Ҷойи кори холӣ

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 ФАРМОИШ

                           

«  23   » апрели  соли 2015                                  №    48- ҲК    ш. Душанбе

Дар бораи эълон намудани озмуни кушода барои  ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ

Мутобиқи моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 майи соли 2009, №659 «Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ» фармоиш медиҳам:

 

1.Дар дастгоҳи марказии вазорат барои ишғол намудани мансабҳои  холии маъмурии хизмати давлатӣ  озмуни кушода эълон карда шавад (замима мегардад).

2. Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус  ба табъ расонидани эълонро барои озмун ҷиҳати  ишғоли мансабҳои холии болозикр дар рӯзномаи «Ҷумҳурият», «Шуғл ва муҳоҷират» ва сомонаи вазорат www.mehnat.tj таъмин намояд.

Вазир                                                   С.Тағойзода

Бо фармоиши Вазири меҳнат, муҳоҷират

ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз «23» апрели 2015, №48-ҲК тасдиқ

карда шудаст

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар дастгоҳи марказӣ ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират

озмуни кушода эълон мекунад

1. Дастгоҳи марказии Вазорат  (12 воҳид):

 

Раёсати таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон(ихтисоси педагогӣ (меҳнат, фанҳои умумитехникӣ ва омузиши касбӣ), гуманитарӣ ва техникӣ)

1. Сардори Раёсат, маоши моҳона 1794 сомонӣ;

2. Муовини сардори Раёсат, маоши моҳона 1474 сомонӣ;

3. Мутахассиси пешбар, маоши моҳона 733 сомонӣ (ихтисоси агроном, кишоварзӣ).

Раёсати корҳо (ихтисоси иқтисодӣ)

4. Сардори Раёсати корҳо, маоши моҳона 1794 сомонӣ;

5.Муовини сардори Раёсати корҳо-сардори шуъбаи банақшагирии хароҷоти давлатӣ ва иҷрои буҷет, маоши моҳона 1474  сомонӣ;

6. Мутахассиси пешбари  шуъбаи банақшагирии хароҷоти давлатӣ ва иҷрои буҷет, маоши моҳона 733 сомонӣ;

7. Мутахассиси пешбари шуъбаи умумӣ, маоши моҳона 733 сомонӣ;

8. Мутахассиси шуъбаи муҳосибӣ, маоши моҳона 603  сомонӣ.

Раёсати муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ (ихтисоси ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ)

9. Сармутахассиси шуъбаи шарикии иҷтимоӣ ва ҳифзи меҳнат, маоши моҳона 900 сомонӣ.

Раёсати муҳоҷирати аҳолӣ (ихтисоси ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ бо донистани забони русӣ)

10. Сармутахассис, маоши моҳона 900 сомонӣ.

Раёсати бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ (ихтисоси иқтисодӣ, ҳуқуқшинос)

11. Мутахассис, маоши моҳона 603 сомонӣ.

Шуъбаи  кадрҳо ва корҳои махсус (ихтисоси  гуманитарӣ, ҳуқуқшиносӣ)

12. Мутахассис, маоши моҳона 603 сомонӣ.

 

   2. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират (3 воҳид), (ихтисоси иқтисодӣ, ҳуқуқшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ)

1. Сардори шуъбаи кор бо муҳоҷирони меҳнатӣ;

2. Сармутахассиси шуъбаи кор бо муҳоҷирони меҳнатӣ;

3. Сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқ.

 

   

Талаботи тахассусӣ нисбати ишғолкунандагони мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ:

– сардори Раёсат: таҳсилоти олии касбӣ, 3 сол собиқа дар мансабҳои маъмурии хизмати давлатии категорияи дуюм, 6 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

– муовини сардори Раёсат: таҳсилоти олии касбӣ, 2 сол собиқа дар мансабҳои маъмурии хизмати давлатии категорияи сеюм, 5 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

сармутахассис: таҳсилоти олии касбӣ, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

– мутахассиси пешбар: таҳсилоти олии касбӣ, 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

– мутахассис: таҳсилотии олии касбӣ ё миёнаи касбӣ

Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:

– ариза ба унвони вазир;

– варақаи шахсии ба ҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

– тарҷумаи ҳол;

– нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот, дафтарчаи меҳнатӣ, шиноснома, РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);

– маълумот оид ба вазъи саломатии шакли 086 УЕ.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 14 рӯз баъди нашри эълон.

        Нишонӣ: кӯчаи Алишер Навоӣ 5/2, тел. 236-25-75.