Созишномаҳои батасвибрасонидашуда

Созишномаи генералии

байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои

касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни

Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2014

     Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Точикистон (минбаъд-Тарафҳо) Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шарикии иҷтимоӣ, созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ”, дигар қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, конвенсияҳо, тавсияномаҳо ва созишномаҳои байналмилалиеро, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф

намудааст, дастури амал қарор дода, бо мақсади рушди иқтисоди миллӣ, таъмини суботи иҷтимоӣ, паст намудани сатҳи камбизоатӣ, мусоидат ба шуљли арзанда, ҳимояи ҳуқуқҳои меҳнатию иҷтимоии муҳоҷирони  меҳнатӣ, дар мавриди иҷрои вазифаҳои зерин ба тавофуқ расиданд:

I. Дар бахши сиёсати иқтисодӣ

1. Таъмини рушди босуботи иқтисодӣ

Ҷиҳати таъмини рушди босуботи иқтисодӣ, ки заминаи баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад, Тарафҳо дар доираи ваколатҳои худ амалӣ намудани чорабиниҳои зеринро ба ўҳда мегиранд:

– дар заминаи устуворгардонии соҳаҳои истеҳсолӣ зиёд намудани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ;

– дар сатҳи на камтар аз 6-7 фоиз таъмин намудани афзоиши воқеии маҷмўи маҳсулоти дохилӣ (ММД);

– таъмини афзоиши ҳиссаи истеҳсолоти молӣ дар таркиби маҷмўи маҳсулоти дохилӣ;

– азнавсозии сохтори истеҳсолот бо мақсади таъмини рушди босуръати корхонаҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти содиротӣ ва диверсификатсияи содирот;

– тадриҷан даст кашидан аз тамоюли ашёи хомдоштаи содирот ва рушди мақсадноки соҳаҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти дараҷаи баланди коркард;

– ташкили низоми умумидавлатии дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии содирот, инчунин шабакаи замонавии қарздиҳӣ барои содирот ва суљурта;

– ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоте, ки дар ҷумҳурӣ барои тавлидоти он шароити мусоиди истеҳсолӣ ва ашёи хом вуҷуд дорад;

– беҳтар намудани вазъи коркарди аввалияи ашёи хоми  саноативу маҳсулоти кишоварзӣ;

– ташаккул додани соҳаи инфрасохтори шаҳру деҳоти ҷумҳурӣ;

– танзими муҳоҷирати меҳнатии дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, пешгирии муҳоҷирати меҳнатии љайриқонунӣ;

– идома додани раванди бомароми танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мардумӣ ҷиҳати кам намудани хароҷоти шаҳрвандон.

2. Ташаккули низоми самарабахши бонкӣ ва қарздиҳӣ

Бо мақсади ташаккул додани низоми самарабахши бонкӣ ва карздиҳӣ, ки ба рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиёт ва баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунад, Тарафҳо амалӣ намудани  чорабиниҳои зеринро зарур мешуморанд:

– аз ҷониби бонкҳо пешбинӣ гардидани карзҳои ипотекии имтиёзнок барои шарвандоне, ки ҷиҳати бунёди хонаҳои истиқоматӣ замини наздиҳавлигӣ гирифтаанд;

– таъмини самаранокии сиёсати пуливу қарзӣ бо мақсади нигоҳ доштани сатҳи пешбинишавандаи таваррум;

– таъмини шаффофияти фаъолияти тамоми сатҳҳои буҷетӣ ва фондҳои љайрибуҷетӣ;

– таъмини устувории қурби пули миллӣ ва ташаккули минбаъдаи бозори асъор;

– ҷалби бештари захираҳои қарзӣ ва дар ин замина зиёд намудани ҳаҷми умумии маблаљҳои қарзии барои рушди соҳибкории хурду миёна, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ додашаванда;

– идома додани сиёсати таъмини устуворияти молиявии ташкилотҳои қарзӣ ва вусъатбахшии фаъолияти онҳо бо роҳи фароҳам овардани муҳити мусоид барои ҷалби маблаљҳои озоди аҳолӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонии бонкӣ ва соддаву шаффоф гардонидани тартиби анҷомдиҳии он;

– ташкили бозори қољазҳои қиматнок ва ташаккули бозорҳои суљуртавии ҷавобгўи талаботи иқтисоди бозорӣ;

– ҷалби шаҳрвандони дорои имконияти молиявӣ ба сармоягузории фаъолияти истеҳсолӣ.

3. Таъмини рушди соҳаи саноат

Тарафҳо барои амалӣ намудани сиёсати рушди соҳаи саноат, фароҳам овардани заминаҳои зеринро зарур мешуморанд:

– ташаккули иқтидорҳои нави саноатӣ ва дар ин замина ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир;

– таљйир додани сохтори саноатии ҷумҳурӣ дар заминаи ба ҳам пайвастани илму истеҳсолот ва истифодаи технологияи каммасрафи барқӣ;

– таҳия ва тасдиқи Барномаи беҳтар гардонидани ҷолибияти сармоягузории соҳаи истифодабарии қаъри замин;

– вусъат бахшидан ба раванди ташкили маҷмааҳои саноатӣ ва сўзишвориву энергетикӣ;

– дар заминаи идома додани корҳои сохтмонию барқарорсозии Нерўгоҳи барқи обии “Рољун”, таҷдидсозии нерўгоҳҳои амалкунанда ва сохтмони нерўгоҳҳои барқии обии хурду миёна дар ноҳияҳои дурдасти кўҳистони ҷумҳурӣ, таъмин намудани истиқлолияти энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисодӣ табдил додани истихроҷ ва истифодабарии захирахои дохилии ҷумҳурӣ, аз қабили нафту газ ва ангишт;

– бунёди корхонаҳои хурду миёнаи коркарди пашм, пўст, пилла, меваю сабзавот;

– ташкили маҷмааи корхонаҳои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук;

– муайян намудани тартиби гузаронидани арзёбии энергетикӣ ва тартиби гирифтани шаҳодатномаҳои энергетикии иншоот, сертификатсияи маҳсулоти саноатии ба кишвар воридшаванда бо дарназардошти масрафи нерўи барқ;

– фароҳам овардани фазои мўътадили сармоягузорӣ барои суръатбахшии рушди саноати ватанӣ ва истифодаи захираҳои гидроэнергетикӣ;

– вусъат бахшидан ба ҷараёни коркарди маъдан, тилло, нуқра ва сангҳои ороишӣ.

4. Таъмини рушди соҳаи кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ

Тарафҳо бобати рушди соҳаи кишоварзӣ ва дар ин замина таъмин намудани амнияти озуқавории ҷумҳурӣ амалӣ кардани чунин чорабиниҳоро самарабахш меҳисобанд:

– такмил додани низоми фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) бо роҳи таъсис додани ассотсиатсияҳо, кооперативҳо, иттиҳодияҳо ва дигар сохторҳои идоракунии онҳо:

– таъмини фаъолияти самараноки соҳаҳои зироаткорӣ, бољу токпарварӣ, чорводорӣ, мурљпарварӣ ва занбўрпарварӣ тибқи барномаҳои миёнамўҳлати соҳаҳои марбута;

– афзоиши  шуљлнокии  аҳолии  деҳот  дар заминаи  ба роҳ мондани намудҳои гуногуни фаъолияти меҳнатии алтернативӣ;

– мунтазам  аз  ташхиси  ҳуқуқӣ  гузаронидани шартномаҳои  байни роҳбарон ва кормандони хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) басташуда;

– бо   дарназардошти   ҳимояи  манфиатҳои иқтисодию  иҷтимоӣ  ва молиявии соҳибкорони хурду миёнаи соҳаи кишоварзӣ ба  таври  назаррас паст фаровардани сатҳи фоизи маблаљҳои қарзӣ.

5. Таъмини рушди соҳибкории хурду миёна

Бо мақсади  рушди  минбаъдаи  соҳибкории хурду  миёна  ва бештар гардонидани ҳиссаи он дар истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ  ва  хизматрасонӣ ба аҳолии ҷумҳурӣ Тарафҳо татбиқи тадбирҳои зеринро зарур меҳисобанд:

– батадриҷ коҳиш додани дахолати бевосита ба фаъолияти  меҳнатию хоҷагидории  соҳибкорони  инфиродӣ  ва соҳибкорони дорои мақоми шахси ҳуқуқӣ;

– таҳия  ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ”;

– мусоидат   кардан   ба  густариши минбаъдаи  низоми  қарздиҳии имтиёзнок бо мақсади дастгирии соҳибкории хурду миёна ва худиштиљол;

– бо   ширкати  бевоситаи  коршиносони муассиса  ва  ташкилотҳои сохибкорону сармоягузорон таҳия ва  татбиқ намудани  нақшаи  ҳарсолаи беҳтар намудани муҳити соҳибкорӣ;

– таҳияи механизми ҳавасмандгардонии соҳибкорони  барои  таълими касбии  кормандон  маблаљҷудокунанда, таъсисдиҳандагони  ҷойҳои  кори қонунии сермаҳсул ва молистеҳсолкунанда;

– андешидани  чораҳои  зарурӣ  оид  ба дастгирии соҳибкории хурду миёна  дар  самти  ҳавасмандгардонӣ  ва   васеъ намудани   фаъолияти ташкилотҳои маблаљгузории хурд.

– собитқадамона   ва   мақсаднок   татбиқ намудани    механизми самарабахши суљуртақунии соҳибкории хурду миёна.

II. Рушди бозори меҳнат, мусоидат ба шуљли аҳолӣ ва ҳифзи

ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ

6. Танзими бозори меҳнат ва мусоидат ба рушди шуљли арзанда

Тарафҳо зарур  мешуморанд,  ки  ҷиҳати танзими  бозори меҳнат ва таъмини шаҳрвандон бо шуљли арзанда татбиқи чорабиниҳои зайл  мувофиқи мақсад мебошад:

– доир намудани мониторинги  бозори  меҳнати умумиҷумҳуриявӣ  бо мақсади  муайян намудани талаботи воқеии соҳаҳои иқтисод ва минтақаҳои ҷумҳурӣ ба қувваи корӣ;

– таъмини  иҷрои  муқаррароти  Стратегияи давлатии  рушди бозори меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020;

– баланд  бардоштани  сатҳи  шуљлнокии  аҳолӣ дар заминаи мавриди истифода қарор додани захираҳо,  иқтидорҳои мавҷудаи дохилӣ  ва  рушди соҳаҳои хизматрасонии сайёҳӣ, иттилоотӣ ва технологӣ;

– татбиқи механизми баҳодиҳӣ ба барномаҳои миллӣ,  минтақавӣ  ва соҳавӣ бо дарназардошти таъсири бевоситаи онҳо ба вазъи шуљли аҳолӣ;

– мавриди баҳрабардорӣ қарор  додани  шабакаи васеи  муассисаҳои таълими  калонсолон  ҷиҳати ба талаботи бозори меҳнати умумиҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ мутобиқ гардонидани шахсони корҷў;

– тибқи  талаботи  бозори меҳнати умумиҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ ба роҳ мондани  низоми  касбомўзӣ,  бозомўзии калонсолон  ва  муҳоҷирони меҳнатӣ;

– таъмини ҳарчи бештари захираҳои меҳнатӣ бо шуљли  арзанда  дар тамоми бахшҳои иқтисодиёт;

– ташаккул додан ва татбиқ намудани асосҳои қонунгузории бо  шуљл фаро гирифтани шаҳрвандони бекор, ки дар бозори меҳнат имкони рақобати баробарро надоранд ва аз ҷониби давлат  ба  онҳо кафолатҳои  иловагии шуљл дода шудаанд;

– таҳия ва татбиқи механизми таъсисдиҳӣ, бақайдгирӣ, ихтисоркунии ҷойҳои   корӣ   ва  муайян  намудани  тартиби ҳисоботдиҳӣ  дар  бораи масъалаҳои номбурда ба мақомоти омор;

– вусъат   бахшидан  ба  рушди  тамоми намудҳои  корҳои  хонагии кормандоне (хонакороне),  ки дар  назди  шахсони алоҳидаи  воқеӣ  кор мекунанд;

– танзими муносибатҳои меҳнатии байни муассисаҳои таҳсилоти  олӣ, миёнаи  касбӣ  ва  хатмкунандагон дар самти бо ҷои кор таъмин намудани онҳо;

– таъмини  пардохти саривақтӣ ва пурраи кўмакпулӣ ба шаҳрвандоне, ки ҳамчун шахсони бекор дар мақомоти Агентии давлатии  ҳифзи  иҷтимоӣ, шуљли аҳолӣ ва муҳоҷират ба қайд гирифта шудаанд.

7. Таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ

Ҷиҳати таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, Тарафҳо татбиқи чорабиниҳои зайлро ба миён мегузоранд:

– ташаккул додани асосҳои қонунгузории ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, бо суљуртаи иҷтимоӣ фаро гирифтани муҳоҷирони меҳнатӣ ва дар ин замина ба роҳ мондани таъминоти нафақа ва дигар кўмакпулиҳои иҷтимоии онҳо;

– таъмини фаъолияти самарабахши намояндагии Хадамоти  муҳоҷирати назди   Ҳукумати   Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар кишварҳои  қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– гузаронидани   мониторинги   иҷрои муқаррароти   созишномаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ,  ки ба масъалаҳои танзими  фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ марбут мебошанд.

III. Музди меҳнат, даромадҳо ва сатҳи зиндагии аҳолӣ

8. Таъмини афзоиши музди меҳнат ва даромадҳои аҳолӣ

Бо мақсади ба манбаи асосии даромадҳои воқеии кормандони  соҳаҳои гуногуни  иқтисодиёт  табдил  ёфтани музди меҳнат, Тарафҳо андешидани тадбирҳои зайлро зарур мешуморанд:

– то  ба 15 фоиз расонидани ҳиссаи андозаи музди меҳнат дар ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти дохилӣ;

– ҳамасола  аз рўи имкониятҳои воқеию молиявӣ зиёд намудани музди меҳнат, нафақапулиҳо ва кўмакпулиҳо;

– таъмини  иҷрои  муқаррароти моддаи 108 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати аз тарафи корфармоён на камтар аз  як  маротиба  дар ҳар ниммоҳа пардохт гардидани музди меҳнат ба кормандон;

– таҳия ва тасдиқи услуби ҳисобкунии андозаи ҳадди  ақали  музди меҳнат бо дарназардошти талаботи ҳадди ақали ҳар як аъзои оила;

– гузаронидани  мониторинги  татбиқи “Дастуруламал   дар   бораи пардохти  музди  меҳнати  иловагӣ  ба  кормандон дар  мавриди бо айби корфармо ба таъхир  афтодани  пардохти  музди меҳнат”  дар  ташкилоту муассисаҳои ҷумҳурӣ;

– таҳия ва қабул намудани низомнома (тавсиянома)  оид  ба  ҳисоб намудани музди меҳнат,  мукофотпулиҳо, иловапулиҳо ва пардохтҳо барои кормандони хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ).

9. Тадриҷан баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии аҳолӣ

Тарафҳо ҷиҳати тадриҷан баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии аҳолӣ амалӣ намудани иқдоми зайлро ба миён мегузоранд:

– таҳия лоиҳаи  Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон “Дар  бораи  сабади истеъмолӣ” ва қабул намудани он;

– таҳия ва пешниҳоди усулҳои муайян намудани сатҳи  ҳадди  ақали зиндагӣ дар ҷумҳурӣ;

– бо дарназардошти вазъи воқеии иқтисодии ҷумҳурӣ давра ба  давра наздик  кардани  ҳадди  ақали  кафолатҳои иҷтимоию меҳнатӣ ба андозаи ҳадди ақали зиндагӣ;

– аз  байн  бурдани  маблаљҳои қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат, таъмини пардохти пурра  ва  саривақтии кўмакпулиҳо,  ҷубронпулиҳо  ва дигар пардохтҳои бо онҳо баробар;

– бо дарназардошти таљйирёбии арзиши истифодабарии нерўи барқ  ва гази   табиӣ   такмил  додани  низоми  пардохтҳои унвонӣ  ва  андозаи ҷубронпулиҳо.

IV. Тақвияти суљуртаи иҷтимоии шаҳрвандон

ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

10. Бо суљуртаи иҷтимоӣ фаро гирифтани шаҳрвандон

Тарафҳо тибқи  талаботи қонунгузории соҳаи суљуртаи иҷтимоӣ амалӣ намудани тадбирҳои зайлро ҳатмӣ мешуморанд:

– татбиқи  механизми  алоқамандии  қатъии байни пардохти саҳмҳои суљуртавӣ ва маблаљҳои аз ҳисоби суљуртаи иҷтимоӣ пардохтшаванда;

– такмили   низоми   баҳисобгирии  инфиродии пардохтҳои  саҳмҳои суљуртавӣ;

– мавриди омўзиш ва таҳлил қарор додани масъалаи азнавтақсимкунии маблаљҳои пардохтҳои саҳми суљуртаи иҷтимоӣ байни корманд ва  корфармо ва ворид намудани таљйирот ба қонунгузории соҳа;

– таъмини пардохти иловапулӣ  ба  шаҳрвандони собиқаи  суљуртавӣ надошта (модарон барои нигоҳубини кўдак ва љайра);

– ҷорӣ намудани меъёрҳои тафриқавии  пардохти саҳмҳои  суљуртавӣ барои шаклҳои гуногуни шуљл;

– татбиқи механизми индексатсияи маблаљҳои пасандози суљуртавӣ;

– ташаккул додани низоми замонавии иттилоонии шаҳрвандоне,  ки бо суљуртаи иҷтимоӣ фаро гирифта шудаанд;

– ба  роҳ  мондани  худмаблаљгузории  низоми суљуртаи иҷтимоӣ дар заминаи  таъсис  додани  буҷетҳои  алоҳидаи махсус   барои   намудҳои ҷудогонаи суљуртаи иҷтимоӣ.

11. Тақвияти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Ҷиҳати дастгирӣ  ва  таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,  Тарафҳо амалӣ намудани иқдоми зеринро ба мақсад мувофиқ мешуморанд:

– муқаррар  намудани  имтиёзот  ба бошандагони  хонаҳои кўдакон, муассисаҳои статсионарии  маъюбон  ва  ятимон  дар мавриди  қабул  ба мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус;

– таъмини ширкати муштарак ва бевоситаи намояндагони  Федератсияи иттифоқҳои  касабаи  мустақили Тоҷикистон,  дигар мақомоти намояндагии кормандон,  Иттиҳодияи корфармоёни  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идораи маблаљҳои суљуртаи иҷтимоӣ;

– бо маблаљҳои  зарурӣ  таъмин  намудани Федератсияи  иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҷиҳати ҳаллу фасли масъалаҳои зерин:

1. Ҳифз кардан ва дар  ҳолати  хуби истифодабарӣ  нигоҳ  доштани муассисаҳои фарољатию табобатӣ;

2. Татбиқи чорабиниҳо оид ба беҳдошти вазъи саломатии  кормандон, пешгирӣ аз бемориҳои касбӣ ва ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот;

3. Мусоидат ба шуљли арзандаи аҳолӣ;

4. Пардохти ҷубронпулиҳо бар ивази роҳхатҳои истифоданашуда барои табобати санаторию курортӣ ба маъюбони Ҷанги Бузурги  Ватании  солҳои 1941-1945 ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда.

Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон  барои  иҷрои вазифаҳои зайл масъул мебошад:

– сари  вақт  омода  намудани  муассисаҳои санаторию   курортӣ, истироҳатӣ  ва лагерҳои табобатӣ барои қабули ниёзмандон,  аъзои оилаи онҳо ва кўдакону наврасон ва дар сатҳи қобили қабул  ташкил  намудани истироҳату табобати ниёзмандон;

– дар осоишгоҳҳою фарољатгоҳҳои  тобеи иттифоқҳои  касаба  барои маъюбону  иштирокчиёни  Ҷанги  Бузурги  Ватании солҳои  1941-1945  ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда ҷудо кардани ҳуҷраҳои махсус;

– барои  кўдакон ва наврасони ятиму ниёзманд ҷиҳати истироҳат дар лагерҳои  табобатии  беруназшаҳрӣ  бо  теъдоди муайян  ҷудо   кардани роҳхатҳои ройгон ва имтиёзнок;

– ташкил намудани чорабиниҳои оммавии варзишӣ;

– якҷоя  бо созмонҳои ҳамузв таҳти назорати ҷамъиятӣ қарор додани риояи мўҳлати пардохти музди меҳнат, рухсатиҳо ва кўмакпулиҳои иҷтимоӣ ва  талофии  ҷуброн  барои  зарари дар истеҳсолот ба саломатии корманд расонидашуда ва шароити вазнини кор.

V. Таъмини бехатарии меҳнат ва амнияти экологӣ

12. Таъмини бехатарии меҳнат

Бо мақсади  таъмин  намудани  бехатарии меҳнат,  Тарафҳо   амалӣ кардани чорабиниҳои зеринро зарур мешуморанд:

– таҳия ва татбиқи Барномаи  миллии  ҳифзи меҳнат  барои  солҳои 2012-2016 бо дарназардошти меъёрҳои Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат оид ба ҳифз ва бехатарии меҳнат;

– доир намудани мониторинги шароити меҳнати кормандон ва ҷавобгўи талаботи беҳдоштию вогирӣ гардонидани он;

– таъмини  аҳолӣ  бо  оби  нўшокии  босифат дар  заминаи таъмири шабакаҳои обу корези шаҳру ноҳияҳо;

– таъмини  назорати  сифати  маводи озуқаворӣ,  маҳсулоти мавриди ниёзи мардум ва маводи воридотӣ;

– таъсис  додани шабакаҳои васеи муассисаҳои тандурустӣ дар назди корхонаву муассисаҳо (бунгоҳҳои тиббӣ,  ҳуҷраҳои тиббию  санитарӣ  ва шифохонаҳо);

– таҳия ва тасдиқи Номгўи истеҳсолот, кору ихтисосҳо ва вазифаҳои шароити  корашон  вазнину  зарарнок  ё хатарнок, ки истифодаи меҳнати занон дар онҳо манъ аст;

– татбиқи  муқаррароти  Барномаи  Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат (ТБМ) дар бораи барҳам додани шаклҳои вазнини меҳнати кўдакон;

– тартиб  додани  номгўи  соҳаҳои  иқтисоди миллӣ,  истеҳсолот ва намудҳои алоҳидаи кор,  ки дар онҳо меҳнати  занон дар  вақти  шабона иҷозат дода мешавад:

– таҳия  ва  тасдиқи  Қоидаҳои  тартиби тафтиш  ва  баҳисобгирии ҳодисаҳои фалокатбор дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ.

Федератсияи иттифоқҳои   касабаи    мустақили Тоҷикистон    ва ташкилотҳои  аъзои  он  бо  мақсади  ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатии кормандон корҳои зеринро анҷом медиҳад:

– боздоштани   корҳо  дар  ҳолатҳои  таҳдид ба  ҳаёту  саломатии кормандон;

– гузаронидани тафтиши шароит ва ҳифзи меҳнат,  иҷрои ўҳдадориҳои корфармоён оид ба ҳифзи меҳнат,  ки тибқи шартномаҳои  коллективӣ  ва созишномаҳо пешбинӣ шудаанд;

– муроҷиат  намудан  ба  мақомоти  дахлдор барои  ба   ҷавобгарӣ кашидани  шахсоне,  ки дар вайронкунии талаботи ҳифзи меҳнат айбдоранд ва ҳодисаҳои нохуши истеҳсолиро пинҳон медоранд;

– такмил  додани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) ва бемории пайдошудаи норасоии масуният (БПНМ) дар соҳаи меҳнат;

– андешидани тадбирҳо ҷиҳати дар амал татбиқ намудани  стратегияи сетарафаи  шарикии  иҷтимоии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон оид  ба масъалаҳои “Пешгирии БПНМ дар дар соҳаи меҳнат”;

– андешидани  чораҳои  зарурӣ  ҷиҳати  дохил намудани масъалаҳои пешгирӣ ва муҳофизат аз  ВНМО  ва  БПНМ  дар созишномаҳои  минтақавӣ, соҳавӣ ва шартномаҳои коллективӣ.

Тарафҳо Конвенсияҳои зерини Ташкилоти байналмилалии  меҳнатро  бо мақсади муайян намудани зарурати тасдиқи онҳо мавриди омўзиш ва таҳлил карор медиҳанд:

1. Конвенсияи  №  26  “Дар  бораи тартиби муқаррар намудани ҳадди ақали музди меҳнат”.

2. Конвенсияи  №  117  “Дар  бораи  мақсад ва  меъёрҳои  сиёсати иҷтимоӣ”;

3. Конвенсияи  №  131  “Дар бораи муқаррар намудани музди меҳнати ҳадди ақал бо дарназардошти хусусиятҳои давлатхри дар ҳоли рушд”;

4. Конвенсияи № 132 “Дар бораи рухсатиҳои пардохтшаванда”;

5. Конвенсияи  №  135  “Дар  бораи  ҳифзи ҳуқуқи   намояндагони меҳнаткашон дар корхонаҳо ва имкониятҳои ба онҳо пешниҳодшаванда”;

6. Конвенсияи  №  154  “Дар  бораи  мусоидат ба   гуфтушунидҳои коллективӣ”;

7. Конвенсияи № 155 “Дар бораи бехатарӣ ва гигиенаи  меҳнат  дар муҳити истеҳсолот”;

8. Конвенсияи № 168 “Дар бораи мусоидат ба шуљли аҳолӣ ва ҳифз аз бекорӣ”;

9. Конвенсияи № 173  “Дар  бораи  ҳифзи ҳуқуқи  меҳнаткашон  дар мавриди нотавонии соҳибкор”;

10. Конвенсияи № 183 “Дар бораи аз нав дида баромадани  Конвенсия “Дар бораи ҳифзи модар”.

13. Таъмини бехатарии экологӣ

Ҷиҳати таъмини   амнияти  экологӣ  Тарафҳо андешидани  тадбирҳои зеринро зарур медонанд:

– мавриди  истифода  қарор  додани  фақат ҳамон  иншооти  нав  ё таҷдидшуда,  ки онҳо бо  воситаҳои пешгирикунандаи  ифлосшавии  фазо, муҳит ва об муҷаҳҳаз гардида бошанд;

– мутобиқи  меъёрҳои  муқарраргардида истифода  бурдани  нуриҳои минералӣ ва воситаҳои химиявӣ;

– таъмини фаъолияти мунтазами лабораторияҳои ташхис  ва  назорати сифати об;

– андешидани  тадбирҳо  ҷиҳати   тозаву озода   нигоҳ   доштани партовгоҳҳо ва роҳ надодан ба партови обҳои ҷории ифлос ба иншооти обӣ ва муҳит.

14. Тадбирҳои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили

Тоҷикистон ҷиҳати назорати ҷамъиятии риояи қоидаҳои бехатарӣ

– ширкат  дар  таҳияи  лоиҳаҳои  санадҳои меъёрии  ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва иҷтимоию иқтисодии кормандон;

– баланд   бардоштани   нақши   мақомоти ваколатдори  ҷамъиятии бехатарии меҳнат ва такмили фаъолияти онҳо;

– такмили   санадҳои   меъёрии   ҳуқуқии амалкунандаи   дохилии иттифоқҳои касаба оид ба назорати ҷамъиятӣ, риояи қонунгузории меҳнат, бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат;

– такмили тарзу  усулҳои  омўзиши  нозирони меҳнат  ва  фаъолони иттифоқҳои касаба.

– таъмини бехатарии ҷойҳои корӣ;

– таъмини ҳифзи ҳуқуқи кормандони кироя;

VI. Рушди ҳамкориҳои иҷтимоӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти Тарафҳо

15. Ҳамкории шарикони иҷтимоӣ дар татбиқи Созишномаи мазкур

Тарафҳо зарур мешуморанд,  ки ҷиҳати татбиқи ҳамин Созишнома бояд тадбирҳои зерин амалӣ карда шаванд:

– иштироки  фаъолонаи  шарикони  иҷтимоӣ дар раванди таҳия ва дар мавриди  зарурат  ворид  намудани  пешниҳодот  оид ба  рушди  соҳаҳои иқтисодию  иҷтимоӣ  дар вақти бастани созишномаҳои байнидавлатӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоию меҳнатӣ.

– дар  ҳамкорӣ бо мақомоту ташкилотҳои дахлдор андешидани чораҳои машаххас ҷиҳати воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо;

– идома додани ҳамкории  самарабахш  бо Ташкилоти  Байналмилалии Меҳнат (ТБМ);

– мусоидат ба  рушди  шарикии  иҷтимоӣ, фаъол  гардонидани  кори комиссияҳои  сетарафаи  танзими муносибатҳои иҷтимою меҳнатӣ тавассути ширкат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоии минтақаҳо;

– ташвиқу   тарљиб   намудани   таҷрибаи пешқадами  комиссияҳои сетарафаи  танзими  муносибатҳои  меҳнатию иҷтимоӣ  дар  байни  дигар соҳаҳо,   минтақаҳо  ва  мақомоти  иҷроияи ҳокимияти  давлатии  шаҳру ноҳияҳо;

– ҷиҳати  баррасӣ ва тарҳрезии мавқеи муштарак аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти  намояндагии кормандон,  иттиҳодияҳои корфармоён  ва  комиссияи  сетарафа  манзур кардани лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбути муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ.

16. Тавсияҳои Тарафҳо оид ба иҷрои Созишномаи мазкур

Тарафҳо ба мақомот ва воҳидҳои сохтории худ тавсия  медиҳанд,  ки дар  мавриди  бастани  созишнома  ва  шартномаҳои коллективӣ  ба онҳо масъалаҳои зеринро ворид намоянд:

– назорати пардохти саривақтӣ ва пурраи музди меҳнати кормандон;

– ба танзим  даровардани  раванди  иҷтимоиву иқтисодии  инкишофи соҳа,  шароити  меҳнат,  бехатарии  меҳнат,  сатҳи шуљл ва кафолатҳои иҷтимоии кормандон;

– мусоидат барои бо кор таъмин намудан ё бозомўзии кормандоне, ки аз кор озод карда мешаванд;

– роҳ  надодан  ба афзоиши ҳолатҳои аз кор озод кардани кормандон аз ҳисоби мардҳо ва занҳои танҳое,  ки  кўдакони ноболиљ  доранд  (ба истинои   вайронкунандагони   интизоми   меҳнатию истеҳсолӣ)  ҳангоми ихтисори шумораи кормандон ё воҳидҳои корӣ;

– ба  ҷавобгарӣ  кашидани шахсони мансабдор ва дигар шахсоне,  ки иҷрои талаботи созишномавиро таъмин накардаанд;

– назорат   ва  бақайдгирии  созишномаҳои соҳавӣ,  минтақавӣ  ва шартномаҳои  коллективӣ  дар  мақомоти  аз  ҷониби Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдоршуда.

VI. Муқаррароти хотимавӣ

17. Дар  мавриди  аз  ҷониби  яке  аз тарафҳо  иҷро  нагардидани муқаррароти шартномавӣ,  тарафи  дигар  ҳуқуқ дорад,  ҷиҳати  татбиқи ўҳдадориҳои  қабулшуда  даъват кардани ҷаласаи љайринавбатии комиссияи сетарафаро талаб намояд.

18. Созишномаи  мазкур  ҳамчун  асос  барои бастани созишномаҳои соҳавӣ, минтақавӣ ва шартномаҳои коллективӣ хизмат менамояд.

19. Созишномаи  мазкур  аз рўзи ба имзо расидан аз ҷониби Тарафҳо эътибор пайдо намуда, то имзои Созишномаи нав амал мекунад. Дар давраи амали ҳамин Созишнома бо мувофиқаи тарафҳо ба он таљйиру иловаҳо дохил карда мешаванд.  Таљйироту иловаҳои воридгардида қисми  ҷудонашавандаи Созишнома ба шумор мераванд.

20. Дар мўҳлати як моҳи баъди ба имзо расидани Созишнома  Тарафҳо Нақшаи  чорабиниҳо  оид  ба  иҷрои ўҳдадориҳои қабулгардидаро таҳия ва барои тасдиқ ба Комиссияи сетарафа пешниҳод менамоянд.

21. Дар  давоми  мўҳлати  амали  ҳамин Созишнома  Тарафҳо тамоми тадбирҳои аз онҳо вобастабударо ҷиҳати иҷрои ўҳдадориҳои  қабулгардида меандешанд.

22. Ҷаласаҳои Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои  иҷтимоию меҳнатӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи телевизион ва воситаҳои ахбори омма инъикос карда шаванд.

Бо супориши Тарафҳо Созишномаро имзо намуданд:

Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқилов О.Љ.

Аз ҷониби Федератсияи иттифоқҳои касабаи

мустақили Тоҷикистон:

Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи

мустақили Тоҷикистон М. Солеҳов

Аз ҷониби Иттиҳодияи корфармоёни

Ҷумҳурии Тоҷикистон:

Раиси Иттиҳодияи корфармоёни

Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Шарипов