Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                                                аз « 5 » июли соли   2014,

№ 462, тасдиқ шудааст.

           Тартиби

     гузаронидани тафтиш ва баҳисобгирии ҳодисаҳои

нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ

                                             1.Муқаррароти умумӣ

 

  1Тартиби мазкур дар асоси моддаи 6 ва 18  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи ҳифзи меҳнат” таҳия гардида, тартиби ягонаи тафтиш ва бақайдгирии ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбиро дар корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо новобаста  ба  шакли моликият ва инчунин соҳибкорони инфиродӣ, бе ташкили шахси ҳуқуқӣ, ки меҳнати кирояро истифода мебаранд, муқаррар менамояд.

2. Мутобиқи Тартиби мазкур ҳама гуна ҳодисаҳои нохуш ва бемориҳои касбӣ, ки бо кормандон  ва дигар шахсоне, ки аз ҳодисаҳои нохуш бо суғуртаи ҳатмӣ фаро гирифта шудаанд (минбаъд – кормандон), ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ ва корҳое, ки бо супориши ташкилот, соҳибкори инфиродӣ, шахси воқеӣ ё хонакор рух медиҳанд, бояд тафтиш карда шуда,  ба ҳисоб гирифта шаванд.

3. Ба инҳо дохил  мешаванд:

– шаҳрвандоне, ки корҳоро дар асоси шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ  иҷро  менамоянд;

– шаҳрвандоне, ки корҳоро дар асоси шартномаи шаҳрвандию ҳуқуқӣ иҷро  менамоянд;

–  хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии  касбӣ;

–  шахсони аз озодӣ маҳрумшуда, ки аз ҷониби мақомоти дахлдор ба кор ҷалб карда мешаванд;

–  шахсоне дигаре, ки дар фаъолияти истеҳсолии корхона ва соҳибкорони инфиродӣ  ва  хонакорӣ  иштирок менамоянд.

4. Корҳое, ки ҳамчун ҳодисаи нохуш ва бемориҳои касбӣ дар истеҳсолот тафтиш карда, ба ҳисоб гирифта мешаванд: ҷароҳатбардорӣ, аз ҷумла аз ҷониби шахси дигар ҷароҳати ҷисмонӣ расонидан, заҳролудшавии шадид, таъсири гармӣ, сӯхтан, сармозанӣ, ғарқшавӣ, задани ҷараёни барқ, раъдубарқзанӣ, шуобардорӣ, газидани ҳашарот, захмбардорӣ аз ҳайвонот, захмбардорӣ ҳангоми таркиш, садамаҳо, вайроншавии биноҳо, иншоот, конструксия ва таҷҳизот, ҳолатҳои фавқулодда ва дигар ҳолатҳои ғайричашмдошт, ки боиси зарурияти ба кори дигар гузаронидани корманд, муваққатан ё ба таври доимӣ гум кардани қобилияти корӣ ё фавт гардидаанд, агар онҳо дар ҳолатҳои зерин рух дода  бошанд:

-дар давоми рӯзи корӣ дар ҳудуди корхона ё берун аз он (бо назардошти вақти танаффусҳои муқарраршуда), ҳамчунин вақти зарурии ба тартиб даровардани олоти истеҳсолӣ, сарулибос ва ғайра пеш аз оғоз ё қатъ кардани кор, иҷрои корҳои иловагӣ дар вақти ғайрикорӣ, рӯзҳои ид ва истироҳат;

– ҳангоми ба ҷойи кор ҳозир шудан ва ё аз кор баргаштан бо нақлиёти корфармо, ё ин ки нақлиёти шахсӣ, ки бо корфармо ҷиҳати дар истеҳсолот истифодабарии он шартнома баста шудааст ё амр бароварда шудааст;

–  ҳангоми ба сафари хизматӣ рафтан ё баргаштан аз он;

ҳангоми ҳаракат дар нақлиёт ба сифати коргари сменавӣ, дар вақти истироҳати байнисменагӣ (ронандаи сменавӣ дар нақлиёти автомобилӣ, роҳбалад ё тармимгари вагонҳои яхдон дар қатораҳо ва ғайра);

– ҳангоми бо тартиби муқарраргардида сафарбар намудани корманд ҷиҳати иштирок дар бартарафсозии оқибатҳои фалокатҳо, садамаҳо ва дигар ҳолатҳои фавқулоддаи табии  хусусиятҳои техногенидошта;

– ҳангоми амалисозии корҳое, ки  ба уҳдадории корманд дохил намебошанд, вале ба манфиати корфармо алоқаманд буда, ба  пешгирии садама, ҳодисаи  нохуш ва бемории  касбӣ равона  карда шудаанд.

5. Ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот ҳолате ҳисобида мешавад, ки агар бо корманд рух дода бошад ва ӯ бояд бо суғуртаи ҳатмӣ аз ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот фаро гирифта шуда бошад, (минбаъд- суғурташуда).

2. Тадбирҳои аввалиндараҷае, ки вобаста ба ҳодисаи

нохуш ва бемории касбӣ дар истеҳсолот татбиқ  карда мешаванд

  6. Ҷабрдида ё шоҳиди  ҳодисаи нохуш оид ба ҳар як ҳодисаи нохуши  дар истеҳсолот рухдода ба роҳбари бевоситаи кор хабар медиҳад, ки ӯ дар навбати худ вазифадор аст:

– фавран ба ҷабрдида расонидани  ёрии аввалия дода ва ҳангоми зарурат  ба муассисаи табобатӣ расонидани ӯро ташкил намояд;

–  ба корфармо ё шахси ваколатдори ӯ дар бораи рух додани ҳодисаи нохуш  хабар диҳад;

– ҷиҳати пешгирии паҳншавии ҳолати садамавӣ аз таъсири моддаҳои зарарнок ва омилҳои хатарноки  истеҳсолӣ ба дигар шахсон чораҳои зарурӣ андешад;

– то саршавии тафтиши ҳодисаи нохуш ҳолати аслии лаҳзаи сар задани ҳодисаи нохушро (агар он ба саломатӣ ва ҳаёти шахсони  дигар таҳдид накунад ва боиси садама  нагардад)  нигоҳ дорад.

7. Дар мавриди ғайриимкон будани нигоҳдории ҳолати аслӣ, ҳодисаи рӯхдодаро ба қайд гирад ( нақшакашӣ  ва ғайра) .

8. Агар бо шахси суғурташуда ҳодисаи нохуш ва бемории касбӣ дар истеҳсолот рух диҳад, корфармо уҳдадор аст, ки дар давоми як шабонарӯз ба мақоми суғуртаи давлатие, ки ӯ ҳамчун суғурташуда дар он ҷо ба қайд гирифта шудааст, хабар диҳад.

   9. Ҳангоми рух додани ҳодисаи нохуш ё бемории касбӣ дар истеҳсолот бо якчанд нафар ( 2 ё зиёда аз он), ҳодисаи нохуши вазнин дар истеҳсолот, ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот бо талафоти ҷонӣ (тибқи нақшаи муайянсозии вазнинии ҳодисаи нохуш, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст), корфармо ё шахси ваколатдори ӯ уҳдадор аст, ки дар давоми як шабонарӯз тибқи шакле, ки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, мақомоти зеринро хабардор намояд:

а) дар бораи ҳодисаи нохуше, ки дар  корхона  рух  додааст:

– ба мақомоти маҳаллии Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли  аҳолӣ;

– ба мақомоти прокуратураи маҳалле, ки ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот  рух додааст;

–  ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдоре, ки дар ҳудуди  он ҳодисаи нохуш  рух  додааст;

–  ба ташкилоте, ки бо корманди  худро сафарбар намудааст ва бо  ӯ ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот рух додааст:

–  ба иттифоқи касабаи  соҳавӣ:

– ба мақомоти дахлдори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар соҳаи саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии  назорат дар соҳаи энергетикаи Вазорти энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатии  фаъолияти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳодисаи нохуши истеҳсолӣ дар ташкилоти таҳти назорати  ин мақом рух додаст;

  б) дар бораи ҳодисаи нохуши дар истеҳсолоти соҳибкорони инфиродӣ рух додааст:

   – ба Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

–  ба мақомоти  прокуратураи  маҳаллие,  ки  соҳибкори  инфиродӣ дар  он маҳал  ба  қайди  давлатӣ  гирифта  шудааст;

–  ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии маҳалли ҷои ҳодиса;

–  ба мақомоти дахлдори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар соҳаи саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетикаи Вазоарти энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ваҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳодисаи нохуши истеҳсолӣ дар ташкилоти  таҳти  назорати  ӯ  қарордошта,  рух  додааст.

10. Доир ба ҳолатҳои заҳролудшавии шадид корфармо ё шахси ваколатдори ӯ ба мақоми маҳаллии Хадамоти назорати давлатии фаъолитяи  санитарию  эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар мерасонад.

11. Дар бораи ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот бо талафоти ҷонӣ корфармо ё шахси ваколатдори ӯ ба мақоми маҳаллии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

12. Агар ин гуна ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот дар ҳудуди мақомоти назоратие, ки дар ташкилоти таҳти назорати ӯ қарордошта рух дода бошад, хадамоти дахлдори назорати соҳавӣ  ба ташкилоти болоии худ хабар  медиҳад.

13. Корфармо ӯҳдадор аст, ки тафтиши саривақтӣ ва баҳисобгирии ҳодисаи нохуш ва бемории касбиро дар ҳолати ҷароҳати сабук бардоштан дар истеҳсолот таъмин  намояд.

14. Барои гузаронидани тафтиши ҳодисаи нохуши истеҳсолии дар корхона рухдода, корфармо фавран  дар ҳайати на камтар аз 3 нафар комиссия  таъсис медиҳад. Ба ҳайати комиссия мутахассиси соҳаи бехатарии меҳнат (ё шахси бо фармони корфармо ба ташкили кор ва бехатарии меҳнат масъулгардида), намояндагони корфармо, иттифоқи касаба ё дигар намояндаи ваколатдори кормандон (масалан, узви кумита ё комиссия оид ба ҳифзи меҳнат аз ҳисоби намояндагони ваколатдор оид ба ҳифзи  меҳнат) дохил карда мешаванд. Комиссияро корфармо ё шахси ваколатдори ӯ роҳбарӣ мекунад. Аъзоёни комиссия бо фармони корфармо тасдиқ карда мешаванд. Роҳбари қитъае, ки дар он ҷо ҳодисаи нохуши истеҳсолӣ рух додаст, ба ҳайати комиссия  дохил  карда  намешавад.

15. Дар тафтиши ҳодисаи нохуш дар истеҳсолоти соҳибкори инфиродӣ рухдода, худи соҳибкори инфиродӣ ё намояндаи ӯ, шахси бовариноки ҷабрдида ва мутахассиси соҳаи ҳифзи меҳнат дар асоси шартнома ҷалбшаванда  иштирок менамоянд.

16. Тафтиши ҳодисаи нохуши дар истеҳсолот бо шахси ба корхонаи дигар барои иҷрои корҳо фиристодашуда аз ҷониби комиссияи корхонае, ки дар он ҷо   ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот рух додааст, гузаронида мешавад. Ба ҳайати комиссия намояндаи ваколатдори ташкилот (соҳибкори инфиродӣ), ки ин шахсро фиристодааст, дохил карда мешавад. Сари вақт ҳозир нашудан ё иштирок накардани ин  намоянда дар тафтиши ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот барои тағйир додани мӯҳлати гузаронидани тафтиш асос шуда наметавонад.

17.  Тафтиши ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот бо корманди ташкилот, ки дар қитъаи ҷудокардаи ташкилоти дигар ҳангоми иҷрои кор рух додааст, аз ҷониби ташкилоти  иҷрокунандаи  кор  ба  ҳисоб  гирифта  мешавад.

18.   Ҳодисаи нохуш , ки дар  истеҳсолот бо корманд ҳангоми иҷрои кор аз рӯи шартҳои дуҷоякорӣ, рӯй додааст дар ҷойи рухдодаи ҳодисаи нохуш тафтиш ва баҳисоб   гирифта мешавад.

19.    Ҳар як корманд барои шахсан иштирок намудан дар гузаронидани тафтиши ҳодисаи нохуш ва бемории касбӣ, ки дар истеҳсолот бо ӯ рух додаст,  ҳуқуқ дорад.

20. Барои тафтиши ҳодисаи нохуш ва бемории касбӣ дар истеҳсолот бо якчанд нафар (2 ё зиёда аз он), ҳодисаи нохуши истеҳсолии вазнин ва ҳодисаи нохуш дар  истеҳсолот   бо талафоти ҷонӣ:

– ба ҳайати комиссия, ғайр аз шахсони дар банди 14  Тартиби мазкур зикргардида, ҳамчунин корманди Хадамоти назорат давлатӣ дар соҳаи меҳнат,муҳоҷират ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (дар мувофиқа), намояндаи иттифоқи касабаи соҳавӣ дохил  карда мешаванд. Корфармо комиссияро таъсис дода, ҳайати онро тасдиқ мекунад ва  ин комиссияро нозири давлатии ҳифзи меҳнат роҳбарӣ менамояд;

–  бо талаби ҷабрдида (ҳангоми фавти ҷабрдида – аъзои оилаи ӯ) дар тафтиши ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот метавонад шахси бовариноки ӯ иштирок намояд. Дар ҳолати иштирок накардани шахси боваринок дар тафтиш, корфармо ё раиси комиссия уҳдадор аст, ки бо талаби шахси боваринок ӯро бо маводи тафтишотии ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот шинос намояд;

–  ҳангоми заҳролудшавии шадид ё таъсири радиоактивии аз меъёр зиёд, ба ҳайати комиссия ҳамчунин намояндаи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ карда мешавад;

– агар ҳодисаи нохуш ва бемории касбӣ дар истеҳсолоти ташкилоти  таҳти  назорати Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар   саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетикаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон рух дода бошад, ҳайати комиссия бо фармоиши роҳбари Хадамот таъсис дода мешавад, намояндаи дахлдори Хадамот комиссияро роҳбарӣ  менамояд;

– ҳангоми ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот бо талафоти ҷонӣ, ки шумораи талафшудагон аз 5 нафар ва ё зиёда аз он бошанд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи махсус таъсис дода мешавад. Ба ҳайати комиссия намояндагони Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон шомил карда мешаванд. Раиси комиссия сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ё роҳбари вилоятии дахлдор) ва агар ин гуна ҳодисаи нохуши истеҳсолӣ дар ташкилоти зери назорати Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар соҳаи саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта, рух дода бошад, роҳбари ин идора (ё роҳбари вилоятии дахлдор) раиси  комиссия  ҳисобида  мешаванд.

3. Тартиби тафтиши ҳодисаҳои нохуш  дар истеҳсолот

 21. Тафтиши ҳолатҳо ва сабабҳои рух додани  ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот (ба истиснои ҳодисаи нохуши истеҳсолӣ бо якчанд нафар ( 2 ё зиёда аз он), ҳодисаи нохуши истеҳсолии вазнин, ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот бо талафоти ҷонӣ) ва сабабҳои рӯй додани он аз ҷониби комиссия дар муддати 3 рӯз гузаронида мешавад.

22.Тафтиши ҳодисаи нохуш дар  истеҳсолот бо якчанд нафар ( 2 ё зиёда аз он), ҳодисаи нохуши истеҳсолии вазнин, ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот бо талафоти ҷонӣ, аз ҷониби комиссия дар муддати 15 рӯз гузаронида мешавад.

23. Ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот, ки аз он корфармо сари вақт воқиф нашудааст ё натиҷаи корношоямии он дертар сар задааст, аз ҷониби комиссия тибқи аризаи ҷабрдида ё шахси бовариноки ӯ, дар давоми як моҳ аз рӯзи воридшавии чунин  ариза, тафтиш  карда  мешавад.

24. Дар ҳама ҳолатҳои тафтишот комиссия, шоҳидони ҳодисаи нохуши дар истеҳсолот рӯйдодаро пурсиш намуда, шахсонеро, ки ба вайронкунии талаботи меъёрии бехатарии меҳнат роҳ додаанд, муайян менамояд, аз корфармо маълумоти заруриро дархост ва аз рӯи имконият, аз ҷабрдида шарҳи сар задании  ҳодисаи  нохуши  истеҳсолиро  талаб  менамояд.

25.Ҳангоми тафтиши ҳодисаҳои нохуш дар корхона, бо талаби комиссия, корфармо  аз ҳисоби худ  хароҷоти зеринро таъмин  намояд:

– иҷрои ҳисобҳои техникӣ, гузаронидани тадқиқотҳои лабораторӣ, муоинаи  техникӣ ва дигар корҳои ташхисиро, ки ҷалби мутахассисони коршиносро талаб менамоянд;

– аксбардории ҷойи ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот ва иншооти зарардида, тартиб додани нақшаҳо, эскизҳо, кашидани тарҳи ҷойи ҳодисаи нохуш;

– таъмин намудан бо воситаҳои нақлиёт, утоқи корӣ, воситаҳои алоқа, либосҳои махсус, пойафзоли махсус ва дигар воситаҳои  ҳифзи инфиродӣ, ки  барои гузаронидани тафтиш  зарур мебошанд.

26. Ҳангоми гузаронидани тафтиши ҳодисаи нохуш дар истеҳсолоти соҳибкори инфиродӣ, корҳои хонакорӣ дар назди шахсони воқеӣ аз ҷониби  раиси комиссия  чорабиниҳои зарурӣ ва шартҳои гузаронидани тафтиш муайян  карда  мешавад.

    27. Аз рӯи натиҷаи гузаронидани тафтиши ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот бо як нафар, ҳодисаи нохуши истеҳсолии вазнин ( 2 ё зиёда аз он нафар), ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот бо талафоти ҷонӣ, комиссия ҳуҷҷатҳои зеринро омода месозад:

– фармоиш оид ба  таъсис додани комиссия барои гузаронидани тафтиши ҳодисаи нохуш   (мутобиқи бандҳои  14 ва  20  Тартиби мазкур);

– нақша, эскиз, тарҳ, агар зарур бошад акс ё  тасвири ҷойи ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот;

– ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи хусусияти ҷойҳои корӣ, омилҳои хатарнок ва зараррасони истеҳсолӣ;

– нусха аз китобҳои қайди гузариши дастурҳо  оид ба  техникаи бехатарӣ ва протоколҳои санҷиши дониши ҷабрдида (ҷабрдидагон) оид ба  бехатарии меҳнат;

– протоколҳои пурсишҳои шоҳидони ҳодисаи нохуш, баёноти корфармо ва шахсони  масъул, шарҳу  тавзеҳоти  ҷабрдидагон;

– хулосаҳои экспертии мутахассисон, натиҷаҳои тадқиқотҳои лабораторӣ ва  санҷишҳои таҷрибавӣ;

– хулосаҳои экспертизаи мутахассисон, натиҷаҳои таҳқиқоти лабараторӣ ва санҷишҳои таҷрибавӣ ;

– хулосаи тиббӣ доир ба хусусият ва дараҷаи вазнини зарари ба саломатии ҷабрдида расонидашуда ё сабабгори фавти ӯ гардида , ҳамчунин маълумот дар бораи дар ҳолати мастӣ ё нашъамандӣ будани ҷабрдида;

– номгӯи моддаҳои зарарнок ва омилҳои хатарноки истеҳсолие, ки  кор  ба онҳо бо таъсири шароити зарарноки меҳнат алоқаманд аст;

– нусхаи ҳуҷҷатҳои, ки тибқи меъёрҳои муқарраргардида ба ҷабрдида   додани либосҳои махсус, пойафзоли махсус ва дигар воситаҳои ҳифзи фардӣ тасдиқ менамоянд;

– нусхаи дастури аз ҷониби нозири давлатии меҳнат ва шахси ваколатдори назорати давлатии техникӣ, ҳамчунин нозири меҳнати иттифоқи касаба, дар бораи бартараф намудани камбудиҳо ва риоя кардани талаботи меъёрҳои  бехатарии  меҳнат додашуда;

–  баёноти шоҳидони ҳодиса ва шахсони масъули корхона;

–  дигар ҳуҷҷатҳо  бо салоҳдиди комиссия.

28.Номгӯи ҳуҷҷатҳои аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ пешниҳодшавандаро комиссияе, ки тафтишро мегузаронад,  муайян месозад.

29.Комиссия  дар асоси маълумот ва маводи ҷамъоваришуда сабабу ҳолатҳои сар задани ходисаи нохушро дар истеҳсолот таҳлил карда, омилҳои зеринро  муайян месозад:

– ҳолат ва сабаби сар задани ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот ;

– алоқамандии ҳодисаи нохуши рухдода ба фаъолияти истеҳсолии корхона  ё  соҳибкори инфиродӣ;

– додани дастурҳо ва омӯзиши усулҳои бехатарии кор оид ба ҳифзи меҳнат;

– риояи қоидаю меъёрҳои ҳифзи меҳнат аз тарафи масъулини корхона ва соҳибкори инфиродӣ;

– дар ҳолати захмбардорӣ дараҷаи гунаҳгории корфармо, соҳибкори инфиродӣ ва ҷабрдида;

– омилҳои номусоиду зараровар дар истеҳсолот ва дастрасии хизматрасонии тиббию  санитарӣ ба кормандон.

30. Агар ҳангоми гузаронидани тафтиши ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот бо шахси суғурташуда, комиссия муайян созад, ки ҳодисаи нохуши истеҳсолӣ бо сабаби беэҳтиётии шахси  суғурташуда рух дода,  ба зиёдшавии зарари ба саломатии ӯ расонидашуда мусоидат карда бошад, дар ин маврид, бо назардошти хулосаи кумитаи иттифоқи касаба ё намояндаи мақомоти дигари ваколатдори давлати дараҷаи гунаҳкории шахси суғурташуда бо фоиз  муайян  карда  мешавад.

31. Аз рӯи натиҷаҳои тафтишоти ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот бо якчанд нафар (2 ё зиёда аз он), ҳодисаи нохуши истеҳсолии  вазнин ва ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот бо талафоти ҷонӣ, комиссия санади тафтишотӣ тартиб медиҳад, ки шакли он дар замимаи № 1  оварда шудааст.

32. Ҳодисаҳои зерин ҳангоми гузаронидани тафтиш, тартиб додани санади алоҳида, чун ҳодисаи нохуши новобаста ба истеҳсолот  арзёбӣ карда  мешаванд:

–  фавт бо сабаби бемории умумӣ ё худкушӣ, ки бо тартиби муқарраршуда аз ҷониби муассисаҳои тандурустӣ ва мақомоти тафтишотӣ расман тасдиқ карда шудаанд;

– зарари ба саломатӣ расонидашуда ё фавт, ки сабаби ягонаи он (мутобиқи хулосаи муассисаи тандурустӣ) мастӣ ё заҳролудшавии корманд аз нӯшокиҳои спиртӣ ва маводи  нашъаовар   мебошад;

– ҳодисаҳое, ки ба дигар амалҳои ғайриқонунии ҷабрдида (дуздидани амволи корфармо ва ғайра)  алоқаманд  мебошад.

33. Корфармо дар якҷоягӣ бо иттифоқи касаба ё намояндаи ваколатдори кормандон натиҷаи тафтиши ҳар як ҳодисаи нохушро  барои қабул намудани қарори дахлдор ҷиҳати роҳ надодан ва пешгирӣ намудани ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот дар ҷаласаҳо  баррасӣ  мекунанд.

34.  Тартиби тафтиши ҳодисаи нохуши истеҳсолӣ ва бемориҳои касбии марбут ба корхонаи дорои шароити зарарноки меҳнат ва омилхои истеҳсолӣ  мутобиқи муқаррароти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2010, № 702 «Дар бораи тасдиқ намудани Руйхати бемориҳои касбӣ ва Номгӯи моддаҳои зарарнок ва омилҳои истеҳсолие, ки иҷрои онҳо бо таъсири шароити зарарноки меҳнат алоқаманд аст, инчунин Номгӯи моддаҳои зарарнок ва омилҳои номусоиди истеҳсолӣ, ки ҳангоми кор бо онҳо муоинаҳои тиббии пешакӣ ва марҳилавии кормандон зарур мебошад» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдори марбут ба  соҳа аз рӯи салоҳият ва ваколат дар ҳамкорӣ бо Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, Комиссияи машваратию тиббӣ ва Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои касбӣ ва сохторҳои дигари дахлдор амалӣ карда мешаванд.

35. Масъалаҳои баҳсталаб ҳангоми муайян намудани бемориҳои касбии кормандоне, ки  аз моддаҳои зараровар  дар шароити номусоиди меҳнат  бемории касбӣ гирифтаанд, аз ҷониби мақоми салоҳиятдори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғл аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳал карда мешаванд.

36. Тафтиши ҳодисаи нохуши истеҳсолӣ, ки дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ рух додаст, аз ҷониби комиссияи таъсисдодаи корфармо бо риоя намудани муқаррароти банди 20 Тартиби мазкур ва шиносшавии истифодаи ҳатмии маводи тафтишотии мақомоти дахлдори давлатии назоратию тафтишотӣ, гузаронида мешавад.

4. Тартиби барасмиятдарории санади шакли Н-1 оид ба  ҳодисаи

нохуш дар истеҳсолот ва баҳисобгирии  ҳодисаҳои нохуш

   37.  Аз рӯи ҳар як ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот, ки боиси зарурати  тибқи хулосаи тиббӣ ба кори дигар гузаронидан корманд қобилияти кории корманд ба муддати на камтар аз як сол, аз даст додани корманд ё марги ӯ гашта аст, санад дар бораи ҳодисаи нохуши истеҳсолӣ аз рӯи шакли Н-1 (замимаи №1), дар 2 нусха, бо забони давлатӣ тартиб дода мешавад.

38.  Ҳангоми ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот бо якчанд нафар ( 2 ё зиёда аз он), санад аз рӯи шакли Н-1, (замимаи №2) ба ҳар як ҷабрдида алоҳида тартиб дода мешавад.

39. Агар ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот бо корманди дигар ташкилоти дигар  (соҳибкори инфиродӣ)  рух дода бошад, санад аз рӯи шакли Н-1 дар се нусха тартиб дода, ду нусхаи он бо маводи тафтишот  ба корфармое, ки ҷабрдида корманди ӯ мебошад, фиристода мешавад, нусхаи сеюми санад ва маводи тафтишотӣ дар корхонае, ки ҳодисаи нохуш рух додааст, нигоҳ дошта мешаванд.

40. Ҳангоми тафтиши бемориҳои шадид (заҳролудшавӣ) аз ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот санади дахлдор дар се нусха тибқи замимаи №4 Тартиби мазкур тартиб дода мешавад.

41. Ҳангоми рух додани ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот бо шахси суғурташуда  санад  аз  рӯи  шакли Н-1 дар  4  нусха  тартиб  дода  мешавад.

42.  Дар санади шакли Н-1 сабабҳо ва ҳолати воқеии ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот бо нишон додани шахсони гунаҳкор, ки талаботи бехатарии санитарию эпидемиологӣ, саноатӣ ва меҳнатиро риоя накардаанд, нишон дода мешавад. Дар ҳолати рух додани  ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот бо сабаби беэҳтиётии дағалонаи  шахси суғурташуда, ки  ба зиёдшавии зарари ба саломатии ӯ расонидашуда мусоидат менамояд, дар банди 8 шакли Н-1, дараҷаи гунаҳкории ӯ бо фоиз, ки аз ҷониби комиссия муайян карда  шудааст, нишон дода мешавад. Мазмуни санади шакли Н-1, бояд бо хулосаи комиссияе, ки  тафтишоти ҳодисаи нохушро  дар истеҳсолот гузаронидааст мутобиқат намояд.

43. Дар корхонаҳо ва корҳое, ки шаҳрвандон ба муносибатҳои меҳнатӣ дар назди шахсони ҳуқуқӣ ё воқеӣ фаро гирифта шудаанд, ҳам ба соҳибкори инфиродӣ ҳам ба хонакор санади шакли Н-1 аз ҷониби аъзои комиссия, корфармо ё  шахси ваколатдори ӯ имзо ва бо мӯҳр тасдиқ карда мешавад.

44.  Корфармо дар муддати 3 рӯз  баъди тасдиқ намудани санади шакли      Н-1 вазифадор аст, ки як нусхаи санадро ба ҷабрдида, дар ҳолати рӯй додани  ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот бо талафоти ҷонӣ ба хешовандон ё шахси бовариноки ӯ (мутобиқи дархост) диҳад, нусхаи дуюми санад якҷоя бо маводи тафтиши ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот дар ҷойи кори асосии (хизмат, таҳсил) ҷабрдида ба муддати 45 сол нигоҳ дошта мешавад. Дар ҳолатҳои суғуртавӣ, нусхаи сеюми санади шакли Н-1 якҷоя бо маводи тафтишотӣ ба  мақомоти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳалли бақайдгирии суғурташаванда фиристода мешавад.

45.   Дигар санадҳои алоҳидае, ки тибқи бандҳои 31 ва 33  Тартиби мазкур  ба расмият дароварда шудаанд, якҷоя  бо маводи тафтишотӣ   45 сол нигоҳ дошта мешаванд.

46. Санадҳои шакли Н-1 аз ҷониби корфармо дар дафтари бақайдгирии ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот, ки шакли онро Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, ба қайд гирифта мешаванд.

 47. Корфармо ҳар як ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот рух додаро, ки ба он санади шакли Н-1 тартиб дода шудааст, ба ҳисоботи давлатии оморӣ вобаста ба корношоямии муваққатӣ ва захмбардорӣ (7 кмз) дар истеҳсолот ворид карда, ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод  менамояд.

48. Санади тафтиши ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот бо якчанд нафар (2 ё зиёда аз он), ҳодисаи нохуши вазнини истеҳсолӣ, ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот бо талафоти ҷонӣ якҷоя бо ҳуҷҷатҳо ва маводҳои тафтишотии ҳодисаи нохуши дахлдор ва нусхаҳои санадҳои шакли Н-1 ба ҳар як ҷабрдидаро  раиси комиссия дар муддати 3-рӯз баъди тасдиқ шуданашон ба

прокуратура, ки аз ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот ба он хабар дода шудааст ва дар ҳолати ҳодисаи нохуши истеҳсолӣ бо шахси суғурташуда рух додан, ба мақоми  Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шахси суғурташуда барои таҳлили ҳолат ва сабабҳои ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот ва андешидани тадбирҳои пешгирикунандаи он  мефиристад.

49. Нусхаҳои ҳуҷҷатҳои дар боло зикргардида ҳамчунин ба мақоми дахлдори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғл аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷира ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва агар ин гуна ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот дар ташкилотҳои  таҳти  назорати Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетикаи Вазорати энергетика вазахираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта, рух дода бошад, бо назардошти салоҳият ва ваколатҳои ҷойдошта, ба мақомоти дахлдори хадамоти номбаршуда барои таҳлили ҳолат ва сабабҳои ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот ва андешидани тадбирҳои зарурии  пешгирикунанда  фиристода  мешаванд.

50. Нусхаҳои санадҳои тафтиши ҳодисаи нохуши истеҳсолӣ бо якчанд нафар ( 2 ё зиёда аз он), ҳодисаи нохуши истеҳсолии вазнин, ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот бо талафоти ҷонӣ якҷоя бо ҳуҷҷатҳо ва маводи тафтишотии ҳодисаи нохуши дахлдор ва нусхаҳои санадҳои шакли Н-1 ба ҳар як  ҷабрдида аз ҷониби раиси комиссия ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳлили ҳолат, сабабҳои рух додани ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот ва андешидани тадбирҳои пешгирикунандаи онҳо пешниҳод  карда  мешавад.

51. Нусхаҳои санадҳои шакли Н-1 дар бораи ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолоти  банди 13 Тартиби мазкур  зикргардида, ба мақомоти дахлдори маҳаллӣ (вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ) фиристонида мешаванд.

5. Муқаррароти хотимавӣ

  52.  Бо баитмомрасии корношоямии муваққатии ҷабрдида, корфармо вазифадор аст, ки ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба андешидани тадбирҳои пешгирикунандаи оқибатҳои ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ ва чорабиниҳои пешгирикунандаи онҳо аз рӯи шакли тасдиқнамудаи Вазорати зикршуда  маълумот  пешниҳод    намояд.

53.Дар бораи  ҳодисаҳои нохуш, ки  бо гузашти вақт ба гурӯҳи вазнин ё бо талафоти ҷонӣ шомил шудаанд, корфармо ба мақоми дахлдори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат,муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳолатҳои суғуртавӣ ба мақоми  Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикист, дар маҳалли бақайдгирии шахси суғурташуда, агар ин гуна ҳодисаи нохуши истеҳсолӣ дар ташкилотҳои зери назорати Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар соҳаи саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти давлатии  назорат дар соҳаи энергетикаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатии фаъолияти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарордошта рух дода бошад, ба мақоми ваколатдори   Хадамоти назоратии дахлдор хабар медиҳад.

54. Нозири Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ошкор намудани ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолоти пинҳонкардашуда, ворид гаштани аризаи ҷабрдида ё шахси ваколатдори ӯ, ё норозӣ будани  хешовандони корманди фавтида  бо хулосаи комиссияи тафтишотӣ  ва тафтиши бе иштироки ӯ гузаронидашуда ва дар ҳолати ба даст овардани маълумоти дар банди 29 Тартиби мазкур пешбинигардида, мустақилона ё бо ҷалби  нозири ҳифзи меҳнати иттифоқи касаба, а дар ҳолати зарурат  мақоми назорати давлатӣ, тафтиши такрории ҳодисаи нохуши истеҳсолиро новобаста аз гузашти мӯҳлати он  мегузаронад. Аз рӯи натиҷаи ин тафтишот нозири Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хулоса ва дастури иҷроишаш ҳатмӣ пешниҳод менамояд, ки шакли он дар   замимаи № 3  нишон дода шудааст.

55. Нозири  Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад аз корфармо аз нав тартиб додани санадҳои шакли Н-1 дар бораи ҳодисаи нохуш дар истеҳсолотро талаб намояд, агар ин санадҳо ба риоя намудани талабот ва маводи тафтишотӣ мувофиқат накунанд.

56. Ихтилофот оид ба масъалаҳои  тафтишот, тартибдиҳии ҳуҷҷатҳои ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот, ҳодисаи нохушро напазируфтани корфармо, саркашӣ кардан аз гузаронидани тафтиш ва тартиб додани санади шакли Н-1, норозигии ҷабрдида ё шахси ваколатдори ӯ бо мазмуни ин санад аз ҷониби Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё суд баррасӣ карда мешавад. Дар ин гуна ҳолат ариза аз рӯи масъалаи дар  боло зикрдодашуда барои аз ҷониби корфармо иҷро нагардидани қарори мақомоти давлатии назорати дар соҳаи меҳнат асос шуда наметавонад

 

                                                                                  Замима № 1

                                                                                     Шакли Н-1

                                                                 Тартиби гузаронидани   тафтиш

                                                                  ва ба хисобгирии ҳодисаҳои

                                                                     нохуш  дар истеҳсолот

                                                                              ва бемориҳои касбӣ

«Тасдиқ менамоям»

______________________________

( насаб, ном ва номи падари  корфармо , сардор)

«–» ________соли ____________

(имзо ва мӯҳр)

                                                                   

С А Н А Д И №____

дар бораи ҳодисаи нохуш дар  истеҳсолот

  1. Сана ва вақти ҳодисаи нохуш

_______________________________________________________________________

(рӯз,  моҳ, сол  ва вақти рух додани ҳодисаи нохуш,

______________________________________________________________________

миқдори пурраи соатҳо аз оғози кор)

  1. Номи ташкилоте,  ки дар он ҷо ҳодисаи нохуш  рух  додааст

________________________________________________________________________

( ном ва суроғаи  ташкилот, мансубият ба соҳа)

________________________________________________________________________

                              номи сех, соҳа, қитъа

 

  1. Комиссияе, ки тафтишот бурдааст

________________________________________________________________________

(насаб, ном, номи падар,  вазифа ва ҷойи кори аъзоёни комиссия)

  1. Ташкилоте, ки кормандро фиристодааст

_________________________________________________________________________

( ном ва суроғаи  ташкилот, мансубият ба соҳа)

  1. Маълумот дар бораи ҷабрдида

_________________________________________________________________________

( насаб, ном, номи падар,  вазифа ва ҷойи кор)

Ҷинс:

Мард, зан_________синну сол_________________ касб ________________________

вазифа__________________________________________________________________

 

Собиқаи корӣ , ҳангоми рӯй додани ҳодисаи нохуш

________________________________________________________________________

(миқдори солҳо ва моҳҳои пурраи корӣ)

6. Дастурдиҳӣ ва таълим оид ба риояи  ҳифзи  меҳнат

дастури шиносоӣ_______________________________________________________

(рӯз, моҳ, сол) 

Дастурдиҳӣ  дар ҷойи корӣ (аввалия, такрорӣ, мақсаднок)

аз рӯи касб ва намуди коре, ки ҳангоми иҷрои он ҳодисаи нохуш

рух додаст____________________________________________________________

(касб, рӯз, моҳ, сол)

Таълим оид ба    ҳифзи  меҳнат аз рӯи касб ё намуди коре, ки ҳангоми иҷрои

он ҳодисаи нохуш рух  додааст ________________________________________________

(рӯз, моҳ, сол)

Санҷиши  дониш аз рӯи касб ва намуди коре, ки ҳангоми иҷрои он ҳодисаи

нохуш  рӯх додааст_________________________________________________________

(рӯз, моҳ, сол)

7.  Тавсифи маҳалли  ҳодисаи нохуши  рухдода___________________________________ __________________________________________________________________________

Намуди ҳодисаи нохуш ________________________________________________ ___

Сабабҳои ҳодисаи нохуш __________________________________________________ _________________________________________________________________________

Дастгоҳе, ки истифодабарии он  боиси захмбардорӣ гардидааст _______________________________________________________________________

(номгӯй, тамға, намуд, соли барориш,  ташкилоти  истеҳсолкардаи он)

 

 Ҳолати ҷабрдида (мутобиқи хулосаи муассисаи тиббӣ)  масти (ё заҳролудшавӣ)  корманд аз нӯшокиҳои спиртӣ ва нашъа

__________________________________________________________________

(ҳа , не , дараҷаи мастӣ (заҳролудшавӣ) нишон дода мешавад)

Хулосаи тиббӣ  дар бораи зарари ба саломатии ҷабрдида расонидашуда __________________________________________________________________________________________________________________________________________________________

8.Шахсони талаботи давлатии ҳифзи  меҳнатро вайронкарда:

________________________________________________________________________________________________________________________________________________________

( насаб, ном, номи падар  бо нишон додани талаботи риоя нагардидаи ҳифзи меҳнат)

  Ташкилоте, ки ин шахсон кормандони он мебошанд:

__________________________________________________________________________

(номи ташкилот, суроға)

9. Шоҳидони ҳодисаи нохуш  _________________________________________________________________________

(насаб,номи падар,   ҷойи истиқомат, рақами телефон ва ҷойи  кор)

10. Чорабиниҳо ва мӯҳлатҳои бартарафсозии оқибатҳои ҳодисаи нохуш  ________________________________________________________________________

Раиси комиссия _________________________________________________________

                                                                                 ( насаб,ном, номи падар,  сана, имзо)

Аъзоёни комиссия _______________________________________________________

( насаб,ном, номи падар, сана, имзо)

_________________________________________________________

( насаб,ном, номи падар, сана, имзо)

___________________________________________________________

            

( насаб,ном, номи падар, сана, имзо)

 

 

                Замимаи №2

ба  Тартиби гузаронидани тафтиш ва

баҳисобгирии ҳодисаҳои

нохуш дар истеҳсолотва бемориҳои касбӣ

С А Н А Д И

                     тафтиши ҳодисаи нохуши истеҳсолӣ  бо якчанд нафар,

ҳодисаи нохуши истеҳсолии  вазнин (2 ё зиёда аз он нафар),

ҳодисаи нохуши истеҳсолӣ  бо талафоти ҷонӣ

 

Тафтиши ҳодисаи нохуше, ки «___» ______________ соли 20___дар____ соати _______дақиқа, дар _________________________________________ __________________________________________________________________

(номи  ташкилот, мақоми  болоӣ,  соҳа)

__________________________________________________________________

дар давраи аз «__»__________то  «_____» ______________ гузаронида шуд.

Шахсони тафтишотро  гузарониданд __________________________________  __________________________________________________________________

(  насаб,ном, номи падар,  вазифа , ҷойи кор)

___________________________________ ҳамин санадро тартиб  доданд.

  1. Маълумот дар бораи ҷабрдида (ҷабрдидагон)______________________

____________________________________________________________________

____________________________________________________________________

( насаб,ном, номи падар,  рӯз, моҳ ва соли таваллуд, касб (вазифа)

ва собиқаи умумии корӣ, аз он ҷумла дар ташкилоти мазкур, вазъи оилавӣ

_____________________________________________________________________

( ҳайати оила, маълумот дар бораи шахсони  дар парастории ӯ буда )

_____________________________________________________________________ 

2. Тавсифи (характеристикаи) мухтасари ҷойе, ки ҳодисаи нохуш рух додаст____________________________________________________________

______________________________________________________________________

(тавсифи  ҷойи ҳодисаи нохуш  бо нишон додани омилҳои зараровар ва хавфноки истеҳсолӣ, дастгоҳҳо, тамғаи онҳо, соли барориш, андозаи онҳо ва ғайра)______________________________________________________________________

  1. Ҳолатҳои рух додани ҳодисаи нохуш______________________________________

(тавсифи амалҳои  ҷабрдида ва шахсони

__________________________________________________________________

дигар, вобаста бо ҳодисаи нохуш тасвири пайдарҳамии воқеаи рӯйдода  ва ғайра)

4.Сабабҳои рух додани ҳодисаи  нохуш  ____________________________

__________________________________________________________________

       (сабабҳои асосии ҳодисаи нохуш, кадом талаботи қонунгузорӣ ва санадҳои

__________________________________________________________________

                 меъёрии ҳуқуқӣ  оид ба  ҳифзи меҳнат риоя карда нашудааст)

5.  Чорабиниҳо оид ба бартарафсозии сабабҳои ходисаи нохуш ва пешгирии такроршавии  чунин ҳодисаҳо  _____________________________________________

_________________________________________________________________________

(мазмуни ҷорабиниҳо, мӯҳлат ва масъулони иҷрои онҳо нишон дода мешавад)_____________________________________________________________________________-______________________________________________________________________

   6. Хулосаи шахсони тафтишгузаронида оид ба қоидавайронкунӣ ва иҷро нашудани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, бо нишон додани шахсони ба камбудӣ роҳдода _____________________________________________________________________________

__________________________________________________________________________________________________________________________________________________________

  1. Ҳуҷҷатҳои замимашавандаи тафтишотӣ___________________________________

___________________________________________________________________________

(номгӯи ҳуҷҷатҳои замимашавандаи тафтишотӣ

 

_____________________________________________________________________________            

                                                    нишон дода мешавад)       

Раиси комиссия _________________________________________________________

                                                                         ( насаб,ном, номи падар,  сана, имзо)

Аъзоёни комиссия ______________________________________________________

( насаб,ном, номи падар,  сана, имзо)

_______________________________________________________________________

( насаб,ном, номи падар,  сана, имзо)

______________________________________________________________________

( насаб,ном, номи падар,  сана, имзо)

Замимаи №3

                                                                                   ба  Тартиби тафтиш ва

                                                                               баҳисобгирии ҳодисаҳои

                                                                                    нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ

   Хулосаи ( №___  аз_____   _________соли 201__)

нозири Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират  ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳодисаи нохуш   ______________________________________________________________

_______________________________________________________________________________________________________________________________________________________, ки

рӯзи «___»__________  соли  20__ , дар соати______           ____________________дақиқа  бо_______________________________________________________________

________________________________________________________________

( насаб, ном, номи падари ҷабрдида, вазифа, касб, номи корхона, номи ташкилоти болоӣ)

__________________________________________________________________рӯх додаст.

Дар асоси маводҳои тафтишоти махсус, ки аз ҷониби комиссия аз  «___»

то «____»__________соли 20___ ва  омӯзиши шахсӣ,  ман ба хулоса омадам, ки : _______________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________

(нозири Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат,муҳоҷират ва  шуғли аҳолӣ дар асоси дархосту шарҳдиҳии иловагии шоҳидони воқеа, хулосаи тиббӣ оиди захмбардорӣ (фавт), санадҳои меъёрии талаботашон риоянагардида, хулосаи  экспертии дигар комиссияҳо, аз ҷониби комиссия иҷро нашудани қоидаҳои заруриро шарҳ медиҳад).

Нозири Хадамоти назорат давлатӣ

дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва

шуғли аҳолии Вазорати ме ҳнат,

муҳоҷиратва шуғли аҳолии

Ҷумҳурии Тоҷикистон           __________________________________________

                                                                                      (насаб,ном, номи падар, сана, имзо)

                                                                                                                                                                     Замимаи №4

                                                                                   ба  Тартиби тафтиш ва

                                                                               баҳисобгирии ҳодисаҳои

                                                                                    нохуш дар истеҳсолот

ва бемориҳои касбӣ

Ҳангоми тафтиши бемории шадид (заҳролудшавӣ)   пур карда мешавад

Насаб, ном,

номи падар

Ҷинс Син-ну сол Касб,

вазифа

Собиқаи корӣ

DS-пешакӣ,

ҳамроҳикунанда

 Вазъият дар ҳангоми тафтиши коршоямӣ. Ба дигар кор гузаронда шуд, дар табобати амбулаторӣ ё бемористон аст, ба гурӯҳи  маъюбӣ гузаронида шудааст ва  ғайра
Дар ҳамин касб Дар ҳамин сех, қитъа Шароити таъсирра-сонии омилҳои истеҳсолӣ Асосӣ Ҳамроҳикунанда
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11