худ ба ҳар як шаҳрванд ба андозаи 78,7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо маблағ дода шуд, ки ин дар муқоиса ба соли 2014, 116,5 фоизро ташкил дода, 13 нафар дар таносуб зиёд мебошад.

Дар ин давра, тавассути мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ВМКБ ба 625 нафар шаҳрвандони бекор ба маблағи 1 659 960  сомонӣ, вилояти Суғд ба 1052 нафар дар ҳаҷми 3 190 687 сомонӣ, вилояти Хатлон ба 984 нафар шаҳрвандони бекор ба андозаи  3 378 382 сомонӣ, шаҳри Душанбе ба 226 нафар ба маблағи  901 400  сомонӣ, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ бошад ба  959  нафар шаҳрвандони бекор дар ҳаҷми 2 981 395 сомонӣ барои рушди соҳаҳои гуногуни соҳибкорӣ кўмаки молиявӣ пардохт гардид.

Дар давоми соли 2015 тавассути мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ барои пешбурди фаъолияти истеҳсолӣ ба  1 692 нафар шаҳрвандони бекор дар ҳаҷми 5 миллиону 329  ҳазору 203 сомонӣ, барои пешбурди фаъолияти тиҷоратӣ  ба 1192  нафар шахсони бекор ба андозаи  3 миллиону 754 ҳазору 665  сомонӣ ва барои пешбурди фаъолияти хизматрасонӣ ба аҳолӣ бошад ба 962 нафар шаҳрвандони бекор ба маблағи 3 миллиону 027 ҳазору 956 сомонӣ кўмаки молиявӣ дода шуд.

Аз таҳлили раванди дастгирии молиявии шаҳрвандони бекор бармеояд, ки 44,0 фоиз ба фаъолияти истеҳсолӣ, 31,0 фоиз ба фаъолияти тиҷоратӣ ва 25,0 фоизи дигар ба фаъолияти хизматрасонӣ ба аҳолӣ машғул мебошанд.

Дар ин давра ба масъалаи дастгирии ташаббуси соҳибкории занон ва ҷавонон аҳамият дода шуда, ба 1854 нафар занон дар ҳаҷми 5 837 899  сомонӣ ва ба 1442  нафар ҷавонон  ба  андозаи 4 541 934 сомонӣ кўмаки молиявӣ пардохт гардид.

Давоми  соли ҷорӣ 12 миллиону 007 ҳазору 963 сомонӣ маблағи қарзҳои имтиёзноки додашуда аз ҷониби шаҳрвандон баргардонида шуд.

Дигар хабарҳо...