Қонуну санадҳо

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2012 №917 «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2012

№917  «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид»

Моддаи 1. Ба моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011 «Дар бораи рўзҳои ид» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2011, №7-8, мод. 608; с.2012, №7, мод. 684) сархати сеюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:

«- Рўзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ -25 январ;».

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расамӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                     Эмомалӣ Раҳмон

Консепсияи ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо Қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 декабри солл 2006  № 783

тасдиқ шудааст

Консепсияи ҳифзи иҷтимоии

аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муқаддима

Бо Истиқлолияти давлатиро соҳиб гардидани Ҷумҳурии  Тоҷикистон тағйироти  амиқи  иҷтимоиву  иқтисодӣ дар ҷомеа ба вуқўъ пайваст ва он таъсири  худро  ба  сатҳи  некўаҳволии  табақаҳои ниёзманди ҷумҳурӣ расонид. Дар раванди дигаргунсозиҳо ва решагирии иқтисоди бозорӣ, ҷумҳурӣ бо зарурати аз нав дида  баромадани усулҳои  бунёдии  соҳаи сиёсати  иҷтимоӣ, маҳз дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва кафолатҳои иҷтимоӣ дучор омад.

 

Системаи мураттаби  ҳифзи  иҷтимоӣ  бо иқтисодиёти давраи гузариш унсури муҳими рушди  иқтисодӣ,  устувории иҷтимоӣ  ва  суботи сиёсӣ мебошад. Марҳалаи кунунии рушди ҷомеа бо мавҷудияти бекории пинҳон, тафриқаи намоёни вазъи иҷтимоӣ,  имонияти то андоза маҳдуди  иқтисодии қисми  асосии  аҳолӣ  дар  назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи ислоҳоти системаи ҳифзи иҷтимоии аҳолиро гузоштааст.

Зарурати тағйироти куллии системаи ҳифзи иҷтимоӣ дар ҷумҳурӣ аз таъқидҳои пайваста ва дастурҳои Сарвари  давлат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш.Раҳмонов бармеояд. Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъқид гардидааст: “бо мақсади  боз ҳам густариш додани сиёсати иҷтимоии давлат ҳоло лоиҳаи Консепсияи ҳифзи  иҷтимоии аҳолӣ омода шуда истодааст,  ки маҷмўи чорабиниҳои давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолиро барои солҳои  наздик пешбинӣ менамояд”.

Вазъи ҳозираи системаи ҳифзи  иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ,  инчунин мақоми  соҳаи  номбурда  дар  ташаккули  иқтисоди бозории   хусусияти иҷтимоидошта, ҳарчи зудтар таҳия намудан ва мавриди амал қарор додани дурнамои ислоҳот ва интихоби механизмҳоро оид ба дигаргунсозиҳо дар ин система тақозо дорад,  ки он барпо намудани иқтисодиёти рақобатпазирро таъмин месозад.

Дигаргуниҳои куллии   дар  тўли  чанд  соли охир  Тоҷикистон  ба амаломада, аз қабили ба эътидол омадани вазъи сиёсӣ, беҳтар гардидани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, ҳамзамон боқӣ мондани  як  қатор проблемаҳо дар соҳаи  ҳифзи  иҷтимоии  аҳолӣ  ва номувофиқии заминаи кўҳнашудаи меъёрии ҳуқуқӣ ва сохтории идораи сиёсати иҷтимоӣ, зарурати таҳияи ҳамин Консепсияро ба миён овардаанд.

I. Вазъи кунунии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Тоҷикистон дар тўли ҳафт соли охир нахустин бор марҳилаи нисбатан устувор ва болоравии иқтисодиро, ки он аз соли 2000 оғоз ёфта то имрўз идома дорад ва хусусияти асосии давраи ҳозираи таҷдиди  иқтисодиёт  ва ҷомеа мебошад, аз сар мегузаронад.

Афзоиши маҷмўи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2005  нисбат  ба  соли 2000-ум  58,6  фоиз  ё  худ 17,7 фоизи афзоиши ҳарсоларо ташкил намуд. Ҳаҷми махсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ мутаносибан ба 74,1 ва 53,6  фоиз афзуд. Истеҳсоли молҳои мавриди ниёзи мардум 2,2 маротиба зиёд гардид.

Дар давоми солҳои  2000-2006  афзоиши  воқеии тамоми  даромадҳои пулии аҳолӣ, аз ҷумла музди меҳнат ва нафақа ба назар мерасад. Тўли ин солҳо даромадҳои воқеии пулии дар ихтиёрдоштаи аҳолӣ 3,4 маротиба зиёд гирдида дар даҳ моҳи соли 2006 3861,7 млн. сомониро ташкил доданд.

Бозсозии корхонаҳои саноатӣ ва кишоварзӣ бо дарназардошти шароити бозори озод имкон дод, ки истеҳсолот ва равобити иқтисодии бар асари нооромиҳои сиёсӣ харобшуда қисман барқарор гардад. Беҳтар гардонидани вазъи пардохти музди меҳнати кормандон муяссар гардид, музди меҳнати номиналӣ афзуда (ба ҳисоби миёна 40 фоиз дар як сол) сатҳи қарздорӣ аз пардохти он паст карда шуд (то 3 фоиз аз фонди моҳонаи музди меҳнат).

Хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ (тандурустӣ,  маориф, хоҷагии  манзилию  коммуналӣ,  ҳифзи  иҷтимоӣ ва ҷайраҳо) аз 3,7 фоизи маҷмўи маҳсулоти дохилии соли 2000-ум то 12,4 фоизи  маҷмўи  маҳсулоти дохилӣ  дар соли 2005 афзуд,  вале сатҳи хароҷот ҳамоно хеле паст боқӣ мемонад.

Сарфи назар аз нишондиҳандаҳои бадастомада дар соҳаи иқтисод ва динамикаи  мусбии нишондиҳандаҳои  макроиқтисодӣ, масъалаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, алалхусус масъалаҳои соҳаи  иҷтимоӣ меҳнатӣ,  аз қабили дараҷаи баланди табақабандии аҳолӣ аз рўи андозаи даромадҳо; сатҳи пасти музди меҳнати кормандони соҳаҳои кишоварзӣ, тандурустӣ, фарҳанг, маориф  ва  сатҳи  баланди  музди меҳнати кормандони соҳаҳои қарз, суғурта, молия,  корхонаҳои бахши хусусӣ, сохтмон, алоқа, наклиёт ва саноат ҳаллу фасли худро наёфтаанд. Тафриқаи байни ин нишондиҳандаҳо дувоздаҳ каратро ташкил медиҳад.

Таносуби байни нафақаи ҳадди ақали пардохтшаванда ва ҳадди ниҳоии нафақа 1:200-ро ташкил медиҳад.

Вуҷуд доштани бозори  “сеҷузъии”  меҳнат,  ки амалан  бо  ҳиссаи баробар  шуғли расмӣ,  ғайрирасмӣ ва муҳоҷиратро созмон медиҳад,  хоси ҳамин давра мебошад.

Сохтори ғайрирасмии дастгирии иҷтимоии аҳолӣ, минҷумла табақаҳои камбизоаттарини он пайдо гардида,  бо  муваффақият амал  мекунад, ки асоси  молиявии  онро воридоти  пулӣ  аз муҳоҷирони  меҳнатии хориҷи ҷумҳурӣ ташкил медиҳад. Фаъолгардии муҳоҷирати меҳнатӣ ҳамчун омили тавоно ва боздорандаи паҳншавии бекорӣ дар ҷумҳурӣ баромад мекунад.

Дар деҳоти Тоҷикистон  теъдоди  аҳолӣ  кам гардида, ҳиссаи калонсолон ва занон зиёд мегардад.

Новобаста ба тамоюли ташаккулёфтаи ҳаракати табиҳ ва  муҳоҷиратии аҳолии Тоҷикистон, афзоиши минбаъдаи устувори теъдоди аҳолӣ ба мушоҳида мерасад. Афзоиши табиии аҳолӣ 2,3 фоизро ташкил медиҳад.

Чунин тағйироти сохтори синнусолии аҳолӣ самаранокии бештареро аз фаъолияти бозори  меҳнат,  муҳоҷирати  муташаккил, муассисаҳои  ҳифзи иҷтимоии  аҳолӣ  ва  тандурустӣ  тақозо  намуда, андешидани тадбирҳои марбути суғуртаи иҷтимоии давлатиро талаб дорад.

Даромадҳои расмии меҳнатӣ айни замон дар сохтори  даромадҳои оилаҳо қисми асосии он ба шумор намераванд. Тақрибан аз чор се ҳиссаи оилаҳо аз якчанд манбаи даромад истифода мебаранд ва вазни қиёсии он тақрибан ба қисмҳои мутаносиби бозори меҳнат баробар аст.

Намудҳои молии  даромад,  ки  мақоми назаррас доранд, дар самти истифодабарӣ аз шаклҳои гуногуни дастгирӣ ва ҳифзи  иҷтимоии  аҳолӣ нақши муассирро мегузоранд, зеро бо афзудани қимати нисбии ҳама гуна пардохтҳои пулӣ эҳтимолияти имконпазирии истифодаи  мақсадноки  онҳо, баръакс кам мегардад.

II. Ҳадафҳо ва принсипҳои асосии ислоҳоти системаи

ҳифзи иҷтимоии ахолӣ

Ҳадафҳои асосии ислоҳот инҳоянд:

– татбиқи ҳуқуқҳои шаҳрвандон  ба  меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ, ки онҳоро Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад;

– ташаккули системаи устувори молиявии ба принсипҳои суҷуртавӣ асосёфта;

– таъмини маблағгузории гуногунманбаи системаи ҳифзи иҷтимоӣ;

– мутобиқгардонии системаи ҳифзи иҷтимоӣ дар шароити муносибатҳои рушдёбандаи бозорӣ;

– такмилдиҳӣ ва муносибсозии шартҳои пешниҳоди пардохтҳои иҷтимоӣ ва нафақаҳо;

– кам намудани хароҷоти маъмурӣ.

Бо назардошти мақсадҳои зикргардида ислоҳоти соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ бояд ба принсипҳои зерин асос ёбад:

– мувофиқати ҳаҷми пардохтҳои иҷтимоии кафолатнок ба имконоти молиявии давлат;

– риояи принсипи унвонияти кўмакҳои иҷтимоии давлатӣ дар заминаи истифодаи усулҳои гуногуни (аз он ҷумла усулҳои ғайримустақим)  муайян кардани ниёзмандии воқеъ;

– аз байн бурдани рўҳияи  дастнигарии гурўҳҳои алоҳидаи аҳолӣ тавассути  қатъҳ  намудани шартҳо ва таъмини шаффофияти раванди таъини пардохтҳо;

– таъмини азнавтақсимкунии самараноки захираҳои мавҷудаи молиявии давлат ба фоидаи табақаҳои ниёзманди аҳолӣ.

ҳамзамон бояд  кафолатҳои  зерини  иҷтимоии шаҳрвандон  ҳифз  ва татбиқ карда шаванд:

– ҳукуқ ба таъмини давлатии нафақа ҳангоми гум кардани қобилияти корӣ дар натиҷаи пиронсолӣ, маъюбӣ, бе саробон  мондан  ва  дигар ҳолатҳое, ки қонунгузорӣ муқаррар намудааст;

– ҳар як коргари кироя  бояд мавриди суғуртаи ҳатмии  давлатии нафақавӣ қарор гирад;

– ҳар  як шахси бо суғуртаи ҳатмии давлатии  нафақавӣ фаро гирифташуда  мутобиқи  давомнокии суғурта ва музди меҳнате,  ки аз он ҳаққи суғурта пардохта шудааст, ба нафақаи суғуртавӣ ҳуқуқ дорад;

– таъмини масрафи маблағҳои суғуртаи ҳатмии давлатии нафақавӣ танҳо ба мақсади талофии даромадҳои аздастдодаи ашхоси  суғурташуда тибқи қоидаҳо иа меъёрҳое, ки қонунгузории ҷумҳурӣ муқаррар кардааст;

– аз ҳисоби  маблағҳои  буҷетҳои  ҷумҳуриявӣ ва  маҳаллӣ  татбиқ намудани  механизми талофии хароҷоти таъмини нафақа нисбат ба ашхосе, ки дар суғуртаи нафақавӣ иштирок накардаанд.

 

III. Ислоҳоти системаи ҳифзи иҷтимоӣ

1. Ташаккули меъёрҳои иҷтимоии давлатӣ

Сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба системаи меъёрҳои давлатии ҳадди ақали иҷтимоӣ асос ёбад,  ки таҳияи он  дар  ду  самти асосӣ мувофиқи мақсад мебошад:

а) асоснок намудани меъёрҳое, ки соҳаи даромадҳои пулии шаҳрвандонро танзим  мекунанд ва аз ҳадди ақали неъматҳо ва хизматрасониҳои пулакӣ бархўрдор гардиданро ба онҳо кафолат медиҳанд;

б) фарогирии соҳаи пешниҳоди ройгони кўмакҳои ҳадди ақали муҳими иҷтимоӣ.

Дар самти аввали таҳияи  меъёрҳои давлатии ҳадди ақали иҷтимоӣ ҳадди ақали зиндагии гурўҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ ҳамчун асос барои меъёрбандӣ хизмат мекунад. Ҳадди ақали зиндагӣ арзиши ҳадди ақали сабади истеъмолӣ мебошад, ки маҷмўи маводи озуқаворӣ, молҳои ҷайриозуқа,  хизматрасонӣ, инчунин пардохтҳои ҳатмӣ ва аъзоҳаққиро дар бар мегирад.

Сабади истеъмолӣ ҳам дар миқёси ҷумҳурӣ ва ҳам аз рўи се гурўҳи асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ (кўдакон, аҳолии   қобили кор, нафақахўрон), ки бо ҳадди ақали маҷмўи маводи истеъмолӣ аз ҳамдигар ба куллӣ фарқ менамоянд, муайян карда мешавад.

Ҳадди ақали  зиндагӣ дар миқёси ҷумҳурӣ бо мақсадҳои зерин муқаррар карда мешавад:

– Ҳангоми таҳия ва татбиқи сиёсати иҷтимоӣ ва барномаҳои давлатии иҷтимоӣ ба назар гирифтани тағйирёбии сатҳи зисти аҳолӣ;

– асоснок намудани андозаи  ҳадди  ақали музди меҳнат,  инчунин барои  муайян  кардани  андозаҳои  стипендияҳо, кўмакпулӣ  ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ.

Ҳадди ақали зиндагӣ ба сифати нишондиҳандаи асосӣ  ҳангоми  ҳисоб ва  муқаррар намудани ҳадди ақали музди меҳнат, ҳадди ақали нафақаҳо, кўмакпулиҳо, стипендияҳо, меъёрҳои нигохдории муассисаҳои  кўдаконаи томактабӣ, хонаҳои кўдакон  ва  пиронсолон, инчунин  дар таҳияи барномаҳои  (чорабиниҳо)  паст  кардани  сатҳи камбизоатӣ, дастгирии иҷтимоӣ ва кўмаки унвонии иҷтимоӣ ба шаҳрвандони камбизоати ҷумҳурӣ лозим мебошад.

Андозаи ҳадди  ақали  зиндагии  ҳар  як нафар  аҳолӣ ва гурўҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ дар миқёси ҷумҳурӣ ва  минтақаҳои алоҳидаи он бояд дар асоси ҳадди ақали буҷети истеъмолии аз ҷониби мақомоти давлатии ваколатдор ба ҳисоб гирифта муайян карда шавад.

Ҳадди ақали  музди меҳнат,  нафақа, стипендияҳо,  кўмакпулиҳо ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ бояд тадриҷан,  бо назардошти вазъи иқтисодии ҷумҳурӣ, ба андозаи ҳадди ақали зиндагӣ наздик гардонида шаванд.

Тартиби тасдиқ ва давра ба давра аз нав дида баромадани  андозаи ҳадди ақали  зиндагӣ  бояд  тибқи  санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шаванд.

2. Афзалиятҳо дар  сиёсати оилавӣ ва демографӣ

Тоҷикистон аз рўи анъана мамлакати дорои нерўи барзиёди корӣ мебошад. Дар навбати аввал, ин ба сатҳи баланди таваллуд вобаста аст. Аз рўи теъдоди аҳолии қобили меҳнат нисбат ба шумораи  умумии  аҳолӣ ҷумҳурӣ  бо  58 фоиз дар байни давлатҳои аъзои ИДМ ҷойи намоёнро ишғол мекунад.

Вазифаҳои рушди демографии Тоҷикистон аз инҳо иборатанд:

а) дар  самти тақвияти саломатӣ  ва зиёд намудани дарозумрии эҳтимолӣ:

– зиёд намудани дарозумрии эҳтимолӣ;

– зиёд намудани дарозумрии солим (фаъол);

– кам кардини фавти модарон ва кўдакон;

– беҳсозии сифати зиндагии беморони якумрӣ ва маъюбон;

б) дар самти банақшагирӣ ва мустаҳкамсозии оила:

– фароҳам овардани заминаҳо барои кам кардани таваллуд то андозаи зарурии барқароршавии мўътадили теъдоди аҳолӣ;

– устуворсозии ҳамаҷонибаи оила ҳамчун шакли мутаносиби фаъолияти ҳаётии шахсият;

– фароҳам  овардани   шароит  барои  дар ҳаёт  татбиқ  намудани имкониятҳои воқеии ҷавонон;

– таъмини ҳифзи иҷтимоии унвонии оила;

– баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ дар бахши   тақсимоти оқилонаи буҷети оилавӣ;

в) дар самти муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ:

– ба тартибдарории (ба расмият даровардани) раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Россия ва дигар давлатҳо;

– дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии шакли муҳоҷирати муташаккил,  аз он ҷумла шахсони оиладор;

– пешгирии  раванди  беруншавии  неруи  илмӣ, зеҳнӣ  ва эҷодӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– амалӣ кардани маҷмўи тадбирҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва молиявие, ки ба мутобиқати  иҷтимоии  муҳоҷирони  меҳнатӣ  дар Федератсияи  Россия нигаронида шудаанд;

– такмили қонунгузории марбут ба ҳифзи ҳукуқи муҳоҷирони  иҷборӣ (гурезаҳо) ва шаҳрвандони дар хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистонбуда;

– таҳияи чорабиниҳое, ки ба баланд бардоштани  мутаҳаррикии минтақавии кувваи корӣ нигаронида шудаанд.

3. Танзими бозори меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии бекорон

Дар давраи солҳои 2000 – 2005 захираи меҳнатии Тоҷикистон 22,4 фоиз зиёд гардида, 3,9 млн. нафарро ташкил намуд. Сатҳи шуғли  аҳолӣ  ба андозаи 4,6 фоиз афзуда,  теъдоди аҳолии машғули кор ба 2.0 млн. нафар расид, вале афзоиши шуғл аз афзоиши захираҳои меҳнатӣ ба андозаи  7,8 фоиз қафо мемонад.

Аз рўи афзоиши пешакӣ, барои ҳалли масъалаи бекорӣ дар Тоҷикистон 1 млн. ҷойҳои кориро таъсис додан зарур аст,  аммо амалӣ намудани чунин иқдом дар ояндаи наздик ғайриимкон аст.  Таҳлили вазъи бозори  меҳнати солҳои  2000 – 2005  нишон  медиҳад,  ки  масъалаи шуғли аҳолӣ яке аз проблемаҳои ҷиддитарини иҷтимоии Тоҷикистони имрўза ба шумор меравад.

Айни ҳол ба тағйироти  дар  соҳаи  шуғли аҳолии қобили меҳнати ҷумҳурӣ гузаштаистода тамоюлҳои зайл хос мебошанд:

Дар сохтори  соҳавии шуғли аҳолӣ ҳиссаи соҳаҳои истеҳсолоти моддӣ кам мегардад, дар соҳаҳои ҷайриистеҳсолӣ бошад, шуғл бештар мешавад.

Камшавии ҳиссаи шуғл дар соҳаҳои индустриалӣ ба назар мерасад: саноат ба андозаи 4 фоиз,  нақлиёт 5 фоиз  ва  он дар  соҳаи  аграрии иқтисод (50,8) бешатр мегардад.

Ҳиссаи кормандоне, ки ғайри кироя кор мекунанд, афзоиш меёбад. Ин раванд  бар  асари  афзоиши корхонаҳои кишоварзӣ сурат гирифтааст. Аз теъдоди  умумии  шуғлдорон  шумораи  кормандони кироя дар соҳаҳои иқтисодиёт 1028,5 ҳазор нафар ё 52,7 фоизро ташкил медиҳад. Теъдоди шуғлдорони ғайри кироя бошад, ба 923,8 ҳазор нафар баробар мебошад. Бо назардошти он, ки дар мамлакат системаи суғуртаи иҷтимоии ашхоси ғайри кироя ба пуррагӣ такмил наёфтааст, афзоиши теъдоди кормандони ғайри кироя боиси  маҳдудгардии  ҳудуди андоз  ва камгардии воридоти ҳаққи суғурта ба фонди ҳифзи иҷтимоӣ мешавад.

Шуғли дуввум  аслан  дар байни ашхосе вусъат пайдо намудааст,  ки онҳо дар бахши ғайрирасмӣ кор мекунанд. Ғайр аз ин, ҳиссаи шуғл  дар бахши ғайрирасмӣ калон буда, тибқи ҳисобу китобҳои гуногун ҳаҷми он аз 25 то 70 фоизро ташкил медиҳад. Мутаносибан ин нишондиҳанда оид  ба ҳаҷми  маблағҳое,  ки  ба доираи  андози  ҷумҳурӣ дохил намегарданд, дахолат мекунад.

Ашхосе, ки  тайёрии  касбӣ надоранд ё бар асари ба муддати тўлонӣ аз кор барканор буданашон малакаи кориро аз даст додаанд,  дар байни бекорон ҳиссаи намоёнро (қариб 78 фоиз) ташкил медиҳанд.  Наздики 81 фоизи бекорон  маълумоти  миёнаи  умумӣ  ё маълумоти  миёнаи  нопурра доранд.

Интихоби беасоси касби оянда аз ҷониби ҷавонон,  мутобиқ набудани ҷараёни таълим ба меъёрҳои касбӣ, надонистани эҳтиёҷоти дурнамоии иқтисодиёт ба кадрҳо ва ғайра ба вазъи  бозори меҳнат  таъсири  манфӣ мерасонанд.

Имрўз дар ҷумҳурӣ пробелмаҳои ҷиддии кадрӣ арзи ҳастӣ доранд, ки муҳимтаринашон  пиршавии  ҳайати  шахсии корхонаҳои  бахши воқеии иқтисодиёт, камёбии кадрҳои баландихтисоси коргарӣ мебошанд, дар ҳоле ки дар ҷумҳурӣ иқтидори тавонои маълумотӣ ва қариб 14 ҳазор ҷойҳои холии корӣ дар бозори меҳнат вуҷуд доранд. Махсусан раванди ба тадриҷ коста гардидани сафи кормандони корхонаҳои калон ва миёна ташвишовар мебошад. Чунончи, дар соли 2005 дар корхонаҳои мазкур 224 ҳазор нафар ба кор қабул карда шуда, 253 ҳазор нафар корро тарк намудаанд,  ки аз ин теъдод 190 ҳазор корманд бо хоҳиши худ аз кор рафтааст.

Таҳлили вазъи шуғли аҳолӣ дар семоҳаи аввали соли 2006 нишон медиҳад, ки шумораи аҳолии дар иқтисодиёт фаъол нисбат ба соли 2005 ба 15,3 ҳазор нафар кам гардида: теъдоди бекорони дар мақомоти Хадамоти шуғл ба рўйхат гирифташуда 7,6 ҳазор  нафар афзудааст. Ғайр  аз  ин, сатҳи шуғли аҳолии  қобили  меҳнат дар сохтори расмии иқтисодиёт дар сатҳи соли 2005 (98,1 фоиз) боқӣ мондааст.

Сифати иқтидори меҳнатӣ дар даҳсолаҳои наздик  омили  Қатъии ғайримоддие мегардад, ки рақобатпазирии ширкатҳо ва иқтисодиётро  дар маҷмўъ муайян месозанд.

Имрўз дар сатҳи сиёсӣ масъалаи баланд бардоштани  рақобатпазирии насли  ҷавон дар бозори меҳнат  эътироф гардидааст.  Дар ин раванд Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи ислоҳоти куллии системаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълимиро дар ҷумҳурӣ барои солҳои 2006 – 2015 пеш гирифт. Дар доираи он ташаккул додани механизми нави  омўзиши  касбии калонсолон, аз он ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ пешбинӣ мешавад.

Муҳоҷирати меҳнатӣ  қисми  муҳиму  таркибии соҳаи  шуғли  аҳолии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба  ҳисоб меравад.  Дар ҳаллу фасли проблемаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи  Россия  “Дар  бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия”, ки 11 январи соли 2006 эътибори қонунӣ пайдо кардааст, нақши муассир дорад.

Мувофиқи маълумоте, ки дар асоси варақаҳои баҳисобгирии муҳоҷират, пурсиши хоҷагидориҳо ва иттилои намояндагии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дастрас шудааст,  ҳар сол на бештар аз 500 ҳазор нафар шаҳрвандони  мо муваққатан  берун аз ҷумҳурӣ кору фаъолият доранд. Дар семоҳаи аввали соли 2006 ба сифати муҳоҷирони меҳнатӣ 412123 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба мамлакатҳои  хориҷӣ рафтаанд,  ки аз онҳо 402370 нафарро мардон ва  9753  нафарро занон  ташкил  медиҳанд. Аз  ин  теъдод  ба Федератсияи  Россия  –  404470  нафар,  ба Қазоқистон  –  2089 нафар, Қирғизистон – 2134 нафар ва ба дигар давлатҳои аъзои ИДМ ва  мамолики хориҷи дур 3430 нафар рафтаанд.

4. Сиёсати давлатии музди меҳнат ва танзими даромадҳо

Дар марҳилаи муносибатҳои  бозорӣ нақши давлат дар соҳаи танзими пардохти музди меҳнат аз муқаррар намудани андозаи ҳадди  ақали  музди меҳнат,  ки он барқароршавии мўътадили нерўи кориро мутобиқи миқдор ва сифати меҳнати сарфшуда кафолат медиҳад,  танзими андозӣ  ва  тартиби умумии   индексатсияи   музди   меҳнат,   таъмини кафолатҳои тибқи қонунгузорӣ, созишномаҳо ва  шартномаҳои коллективӣ  пешбинигардида иборат мебошад.

Дар замони ҳозира сатҳи нафақа ва пардохтҳои иҷтимоӣ  аз  саҳми меҳнати  ҳар  як  корманд  кам  вобаста мебошад. Ба он бештар омилҳои берунӣ – вазъи иқтисодиёт, ҷамъоварӣ шудани андози иҷтимоӣ,  таносуби теъдоди коргарон ва нафақахўрон дар мамлакат таъсир мерасонанд.

Барои ислоҳ намудани ин вазъ бояд масъалаи ниҳоят ҷиддӣ  –  расмӣ гардонидани музди меҳнат  ва  даромадҳоро  ҳаллу фасл намуд.  Аз ин иҷроиши буҷет ва ҳолати сохтори  суғуртаи давлатии  иҷтимоӣ,  инчунин сатҳи умумии ҳифзи иҷтимоӣ вобаста мебошанд.

Новобаста аз тамоми тадбирҳои андешидашуда, бо такмили  сиёсати умумии ташаккулёбии даромадҳои аҳолӣ ба натиҷаҳои  назаррас  ноил гардидан ғайриимкон аст.

Аз ин  рў, ҳадафи асосии ислоҳоти соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ – ба вуҷуд овардани системаи ҳавасмандсозандаи  афзоиши даромадҳо   ва   расмӣ гардонидани тамоми подошҳои меҳнат мебошад.  Бо ин мақсад тавассути қонунгузории замонавӣ бояд гузариши батадриҷ ба  усулҳои  суғуртаи иҷтимоӣ  (нафақавӣ)  таъмин  гардад.  Аз  маблағи барои ҳаққи суғурта ҷудогардида қисми асосии нафақаи  суғуртавӣ вобаста  мебошад.  Аз  ин ҷост, ки  аз  тамоми  маблағи  ҳаққи меҳнат супоридани андози иҷтимоӣ барои коргар дар оянда фоидаовар мебошад.

Сиёсати давлатии ташаккули даромадҳо бояд ба самтҳои зерин равона гардад:

– ба  вуҷуд  овардани  таносуби оқилона дар байни музди меҳнат ва даромади соҳибкорӣ;

– таъмини таносуби ҳақиқӣ дар байни музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетии иқтисодиёт;

– муқаррар намудани  таносуби  оқилона байни андозаи ҳадди ақали музди меҳнат ва  дигар  меъёрҳои  иҷтимоии  ҳадди ақал  (ҳадди  ақали зиндагӣ, ҳадди ақали нафақа, ҳадди ақали кўмакпулии бекорӣ ва ғ.);

– муқаррар намудани андозаи ҳадди ақали музди меҳнат ва  меъёри тарифии дараҷаи якуми ҷадвали ягонаи тарифӣ дар соҳаи буҷетӣ дар сатҳи на камтар аз ҳадди ақали зиндагӣ;

– индексатсияи  музди  меҳнат  (муайян намудани  ҳад  ва тартиби индексатсия).

Дар раванди ислоҳоти соҳаи  мазкур фаъолияти чунин механизми ба танзимдарории музди меҳнатро таъмин намудан зарур аст, ки он фарогири танзими давлатӣ, сохтори мушорикати иҷтимоӣ ва танзими бозорӣ (ҳисоби таносуби талабот ва пешниҳодот) бошад.

Инчунин зарур аст, ки мақоми трипартизм дар ҳалли масъалаҳои асосии муносибатҳои  иҷтимоӣ  –  меҳнатӣ  пурзўр карда  шавад. Дар созишномаҳои сеҷониба вазифаҳои зайли танзими музди меҳнат ба миён гузошта шаванд:

– ҳадди  ақали муносиби музди меҳнат,  ки қобилияти кории инсонро нигаҳ медорад;

– сатҳҳои кафолатноки меъёрҳои тарифӣ ва маошҳо аз рўи гурўҳҳои касбӣ-тахассусӣ, ки барои корманд ва аъзои оилаи ў  шароити мусоиди зиндагиро (новобаста аз натиҷаҳои фаъолияти корхона) таъмин менамоянд;

– таносубҳои иҷтимоан ҷоизи байни  ҳадди ақал  ва  ҳадди  ниҳоии меъёрҳои тарифӣ ва маошҳо;

– нигоҳ доштани қобилияти харидории музди меҳнат дар  давраи таваррум;

– саривақт пардохт намудани музди меҳнати кормандон.

Масъалаҳои рушди  бозории механизми музди  меҳнат бояд  дар Консепсияи музди меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёбанд.

Вале бе барқарор намудани вазифаҳои асосии музди меҳнат (бозистеҳсолкунанда, ҳавасмандсозанда ва танзимкунанда) амал  кардани механизми бозории танзими музди меҳнат ба гумон аст.

Барои барқарор намудани вазифаҳои бозистеҳсолии музди  меҳнат на як солу ду сол лозим аст. Ғайр аз ин, андешидани тадбирҳои зерин зарур мебошад:

– барқарор  намудани қобилияти харидории ҳадди ақали музди меҳнат аз ҳисоби таъмини суръати пешравандагии афзоиши он нисбат  ба  афзоиши музди миёнаи меҳнат;

– барқарорсозии қобилияти  харидории музди меҳнати  тарифии кормандони тахассуси миёна аз ҳисоби муқаррар намудани коэффитсиентҳои коҳишдиҳандаи афзоиши музди меҳнати  кормандони тахассуси баланд ва олӣ, нисбатан баланди (баробар) кормандони тахассуси паст ва миёна.

5. Ташкили системаи бисёрдараҷаи нафақа

Вазъи системаи амалкунандаи таъмини нафақа яке аз масьалаҳои муҳими иҷтимоӣ – иқтисодӣ дар давраи гузариш  ба муносибатҳои  бозорӣ мебошад.

Аҳамияти иҷтимоии  таъминоти  нафақа  аз доираи   фарогирии   он бармеояд.  Таъминоти  нафақа  ба  манфиатҳои ҳаётан муҳими беш аз ним миллион пиронсолон, маъюбон ва аъзои оилаҳои саробонгумкарда  дахл дорад.

Масъалаи мубрами рўзи  системаи  мавҷудаи таъминоти  нафақа  дар марҳилаи  ҳозираи  рушди ҷомеа сатҳи пасти андозаҳои мутлақ ва нисбии нафақа мебошад.

Проблемаҳои дар ин соҳа ҷойдошта дар навбати аввал аз ташаккулёбии объективии заминаи молиявии таъминоти нафақа  бармеоянд. Ба раванди таъиноти  пардохтҳо омилҳои субъективӣ (шахсиятӣ) таъсири муассир мерасонанд.

Тамоюли камшавии теъдоди кироякорон дар теъдоди умумии аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол  ба  системаи  таъминоти нафақа  таъсири  ҷиддӣ мерасонад  ва  ин  зарурати  аз  нав  дида баромадани шартҳои ба даст овардани ҳуқуқҳоро  барои  гирифтани  нафақаҳо  ва алоқаманд сохтани андозаи нафақаҳои гурўҳҳои гуногуни нафақахўронро бо ҳиссаи шахсии меҳнатии онҳо дар сохтор зарур мегардонад.

Вазифаи дар як вақт баланд бардоштани сатҳи ҳадди ақали таъминоти нафақа ва тафриқаи иҷтимоӣ – боадолатонаи нафақаҳо вобаста  ба  саҳми меҳнатии  солҳои  пешин,  гузаришро  ба  тартиби нави ҳисоби андозаҳои нафақаҳо дар заминаи истифодабарии  қоидаҳои ягонаи  нафақавӣ ва технологияи ҳозиразамони иттилоотӣ тақозо менамояд.

Бо дохил кардани унсури захиравӣ ба системаи давлатии  таъмини нафақа  ва  муқаррар   гардидани  асосҳои ҳуқуқии  таъсиси  фондҳои ғайридавлатии нафақа, барои рушди минбаъдаи намудҳои  бисёртабақавии нафақа бо ҳудудбандии аниқи манбаъҳои маблағгузорӣ заминаҳо ба вуҷуд омаданд.

Қисми асосии нафақаи кафолатнок,  ки дар оянда нафақаи иҷтимоиро бояд иваз намояд,  сатҳи аввалини  ташкили системаи  нафақа  мебошад. Манбаъҳои  сатҳи  аввали  нафақа  маблағҳои буҷетҳои  сатҳҳои гуногун мебошанд.

Сатҳи дуюм Қисми суғуртавии нафақаи меҳнатӣ ба шумор меравад. Мақоми ин намуд тамоми ташкили суғуртаи нафақавиро муайян мекунад. Дар доираи  ислоҳот  он  бояд  аз  вазифаҳои  хоси вай  набуда озод ва ба манфиати тамоми қишрҳои коргарони кироя мутобиқ бошад. Аз ин талаботи принсипиалии зерин  ба  ислоҳоти нафақаи суғуртавӣ бармеояд:  мувофиқ омадани шартҳои таъин ва андозаи нафақа бо меъёри иштирок дар суғуртаи нафақаи  ҳар  як  шахси алоҳида, ки вобаста аз давомнокии суғурта ва меъёри пардохтҳои аъзоҳаққӣ муайян мегардад. Манбаъҳои  маблағгузории сатҳи дуввум – маблағҳои суғуртаи нафақа ба ҳисоб мераванд.

Дар вақти муайян намудани ҳуқуқ барои гирифтани  нафақа,  андозаи он, давраҳои ба пардохти аъзоҳаққии суғурта вобаста набуда, ҳангоми додани ҷуброни хароҷоти дахлдор аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ба инобат гирифта мешаванд:  таҳсил,  даъват ба  хизмати  ҳарбӣ ва ғайраҳо. Ин тасдиқи он аст, ки мунтазам  ба амалбарории  принсипҳои низоми  нафақаи   суғуртавӣ   имтиёзҳои гурўҳҳои алоҳидаи шахсони суғурташударо бекор менамояд. Манбаъҳои иловагии маблағгузории иловапулиҳо ба нафақаи таъиншуда захираҳои нафақаи инфиродҳ ба ҳисоб мераванд.

Сатҳи сеюми (ихтиёрӣ) системаи нафақаро нафақаҳои ғайридавлатӣ ташкил мекунанд. Таъминоти ғайридавлатии нафақа, нисбат ба нафақаҳои давлатӣ ҳамчун илова ҳисобида шуда,  метавонад чун шакли иловагии системаи нафақаи касбии муассисаҳои алоҳида, дар ҳудуд ё дар  соҳаҳои иқтисодиёт амалӣ гардад ё ба  шакли таъминоти  шахсии  нафақаи шаҳрвандон,  ки ҷамъоварии маблағро дар асоси бастани  созишномаҳо  бо фондҳои  нафақаи ғайридавлатӣ ба вучуд овардаанд, амал кунад. Дар навбати худ, бавуҷудоии нақшаҳои иловагии нафақаи касбӣ дар давраи ҳозиразамон вазифаи  афзалиятнок ба ҳисоб меравад ва бояд дар навбати аввал аз тарафи давлат ҳавасманд карда шавад.

Таъминоти нафақаи ихтиёрии иловагӣ метавонад ҳамчун бо пардохтҳои муқарраршуда ва инчунин бо аъзоҳаққии муайяншуда  бошад, метавонад муттафиқона гардад ё дар як вақт ҳарду принсипро истифода барад. Маблағгузории он метавонад аз ҳисоби суғуртаи аъзоҳаққии кордиҳанда  ё ин ки аз ҳисоби аъзоҳаққии худи коргар амалӣ карда шавад. Дар навбати худ ҳамаи ўхдадориҳо оид ба системаи нафақа бо маблағгузорӣ дар шакли активҳои ҷамъшаванда ва воридоти аъзоҳаққии оянда фаро гирифта мешавад.

Ғайр аз ин ҳамчун имконияти ҳалли масъала аъзохаққии  суғуртавӣ, ки  аз  ҷониби кордиҳандагон ба фондҳои нафақаи ғайри давлатӣ пардохта мешаванд аз андоз озод карда шаванд.

Бо сабаби он, ки қисми зиёди активҳои фондҳои нафақаи ғайридавлатӣ ба сектори воқеии иқтисодӣ сармоягузорӣ карда  мешавад, бинобар ин озод кардани фоидаи бевоситаи аз сармоягузорӣ ба даст меовардаи онҳо аз андозбандӣ мувофиқи мақсад мебуд.

Рушди системаҳои  нафақаи ғайридавлатӣ бояд бо дастгирии бевосита ва  назорати  доимии  давлатӣ  амалӣ  гардад. Бинобар   ин   мақомоти давлатиеро, ки додани  литсензия  ва  назорати фаъолияти фондҳои нафақавии ғайри давлатиро ба амал  мебароранд, муайян  намудан  лозим аст.

Механизми гузариши мунтазамро ба принсипҳои нави таъиноти  нафақа бо  назардошти  зарурати  нигоҳдошти  ҳуқуқҳои нафақа,  ки  дар асоси системаи амалкунандаи нафақа  ба  даст  омадааст дар  давраи  татбиқи консепсияи мазкур ба инобат гирифтан зарур аст.

Ислоҳоти системаи нафақа – ин барномаи мураккаби комплексӣ  буда, қабули қарорҳои дурандешона  ва  ҳамаҷониба санҷидашударо  талаб менамояд.  Ноил шудан ба мақсадҳое,  ки Консепсияи мазкур  ҳангоми ба амал баровардани меъёрҳои дар он ифодагардида гузоштааст,  ҳамзамон бо беҳтар намудани механизми маблағгузорӣ ва бозсозии  институтсионалии системаи нафақа имкон дорад.

Бо ин мақсад дар ояндаи наздик ҷорӣ намудани системаи бақайдгирии хусусигардонидашудаи  ҳуқуқи  нафақавии  шахсони суғурташуда, ки бо истифодабарии технологияи замонавии  иттилоотӣ телекомуникатсионӣ ҳангоми  гузариш  ба  принсипҳои  таъини  нафақаи суғуртавӣ  ва  ҷорӣ намудани андозаҳои  аниқи  пардохтҳои  таъиншуда аз  давр  ва  меъёри пардохти аъзоҳакқиҳои суғуртавӣ вобаста буда зарур аст. Чунин бақайдгирӣ  на  танҳо  интизоми молиявии пардохткунандагони андози иҷтимоиро мустаҳкам мекунад,  балки имконият медиҳад, ки тартиби таъин ва пардохти нафақаро куллан содда ва осон намуда аз  ҷамъоварӣ  ва  ба мақомоти дахлдор пешниҳодкунии ҳуҷҷатҳои зиёд: дар бораи собиқаи корӣ (суғуртакунӣ) ва маош озод шавад.  Азбаски  ин мақомот  дорои ахбори зарурӣ  мешаванд.  Дар  натиҷа  мўҳлати барасмиятдарории  нафақа  кам гардида, зарурати ҷорӣ намудани дафтарчаҳои мехнатӣ,  ки аз онҳо  дар шароити  гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ сўистифодаи зиёд ҷой дорад,  аз байн меравад.

Ташкил намудани фонди захиравӣ ниҳоят зарур мебошад.  Захираҳои озоди фонди нафақа бояд  самаранок  ва  шаффоф истифода  шуда,  лекин натиҷаҳои  идоракунии  он  барои назорати омма дастрас бошад. Татбиқи чораҳои пешниҳодгардида  барои  таъмини мўътадилгардонии   молиявии системаи  нафақа  мусоидат  намуда, заминаҳои заруриро барои баланд бардоштани сатҳи боварии мардум ба ислоҳоти иҷтимоии аз тарафи ҳукумат гузаронидашудаистода муҳайё месозад.

Батартибдарории имтиёзҳои нафақавӣ барои кам намудани  хароҷоти ғайримақсадноки таъминоти нафақавии  давлатӣ мусоидат намуда, ноил шудан ба адолати иҷтимоии бештарро ҳангоми таъини  нафақаҳо  таъмин менамояд.

Таъминоти нафақаи имтиёзнок бояд тадриҷан ба доираи  системаи нафақаҳои  касбии  иловагӣ бо назардошти зарурати кам кардани вазнинии умумии андоз ба корфармоён ворид карда шавад.

Гузариши давра ба давра ба чунин механизми таъминоти нафақа, такмили меъёрбандии омилҳои зараровари муҳити истеҳсолӣ ва ҷараёни меҳнатро талаб намуда, дар ин асос маҳакҳоеро, ки барои гузаронидани корҳо,  касбҳо ва вазифаҳо ба категорияи кормандон, ки ба онҳо нафақаи пеш аз мўҳлат таъмин карда мешавад, муқаррар менамояд.

Бо назардошти ин, яке аз шартҳо барои додани имтиёзҳои андоз  ба системаи иловагии касбии нафақа, бояд ҳалли масъалаи зикргардида оид ба нигоҳ доштани ҳуқуқи пайдо кардаи онҳо ба имтиёзҳо  тибқи  системаи нафақавии давлатӣ бошад.

6. Такмили системаи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ

Дар системаи суғуртаи ҳатмии  иҷтимоӣ проблемаҳои  ҳалталаб мавҷуданд, ки бе ҳалли онҳо таъсиси системаи самараноки ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз хатарҳои асосии иҷтимоӣ ҷайриимкон аст.

1. Стратегияи умумимиллии рушди системаи суҷуртаи иҷтимоии ҳатмии дурнамо, ки ба манфиати коргарону корфармоён, шаҳрвандони  бекор ҷавобгў,  ба  мўҳлати  тўлонӣ  пешбинӣ  шуда,  бо такмилдиҳии нақшаи маблағгузории он алоқаманд ва бо  тарафҳои мушорикати  иҷтимоӣ мувофиқашуда мавҷуд нест.

2. Мавҷудияти элементҳои ғайрисуғуртавӣ дар система, ки намудҳои зиёди таъминоти ғайрисуғуртавиро аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи  иҷтимоӣ пешниҳод менамоянд.

Таҳлили амалияи  истифодаи андози  иҷтимоӣ нишон  медиҳад,   ки самараи интизоришаванда аз ҷорӣ намудани он ба даст наомад;

– аъзоҳаққиҳои суғуртавӣ ба андози махсус барои корфармоён табдил ёфтанд, ки аз ин онҳо ягон ҳуқуқ ва ваколат ба идора ва назорат аз болои истифодабарии маблағҳои суғуртаи иҷтимоӣ ба даст наовардаанд;

– сарбории баланд ба фонди музди меҳнат боқӣ мондааст;

– пойдории  молиявии  фондҳои  иҷтимоӣ  ба даст  наомадааст   ва идорасолории ҷамъоварии маблағҳо содда карда нашудааст.

Ғайр аз ин, хусусияти андозии ба истилоҳ “аъзоҳаққии  суғуртавӣ” барои равона кардани маблағҳо ба  мақсадҳои бо суғуртаи кормандон алоқаманд набуда имконият фароҳам месозад,  ки ба омехташавии вазифаҳо оид ба суғуртакунии  кормандон  ва вазифаҳо оид ба расонидани кўмаки иҷтимоӣ аз ҷониби давлат ба шахсони суғуртанашуда аз ҷумла шаҳрвандони бекор меоварад.

3. Қисми зиёди дар иқтисодиёт фаъоли аҳолӣ ба систсмаи  суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ҷалб карда нашудааст.

4. Соҳаи молиявии суғуртаи иҷтимоӣ бе низом ва номутобиқ мемонад.

Амалан ҳисоботҳои воқеӣ вуҷуд надоранд, ҳаҷми  аъзоҳаққиҳои суғуртавӣ аз рўи намудҳои хатарҳои иҷтимоӣ асоснок карда  нашудаанд, принсипҳои тақсимоти масъулият байни корманд, корфармо ва давлат муайян карда нашудааст. Дар система пардохтҳое, ки хусусияти андозро доранд ва ҳам аъзоҳаққии суғуртавӣ вуҷуд доранд.

Масъалаи ислоҳоти системаи суғуртаи иҷтимоӣ бояд   масъалаҳои таҳияи модели он, инчунин механизми азнавсозиро дар бар гирад. Ҳангоми барпо намудани модели суғуртаи иҷтимоӣ муҳим аст ба  воқеияти  имрўза баҳои  холисона  дода,  тамоюлҳоро  дар  раванди рушди  ҷомеа амиқтар пешбинӣ намуд,  ҳол он  ки  амалияи  иҷтимоӣ аксаран  бисёр  мураккаб мебошад.  Ба  инобат  гирифтани  имконияти ислоҳот,  аз ҷумла,  ҳамон далеле, ки давлат дар вазъи мураккаби иқтисодиву молиявӣ қарор дорад, инчунин худи эҳтиёҷоти афзоишёбандаи аҳолиро дар ҳифзи иҷтимоӣ ба назар гирифтан зарур аст. Ин имконият медиҳад механизми гузариши босаводона ба системаи нави суғуртаи иҷтимоӣ барпо карда шавад.

Имрўз масъалаҳои суғуртаи иҷтимоӣ дар ҳақиқат яке аз  масъалаҳои мубрами  рўз буда,  алоқамандии зичи онҳоро бо фазои гуногуни ҷамъиятӣ ва  мушкилиҳои  тақсимоти  таҳдидҳои  дохилӣ  ва беруниро ба инобат гирифта, онҳо бояд мутобиқи ҷараёни минбаъдаи ислоҳоти системаи ҳифзи иҷтимоӣ ҳалли худро ёбанд.

Мақсади ислоҳоти системаи давлатии суғуртаи иҷтимоӣ бояд барпо намудани системаи мустаҳками молиявӣ шавад, ки ба шаҳрвандони коргар муҳофизати боэътимодро аз хатарҳои  иҷтимоии бо аз  байн  рафтани даромадашон алоқаманд таъмин намуда,  ба принсипҳои  воқеии  суғуртавӣ асосёфтааст, ки инҳоро дар назар дорад:

– муайян намудани доираи аниқи суғурташавандагон маблағгирандагон дар системаи суғуртаи иҷтимоӣ;

– муқарар намудани номгўи мукаммали намудҳои таъминоти суғуртавӣ, бо асос гирифтани принсипи барқароркунии даромади аз дастрафта ҳангоми роҳ додани ҳодисаҳои суғуртаи иҷтимоӣ;

– таъмини алоқа байни бузургии кўмакҳои суғуртавӣ, ҳиссаҷудокуниҳои ҳосилшуда барои суғуртаи иҷтимоӣ ва бо ин  мақсад ташкили ҳисоби пардохтҳои шахсӣ;

– пасткунии бештари ставкаҳои андози иҷтимоӣ  то  сатҳи  зарурӣ барои  маблағгузории  кафолатҳои асосии иҷтимоии давлатӣ ва барои он муқаррар намудани базаи андозсупории бо фонди музди  меҳнат  алоқаманд набуда;

– муайян намудани дигар манбаҳои маблағгузорӣ барои кўмакҳое,  ки суғуртавӣ намебошанд ва интиқоли пардохти онҳо аз суғуртакунандагон ба дигар мақомот;

– озод  намудани  суғуртакунандагон аз иҷроиши функсияҳои ба онҳо хоснабуда оид ба  таъминоти  иҷтимоии шаҳрвандоне,  ки  дар  системаи суғуртаи ҳатмии иҷтимоӣ суғурта нашудаанд;

– иштирок  намудани  суғурташавандагон  дар таъсис   намудани маблағҳои системаи суғуртаи иҷтимоӣ бо роҳи тақсимкунии сарборӣ оид ба пардохти маблаҷҳои суғуртавӣ байни суғуртакунандагон  ва   шахсони суғурташаванда.

7. Такмили кўмакҳои унвонии иҷтимоӣ

а). Мундариҷаи проблемаҳои имтиёзҳои иҷтимоӣ

Системаи ҳифзи иҷтимоӣ басо сохтори мураккаб ва печида  буда,  аз пардохтпулӣ ва ёрдампулиҳои гуногуни иҷтимоӣ, имтиёзҳо ва ҷубронпулиҳо барои гурўҳҳои гуногуни шаҳрвандон, кўмаки иҷтимоӣ ба шахсони ниёзманд, пешниҳоди маблағҷудокунии давлатӣ ба   муассисаҳою ташкилотҳое, ки маҳсулоти ниёзи мардум мебароранд ва ба аҳолӣ  хизмат мерасонанд  иборат аст. Айни  замон зиёда аз 540 намуди кафолатҳои иҷтимоӣ, ёрдампулӣ, имтиёзпулӣ ва иловапулиҳо вуҷуд  доранд,  ки  аз ҳисоби  маблағҳои  буҷа пардохта мешаванд. Онҳо барои зиёда аз 92 гурўҳҳои шаҳрвандон (собиқадорон, маъюбон, кўдакон, бекорон, ҷавонони донишҷў, оилаҳои камбизоат ва ғайра) муқаррар карда шудаанд.

Дар қонунгузорӣ мафҳуми равшани имтиёзҳо чун унсури ҳуқуқӣ  вуҷуд надорад. Бинобар  ин  онҳо баъзан  чун кафолати  иҷтимоӣ  маънидод мегарданд ва баъзан чун имтиёзҳо ифода мешаванд.

Имтиёзҳои иҷтимоӣ хусусиятҳои зеринро доро мебошанд:

1) воситаи тафриқаи иҷтимоӣ ҳамчун истисно аз қоидаҳои умумӣ;

2) истисноҳои  хуқуқие,  ки  аз  ҷониби субъектҳои  ташаббусҳои қонунгузоридошта дар санадҳои меъёрӣ муқаррар карда шудаанд  (имтиёзҳо бояд  дар  санадҳои  меъёрӣ,  на  дар  санадҳои истифодаи ҳуқуқӣ сабт гарданд);

3) механизми ёридиҳандаи аз ҷониби давлат аз нав тақсимнамоии даромаду сарватҳо тибқи маҳакҳои ҷамъияти бюрократии сотсиалистии давлатӣ, ки аз рўи хусусиятҳои  иҷтимоию касбӣ  ба  табақаҳо ҷудо гардидааст;

4) сабук кардани шароитҳои зиндагонии гирандагони имтиёзҳо.

Ин афзалиятҳо нобаробарии сатҳи зиндагонии гурўҳҳои  ҷудогонаи аҳолиро  таҷийр  медиҳанд  (паст мекунанд ва дар баъзе мавридҳо баланд мебардоранд), аммо дар баробари ин тибқи дараҷаи самаранокии иҷрои ин вазифаҳо  қадр  карда намешаванд, бештар хусусияти номуташаккилӣ,  на балки мақсаднок доранд.

Системаи имтиёзҳои  давлатӣ  вазифадор  буд, қисман  маоши ками аҳолиро талофӣ намояд, шароити бади меҳнатро беҳтар ва дар  як қатор мавридҳо ба сифати омили иловагии ба намудҳои гуногуни фаъолият ҷалб кардани ин ё он гурўҳи аҳолӣ,  эътирофи хизматҳои махсуси онҳо  хизмат намояд. Он дар таъмини аҳолӣ бо намудҳои зиёди молу хизматҳои ройгон, кор ва хизматрасониҳо (ё бо пардохти  50  фисади арзиши  онҳо)  ифода меёбад.

Ба ҷои такмил додани сохтори омилҳои қулайи ҷалб намудани  қувваи корӣ, ба монанди музди меҳнат ва пардохтҳои пулӣ,  системаи мавҷудаи имтиёзҳоро барои рафъи шиддати иҷтимоӣ, ки дар натиҷаи пастравии сатҳи зиндагонии  аҳолӣ  ба  амал  меоянд,  аз  ҳад зиёд истифода мебурдагӣ шуданд.

Системаи аз ҳад зиёд васеъи имтиёзҳо боиси он мегардад, ки давлат ўҳдадориҳои иҷтимоияшро дар назди гирандагони имтиёзҳо ва офарандагони хизматҳои имтиёзнок барои хароҷоти кардаашон иҷро накарда мемонад.

Ба камбудии асосии системаи имтиёзҳои мавҷуда барои  табақаҳои гуногун инҳо дохил мешаванд:

1) Ҳуқуқи гирифтани теъдоди зиёди имтиёзҳои гуногун, ки мувофиқи заминаи гуногунтаркиби ҳуқуқӣ муқаррар карда шудааст.

Асноди меъёрии ҳуқуқӣ номураккаб қабул карда шудаанд ва дар аксар мавридҳо онҳо на механизми татбиқи ҳуқуқҳои ба шаҳрвандон додашударо доранд на манбаҳои бо маблағ таъмин гардиданашон нишон дода шудаанд.

2) маҳакҳои ягонаи додани имтиёзҳои иҷтимоӣ вуҷуд надоранд.

Таҷриба солҳои охир собит намуд,  ки бинобар ба бисёриҳо  дастрас будан ва ба осонӣ гирифта шудани имтиёзҳо маблағҳои давлатӣ пароканда мегарданд. Баъзе гурўҳҳои шаҳрвандон дар давоми муддати дароз бе аниқ гардонии  эҳтиёҷоташон, вале бо  асосҳои зиёд имтиёзҳо мегиранд, ки самаранокии он барои гирандагон аҳамияти худро гум мекунад.

Ба системаи имтиёзҳо нокифоягии воситаҳои молиявии таъмини онҳо, инчунин шаффоф, набудани роҳҳои интиқоли онҳо хос аст.  Манбаҳои  бо маблағ  таъминнамоии  хароҷоти  ба  ахолӣ  додани ин ё он имтиёзҳо дар бисёр ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ аниқ зикр наёфтаанд. Муносибатҳои байни шаҳрвандони имтиёзгиранда ва корхонаҳое,  ки (ташкилотҳо) ин ё он хел маҳсулот  мебароранд  ва  ё  хизмат  мерасонанд, ҳамчунин  байни   ин субъектҳои  хоҷагидор  ва  буҷаҳои сатҳҳои гуногун ҳамоно танзим карда нашудаанд.

Заминаи ягонаи маълумотҳои оморӣ оид ба шумораи  гирандагони имтиёзҳо ва кўмакпулиҳои иҷтимоӣ вуҷуд надорад.

Проблемаи асосие, ки дар  системаи имтиёзҳо  ва  ёрдампулиҳои иҷтимоӣ дар ҷумҳурӣ ба миён омадаанд, самаранокии пасти  иҷтимоиву иқтисодии  он  мебошад,  ки  ба принсипи ба як табақаи одамон муқаррар намудани кўмакҳо ва ҳамоҳангсозии сусти хадамоти гуногун, ки намудҳои ҷудогонаи хизматро фароҳам меоранд алоқаманд аст.

 

б). Кўмакҳои унвонии иҷтимоӣ ба шаҳрвандони камбизоат

Ислоҳоти механизми пешниҳод ва таъмини пардохтҳо ва имтиёзҳои иҷтимоии давлатӣ на бояд аз рўи  тарзи соддаи қатъи  пурра  ё  нигоҳ доштани  пурраи онҳо, балки баррасии ҳар гурўҳи алоҳидаи эҳтиёҷмандон ва намудҳои мушаххаси имтиёзҳо амалӣ карда шавад.

Якбора қатъ намудани имтиёзҳои иҷтимоӣ ба  табақаҳои  бештар ниёзманди аҳолӣ зарари калон мерасонад. Аз ин рў, масьалаи аз нав дида баромадан ё бекор кардани он бояд тадриҷан ва оқилона сурат гирад.

Самти умумии ислоҳоти системаи имтиёзҳои иҷтимоии давлатӣ бояд бо ҳадафҳои асосии зерин равона гардад:

1) ислоҳоти механизмҳои пешниҳод ва таъмини системаи  имтиёзҳои иҷтимоии давлатӣ, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ маблағгузорӣ мешаванд;

2) Ҳангоми таснифи имтиёзҳои иҷтимоие, ки мавриди ислоҳот  қарор мегиранд, бояд омилҳои зерин ба назар гирифта шаванд:

а) синну соли имтиёзгиранда;

б) сатҳи даромади гирандаи имтиёзҳо;

в) корношоямии имтиёзгиранда;

г) зарурати қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти шахс;

3) гузариш аз имтиёзҳое, ки аъзои оила барои зиндагонии муштараки оила мегиранд, ба муқаррар намудани имтиёзҳо танҳо ба нафаре, ки ба он эҳтиёҷ дорад.

Ғайр аз он, бояд имтиёзҳо ба шаҳрвандон ба таври ҷубронпулии давлатӣ барои дидани зарари моддӣ ва маънавӣ, инчунин аз ҷониби  онҳо иҷро намудани ўҳдадориҳои муайяни давлатӣ, хизматӣ ё ҷамъиятӣ дода нашаванд (ин ҷо бояд шаклҳои  суғуртаи  иҷтимоӣ ва  дигар  пардохтҳои иҷтимоӣ мавриди истифода қарор дода шаванд). Пардохтҳои иҷтимоие, ки барои гурўҳҳои алоҳидаи хизматчиёни  давлатӣ, хизматчиёни  ҳарбӣ  ва кормандони мақомоти ҳифзи  ҳуқуқ муқаррар гардидаанд,  бояд ба шакли музди меҳнат ва таъминоти пулӣ гузаронида шаванд.

Дар раванди  ислоҳот  даст  кашидан  аз  як қатор имтиёзҳо ва ба шаҳрвандон додани ин ё он намуди имтиёзҳои иҷтимоӣ (дар  шакли  молӣ, пулӣ ё хизматрасонӣ), шаклҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранокро муайян намудан зарур аст.

Барои ин зарур аст, системаи амалкунандан имтиёзҳои иҷтимоиро аз нав дида баромада, чунин маҳакҳо аз қабили бо мадади ин  имтиёзҳо аҳамияти  қонеъгардонии эҳтиёҷот ва мақоми иҷтимоии   ашхоси имтиёзгиранда дастури амал қарор гирад. Ин имкон медиҳад, ки имтиёзҳои камсамар тағйир ё барҳам дода шуда,  инчунин имтиёзҳои ба ҳам шабеҳ аз эътибор соқит карда шаванд.

Имтиёзҳои иҷтимоӣ бояд дар чорчўбаи меъёрҳои муқаррар намудаи давлат,  меъёрҳо ва муқаррароти иҷтимоӣ амал кунанд,  яъне нархномаҳои имтиёзнок фақат дар доираи меъёрҳои иҷтимоии  истеъмолот  амал менамоянду подоши истеъмолоти аз меъёр зиёди як қатор  молу  хизматҳо бояд аз рўи арзиши аслиашон пардохта шавад. Ин имкон медиҳад, ки вазъи оилаҳои таъминоти молиашон гуногун ва оилаҳои ба истеъмоли неъматҳои давлатӣ бо роҳҳои гуногун ноилшаванда баробар карда шаванд.

Моҳияти иқтисодии имтиёзҳои иҷтимоиро бо мақсади  гузаронидани қисми  зиёди  он ба соҳаи кўмаки иҷтимоӣ ва қисми боқимондаро ба соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ бо роҳи талофии хароҷоти давлатӣ ошкор намудан зарур аст. Имтиёзҳо танҳо  ба шарте  барҳам дода шаванд, ки гурўҳҳои имтиёздори шаҳрвандон бо даромади пулӣ (нафақаҳо, пардохтҳои ҷубронӣ) таъмин шуда бошанду онҳо барои таъмини сатҳи зиндагоние,  ки то барҳам додани имтиёзҳои дахлдор вуҷуд дошт, кифоя кунанд.

Дар амалияи ҷаҳонӣ се консепсияи асосии муайян намудани камбағалӣ истифода мегардад:

– мутлақ;

– нисбӣ; .

– субъективӣ.

Консепсияи мутлақи камбизоатӣ ба муқаррар намудани рўйхати номгўи ҳадди ақали эҳтиёҷоти асосӣ (ҳадди ақали зиндагӣ) ва  андозаи захираҳое, ки барои  қонеъ гардонидани  ин эҳтиёҷот  талаб карда мешаванд, асос меёбад. Аз ҷумла, барои муайян намудани эҳтиёҷоти маводи хўрока меъёрҳои физиологии барои истеъмол  зарур:  сафедаҳо, карбогидратҳо, равған истифода бурда мешаванд.

Ҳангоми истифодаи  консепсияи   нисбӣ барои муайян   кардани камбизоатӣ нишондиҳандаҳои некўаҳволиро на бо ҳадди ақали талабот, балки бо сатҳи таъминоти моддӣ  қиёс  намудан ҳатмист.  Вақтҳои охир тарзу усулҳои муайян кардани сатҳи нисбии камбизоатӣ дар асоси тартиб додани феҳристи мўҳтоҷият,  ки  вуҷуд  доштани онҳо  тарзи  маъмули рўзгузарониро халалдор менамоянд, хеле васеъ истифода бурда мешаванд.

Аммо тафовути консептуалии муайян намудани камбизоатӣ номувофиқатии эҳтимолиро ҳангоми арзёбии он ҳаргиз барҳам намедиҳад. Ин номувофиқатӣ натиҷаи муносибати гуногун ба ҳисобкунии даромадҳо  ва интихоби хусусиятҳои оилаҳо,  ки даромад ва хароҷоташон бо ҳадди ақали зист муқоиса карда мешаванд буда метавонанд. Аксар ин хусусиятҳо чунин мебошанд:

– даромадҳои пулии оилаҳо;

– хароҷоти пулии оилаҳо;

– захираҳои мавҷудаи моддии оилаҳо.

Омор, чун дар аксарияти кишварҳои ИДМ камбизоатиро тавассути ҳисоб кардани даромади миёнаи ҳар шахс муайян менамояд, ҳол  он  ки мафҳуми  камбизоатӣ  амалан  бо  нокифоягии истеъмолот алоқаманд аст. Сабаб дар он аст,  ки иттилоот дар бораи даромадҳо назар  ба  маълумот оид ба истеъмолот бештар дастрас аст.

Хароҷоти пулӣ ба ҳар сари одам, одатан дар мавридҳое  истифода мегарданд,  ки  агар  ба даст овардани маълумоти аниқ оид ба даромадҳо душвор шуда бошад. Ин нишондиҳанда дар ҷумҳуриҳои иқтисодиёташон  дар давраи  гузариш  қарордошта васеъ истифода бурда мешавад. Вале ҳисобу китоби омории нишондиҳандаи мазкур назар ба ҳисобкунии даромадҳо ҳаҷми хеле калонтари иттилоотро талаб мекунад.

Нишондиҳандаҳои марбут ба захираҳои мавҷудаи моддӣ дар  мавридҳое истифода  бурда мешаванд,  ки агар дар истеъмолот ҳиссаи номгўи маводи озуқа ва хизматҳои  молии  дар  хоҷагии  хонагӣ истеҳсолгардида  зиёд бошад. Нархгузории  арзиши молҳои истеҳсоли худӣ машкилиҳои муайянеро ба миён меоварад, зеро дар ин ҳолат одатан меҳнати “бемузди” аҳли оила истифода мегардад ва сифат,  масалан, маводи озуқа аз сифати маҳсулоти барои фурўш тайёр карда шуда фарқ карда метавонад.

Муайян намудани воҳиди ченаки эҳтиёҷмандӣ (шахси ҷудогона ё оила) дар давраи муайян намудани ниёзмандӣ низ бо аҳамияти калон молик аст.

Оилаи эҳтиёҷманд – чунин ҳолати оила аст, ки аъзоёнаш барои қонеъ гардонидани истеъмолоти ҳадди ақал имконият надоранд. Муайян кардани миқдори барои қонеъ намудани эҳтиёҷот зарурбуда аз он вобаста аст,  ки истеъмолоти ҳадди ақал чӣ тавр ҳисоб карда мешавад.

Оилаҳои камбизоат – оилаҳои бекор, дорои аъзоёни  бемориашон давомнок, маъюбон, оилаҳои дорои як волидайн, серфарзанд, пиронсолони танҳо ҳисобида мешаванд.

Тарзу усули  муайян  намудани  камбизоатӣ дар   асоси   арзёбии деприватсия ва истисно кардани истеъмолоти гурўҳҳои гуногуни иҷтимоиву демографӣ – аниқ намудани камбизоатӣ аз рўи мўҳтоҷиро низ  озмудан  ба мақсад мувофиқ аст.

Ғайр аз ин, вақте ки сатҳи зист тамоюли пастравӣ дорад, гузариши ҳамвора  аз  консепсияи  мутлақ  ба нисбӣ сурат мегирад,  яъне онҳоеро камбизоат мешуморанд,  ки даромади ҳар шахс назар ба  меъёрҳои  миёна камтар аст. Одатан  остонаи  камбизоатӣ  тибқи даромаде муайян карда мешавад, ки назар ба даромади миёна тақрибан  ду баробар  кам  буда, имкон  медиҳад  шумораи  нисбии камбизоатон дар дараҷаи мўътадил ва ба ҳамин мувозинати он бо имкониятҳои дастгирии камбизоатон  нигоҳ дошта шаванд. Вобаста  ба  шароити ҳозира ин чунин маъно дорад,  ки остонаи даромад назар ба ҳадди ақали зист поёнтар қарор мегирад.

Фақат бо истифодаи механизми арзёбии эҳтиёҷмандӣ, ки мутлақо ба тафтишу баҳисобгирии даромадҳои пулии шаҳрвандон асос  меёбанд  маҳдуд шудан норавост.

Дар оянда истифода бурдани маълумотҳо оид ба истеъмолоти  воқеии аҳолӣ,  ки  дар  асоси  хароҷоти  аслии  он ба амал омадаанд,  инчунин усулҳои ғайримустақими арзёбии эҳтиёҷот ва нишондиҳандаҳои  дигари ислоҳкунанда ба мақсад мувофиқ аст.

Ҳалли масъалаҳои номбурда на танҳо аниқ намудани  бисёр  нуқтаҳои қонунгузории ҷории соҳаи иҷтимоӣ, балки ворид намудани тағйироту иловаҳои зиёди хусусияти консептуалӣ доштаро тақозо мекунад.

Кўмаки давлатии иҷтимоӣ бояд асосан мувофиқи муроҷиат расонида шавад. Зеро дар ин ҳолат масъалаҳои муттасил ба миён  гузошташаванда дар хусусӣ қонунӣ будани дархости тафтиши иловагии маълумот оид ба даромади шаҳрвандони барои гирифтани кумаки иҷтимоӣ муроҷиат намуда аз миён бардошта мешавад.  ҳангоми татбиқ кардани принсипи аризадиҳӣ, гирифтани кўмаки иҷтимоӣ кори комилан  ихтиёрӣ мешавад  ва  муддаъиён бошуурона   даромадҳояшонро ошкор мекунанд, то исбот намоянд, ки камбизоат ҳастанд.

Дар мавридҳои  ҷудогона  принсипи аризадиҳиро бо принсипи пешниҳодкунии кўмаки иҷтимоӣ муттаҳид кардан зарур аст. Дар  навбати худ мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба ҳайси ташаббускори расонидани кўмаки давлатии иҷтимоӣ ба шахсоне, ки барои гирифтани кўмак муроҷиат карда наметавонанд (шаҳрвандони яккаву танҳо, пиронсолони мўҳтоҷи ёрии дигарон, кўдакон, маъюбон ва ҳоказо) амал карда метавонанд.

Кўмаки иҷтимоиро мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳали зист пурсамартар мерасонад. Зеро дар ин маврид ҷамъ овардани иттилооти зарурӣ, тафтиши он ва дар шакли қулайтар ба аризадиҳанда пешниҳод намудани кўмак хеле осон мегардад.

Давра ба давра расонидани кўмаки иҷтимоӣ ба шароитҳои мушаххасе, ки оилаи камбизоат муҳити онҳо  қарор  дорад, вобаста  аст. Мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ ҳукуқ доранд, феҳрасти ҳуҷҷатҳоро барои баррасии аризаҳо ва расонидани кўмаки давлатии иҷтимоӣ тартиб диҳанд, инчунин воситаҳои  гуногунро барои  муайян  намудани эҳтиёҷмандии  ҳақиқии аризадиҳанда истифода  баранд  ва барои  аниқ намудани  эътимоднокии маълумоти пешниҳодгардида тафтишотҳои дахлдор гузаронанд. Дар баробари ин тарзу усулҳои тафтиши вазъи оилаҳои камбизоат бояд ҳуқуқ ва  озодии инсонро, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории ҷорӣ сабт ёфтаанд вайрон накунанд.

Дар мавриди пешниҳод намудани маълумоту ҳуҷҷатҳои бардуруғ, ба иштибоҳ андохтани мақомоти ҳифзи иҷтимоӣ, дар бораи  қать  гардондан, рад  кардан  ё  маҳрум  сохтан  аз  кўмаки иҷтимоӣ қарор қабул карда мешавад. Агар кўмак  аллакай  расонида  шуда бошаду  аз тарафи кўмакгиранда  вайрон кардани  қоидаҳо  ошкор гардад, вай бояд кумаки гирифтаашро баргардонад. Дар вазъияти вазнини ҳаёт қарор доштанашро бояд худи аризадиҳанда исбот кунад.

Ба муддаъиён ва гирандагони кўмаки иҷтимоӣ ҳуқуқ дода мешавад, ки дар хусуси ҳар қарори мақомоти ҳифзи иҷтимоӣ оид ба катъ намудан, рад кардан ё маҳрум сохтан аз кўмаки давлатии иҷтимоӣ ва оид ба андоза, намуд ва мўҳлати расонидани кўмаки давлатии иҷтимоӣ арз кунанд.

Масъалаи муҳимтарин – ин муайян намудани манбаҳои маблағгузорӣ мебошад. Дар маблағгузорӣ ба кўмаки унвонии иҷтимоӣ бояд ҳамаи зинаҳои ҳокимияти иҷроия,  ки ба иҷрои буҷа  масъуланд,  инчунин маблағҳо  аз манбаҳои ғайрибуҷавӣ ширкат варзанд. Хароҷоти асосӣ ба зиммаи буҷаи ҷумҳуриявӣ аст. Вале  азбаски  кўмаки  иҷтимоӣ  бевосита дар  маҳалҳо расонида мешавад, тавассути ба мақомоти худидораи маҳаллӣ додани як қатор ваколатҳои давлатӣ оид ба расонидани кўмаки давлатии  иҷтимоӣ  ва  ба онҳо  додани  воситаҳои зарурии моддию молиявӣ тибқи қонунгузории ҷорӣ воситаҳои буҷаи маҳаллӣ низ истифода бурда мешаванд.  Ғайр  аз  ин  аз буҷаи маҳаллӣ бояд он намудҳои кўмаки иҷтимоӣ, ки дар буҷаи ҷумҳуриявӣ тавассути қонунҳои дахлдор  вобаста  карда шудаанд  (маблаҷгузорӣ  ба имтиёз ва ёрдампулиҳои гуногун) бо маблағ таъмин карда шаванд.

IV. Рушди таъминоти иттилоотии системаи ҳифзи иҷтимоӣ

Бо сабаби иттилооти нопурра ва номукамалии методҳои коркарди он, таҳлил ва дурнамои иҷтимоӣ – иқтисодӣ мақомоти соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ  ба ҳолатҳои  ҷиддии ҳисобҳои нодуруст дар асосноккунии сиёсати даромадҳо, музди меҳнат ва шуғл роҳ  медиҳанд,  ки  ба амалҳои  беасос  оварда мерасонад.

Татбиқи сиёсати иҷтимоӣ бе ҷамъоварӣ ва коркарди ҳаҷми  зиёди маълумотҳо оид ба ҷамъият ва он равандҳое,  ки дар он ҷараён доранд ғайриимкон мебошад.

Омори иҷтимоӣ яке аз ҷузъҳои муҳимтарин дар татбиқи сиёсати иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад, ки хусусияти микдории сохтори ҷамъият, ҳаёт ва фаъолияти одамон, муносибатҳои онҳо бо давлат ва ҳуқуқ,  имконияти муайян ва  санҷидани  қонуниятро  дар  рафтори одамон,  ба  тақсимоти неъматҳо байни онҳо баҳо медиҳад.

Қабули тадбирҳои фаврии зерин оид ба ташаккули омори  иҷтимоии соҳавии  ба  ҳалли масоили асосӣ равонагардида дар соҳаи иҷтимоӣ талаб карда мешавад:

– таҳлили мунтазами вазъият дар соҳаи иҷтимоӣ;

– таҳлили тамоюлҳо ва қонуниятҳои муҳимтарини рушди  соҳаҳои иҷтимоӣ;

– омўхтани таркиб, хусусияти оморӣ ва воқеии гурўҳҳои иҷтимоӣ;

– баҳодиҳии   дараҷаҳои  тафриқаи  ҳамаи хусусиятҳои  сатҳҳо  ва шароити зисти аҳолӣ;

– пешгўии нисбатан имконпазири роҳҳои рушд дар ояндаи наздик ва дур;

– тадқиқоти омилҳое,  ки зери таъсири онҳо ҳолатҳои айни замон ба вуқўъ омадааст;

– баҳодиҳии дараҷаи мувофиқоии параметрҳои воқеӣ ба меъёрҳои аҳамиятӣ;

– муайян намудани таносуб ва нақши омилҳои объективию субъективӣ;

– тадқиқоти таъсири мутақобили ҳолатҳои иҷтимоӣ бо дигар  ҷузъҳои рушди ҷамъиятӣ.

Гурўҳи махсуси  нишондиҳандаҳоро нишондиҳандаҳои  меъёрии  рушди дурнамои соҳаи иҷтимоӣ ташкил медиҳад.

Ҳамаи системаи нишондиҳандаҳои ташаккулёбанда  бояд  ба  қисмҳои зерин ҷудо карда шаванд:

– иҷтимоӣ – демографӣ  (инкишофи  шумораи аҳолӣ, аз ҷумла хусусиятҳои  ҷинсӣ ва синнусолӣ,  таваллуд, фавт,  давомнокии умр ба ҳисоби миёна ва ғайраҳо);

– иҷтимоӣ – меҳнатӣ (баҳодиҳии захираҳои меҳнатӣ ва ҷобаҷогузории онҳо,  талаботи истеҳсолоти ҷамъиятӣ ба қувваи корӣ,  инкишофи шуғл ва баҳодиҳии бекорӣ, таназзули потенсиали меҳнатӣ);

– сифат ва сатҳи зиндагии аҳолӣ  (ҷараёни инкишофи  даромадҳои пулӣ,  воқеӣ,  ба  ҳар  сари  одам,  истеъмоли мол,  пасандозҳои пулӣ, мувофиқоии  қобилияти  пардохти  талабот  ва пешниҳодоти   мол   ва хизматрасонӣ  бо  назардошти тафриқа аз рўи гурўҳҳо ва намудҳои оила, кўмакҳои иҷтимоиӣ, мафҳумҳои ҳудудии сифат ва сатҳи зиндагии аҳолӣ) ва ғайраҳо.

Дар ояндаи наздик дар ҳама маҳалҳо бо мақомоти ҳифзи  иҷтимоӣ таҳия ва ҷорӣ намудани манбаъ ва хазинаи ҷамъоварии маълумотҳо, ҷорӣ намудани манбаъ ба куллан содда  кардани  тартиби бақайдгирии  гурўҳи дахлдор имконият медиҳад.

Технологияҳои иттиллотӣ  дар  соҳаи   иҷтимоӣ метавонад   бисёр масъалаҳои бавуҷудомадаро дар татбиқи сиёсати иҷтимоӣ ҳал намоянд.

Ғайр аз он, мунтазам шаҳрдиҳии пурра дар воситаҳои  ахбори  омма оид  ба  тағйироти дар ҷамъият ба вуқўъомада,  ба мисли тарзи зиндагӣ, мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ, ҷаҳонбинии некбинона, қолаби рафтори оқилонаи аҳолӣ дар ҳолатҳои гуногуни зиндагӣ,  инчунин баланд бардоштани нуфузи ҷомеавии оилаҳои мустаҳками серфарзанд,  масъулият нисбати  саломатии худ   ва  аъзоёни  оила  –  муҳимтарин ҷузъи татбиқи бомуваффақияти консепсия ба ҳисоб меравад.

Кори мазкур бояд  доимо  ва  пайваста аз тариқи воситаҳои ахбори омма, сохторҳои минтақавии иттиллотии мақомоти ҳокимияти  давлатӣ гузаронида шавад.

V. Натиҷаҳои мавриди интизор

Татбиқи пайвастаи  ислоҳот  дар соҳаи сиёсати даромадҳои аҳолӣ ва таъминоти нафақа, нисбат ба беҳбудии сатҳи зиндагии  аҳолӣ,  ҳам  дар ояндаи наздик ва ҳам дар ояндаи дур таъсири ҷиддӣ мерасонад.  Ҳамзамон хусусияти муфиди ин натиҷаҳо нисбати худи системаи ҳифзи иҷтимоӣ, дар рушди умумии иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ низ инъикос меёбад.

Дар марҳилаи аввали ислоҳот барои ихтисори назарраси  пардохтҳои ғайрисғуртавӣ аз система шароит фароҳам оварда шуда,  баланд намудани андозаи пардохти иҷтимоӣ ба он шахрвандоне,  ки он ягона манбаи восита барои зиндагии онҳо мебошад, имконият медиҳад. Дар ин маврид ҳаҷми ҳамаи пардохтҳои иҷтимоӣ тибқи саҳмгузории меҳнатӣ солҳои пешин ва  бо назардошти  тағйирот  дар  соҳаи  музди  меҳнати дар  солҳои  охир ба вуқўъомада тафриқабандӣ карда мешавад. Дар натиҷа масъалаи номутобиқи андозаи нафақаи таиншудаи кўҳна ва нав баробар карда мешавад.

Амалигардонии мунтазами индексатсияи музди меҳнат,  пардохтҳои иҷтимоӣ бо назардошти афзоиши  нарх  ва баландшавии  воқеии сатҳи зиндагии аҳолии дар иқтисодиёт фаъол, ба нигаҳдории баробарии нисбии андозаи  ҳамаи  пардохтҳои  иҷтимоӣ новобаста аз мўҳлати таъинот имкон медиҳад. Натиҷаи муфиди ислоҳот,  инчунин ташкили омори соҳавӣ низ мегардад. Ин имконият медиҳад,  ки мунтазам баҳодиҳии муҳими ислоҳоти вазъи  молиявии  система  дар дурнамои кўтоҳмўҳлат, миёнамўҳлат ва дарозмўҳлат амалӣ гардида баҳри таъминоти устувори молиявӣ ва пойдории системаи ҳифзи иҷтимоӣ, Ҳукумат тадбирҳои эҳтиётӣ қабул намояд.

Таъсиси системаҳои суғуртавии иловагии ғайридавлатӣ ва касбии иҷтимоӣ (нафақавӣ) ба тақсимоти масъулияти баробар байни  корфармо  ва корманд  баҳри  бартараф  кардани  хавфи иҷтимоии имконпазир метавонад мусоидат кунад ва бо ин иштироки давлатро махдуд намояд, ки он дар мадди охир ба бозтақсимкунии боадолатонаи маблағҳо ба манфиати табақаи оилаҳои ниёзманд  бе  расонидани  фишори  андозҳои иловагӣ  ба  бахши хусусии иқтисодӣ амалӣ кардан имконият медиҳад.

Масъалаҳои муқарраркунии ҳаҷми нафақа ба шахсоне,  ки  даромадҳои хеле калон доранд,  мутобиқи  сатҳи  музди меҳнати  онҳо дар доираи системаи  нафақаи иловагии касбӣ  ва  системаи ихтиёрии шахсии (коллективӣ) нафақаи суғуртавӣ вобаста аз имкониятҳои корфармо ё бо хоҳиши шаҳрванд аз иштирок  намудан  дар  чунин система  амалӣ  карда мешавад.

Натиҷаи асосии ислоҳот бояд беҳтаршавии вазъи иқтисодию  иҷтимоии ҷомеа дар ҷумҳурӣ шавад.

Ташаннуҷи иҷтимоии вобаста ба хусусияти ноустувор ва аз  ҷиҳати иқтисодӣ беадолатонаи системаи ҳифзи иҷтимоии  амалкунанда паст мегардад. Системаи нав ба кулли шаҳрвандон  фаҳмо мешавад,  ба  онҳо шароити  баробар  ва  кафолатҳои  татбиқи ҳуқуқҳои доштаашонро таъмин менамояд.

Таҷдиди меъёрҳои  таъминоти  нафақа  имкон медиҳад,  ки як қисми маблағҳо сарфа гардида, барои  ҳалли проблемаҳои  ҳалталаби  соҳаи иҷтимоӣ равона карда шавад.

Рушди таъминоти нафақаи иловагии ғайридавлатӣ ба   ҷамъоварии маблағҳои молиявӣ  ва  маблағгузории  онҳо  дар истеҳсолоти мамлакат мусоидат менамояд,  ки он ба бозсозии сохтории иқтисодӣ  таъсири  хуб мерасонад.

Ислоҳоти музди меҳнат ва даромади  соҳибкорон ба  бозори  меҳнат таъсири мусбӣ мерасонад,  ки аз он шахсони ба синни нафақа расида озод карда шуда, вале бо мақсади нигоҳдории сатҳи ҳадди ақали зиндагӣ кори худро давом медиҳанд. Озодкунии қисми кормандони  солхўрда  барои ҷавонон ва ба кормандони лаёқатманд ҷойҳои корӣ муҳаё месозад,  ки  ин имконият медиҳад  усулҳои  кории мутараққӣ ва технологияи замонавӣ ба соҳаҳои иқтисодиёт ба таври вусъатбахш  дохил карда  шаванд. Ин  дар навбати худ ба бозсозии сохтории иқтисодиёт мусоидат мекунад.

VI.Тадбирҳои амалӣ намудани Консепсия

Татбиқи Консепсияро дар асоси усулҳои барномавӣ – мақсаднок амалӣ гардонидан дар назар аст. Номгўи чорабиниҳои мушаххасро оид ба татбиқи ин  Консепсия  дар  як  давраи  муайян (кўтоҳмўҳлат,  миёнамўҳлат  ва дарозмўҳлат) дар доираи барномаи  мақсаднок,  ки аз  ҷониби  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мешавад таҳия намудан зарур аст.

Татбиқи Консепсия дар доираи  барномаҳои (нақшаҳои)  амали тасдиқшуда бояд инҳоро пешбинӣ намояд:

– такмили заминаи ҳукуқӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ аз рўи самтҳо ва иҷрои меъёрҳои дахлдори қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– таҳия ва бастани шартномаҳои байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ;

– таҳия ва татбиқи барномаҳои муҳоҷирати минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ;

– дастгирӣ ва рушди системаи ҷойҳои корӣ ҳангоми татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва иқтисодӣ;

– таъсиси системаи иттилоотӣ,  аз  ҷумла марказҳои  иттилоотии минтақавӣ (байниминтақавӣ);

– таъсиси системаи таъминоти илмӣ ва тарбияи касбии кадрҳо оид ба масъалаҳои муҳоҷират;

– Ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалии Ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ, ба манфиати ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ.

Вобаста ба инкишофи рўзафзуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  муқаррароти алоҳидаи  Консепсия мумкин аст бо ҳуҷҷатҳои дахлдор такмил,  тасҳеҳ ва мушаххас карда шаванд.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия»

Ф А Р М О Н И
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи
иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи
вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю
ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некўаҳволӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мутобиқи моддаи 103 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» фармон медиҳам:

1. Аз 1 сентябри соли 2013:
– ҳадди ақали музди меҳнат дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти кишвар 25 фоиз зиёд карда шуда, андозаи он 250 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад;
– маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 30 фоиз ва дигар муассисаҳои соҳаҳои маориф, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд (ба ғайр аз муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки музди меҳнаташон аз музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ зиёд мебошад), ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шавад;
– маоши вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои соҳаҳои илм, ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг ва кормандони дигар муассисаву ташкилотҳое, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 20 фоиз ва муассисаҳою ташкилотҳое, ки музди меҳнаташон ба музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ баробар карда шудааст, ба андозаи 15 фоиз зиёд карда шаванд;
– маоши вазифавии кормандони муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи              20 фоиз зиёд ва андозаи маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандони соҳаи тандурустӣ ба маблағи                   190 сомонӣ муқаррар карда шавад;
– маоши вазифавии (меъёрҳои тарифии) кормандони прокурорӣ ба андозаи 15 фоиз зиёд карда шавад;
– андозаи маоши заминавӣ ҳамчун асоси коэффитсиентҳои тарифӣ барои хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии категорияҳои олӣ, якум, дуюм, сеюм, чоруми хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар ҳаҷми           405 сомонӣ ва барои мансабҳои маъмурии категорияҳои панҷум, шашум, ҳафтуми хизмати давлатии мақомоти зикргардида дар ҳаҷми 450 сомонӣ муқаррар карда шавад;
– маоши вазифавии (меъёрҳои тарифии) хизматчиёни ҳарбие, ки дар вазифаҳои ҳайати афсарон адои хизмат мекунанд, ҳайати шахсии роҳбарикунандаи миёна, калон ва олии мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 15 фоиз зиёд карда шавад;
– маоши вазифавии (меъёрҳои тарифӣ) хизматчиёни ҳарбие, ки дар вазифаҳои командири взвод, прапоршикҳо, сержантҳо ва сарбозон адои хизмат мекунанд, ҳайати шахсии қаторӣ ва роҳбарикунандаи хурди мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 35 фоиз зиёд карда шавад;
– маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани коэффитсиентҳо барои рутбаҳои ҳарбии хизматчиёни ҳарбӣ ва рутбаҳои махсуси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз рутбаи қаторӣ то лейтенант – 450 сомонӣ ва аз рутбаи лейтенанти калон то генерали артиш –              405 сомонӣ муқаррар карда шавад;
– музди меҳнати хизматчиёни давлатии дастгоҳи марказӣ, мақомоти вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба музди меҳнати хизматчиёни давлатии дастгоҳи марказӣ, мақомоти вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии вазорату кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баробар карда шавад;
– ба хизматчиёни давлатии хизмати дипломатӣ, ки дар намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, намояндагиҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ташкилотҳои байналмилалӣ кор мекунанд, иловапулӣ барои рутбаҳои дипломатӣ дар ҳаҷми 15 фоизи маоши вазифавӣ муқаррар карда шавад;
– ба хизматчиёни давлатии хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ва дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои донистани забонҳои хориҷии дур иловапулӣ дар ҳаҷми 15 фоизи маоши вазифавӣ муқаррар карда шавад;
– андозаи амалкунандаи стипендияҳои донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ (ба ғайр аз курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шавад;
– ҳадди ақали нафақа аз рўи синну сол 25 фоиз зиёд карда шуда, андозаи он 130 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад;
– ҳадди ниҳоии нафақа аз рўи синну сол 20 фоиз зиёд карда шуда, андозаи он 624 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад;
– нафақаи заминавӣ ба андозаи 130 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад;
– нафақаҳои меҳнатие, ки дар асоси собиқаи кории пурра таъин гардидаанд ва андозаи онҳо аз 200 сомонӣ кам мебошад, ба                     200 сомонӣ баробар карда шаванд;
– нафақаҳои меҳнатие, ки дар асоси собиқаи кории пурра таъин гардидаанд ва андозаи онҳо аз 200 сомонӣ ва аз ин зиёдтарро ташкил менамоянд, 25 сомонӣ зиёд карда шаванд;
– нафақаҳои меҳнатие, ки дар асоси собиқаи кории нопурра аз рўи ҳадди ақали нафақа аз рўи синну сол таъин гардидаанд ва нафақаҳои меҳнатии маъюбони гурўҳи III ва барои маҳрум шудан аз саробон, ки бо назардошти собиқаи кории пурра таъин гардида, андозаи онҳо аз ҳадди ақали нафақа аз рўи синну сол кам мебошанд, ба андозаи 30 сомонӣ зиёд карда шаванд.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ:
– дар амал татбиқ намудани Фармони мазкурро дар соли 2013 аз ҳисоби маблағҳои дар Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фонди музди меҳнат ва таъминоти нафақа пешбинишуда, маблағҳои бақияи озод ва иҷрои барзиёдии даромади буҷетҳои маҳаллӣ ва аз ҳисоби сарфаи маблағҳо аз рўи дигар моддаҳои хароҷот ва маблағҳои махсуси муассисаҳо ва ташкилотҳои  буҷетӣ таъмин намоянд;
– дар мўҳлати як моҳ қарорҳои худро ба Фармони мазкур мутобиқ намоянд;
– ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, кўмакпулӣ дар вақти аз кор рафтан, кўмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ва дигар ҳолатҳое, ки ба пардохти музди миёнаи меҳнат алоқаманд (ба ғайр аз нафақа), мувофиқи Қоидаҳои бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2007, №313 тасдиқшуда амалӣ намоянд.
3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёдшавии андозаи нафақаҳои иҷтимоӣ аз рўи синну сол (ба ғайр аз модароне, ки даҳ фарзанд таваллуд намуда ва онҳоро то синни 8-солагӣ тарбия намудаанд), барои маҳрум шудан аз саробон ва аз рўи маъюбӣ барои маъюбони гурўҳҳои II ва III (ба ғайр аз маъюбони гурўҳи II аз овони кўдакӣ), ки мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъин гардидаанд, муайян намояд.
4. Аз эътибор соқит дониста шаванд:
– сархати дуюми банди 2 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 2002, №926 «Дар бораи таъсиси Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
– сархати нуҳўми банди 1 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 марти соли 2007, №219 «Оид ба зиёд намудани маоши вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ ва андозаи нафақаи иҷтимоӣ»;
– Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 ноябри соли 2007, №349 «Дар бораи муқаррар кардани изофапулӣ барои донистани забонҳои хориҷӣ ба кормандони хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 августи соли 2008, №509 «Дар бораи муқаррар кардани иловапулӣ барои рутбаҳои дипломатӣ ба кормандони хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
– сархати панҷуми банди 1 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011, №1126 «Дар бораи тадбирҳои тақвият додани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия».
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                        Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе 14 августи
соли 2013, №1493

КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (аз 23 июли соли 2016, №1329)

МУНДАРИҶА

ФАСЛИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӣ

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ АСОСӣ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат

Моддаи 3. Вазифаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат

Моддаи 4. Принсипҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат

Моддаи 5. Озодии меҳнат

Моддаи 6. Манъи маҳдудсозии ҳуқуқ ба меҳнат

Моддаи 7. Манъи табъиз дар муносибатҳои меҳнатӣ

Моддаи 8. Манъи меҳнати маҷбурӣ

Моддаи 9. Доираи амали Кодекси мазкур

Моддаи 10. Санадҳои корфармо

Моддаи 11. Шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективии тарафҳои шарикии иҷтимоӣ

Моддаи 12. Таносуби танзими қонунӣ ва шартномавии муносибатҳои меҳнатӣ

Моддаи 13. Тартиби мувофиқасозии лоиҳаи санадҳои корфармо бо намояндагони кормандон

Моддаи 14. Ҳисобкунии муҳлатҳои дар Кодекси мазкур муқарраршуда

ФАСЛИ II. МУНОСИБАТҲОИ МЕҲНАТӣ

БОБИ 2. СУБЪЕКТОНИ МУНОСИБАТҲОИ МЕҲНАТӣ. АСОСҲОИ БА ВУҶУД ОМАДАНИ МУНОСИБАТҲОИ МЕҲНАТӣ

Моддаи 15. Субъектони муносибатҳои меҳнатӣ

Моддаи 16. Асосҳои ба вуҷуд омадани муносибатҳои меҳнатӣ

Моддаи 17. Бастани шартномаи меҳнатӣ бо шахси аз ҳисоби квота фиристодашуда

Моддаи 18. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳоиасосии корманд

Моддаи 19. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои асосии корфармо

БОБИ 3. ШАРТНОМАИ МЕҲНАТӣ

Моддаи 20. Мавзўи шартномаи меҳнатӣ

Моддаи 22. Озод бастани шартномаи меҳнатӣ

Моддаи 23. Кафолатҳо ҳангоми қабул ба кор

Моддаи 24. Мазмуни шартномаи меҳнатӣ

Моддаи 25. Муҳлати шартномаи меҳнатӣ

Моддаи 26. Бастани шартномаи меҳнатӣ ва ба расмиятдарории он

Моддаи 27. Маҳдудияти якҷоя кор кардани хешовандони наздик

Моддаи 28. Санҷиш ҳангоми қабул ба кор

Моддаи 29. Шартномаи шогирдӣ

Моддаи 30. Гузаронидан ба кори дигари доимӣ

Моддаи 31. Тағйир ёфтани шароити меҳнат

Моддаи 32. Муваққатан ба кори дигар гузаронидан ҳангоми бекористӣ

Моддаи 33. Муваққатан боздоштани истеҳсолот (кор)

Моддаи 34. Маҳдуд кардани гузаронидан ба корҳои ғайритахассусӣ

Моддаи 35. Муваққатан ба кори дигар гузаронидан бинобар зарурати истеҳсолӣ (корӣ)

Моддаи 36. Муваққатан ба кори дигар гузаронидан бо хоҳиши корманд

Моддаи 37. Уҳдадории корфармо оид ба пешгирии аз кор озодкунии оммавии кормандон

Моддаи 38. Муносибатҳои меҳнатӣ ҳангоми иваз шудани соҳибмулк ва ё аз нав азнавташкилдиҳии ташкилот

Моддаи 39. Қатъ шудани шартномаи меҳнатӣ

Моддаи 40. Қатъ шудани шартномаи меҳнатӣ бо созиши тарафҳо

Моддаи 41. Бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси корманд

Моддаи 42. Бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо

Моддаи 43. Ҳуқуқи афзалиятнок барои дар кор мондан ҳангоми бекор шудани шартномаи меҳнатӣ бинобар ихтисори шумора, воҳиди кории кормандон ё тағйири шароити меҳнат

Моддаи 44. Бо ташаббуси корфармо бекор кардани шартномаи меҳнатӣ ва мувофиқаи он бо Кумитаи иттифоқи касаба ё дигар намояндагони кормандон

Моддаи 45. Огоҳонӣ дар бораи бекор кардани шартномаи меҳнатӣ

Моддаи 46. Қатъ кардани шартномаи муҳлатноки меҳнатӣ

Моддаи 47. Бекор кардани шартномаи муҳлатноки меҳнатӣ то ба охир расидани муҳлат

Моддаи 48. Қатъ шудани шартномаи меҳнатӣ дар ҳолатҳое, ки ба иродаи тарафҳо вобаста намебошанд

Моддаи 49. Қатъ шудани шартномаи меҳнатӣ бинобар гузаштани корманд ба вазифаи (мансаби) интихобӣ ва ё таъйин намудани ў ба вазифа (мансаб)

Моддаи 50. Аз кор дур кардан

Моддаи 51. Кумакпулӣ ҳангоми қатъ шудани шартномаи меҳнатӣ

Моддаи 52. Ҳуҷҷатҳое, ки собиқаи меҳнатии кормандро тасдиқ менамоянд

Моддаи 53. Уҳдадории корфармо барои ба корманд додани маълумотнома дар бораи кор дар ҳамон ташкилот

Моддаи 54. Роҳ надодан ба ғайриқонунӣ аз кор озод намудан ва ба кори дигар гузаронидани корманд

Моддаи 55. Масъулияти корфармо барои ғайриқонунӣ ба кори дигар гузарондан ва ғайриқонунӣ қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ

Моддаи 56. Беэътибории шартномаи меҳнатӣ

БОБИ 4. ҶАМЪОВАРӣ, КОРКАРД ВА ҲИФЗИ

МАЪЛУМОТҲОИ ШАХСИИ КОРМАНД

Моддаи 57. Уҳдадории корфармо вобаста ба ҷамъоварӣ, коркард ва ҳифзи маълумотҳои шахсии корманд

Моддаи 58. Ҳуқуқҳои корманд бо мақсади таъмини ҳифзи маълумотҳои шахсӣ, ки корфармо нигоҳ медорад

БОБИ 5. ТАРТИБОТИ МЕҲНАТӣ. ИНТИЗОМИ МЕҲНАТ

Моддаи 59. Қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ

Моддаи 60. Таъмини интизоми меҳнат

Моддаи 61. Ҳавасмандгардонӣ барои меҳнат

Моддаи 62. Ҷазои интизомӣ

Моддаи 63. Тартиби татбиқи ҷазои интизомӣ ва шикоят нисбати он

Моддаи 64. Муҳлати татбиқи ҷазои интизомӣ

Моддаи 65. Муҳлати амали ҷазои интизомӣ

БОБИ 6. ВАҚТИ КОРӣ

Моддаи 66. Вақти корӣ

Моддаи 67. Давомнокии муътадили вақти корӣ

Моддаи 68. Давомнокии кўтоҳкардашудаи вақти корӣ

Моддаи 69. Давомнокии кўтоҳи вақти корӣ барои кормандоне, ки бо корҳои дорои шароити зарарноки меҳнат машғуланд

Моддаи 70. Давомнокии кўтоҳи вақти корӣ барои кормандоне, ки корашон дорои хусусияти махсус мебошад

Моддаи 71. Вақти нопурраи корӣ

Моддаи 72. Намудҳои ҳафтаи корӣ ва низоми вақти корӣ

Моддаи 73. Кори баставӣ

Моддаи 74. Давомнокии вақти корӣ

Моддаи 75. Ба қисмҳо тақсим кардани рўзи корӣ

Моддаи 76. Давомнокии вақти корӣ дар арафаи рўзҳои иди ғайрикорӣ

Моддаи 77. Давомнокии вақти кории шабона

Моддаи 78. Баҳисобгирии якҷояи вақти корӣ

Моддаи 79. Изофакорӣ

Моддаи 80. Ҳолатҳои истисноии истифодаи изофакорӣ

Моддаи 81. Тартиби ҳисобкунии вақти корӣ

БОБИ 7. ВАҚТИ ИСТИРОҲАТ

Моддаи 82. Намудҳои вақти истироҳат

Моддаи 83. Танаффус барои дамгирӣ ва хўрокхўрӣ

Моддаи 84. Танаффусҳои дохилибастӣ ва махсус

Моддаи 85. Давомнокии танаффусҳо байни рўзҳои (бастҳои) корӣ

Моддаи 86. Рўзҳои истироҳат

Моддаи 87. Манъи кор дар рўзҳои истироҳат. Ҳолатҳои истисноии ҷалби корманд ба кор дар рўзҳои истироҳат

Моддаи 88. Ҷуброни кори рўзҳои истироҳат ва вақти дамгирӣ

Моддаи 89. Истироҳат дар рўзҳои иди ғайрикорӣ

Моддаи 90. Намудҳои рухсатӣ

Моддаи 91. Ҳуқуқ ба рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда ва рухсатии иҷтимоӣ

Моддаи 92. Ҳуқуқ ба рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи камтарин ва рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаидарозкардашуда

Моддаи 93. Давомнокии рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи камтарин

Моддаи 94. Давомнокии рухсатии асосии ҳарсолаи дарозкардашуда

Моддаи 95. Рухсатиҳои иловагии ҳарсола

Моддаи 96. Рухсатии иловагии ҳарсола барои кор дар шароитҳои зарарнок ва вазнини меҳнат

Моддаи 97. Рухсатии иловагии ҳарсола барои хусусияти махсуси кор

Моддаи 98. Рухсатии иловагии ҳарсола барои кор дар шароитҳои махсуси табиию иқлимӣ

Моддаи 99. Рухсатии иловагии бо рўзи корӣ ба меъёр гирифтанашуда

Моддаи 100. Рухсатии иловагӣ барои собиқаи кории давомнок

Моддаи 101. Баҳисобгирии давомнокии рухсатиҳои меҳнатии ҳарсола

Моддаи 102. Баҳисобгирии собиқаи кор, ки барои рухсатии меҳнатии ҳарсола ҳуқуқ медиҳад

Моддаи 103. Ҳуқуқи корфармо оид ба тағйир додани соли кории корманд

Моддаи 104. Шартҳои пешниҳоди рухсатии меҳнатӣ барои соли аввали корӣ

Моддаи 105. Шартҳои додани рухсатии меҳнатӣ барои солҳои дуюм ва минбаъдаи корӣ

Моддаи 106. Додани рухсатии ҳарсола ба шахсоне, ки аз профилакторияҳои табобатию меҳнатӣ баргаштаанд

Моддаи 107. Вақт ва навбати додани рухсатии меҳнатӣ

Моддаи 108. Рухсатии меҳнатии ҳарсола ва ҳолатҳои истисноии ба соли дигар гузаронидани он

Моддаи 109. Ҳуқуқи корманд дар хусуси ба дигар вақт гузаронидан ва дароз намудани муҳлати рухсатии меҳнатӣ дар давоми соли корӣ

Моддаи 110. Оқибати бе асоси қонунӣ ва ризояти корфармо рад намудани истифодаи рухсатии меҳнатӣ аз ҷониби корманд

Моддаи 111. Ба қисмҳо ҷудо кардани рухсатии меҳнатӣ. Бозхонд аз рухсатии меҳнатӣ

Моддаи 112. Пардохти рухсатии меҳнатии асосии ҳарсола

Моддаи 113. Маблағҳо барои пардохти рухсатиҳо

Моддаи 114. Рухсатии иҷтимоӣ

Моддаи 115. Рухсатии эҷодӣ

Моддаи 116. Рухсатии бемузди меҳнат

Моддаи 117. Рухсатии муваққатии бемузд ё қисман музднок

Моддаи 118. Амалӣ кардани ҳуқуқ ба рухсатии меҳнатии ҳарсола ҳангоми аз кор озод намудан

Моддаи 119. Ҳуқуқи корфармо ҳангоми додани рухсатӣ

БОБИ 8. ТАЙЁРИИ КАСБӣ, АЗНАВТАЙЁРКУНӣ, ТАКМИЛИ ИХТИСОС ВА ТАҶРИБАОМЎЗИИ КОРМАНДОН

Моддаи 120. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо оид ба тайёрии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомўзии кормандон

Моддаи 121. Тайёрии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомўзии кормандон

Моддаи 122. Шакл ва талаботи умумӣ ба тайёрии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомўзии кормандон

Моддаи 123. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои кормандон оид ба тайёрии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисос

Моддаи 124. Мазмуни шартномаи таҳсил

Моддаи 125. Имтиёзҳо барои кормандоне, ки дар муассисаҳои таълимӣ таҳсил мекунанд

Моддаи 126. Имтиёзҳо барои кормандоне, ки дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ таҳсил мекунанд

Моддаи 127. Имтиёзҳо барои таълимгирандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ

БОБИ 9. БАКОРТАЪМИНКУНӣ

Моддаи 128. Кафолатҳои давлатии бакортаъминкунӣ

Моддаи 129. Ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар самти бакортаъминкунӣ

Моддаи 130. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ҳангоми бакортаъминкунӣ

Моддаи 131. Миёнаравӣ дар муносибатҳои меҳнатӣ

БОБИ 10. БАМЕЪЁРГИРИИ МЕҲНАТ

Моддаи 132. Меъёрҳои меҳнат

Моддаи 133. Кафолатҳои давлатии ташкили бамеъёргирии меҳнат

Моддаи 134. Муқаррар намудан, иваз кардан ва аз нав баррасӣ намудани меъёрҳои меҳнат

Моддаи 135. Талабот барои таҳияи меъёрҳои меҳнат

Моддаи 136. Хусусиятҳои танзими бамеъёргирии меҳнат

Моддаи 137. Муайян намудани нархномаи музди меҳнати корбайъ

Моддаи 138. Таъмини шароити муътадил барои иҷрои меъёри меҳнат

БОБИ 11. МУЗДИ МЕҲНАТ

Моддаи 139. Муқаррар намудани андозаи музди меҳнати кормандон

Моддаи 140. Кафолати пардохти музди меҳнат

Моддаи 141. Кафолати давлатӣ оид ба пардохти музди меҳнати кормандон

Моддаи 142. Таркиби музди меҳнат

Моддаи 143. Андозаи ҳадди ақали музди меҳнат

Моддаи 144. Индексатсияи музди меҳнат

Моддаи 145. Коэффитсиентҳои ноҳиявӣ ва иловапулӣ ба музди меҳнат

Моддаи 146. Тарифҳои давлатии пардохти музди меҳнат

Моддаи 147. Тартиби пардохти музди меҳнати кормандон

Моддаи 148. Музди меҳнат дар шароити махсус

Моддаи 149. Шакл, низом ва андозаи музди меҳнат

Моддаи 150. Тағйир додани шартҳои музди меҳнат

Моддаи 151. Музди меҳнат ҳангоми иҷрои корҳои дараҷаҳои тахассуси гуногун

Моддаи 152. Музди меҳнат ҳангоми якҷоякунии касбҳо (вазифаҳо) ва муваққатан иҷро намудани уҳдадории кормандони ба кор ҳозирнабуда

Моддаи 153. Музди меҳнат ҳангоми муваққатан ба ҷойи корманди дигар кор кардан

Моддаи 154. Пардохти изофакорӣ, кор дар рўзҳои истироҳат ва ид

Моддаи 155. Музди меҳнати кормандоне, ки дар ду (якчанд) ҷой кор мекунанд

Моддаи 156. Пардохти музди кори шабона

Моддаи 157. Пардохти музди меҳнат ҳангоми иҷро накардани меъёри коркард, истеҳсоли маҳсулоти нуқсондор, бекористӣ, инчунин дар ҳолати азхудкунии истеҳсолоти (маҳсулоти) нав

Моддаи 158. Муҳлатҳои пардохти музди меҳнат

Моддаи 159. Шаклҳои пардохти музди меҳнат

Моддаи 160. Ҷойи пардохти музди меҳнат

Моддаи 161. Сарчашмаи воситаҳо барои музди меҳнат

Моддаи 162. Фонди захиравии музди меҳнат

Моддаи 163. Нигоҳ доштани маблағ аз музди меҳнат

БОБИ 12. КАФОЛАТ ВА ҶУБРОНПУЛИҲО

Моддаи 164. Кафолатҳо ҳангоми иҷрои вазифаҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ

Моддаи 165. Кафолатҳо ба кормандони аз кор озодшуда вобаста ба даъват ба хизмати ҳарбии муҳлатнок

Моддаи 166. Кафолатҳо ҳангоми иҷрои уҳдадорҳо ба манфиати кормандони ташкилот

Моддаи 167. Кафолат ҳангоми гузаронидани корманд ба кори дигари доимии каммузд

Моддаи 168. Кафолат барои корманде, ки барои ташхис ба муассисаи тиббӣ фиристода мешавад

Моддаи 169. Кафолат ва имтиёзҳо барои кормандони аз кор озодшаванда

Моддаи 170. Кафолат барои роҳбарони ташкилот ва кормандоне, ки вазифаи умумии идоракунии ташкилотро ба ҷо меоранд

Моддаи 171. Кафолатҳо барои гурўҳи алоҳидаи кормандон

Моддаи 172. Тартиби ҳисоб кардани музди миёнаи меҳнат

Моддаи 173. Ҷуброни хароҷоти иҷрои кор

Моддаи 174. Сафари хизматӣ

Моддаи 175. Барасмиятдарорӣ, низоми вақти корӣ ва вақти истироҳат ҳангоми сафари хизматӣ

Моддаи 176. Муҳлати дар сафари хизматӣ будан

Моддаи 177. Кафолат ва ҷуброн ҳангоми сафари хизматӣ

Моддаи 178. Ҷуброн барои корҳои дорои хусусияти ҳаракаткунанда ва сайёр

Моддаи 179. Ҷуброни хароҷоти корманд ҳангоми ба маҳалли дигар ба кор қабул намудан, гузарондан ва ба кор фиристонидан

Моддаи 180. Ҷубронпулӣ барои рафтан ба кор бо мувофиқаи пешакӣ ба маҳалли дигар

Моддаи 181. Ҳолатҳои баргардонидани ҷубронҳо ҳангоми ба маҳалли дигар ба кор омадан

Моддаи 182. Ҷуброни хароҷоти истифодаи молу мулки шахсии корманд

БОБИ 13. ҶАВОБГАРИИ МОДДИИ ТАРАФҲОИ

ШАРТНОМАИ МЕҲНАТӣ

Моддаи 183. Ҷавобгарии моддии тарафҳои шартномаи меҳнатӣ ҳангоми ҷуброни зарари расонидашуда

Моддаи 184. Шартҳои ба вуҷуд омадани ҷавобгарии моддии тарафҳои шартномаи меҳнатӣ ҳангоми расонидани зарар

Моддаи 185. Ҷавобгарии моддии корфармо барои зараре, ки ба корманд дар натиҷаи ғайриқонунӣ маҳрум намудани ўаз имкониятҳои меҳнат кардан расонидааст

Моддаи 186. Ҷавобгарии моддии корфармо барои зараре, ки ба молу мулки корманд расонидааст

Моддаи 187. Ҷавобгарии моддии корфармо барои зараре, ки ба ҳаёт ва саломатии корманд расонидааст

Моддаи 188. Ҷавобгарии моддии корманд барои зараре, ки ба корфармо расонидааст

Моддаи 189. Ҳадди ҷавобгарии моддии корманд

Моддаи 190. Ҳолатҳои ҷавобгарии пурраи моддии корманд барои расонидани зарар ба корфармо

Моддаи 191. Ҷавобгарии моддии коллективӣ барои расонидани зарар

Моддаи 192. Муайян кардани андозаи зарар

Моддаи 193. Уҳдадории корфармо ҳангоми муқаррар намудани андозаи зарар ва сабаби сар задани он

Моддаи 194. Ҷуброни зарарро ихтиёран додани корманд

Моддаи 195. Тартиби ситонидани ҷуброни зарар

Моддаи 196. Ҷуброни зараре, ки роҳбар ба ташкилоти давлатӣ расонидааст

Моддаи 197. Кам кардани андозаи зараре, ки бояд аз корманд ситонида шавад

БОБИ 14. БАРРАСИИ БАҲСҲОИ МЕҲНАТИИ ФАРДӣ

Моддаи 198. Баҳсҳои меҳнатии фардӣ

Моддаи 199. Мақомоти баррасикунандаи баҳсҳои меҳнатии фардӣ

Моддаи 200. Таъсиси комиссияи созиш ва ташкили кори он

Моддаи 201. Муҳлати муроҷиат ба мақомоте, ки баҳсҳои меҳнатии фардиро баррасӣ менамояд

Моддаи 202. Ваколатҳои комиссияи созиш оид ба баҳсҳои меҳнатӣ

Моддаи 203. Тартиби баррасии баҳсҳои меҳнатӣ дар комиссияи созиш

Моддаи 204. Тартиби қабули қарор аз ҷониби комиссияи созиш ва мазмуни он

Моддаи 205. Иҷрои қарори комиссияи созиш

Моддаи 206. Аз тарафи мақомоти баррасикунандаи баҳсҳои меҳнатии фардӣ ба кор барқарор кардани корманд

ФАСЛИ III. ХУСУСИЯТИ ТАНЗИМИ МЕҲНАТИ

ГУРЎҲИ АЛОҲИДАИ КОРМАНДОН

БОБИ 15. ХУСУСИЯТИ ТАНЗИМИ МЕҲНАТИ КОРМАНДОНИ БА СИННИ ҲАЖДАҲ НАРАСИДА

Моддаи 207. Ҳуқуқи кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида дар муносибатҳои меҳнатӣ

Моддаи 208. Корҳое, ки дар онҳо истифодаи меҳнати кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида манъ мебошанд

Моддаи 209. Қатъи шартномаи меҳнатӣ бо талаби падару модар, васӣ (парастор) ё мақомоти ваколатдор

Моддаи 210. Муоинаи ҳатмии тиббии кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида

Моддаи 211. Давомнокии вақти корӣ барои кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида

Моддаи 212. Пардохти музди меҳнат ва меъёрҳои коркард барои кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида

Моддаи 213. Хусусияти реҷаи меҳнат ва истироҳати кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида

Моддаи 214. Маҳдудияти ҷавобгарии моддии кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида

БОБИ 16. ХУСУСИЯТИ ТАНЗИМИ МЕҲНАТИ ЗАНОН ВА      ДИГАР ШАХСОНИ ДОРОИ УҲДАДОРИҲОИ ОИЛАВӣ

Моддаи 215. Маҳдудияти қатъи шартномаи меҳнатӣ бо занон ва дигар шахсони дорои уҳдадориҳои оилавӣ

Моддаи 216. Корҳое, ки дар онҳо истифодаи меҳнати занон манъ аст

Моддаи 217. Хусусияти низоми меҳнат ва истироҳат барои занон ва дигар шахсони дорои уҳдадориҳои оилавӣ

Моддаи 218. Танаффус барои ғизодиҳии кўдак

Моддаи 219. Муқаррар кардани вақти нопурраи корӣ барои занон ва дигар шахсоне, ки уҳдадориҳои оилавӣ доранд

Моддаи 220. Маҳдудияти истифодаи ҷамъи баҳисобгирии вақти корӣ барои занони ҳомила

Моддаи 221. Муваққатан ба кори дигар гузаронидани зани ҳомила ва заноне, ки кўдаки то як солу шаш моҳа доранд

Моддаи 222. Кафолат нисбати занон ва дигар шахсоне, ки уҳдадориҳои оилавӣ доранд, ҳангоми муқаррар намудани навбати пешниҳоди рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда

Моддаи 223. Рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд

Моддаи 224. Рухсатӣ барои нигоҳубини кўдак

Моддаи 225. Кафолатҳо барои занони ҳомила ва фарзанддор ҳангоми ба кор қабул кардани онҳо

Моддаи 226. Рухсатии кормандоне, ки кўдакони навзодро фарзандхонд кардаанд ё васии онҳо мебошанд

Моддаи 227. Кафолат ва имтиёзҳо ба шахсоне, ки кўдаконро бе модар тарбия мекунанд

БОБИ 17. ХУСУСИЯТИ ТАНЗИМИ МЕҲНАТИ КОРМАНДОНИ ДАР ДУ (ЯКЧАНД) ҶОЙ КОРКУНАНДА

Моддаи 228. Муқаррароти умумӣ оид ба дар ду (якчанд) ҷой кор кардан

Моддаи 229. Маҳдудиятҳои дар ду (якчанд) ҷой кор кардан

Моддаи 230. Шартномаи меҳнатӣ оид ба дар ду (якчанд) ҷой кор кардан

Моддаи 231. Ҳуҷҷатҳои иловагие, ки барои бастани шартномаи меҳнатӣ оид ба дар ду (якчанд) ҷой кор кардан заруранд

Моддаи 232. Давомнокии вақти кории дар ду (якчанд) ҷой кор кардан

Моддаи 233. Рухсатиҳои меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда барои дар ду (якчанд) ҷой кор кардан

Моддаи 234. Маҳдудияти бастани шартномаи меҳнатӣ оид ба дар ду (якчанд) ҷой кор кардан

Моддаи 235. Асосҳои иловагии қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ оид ба дар ду (якчанд) ҷой кор кардан бо ташаббуси корфармо

БОБИ 18. ХУСУСИЯТИ ТАНЗИМИ МЕҲНАТИ

КОРМАНДОНЕ, КИ БА КОРҲОИ ВАЗНИН, ЗЕРИЗАМИНӣ ВА ШАРОИТИ МЕҲНАТАШОН ЗАРАРНОК МАШҒУЛАНД

Моддаи 236. Давомнокии вақти корӣ ва рухсатии меҳнатии иловагии ҳарсолаи пардохтшавандаи кормандоне, ки ба корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок машғуланд

Моддаи 237. Музди меҳнати кормандоне, ки ба корҳои вазнин, зеризаминӣ ва ё шароити меҳнаташон зарарнок машғуланд

Моддаи 238. Таъмини сиҳатии корманд ва бехатарии шароити меҳнат

БОБИ 19. ХУСУСИЯТИ ТАНЗИМИ МЕҲНАТИ КОРМАНДОНЕ, КИ БО КОРҲОИ МАВСИМӣ МАШҒУЛАНД

Моддаи 239. Корҳои мавсимӣ

Моддаи 240. Хусусияти бастани шартномаи меҳнатӣ бо кормандони мавсимӣ

Моддаи 241. Асосҳои иловагии бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо бо кормандоне, ки ба корҳои мавсимӣ машғуланд

Моддаи 242. Хусусияти бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо корманди мавсимӣ

БОБИ 20. ХУСУСИЯТИ ТАНЗИМИ МЕҲНАТИ

КОРМАНДОНИ БО УСУЛИ ВАХТАВӣ КОРКУНАНДА

Моддаи 243. Хусусиятҳои кори вахтавӣ

Моддаи 244. Маҳдудият дар кори усули вахтавӣ

Моддаи 245. Давомнокии вахта

Моддаи 246. Ҳисоби вақти корӣ ва вақти дамгирӣ ҳангоми кор бо усули вахтавӣ

БОБИ 21. ХУСУСИЯТИ ТАНЗИМИ МЕҲНАТИ

КОРМАНДОНИ ХОНАГӣ

Моддаи 247. Хусусияти бастан ва бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо кормандони хонагӣ

Моддаи 248. Вақти корӣ ва вақти дамгирии кормандони хонагӣ

Моддаи 249. Татбиқ ва бекор кардани ҷазои интизомӣ

Моддаи 250. Ҳалли баҳсҳои меҳнатии фардӣ

Моддаи 251. Қатъ кардани шартномаи меҳнатӣ бо корманди хонагӣ

БОБИ 22. ХУСУСИЯТИ ТАНЗИМИ МЕҲНАТИ

КОРМАНДОНИ ХОНАКОР

Моддаи 252. Кормандони хонакор

Моддаи 253. Шартҳои меҳнати кормандони хонакор

Моддаи 254. Реҷаи вақти корӣ ва вақти истироҳат, шартҳои таъмини бехатарӣ ва ҳифзи меҳнати кормандони хонакор

БОБИ 23. ХУСУСИЯТИ ТАНЗИМИ МЕҲНАТИ КОРМАНДОНИ БО КОРИ ФОСИЛАВӣ (ДИСТАНСИОНӣ) МАШҒУЛБУДА

Моддаи 255. Кори фосилавӣ (дистансионӣ)

Моддаи 256. Шароити меҳнати кормандоне, ки бо кори фосилавӣ (дистансионӣ) машғуланд

Модда 257. Баҳисобгирии вақти корӣ ва вақти истироҳат, шартҳои таъмини бехатарӣ ва ҳифзи меҳнати кормандоне, ки бо кори фосилавӣ (дистансионӣ) машғуланд

БОБИ 24. ХУСУСИЯТИ ТАНЗИМИ МЕҲНАТИ МАЪЮБОН

Моддаи 258. Амалӣ намудани ҳуқуқи маъюбон ба меҳнат

Моддаи 259. Шароити меҳнати кормандони маъюб

Моддаи 260. Давомнокии вақти кўтоҳи кории маъюбон

Моддаи 261. Маҳдудияти истифодаи ҷамъи вақти кори баҳисобгирифташуда барои кормандони маъюб

Моддаи 262. Маҳдудияти кори шабона, изофакорӣ, кор дар рўзҳои истироҳат ва иди ғайрикорӣ, фиристодани кормандони маъюб ба сафари хизматӣ

Моддаи 263. Пешниҳоди рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда ба корманди маъюб

БОБИ 25. ХУСУСИЯТИ ТАНЗИМИ МЕҲНАТИ ҲАЙАТИ          ТЕХНИКӣ ВА ХИЗМАТРАСОНИ МАҚОМОТИ ДАВЛАТӣ

Моддаи 264. Қабул намудан ба ҳайати техникӣ ва хизматрасони мақомоти давлатӣ

Моддаи 265. Маҳдудият дар хизмати гражданӣ

Моддаи 266. Гузаронидани хизматчии гражданӣ ба кор ба дигар мақомоти давлатӣ

Моддаи 267. Аттестатсияи хизматчии гражданӣ

Моддаи 268. Пешравӣ дар хизмати гражданӣ

Моддаи 269. Такмили ихтисос ва азнавтайёркунии хизматчии гражданӣ

Моддаи 270. Ҳавасмандгардонии хизматчии гражданӣ

Моддаи 271. Кафолат ва ҷубронҳо ба хизматчии гражданӣ

Моддаи 272. Пардохти музди меҳнати хизматчии гражданӣ

БОБИ 26. ХУСУСИЯТИ ТАНЗИМИ МЕҲНАТИ

СОҲИБКОРОНИ ИНФИРОДӣ

Моддаи 273. Соҳибкорони инфиродӣ

Моддаи 274. Муҳлати шартномаи меҳнатӣ байни соҳибкорони инфиродӣ ва кормандон

Моддаи 275. Қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатии соҳибкорони инфиродӣ

Моддаи 276. Реҷаи кор

Моддаи 277. Шартҳои пардохти музди меҳнат

Моддаи 278. Иштироки соҳибкорони инфиродӣ дар шарикии иҷтимоӣ

Моддаи 279. Хусусияти ташкили бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат аз тарафи соҳибкорони инфиродӣ

БОБИ 27. ХУСУСИЯТИ ТАНЗИМИ МЕҲНАТИ РОҲБАР ВА АЪЗОИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ КОЛЛЕГИАЛИИ ШАХСИ ҲУҚУҚӣ ВА КОРМАНДОНИ БА КОР ТАЪЙИН (ИНТИХОБ) НАМУДАИ СОҲИБМУЛКИ ШАХСИ ҲУҚУҚӣ, ШАХСИ АЗ ҶОНИБИ ОН ВАКОЛАТДОРКАРДАШУДА (МАҚОМОТ) ВА Ё МАҚОМОТИ ВАКОЛАТДОРИ ШАХСИ ҲУҚУҚӣ

Моддаи 280. Асосҳои ҳуқуқии танзими меҳнати роҳбари мақомоти иҷроияи шахси ҳуқуқӣ

Моддаи 281. Бастани шартномаи меҳнатӣ бо роҳбари мақомоти иҷроияи шахси ҳуқуқӣ

Моддаи 282. Роҳбари мақомоти иҷроияи шахси ҳуқуқӣ ҳамчун дар ду (якчанд) ҷой коркунанда

Моддаи 283. Пеш аз муҳлат бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси роҳбари мақомоти иҷроияи шахси ҳуқуқӣ

Моддаи 284. Асосҳои иловагӣ барои қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ бо роҳбари мақомоти иҷроияи шахси ҳуқуқӣ

Моддаи 285. Хусусияти танзими меҳнати аъзои мақомоти иҷроияи коллегиалии шахси ҳуқуқӣ ва кормандони аз ҷониби соҳибмулки шахси ҳуқуқӣ ё шахси  (мақомоти) аз ҷониби ў ваколатдоркардашуда ё мақомоти ваколатдори шахси ҳуқуқӣ таъйиншуда (интихобшуда)

БОБИ 28. ХУСУСИЯТИ ТАНЗИМИ МЕҲНАТИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, СУДЯҲО, ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӣ, ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӣ, КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ ВА ДИПЛОМАТӣ, ИНЧУНИН ДИГАР КОРМАНДОНИ ТАШКИЛОТҲОИ ДАВЛАТӣ ВА ҒАЙРИДАВЛАТӣ

Моддаи 286. Танзими меҳнати вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳо ва хизматчиёни давлатӣ

Моддаи 287. Танзими меҳнати хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дипломатӣ

Моддаи 288. Хусусияти танзими меҳнати кормандони дигар ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ

ФАСЛИ IV. ШАРИКИИ ИҶТИМОӣ ВА МУНОСИБАТҲОИ КОЛЛЕКТИВӣ ДАР СОҲАИ МЕҲНАТ

БОБИ 29. КОЛЛЕКТИВИ МЕҲНАТӣ ВА ШАРИКИИ ИҶТИМОӣ ДАР СОҲАИ МЕҲНАТ

Моддаи 289. Коллективи меҳнатӣ

Моддаи 290. Намояндагони кормандон дар ташкилот

Моддаи 291. Ҳуқуқҳои намояндагони кормандон дар ташкилот

Моддаи 292. Манъи дахолат ба фаъолияти қонунии намояндагони кормандон

Моддаи 293. Уҳдадориҳои корфармо ва шахсони ваколатдори ў нисбат ба намояндагони кормандон

Моддаи 294. Кафолатҳои иловагии меҳнатӣ барои намояндагони кормандон

Моддаи 295. Намояндагони корфармоён

Моддаи 296. Мақсади бастани созишнома ва шартномаҳои коллективӣ

Моддаи 297. Мақсади шарикии иҷтимоӣ

Моддаи 298. Асосҳои шарикии иҷтимоӣ

Моддаи 299. Шаклҳои амалӣ намудани шарикии иҷтимоӣ

Моддаи 300. Мақомоти асосии низоми шарикии иҷтимоӣ

БОБИ 30. ТАРТИБИ БАСТАНИ СОЗИШНОМА БАЙНИ ТАРАФҲОИ ШАРИКИИ ИҶТИМОӣ

Моддаи 301. Намудҳои созишнома ва иштирокчиёни он

Моддаи 302. Тартиб ва муҳлати бастани созишнома

Моддаи 303. Мазмуни созишнома

Моддаи 304. Амали созишнома

Моддаи 305. Тағйиру иловаҳо ба созишнома

БОБИ 31. ШАРТНОМАИ КОЛЛЕКТИВӣ

Моддаи 306. Қарор дар бораи зарурати бастани шартномаи коллективӣ

Моддаи 307. Тарафҳои шартномаи коллективӣ

Моддаи 308. Тартиб ва муҳлати бастани шартномаи коллективӣ

Моддаи 309. Мазмуни шартномаи коллективӣ

Моддаи 310. Муҳлати амали шартномаи коллективӣ

муҳлатираванди барҳамдиҳӣ амал менамояд.

Моддаи 311. Тағйиру иловаҳо ба шартномаи коллективӣ

Моддаи 312. Кафолатҳо дар ҳолати пеш аз муҳлат қатъ кардани шартномаи коллективӣ

Моддаи 313. Уҳдадории шахсони мансабдор дар музокироти коллективӣ

БОБИ 32. НАЗОРАТ ВА БАҚАЙДГИРИИ СОЗИШНОМА

ВА ШАРТНОМАҲОИКОЛЛЕКТИВӣ

Моддаи 314. Назорати татбиқи созишнома ва шартномаҳои коллективӣ

Моддаи 315. Бақайдгирии созишнома ва шартномаҳои коллективӣ

Моддаи 316. Масъулияти тарафҳои созишнома ва шартномаҳои коллективӣ

БОБИ 33. БАРРАСИИ БАҲСҲОИ МЕҲНАТИИ КОЛЛЕКТИВӣ

Моддаи 317. Тартиби баррасии баҳсҳои меҳнатии коллективӣ

Моддаи 318. Пешниҳоди талаботи кормандон

Моддаи 319. Намояндагони кормандон ва корфармоён дар баҳсҳои меҳнатии коллективӣ

Моддаи 320. Миёнаравӣ

Моддаи 321. Арбитражи меҳнатӣ

Моддаи 322. Баррасии судии баҳсҳои меҳнатии коллективӣ

Моддаи 323. Корпартоӣ

Моддаи 324. Кафолатҳо ва ҷубронҳо ба кормандоне, ки корпартоӣ мекунанд

Моддаи 325. Уҳдадориҳои дар ҳалли баҳсҳои меҳнатии коллективӣ

Моддаи 326. Масъулияти кормандон барои корпартоиҳои ғайриқонунӣ

ФАСЛИ V. БЕХАТАРӣ ВА ҲИФЗИ МЕҲНАТ

           БОБИ 34. ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИИ ҲИФЗИ МЕҲНАТ

Моддаи 327. Идоракунии давлатии ҳифзи меҳнат

Моддаи 328. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи меҳнат

Моддаи 329. Ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи меҳнат

Моддаи 330. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба ҳифзи меҳнат

БОБИ 35. БЕХАТАРӣ ВА ҲИФЗИ МЕҲНАТ

Моддаи 331.Талаботи ҳифзи меҳнат

Моддаи 332. Ҳуқуқи корманд ба гирифтани маълумот дар бораи ҳифзи меҳнат

Моддаи 333. Муоинаи тиббии баъзе гурўҳҳои кормандон

Моддаи 334. Имтиёзҳо ва ҷубронҳо барои кормандоне, ки шароити корашон зарарнок аст

Моддаи 335. Таъмин намудан бо либоси махсус ва дигар воситаҳои муҳофизати инфиродӣ ва гигиенӣ

Моддаи 336. Додани дастур ба кормандон оид ба қоидаҳои ҳифзи меҳнат ва усулҳои бехатарии кор

Моддаи 337. Корро қатъ кардани корманд дар ҳолати ба ҳаёт ва саломатии ў таҳдид намудани хатар

Моддаи 338. Бо сабаби вазъи саломатӣ ба кори сабуктар гузаронидан

Моддаи 339. Чораҳои иловагии ҳифзи меҳнати маъюбон

Моддаи 340. Хизматрасонии санитарию маишӣ ва тиббии корманд

БОБИ 36. КАФОЛАТИ ҲУҚУҚИ КОРМАНД ВА КОРФАРМО

ОИД БА БЕХАТАРӣ ВА ҲИФЗИ МЕҲНАТ

Моддаи 341. Ҳуқуқи кормандон ба суғуртаи ҳатмии иҷтимоӣ

Моддаи 342. Баҳисобгирӣ ва санҷиши ҳодисаҳои нохуш дар

Моддаи 343. Кафолати ҷуброни зарар бо сабаби бад шудани саломатӣ ё фавти корманд

Моддаи 344. Кафолатҳои давлатии таъмини ҳуқуқи корманд ба ҳифзи меҳнат

БОБИ 37. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ КОРМАНД ВА КОРФАРМО ОИД БА БЕХАТАРӣ ВА ҲИФЗИ МЕҲНАТ

Моддаи 345. Ҳуқуқи корманд ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат

Моддаи 346. Уҳдадориҳои корманд дар соҳаи ҳифзи меҳнат

Моддаи 347. Ҳуқуқи корфармо ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат

Моддаи 348. Уҳдадориҳоикорфармо оид ба таъмини бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат

БОБИ 38. ТАЪМИНИ ҲИФЗИ МЕҲНАТ

Моддаи 349. Талаботи меъёрии давлатии ҳифзи меҳнат

Моддаи 350. Тайёрии ҳатмии махсус ва касбӣ оид ба ҳифзи меҳнат

Моддаи 351. Ҳифзи меҳнати ноболиғон, занон ва маъюбон

Моддаи 352. Мутобиқати иншоотҳои истеҳсолӣ, таҷҳизот, равандҳои технологӣ ва маҳсулот ба талаботи ҳифзи меҳнат

Моддаи 353. Сарчашмаҳои маблағгузории ҳифзи меҳнат

Моддаи 354. Ташхиси давлатии шароити меҳнат

Моддаи 355. Ҳифзи меҳнат дар ташкилот

Моддаи 356. Кумитаҳо (комиссияҳо) оид ба ҳифзи меҳнат

Моддаи 357. Назорати ҷамъиятии риояи талаботи ҳифзи меҳнат

Моддаи 358. Ҳуқуқҳои нозирони ҷамъиятӣ оид ба ҳифзи меҳнат

ФАСЛИ VI. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӣ

БОБИ 39. СУҒУРТАИ ИҶТИМОӣ

Моддаи 359. Шаклҳои суғуртаи иҷтимоӣ

Моддаи 360. Намудҳои таъминот аз ҳисоби суғуртаи иҷтимоии давлатӣ

БОБИ 40. НАЗОРАТ ДАР СОҲАИ МЕҲНАТ

Моддаи 361. Назорати риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат

Моддаи 362. Назорати давлатии пешбурди бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кўҳкорӣ

Моддаи 363. Назорати ҷамъиятии риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат

БОБИ 41. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӣ

Моддаи 364. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Кодекси мазкур

Моддаи 365. Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи 366. Тартиби мавриди амал қарор додани Кодекси мазкур

Матни пурраи Кодекси мазкурро аз сайти mmk.tj дастрас карда метавонед.