Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат,

муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

Хадамоти давлатии оид ба назорат дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, мақоми ҳокимияти иҷроия буда, вазифаҳои вобаста ба назорату тафтиши давлатӣ аз рӯи риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат, қоидаҳои бехатарии меҳнат, меъёру андозаҳои бехатарии меҳнат, гузаронидани санҷиши шароитҳои меҳнат, шуғл, муҳоҷират, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо новобаста аз шаклҳои моликият амалӣ мекунад. Дар заминаи собиқ Нозироти давлатии меҳнат ташкил шудааст.

Раис: Самадзода Н.

Суроға: 734035, ш. Душанбе, хиёбони Борбад 71, ошёнаи 3.

Телефон: (992-37) 231-09-59