Эълони чорабиниҳо

Низомнома Дар бораи муайян кардани кормандони беҳтарини Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

НИЗОМНОМА

Дар бораи муайян кардани кормандони беҳтарини

Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Низомномаи мазкур шартҳои ташкили озмунҳо, талабот ва принсипҳои асосии гузаронидани озмунҳо, тартиби ташкил ва фаъолияти комиссияи озмунӣ, ҷаласаҳои ҷамъбастии комиссияи озмунӣ,  тартиби муайян намудани ғолибон ва мукофотонидани онҳо, тартиби баҳогузорӣ ва  ташкили фаъолияти ҳайати комиссияро муайян менамояд.

 

2. Барои иштироккунандагон дар озмунҳои дохилӣ ва ҷамъбастӣ донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ўҳдадориҳои мансабии ҳар як кормандро ба танзим медароранд, ҳатмист.

2. Шартҳои ташкили озмунҳо

3. Озмун аз давраҳои зерин иборат аст;

– озмуни дохилӣ;

– озмуни ҷамъбастӣ.

4. Даври якум – озмуни дохилӣ дар хадамоту агентиҳо, муассисаҳои давлатӣ  ва корхонаҳои воҳидии системаи вазорат байни кормандон новобаста аз синну сол, миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ ва таҳсил гузаронида мешавад.

5. Даври дуюм – озмуни ҷамъбастӣ дар дастгоҳи марказии вазорат доир гардида, довталабон дар асоси хулосаи Комиссияи озмунӣ барои дарёфти ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм пешниҳод мегарданд.

6. Роҳбарони сохторҳои таркибии вазорат натиҷаи озмуни дохилиро дар алоҳидагӣ  ҷамъбаст намуда, ғолибонро дар ҳайати  то 3 – нафарӣ барои дарёфти корманди беҳтарини сол ба озмуни ҷамъбастӣ пешниҳод менамоянд.

7. Барои ҳар як корманди дар озмуни ҷамъбастӣ иштироккунанда аз коллективи меҳнатӣ варақаи пешбарӣ пур карда мешавад (замимаи 1). (дар сурати мавҷуд набудани колективи меҳнатӣ) аз ҷониби роҳбари муассиса сурат мегирад.

Дар варақа ному насаби шахси ба он иштироккунанда аз рўи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, касбу вазифа, номи пурраи  корхона ва ё муассисае, ки дар он корманд фаъолияти меҳнатӣ дорад, нишон дода мешавад. Ҳамчунин шарҳи мухтасари хизматҳои мушаххас, муваффақиятҳои меҳнатӣ, комёбиҳо дар рушди соҳа ва дигар нишондиҳандаҳое, ки ба гирифтани мақом ҳуқуқ медиҳанд, зикр мегардад.

8. Ҳуҷҷатҳо бо забони давлатӣ пур карда мешаванд ва бояд ба талаботи Низомнома мутобиқ бошанд. Дар сурати риоя нагардидани талаботи ҷорӣ ҳуҷҷатҳо баргардонида мешаванд.

9. Супоридани мукофотҳо ба ғолибон бо Фармоиши Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.

10. Ғолибоне, ки дар озмун ҷойҳои намоёнро соҳиб гаштаанд, дар дафтарчаи меҳнатии онҳо сабт карда мешаванд.

11. Нафаре, ки аз рўи хулосаи Комиссияи озмунӣ корманди беҳтарини сол эътироф мегардад, солҳои минбаъда ҳуқуқи иштирок карданро дар чунин озмунҳои минбаъда надорад.

12. Пешбарии кормандони дастгоҳи марказии вазорат бе иштирок дар озмуни дохилӣ дар асоси пешниҳоди хадамоти кадрӣ ва дар мувофиқа бо муовини якум, муовинони Вазир (сарпарасти соҳа) бо назардошти самтҳои фаъолияти вазорат дар ҳайати 6 нафар ба озмуни ҷамъбастӣ пешниҳод карда мешаванд.

Варақаи пешбарии кормандони дастгоҳи марказии вазорат аз ҷониби хадамоти кадрӣ пур карда шуда, бо имзои  муовини якум, муовинони Вазир (сарпарасти соҳа) ва Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони дастгоҳи марказии вазорат пешниҳод мегардад.

3. Талабот ва принсипҳои асосии гузаронидани озмунҳо

            13.  Барои иштирок дар озмуни ҷамъбастӣ иҷрои талаботҳои зерин ҳатмӣ мебошанд:

– агар шахс дар соҳаҳои Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон на кам аз 5 сол собиқаи кории бефосила дошта бошад;

– малакаи суханронӣ ва қобиляти дарки масъала;

-дониши санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ва истифодаи онҳо дар корҳои амалӣ;

– одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбати инсон, шаҳрвандон ва кормандон;

– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

– маҳорати баланди касбӣ, таъмини самаранокии роҳу усулҳои корӣ ва натиҷаи ниҳоии онҳо;

– мусоидати бевосита дар тайёр намудани мутахассисони соҳаи Вазорат, баланд бардоштани савияи донишу малакаи кормандони ҷавон;

– иштироки фаъолона ва баромад дар конфронсҳои илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ;

– хизматҳои шоёни бенуқсон дар соҳаҳои Вазорат;

– навҷўӣ ва эҷодкорона дар амал татбиқ намудани нақша ва барномаҳои таълимӣ дар муассисаҳои таълимии системаи Вазорат;

– комёбию дастовардҳои меҳнатӣ дар соҳаҳои Вазорат.

14. Принсипҳои асосии гузаронидани  озмунҳо инҳо мебошанд.

– воқеъбинона ва холисона гузаронидани озмун ва баҳогузории кормандон;

– таъмини баробарҳуқуқии кормандон ҳангоми гузаронидани озмун;

– риояи талабот ва шартҳои низомномаи мазкур.

4. Тартиби ташкил ва фаъолияти комиссияи озмун

            15. Комиссияи озмун ҷиҳати муайя кардани кормандон барои дарёфти ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм (минбаъд –комиссияи озмун) бо фармоиши Вазир дар ҳайати раис, котиб ва аъзои комиссия иборат аз 7 то 9 нафар таъсис дода мешавад.

16. Ба ҳайати комиссияи озмун аз рўи мансаб роҳбари мақоми давлатӣ (ё муовини якуми ў), муовинон намояндагони хадамоти кадрӣ, ҳуқуқӣ, иттифоқи касаба ва дигар кормандони таҷрибадори мақоми давлатӣ ворид карда мешаванд.

17. Ба қомиссияи озмун роҳбари мақоми давлатӣ ё муовини якуми ў раисӣ менамояд.

18. Дар кори комиссияи озмунӣ роҳбарони хадамоту агентиҳо, муассисаҳои давлатӣ ва корхонаҳои воҳидии системаи вазорат метавонанд бо ҳуқуқи овози машваратӣ иштирок намоянд.

19. Комиссияи озмун вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:

– муайян кардани вақт ва маҳалли баррасии ҳуҷҷатҳо ва гузаронидани суҳбат бо  иштироккунандагон;

– баррасии ҳуҷҷатҳои иштироккунандагон дар вақт ва маҳалли муайянкардашуда, барои муқаррар намудани мувофиққати онҳо ба талаботи низомнома мазкур ва тавсияи иштироккунандагон ба сўҳбат;

– гузаронидани суҳбат ба иштироккунандагон дар вақт ва маҳалли муайянкардашуда;

– дар сурати ба суҳбат ҳозир нашудани иштироккунанда, ў аз озмун нагузашта ҳисобида мешавад;

– тартиб ва меъёрҳои баҳодиҳӣ дар суҳбат ба иштироккунандагон аз тарафи комиссияи озмунӣ  махфи нигоҳ дошта мешавад;

– ҷамъбасти натиҷаи озмун дар асоси варақаи баҳогузорӣ  ва пешниҳоди ғолибан ба дарёфти ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм амалӣ карда мешавад.

5. Ҷаласаи ҷамъбастии комиссияи озмун

 

            20. Ҷаласаи ҷамъбастии комиссияи озмунӣ баъди анҷоми сўҳбат бо иштироккунандагон баргузор гардида, ғолиби ҷойи якум ва ғолибони ҷойҳои дуюм ва сеюм тавсия карда мешаванд.

21. Ҷаласаи Комиссияи озмунӣ ҳамон вақт босалоҳият ҳисобида мешавад, ки дар кори он аз се ду ҳиссаи ҳайати комиссияи озмунӣ иштирок дошта бошанд.

22. Қарори комиссияи озмунӣ дар ғолибии иштироккунанда бо овоздиҳии кушода қабул карда мешавад.  Иштироккунанда дар ҳолате аз озмун гузашта ҳисобида мешавад, ки натиҷаи имтиёзҳои ба дастовардаи ў барои ғолиб донистанаш кофӣ бошад. Ҳангоми баробар будани  овозҳо ва имтиёзҳои ғолибон  овози раиси комиссияи озмунӣ ҳалкунанда ҳисоб меёбад. Рафти суҳбат бо иштироккунандагон ва қарори комиссияи озмунӣ дар шакли протокол ба расмият дароварда шуда, он аз тарафи раис, аъзо ва котиби комиссияи озмунӣ имзо карда мешавад.

23. Ғолибон на дертар аз 5 рузи баъди ҷамъбасти озмун бо тариқи хаттӣ аз натиҷаи озмун хабардор карда мешаванд.

6. Тартиби баҳогузории комиссияи озмун

 

            24. Комиссияи озмунӣ бо иштироккунандагон  тибқи талаботҳои  ҳатмӣ ва принсипҳои  муқаррарнамудаи  боби 3 низомномаи мазкур дар шакли саволу ҷавоб суҳбат мегузаронад.

Ҳар аъзои комиссия ҳуқуқ дорад ба иштироккунанда ҳуқуқ дорад савол диҳад, дар асоси ҷавобҳои ба саволи худ ё ҷавобҳои ба саволҳои дигар аъзои комиссия озмунӣ додашуда, ўро баҳогузорӣ намояд.

Саволҳои додашуда ва ҷавобҳои иштироккунанда аз тарафи котиби комиссия дар варақаи махсус мухтасар қайд карда мешаванд.

25. Баҳои аъзои комиссияи озмун аз “5”- аъло, “4”-хуб, “3”-қаноатбахш, “2”-ғайриқаноатбахш иборат мебошанд, ки дар ҷадвали баҳогузорӣ (замимаи 2)гузошта мешавад.

26. Бали гузариш барои дарёфти ҷойи якум 48 – хол, ҷойи дуюм 44-хол ва барои ҷойи сеюм 40-хол муқаррар карда мешавад.

7. Тартиби муайян намудани ғолибон ва

мукофотонидани онҳо

 

27. Дар озмун барои ғолибон се ҷой – ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм муайян карда мешаванд.

28. Ғолиби ҷойи якум бо дипломи рангаш сурх ва мукофоти пулӣ, ҷойҳои дуюм ва сеюм бо дипломи рангаш кабуд ва мукофоти пулӣ, ки дар он ҷойи ишғолнамуда дарҷ мегардад, сарфароз гардонида мешаванд.

29. Дар дипломҳо ба ғайр аз матн, инчунин герб ва номи вазорат дарҷ карда шуда, онҳо бо имзои Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳри вазорат тасдиқ карда мешаванд.

30. Муаррифии ғолибон дар вазъи тантанавӣ аз ҷониби Вазир дар рўзи Иди байналмилалии Наврўз амали гардида, бо мукофотҳо сарфароз гардонида мешаванд.

Замима

ба Низомнома Дар бораи

муайян кардани кормандони

беҳтарини Вазорати меҳнат

ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Варақаи

баҳогузорӣ ба довталабони  озмуни корманди  беҳтарини Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Насаб, ном, номи падар_______________________________________________

Мансаб_____________________________________________________________

Р/т

Нишондодҳо

Баҳо

Эзоҳ

1.

малакаи суханронӣ ва қобиляти дарки масъала;

2.

дониши санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ва истифодаи онҳо дар корҳои амалӣ;

3

одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбати инсон, шаҳрвандон ва кормандон;

4

 малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

5.

маҳорати баланди касбӣ, таъмини самаранокии роҳу усулҳои корӣ ва натиҷаи ниҳоии онҳо;

6.

мусоидати бевосита дар тайёр намудани мутахассисони соҳаи Вазорат, баланд бардоштани савияи донишу малакаи кормандони ҷавон;

7.

иштироки фаъолона ва баромад дар конфронсҳои илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ;

8.

хизматҳои шоёни бенуқсон дар соҳаҳои Вазорат;

9.

навҷўӣ ва эҷодкорона дар амал татбиқ намудани нақша ва барномаҳои таълимӣ дар муассисаҳои таълимии системаи Вазорат;

10.

  комёбию дастовардҳои меҳнатӣ дар соҳаҳои Вазорат.
Баҳои умумӣ

Аъзои комиссия

_________________                    ____________________

                                (имзо)                                             (насаб, ном, номи падар)

Сана «___» ______________соли 2013

Эълони кор дар вилояти Суғд

Ба диққати корҷўён мерасонем, ки Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикисон дар доираи супоришҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2015» ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озодро дар раёсату шуъбаҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд

дар санаҳои 14 – уми феврали соли 2014 дар шаҳри Конибодом (воқеъ дар ҷамоати деҳоти Памар, назди Заводи равғанбарорӣ, соати 10 00), ноҳияи Шаҳристон (воқеъ дар кўчаи Истав – 32 дар назди бинои Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ соати 10 00), рўзи 20 – уми феврал дар ноҳияи Зафаробод (дар назди бинои Шуъбаи фарҳангӣ ноҳия соати 9 00), рўзи 21- уми феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Истаравшан (дар назди бинои Литсейи касбии техникии №14 соати 1000), рўзи 22 – юми феврали соли равон дар шаҳри Истиқлол (воқеъ дар бозори марказии шаҳр соати 9 00), рўз 26 – уми феврали соли 2014 дар ноҳияи Ҷ.Расулов ( воқеъ дар назди мактаби № 1 соати 9 00 ) ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озодро дар доираи зиёда аз 1000 ҷойҳои кори холӣ баргузор менамояд. Дар ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ба корҷўёну муҳоҷирони меҳнатӣ дар баробари ҷойҳои кории холӣ роҳхат барои касбомўзӣ, иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ, инчунин шаҳодатномакунонии малакаҳои касбӣ ва маслиҳатҳои ҳуқуқӣ қабл аз сафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ пешкаш карда мешавад.

Ҳамаи хоҳишмандон метавонанд дар ярмарка ширкат варзанд.

Эълони кор дар шаҳри Душанбе

Ба диққати корҷўён мерасонем, ки Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикисон дар доираи супоришҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2015» санаи 14 – уми феврал соли 2014 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе

дар бинои Литсейи касбии техникии № 63 воқеъ дар хиёбони Рўдакӣ 16 дар ру ба руи кинотеатри Ватан ва 21 феврали соли ҷорӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе воқеъ дар кучаи Саъдии Шерозӣ 16 дар назди бинои Сирки давлатӣ ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озодро дар доираи зиёда аз 1000 ҷойҳои кори холӣ баргузор менамояд. Дар ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ба корҷўёну муҳоҷирони меҳнатӣ дар баробари ҷойҳои кории холӣ роҳхат барои касбомўзӣ, иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ, инчунин шаҳодатномакунонии малакаҳои касбӣ ва маслиҳатҳои ҳуқуқӣ қабл аз сафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ пешкаш карда мешавад.

Ҳамаи хоҳишмандон метавонанд дар ярмарка ширкат варзанд.

Оғози ярмарка соати 9:00