Рўзномаи “Шуғл ва муҳоҷират”

Шумораи 10-и моҳномаи «Роҳнамо» ба зевари чоп ороста шуд. Дар сафҳаҳои 1-3 бахшида ба интихоботи қарибулвуқўъ очерки портретии Сайдаҳмади Зардон бо унвони «Аз ваҳдати тоҷикон то ваҳдати ҷаҳон» дар бораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба табъ расидааст. Хабару гузоришҳо оид ба фаъолияти Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафҳаҳои 4-7-и моҳнома ҷо дода шудаанд. Ҳамчунин хонандагони моҳнома аз ин шумора хабару мақолаҳоро роҷеъ ба Рўзи Конститутсия (Сарқонун), Рўзи забон, омодагӣ ба зимистон, чорабиниҳои баргузорнамудаи вазорат мутолиа карда, аз сафҳаи «Пурсишу посух» ба суолу ҷавобҳо ошно шуда метавонанд. Дар сафҳаҳои «Мадади Сино», «Рангоранг» ва «Шишаи офоқ» маводҳои ҷолиби хонданбоби соҳавӣ ва натиҷаи обуна ба моҳномаи «Роҳнамо» интишор ёфтаанд.