Пажўҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат, Президанти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат аз 19 марти соли 2015 ба мақоми илм дар устуворсозии рукнҳои давлати соҳибистиқлоли тоҷикон баҳои баланд дода, ҷиҳати боз ҳам муассир гардонидани нақши он дар рушди минбаъдаи  иҷтимоӣ-иқтисодии ҷумҳурӣ дар назди олимони тамоми соҳаҳо вазифаи басе масъулиятнокро гузошт.

Тибқи ҳидояти Сарвари давлат олимон боядвобаста ба ҳадафҳои созанда “ба рушди бо низом ва воқеии илм таваxуҳ зоҳир намуда, илмҳои бунёдиро ба иxрои ҳадафҳои стратегии давлат ва халқ равона намоянд. Инчунин ба хотири xорӣ намудани дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот, кашфи роҳу имкониятҳои нави рушди кишвар ва боз ҳам устувор намудани нерўҳои зеҳнӣ сайъу  талоши бештар намоянд”.

Муассисаи давлатии “Пажуҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки марҳалаи фаъолияти самарабахштарини он ба даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд, дар тўли 25 соли мавҷудияти хеш дар таҳқиқи масоили соҳҳоти ташаккулёбию танзими муносибатҳои меҳнатӣ, рушди шарикии иҷтимоӣ, меъёрбандию ҳифзи меҳнат, махсусиятҳои бозори меҳнати ҷумҳурӣ, фарогириии аҳолии қобилимеҳнат ба шуғли арзанда,рушди касбии нерўи инсонӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, танзими муҳоҷирати меҳнатӣ ва масъалаҳои дигари мубрами рўзииҷтимоию иқтисодӣ саҳми босазо гузоштааст.

Муассисаи илми соҳавии Пажўҳишгоҳи  меҳнат   ва  шуғли  аҳолии  Вазорати меҳнат  ва шуғли аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  мувофиқи  қарори  Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 феврали соли 1992, №44 «Масъалаҳои филиалҳои пажуҳишгоҳҳо ва институтҳои (бюроҳои) лоиҳакашию конструктории иттифоқии ба ихтиёри Ҷумҳурии Тоҷикистон додашуда» дар заминаиШуъбаи тоҷикистонии Институти илмӣ-тадқиқотии меҳнати Иттиҳоди Ҷамоҳири Шўравии Сотсиалистӣ  таъсис ёфтааст.

Самтҳои асосии фаъолияти Пажуҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии меҳнат тибқи қарори Девони  Вазирони  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз 12 июли соли 1993, №339 «Оиди Пажўҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотии меҳнати Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  мушаххас гардонида шуда, ба  ўҳдаи он таҳқиқоти илмӣ ва натиҷагирӣ намудани масъалаҳои меҳнат, шуғли аҳолӣ, музди меҳнат, муҳоҷират, демография ва ғайраҳо гузошта шуданд.

Баъдан мутобиқи қарори  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 7 марти соли 2001, №124 «Дар бораи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» номи муассиса низ ба «Пажўҳишгоҳи  меҳнат  ва  ҳифзи  иҷтимои аҳолӣ»-и  Вазорати  меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» табдил дода шуд ва ба зиммаи он дар баробари таҳқиқи масоили зикргардида,инчунин тадқиқоти илмиимасъалаҳои марбути  ҳифзи  иҷтимоии аҳолӣ низ вогузор гардид.

Бо таҷдид гардидани сохтори Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон аз 3 марти соли 2014, №146 «Дар бораи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сохтори Муассисаи давлатии «Пажуҳишгоҳи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ» низ куллан тағйир ёфт ва он ба ҳайси идомадиҳандаи таҳқиқоти илмӣ дар ҷодаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ таҳти унвони Муассисаи давлатии «Пажуҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ» рўйи кор омад.

Дар айни замон Муассиса дорои 40 воҳидикорӣ буда, дар он 38 нафар корманд машгули кор мебошад. Дар пажуҳишгоҳ 2 нафар доктори илм ва 9 нафар номзади илм фаъолият доранд.

Дар таркиби Муассисаи давлатии «Пажуҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷиратва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонимрўз сохторҳои зайли илмӣ-тадқиқотӣ фаъолияти самаранок доранд:

– шуъбаи бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ;

– шуъбаи муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ;

– шуъбаи танзими масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ;

– шуъбаи таҳсилоти касбӣ ва тайёр намудани кадрҳои коргарӣ;

– шуъбаи меъёрбандии меҳнат.

Пажуҳишгоҳ ҳамчун сохтори таркибии вазорат дар давраиИстиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти махсусиятҳои рушди иқтисодӣ-иҷтимоии ҷумҳурӣ, зарурати сари вақт таҳқиқ намудани масъалаҳои  мубрами рўзи соҳаҳои муносибатҳои меҳнатӣ, бозори меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин муҳоҷирати меҳнатӣ дар ҳамдастӣ бо сохторҳои марбутаи вазорат бар он кўшидааст, ки дар заминаи баргузории тадқиқот ва омўзиши пайваста, бо мақсади ҳаллу фасли масоили мавҷуда тавсияҳои асосноки илмӣ таҳия ва манзури вазорат гардонад.

Аз ин ҷост, ки самтҳои асосии фаъолияти он фарогири тадбирҳои зайл маҳсубмеёбанд:

– ташкил ва анҷом додани корҳои илмию тадқиқотӣ оид ба масъалаҳои рўзмарраи муносибатҳои меҳнатӣ, рушди шарикии иҷтимоӣ, меъёрбандӣ ва музди меҳнат, ҳифзи меҳнат, танзими бозори меҳнатва бо шуғл фарогирии шаҳрвандони қобили меҳнат, танзими муҳоҷирати аҳолӣ, аз он ҷумла муҳоҷирати меҳнатӣ, дохилӣ ва экологӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон;

– татбиқи натиxаҳои корҳои илмию тадқиқотӣ дар фаъолияти сохторҳои  таркибии Вазорати меҳнат, муҳоxират ва шуғли аҳолии Ҷумхурии Тоxикистон ва ташкилоту муассисаҳои дахлдори xумҳурӣ;

– расонидани кўмакҳои машваратӣ ва илмию методӣ тибқи масъалаҳои ба салоҳияти муассиса тааллуқдошта ба сохторҳои таркибии Вазорати меҳнат, муҳоxират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоxикистон ва ташкилоту муассисаҳои дахлдори ҷумҳурӣ;

– омўзиш ва татбиқи таxрибаи пешқадами ва танию xаҳонӣ оид ба масъалаҳои бозори меҳнат, шуғл, муҳоxират, касбомўзӣ, меъёрбандӣ ва музди меҳнат;

– тайёр намудани мутахассисони унвондори илмӣ, бозомўзӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандони соҳаҳои бозори меҳнат, шуғли аҳолӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таълими калонсолон, муносибатҳои меҳнатӣ, меъёрбандӣ ва музди меҳнат;

– дар самтҳои марбути муассиса ба иҷро расонидани корҳои истеҳсолӣ ва шартномавӣ;

– таҳияи тавсияҳо ва дастурҳои методӣ оид ба истифодаи натиxаҳои тадқиқоти илмӣ;

– таҳияи пешниҳод ва хулосаҳо роҷеъ ба масъалаҳои муҳими банақшагирии хоxагии халқ, ки ба салоҳияти муассиса марбут мебошанд;

– ба роҳ мондани ҳамкории доимӣ ва самарабахш  бо муассисаҳои илмию тадқиқотӣ ва дар ҳамдастӣ бо мутахассисони онҳо анxом додани корҳои илмию тадқиқотӣ;

– интишори тавсияҳои методӣ, мақолаҳо, монографияҳо, маxмўаҳои осори илмӣ, ахборномаҳо, маxаллаҳо, маълумотномаҳои тафсирӣ ва дигар корҳои нашриявӣ;

– ташкил ва гузаронидани намоишгоҳҳо, конференсияҳо, машваратҳо, симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ;

– ба роҳмондани робитаҳои ҳамкорӣ бо муассисаҳову марказҳои илмӣ ва мусоидат ба рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ доир ба масъалаҳое, ки ба вазифаҳои муассиса марбутанд;

– таъмини ширкати кормандони илмии муассиса дар конгрессҳо, анxманҳо, конференсияҳо, семинарҳо ва xаласахои ташкилотҳои дохили ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар.

Ҳамин тариқ, гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ дар соҳаҳои муносибатҳо меҳнатӣ, меъёрбандӣ ва музди меҳнат, муҳоҷирати меҳнатӣ, дохилӣ ва экологӣ, бо шуғл фаро гирифтани шаҳрвандони қобили меҳнат, танзими бозори меҳнат, таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон ва дар ин замина таҳия  намудани тавсияҳо ва пешниҳодоти асосноки илмӣ ва татбиқи дигар чорабиниҳои илмию амалӣ аз ҷумлаи вазифаҳои асосии пажуҳишгоҳ маҳсуб меёбанд.

Дар баробари ин, ходимони илмии пажуҳишгоҳ дар ҳамдастӣ бо мутахассисони сохторҳои таркибии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимони пажуҳишгоҳҳои системаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ дар раванди омода намудани мутахассисони унвондори илми соҳавӣ, ташкили бозомўзӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандони соҳаҳои бозори меҳнат, шуғли аҳолӣ, муҳоҷират, таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таълими калонсолон, муносибатҳои меҳнатӣ, меъёрбандӣ ва музди меҳнат фаъолона ширкат менамоянд.

Тавре ки аз натиҷаҳои фаъолияти тадқиқотии ходимони илмии ин боргоҳи илми соҳавӣ бармеояд, аз соли 1992 то соли 2016 аз тарафи олимону  ходимони пажуҳишгоҳ зиёда аз 137  ҳисоботҳои илмӣ, барномаҳои методӣ,барномаҳо ваконсепсияҳои рушд,тавсияномаҳо ва тавсияҳои методӣ оид ба проблемаҳои зикргардида омода карда шудаанд.

Дар ин радиф «Барномаи ҳифзи  иҷтимоии аҳолӣ дар шароити ба иқтисоди бозорӣ гузаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон»,«Барномаи давлатии муҳоҷирати меҳнатии хориҷии шаҳрвандони  Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи  ҷавонон» (масъалаҳои шуғли  ҷавонон ва танзими ба кор таъминкунии  онҳо), «Чорабиниҳо оид ба иҷрои Барномаи сиёсати давлатии ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1996-1997», «Лоиҳаи асосҳои сиёсати давлати шуғли  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2000», «Лоиҳаи сиёсати  иҷтимоии миллӣ», «Лоиҳаи  идоракунии  системаи давлатии ҳифзи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон(дар мисоли саноати сабук)», «Тараққиёти  системаи давлатии  интихоби  касбу  ҳунар  ва  дастгирии  равонии  аҳолӣ»,«Проблемаҳои низоми  ҳифзи  иҷтимоии  аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Таҳияи  Барномаи  кўмакрасонии иҷтимоии унвонӣ дар шароити  иқтисоди бозорӣ» ва  лоиҳаи  Стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ равияи «Бакалаври кори иҷтимоӣ»-ро метавон ном бурд.

Ходимони илмии пажуҳишгоҳҳамзамон таҳиягарони «Консепсияи ислоҳоти музди меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Консепсияи шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Консепсияи  ислоҳоти  системаи ибтидоии касбӣ-техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Асосҳои  консептуалии  ислоҳоти тайёр кардани кадрҳои касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Консепсияи   музди меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Консепсияи  ҳолати шуғл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»низ мебошанд.

Тавсияҳои методӣ  аз қабили «Тавсияномаҳо оид ба тартиб додани стандартҳои омўзиши касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Маводҳои методӣ оид ба муайян намудани буҷети истеъмолӣ- физиологӣ барои гурўҳҳои  аҳолии синну солашон гуногун», «Асосҳои методологии тартиб додани барномаи  шуғл», «Методикаи омўзиш ва муайянсозии талабот  ба тайёр кардани кадрҳо дар системаи хадамоти  шуғли аҳолӣ бароиимрўзу оянда»,  «Тавсиянома оид ба ташкили бамеъёрдарории меҳнат дар корхонаҳо, «Тавсияномаҳо оид ба тартиб додани  дараҷаи тарифи  дохилиистеҳсолӣ  ва шароити  пардохти  музди  меҳнати  коргарони корхонаҳо», «Тавсияномаҳои   методӣ оид ба  муайян  намудани  вазъи  камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»,«Тавсияномаҳои методӣ  оид ба муайян намудани  ҳадди ақали зиндагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», маводи методӣ оид  ба «Пешгирии   нашъмандӣ», «Барои  муаллимони муассисаҳои соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Тавсияномаҳои методӣ оид ба муайян намудани буҷети  ҳадди ақали зиндагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Тавсияномаҳои методӣ оид ба ташкили бамеъёрдарории  меҳнат дар соҳаҳои  иқтисодиёти  Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи методологияи  ҷамъоварии омори инъикоскунандаи вазъи воқеии бозори меҳнат», «Методологияи  муайянсозии талаботидурнамои  бозори меҳнат ба кадрҳои  сатҳҳои гуногуни тахассусӣ», «Методикаи тартиб додани нақшаи генаралии   таъсисдодани  ҷойҳои корӣ  дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон», «Тартиби  муайян намудани арзиши  ҳадди ақали сабади иҷтимоӣ» аз ҷониби ходимони илмии пажуҳишгоҳ таҳия ёфта, ҷиҳати истифодабарӣ бавазорат манзур гардиданд.

Ходимони илмии пажуҳишгоҳ тибқи нақшаҳои кори илмӣ-тадқиқотӣ роҷеъ ба масъалаҳои зерини мубрами рўз таҳқиқоти пурарзишро анҷом додаанд:

– «Ташаккул ва истифодабарии  қувваи коргарӣ дар Тоҷикистон»;

– «Муайян намудани арзиши  ҷои корӣдар  соҳаҳои  асосии   иқтисодиёти  миллӣ»;

– «Проблемаҳои тайёр кардани кадрҳои баландихтисос тибқи талаботи бозори меҳнат»;

– «Проблемаҳои муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ   ва роҳҳои ҳалли  онҳо»

– «Тайёр кардани кадрҳои касбӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;

– «Роҳҳои такмилдиҳии механизми интихоб, тайёр кардан ва  мақсаднок фиристодани муҳоҷирони меҳнатӣ»;

– «Тартиб додани нақшаи таснифоти арзиши  меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»;

– «Рушди соҳибкории хурду миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

-«Ташаккулёбӣ ва  истифодабарии  нерўи кор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои  2007-20012»;

– «Самтҳои асосии таълими ибтидоии касбӣ»;

– «Проблемаҳои  низомикўмакрасонии унвонии иҷтимоӣ»,

– «Вазъи имрўзаи низоми нафақавӣ ва хизматрасонии   иҷтимоии  аҳолӣ дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон»;

– «Сиёсати  шуғлҳамчун самти асосии барономаи рушди иҷтимоию  иқтисодӣ дар шароити гузаришба муносибатҳои  бозорӣ»

– «Самтҳои асосии танзими муҳоҷирати меҳнати хориҷии   Ҷумҳурии Тоҷикистон»;

– «Омилҳои асосии  муҳоҷирати  меҳнатии  беруни Ҷумҳурии  Тоҷикистон»;

– «Роҳҳои такмилдиҳии танзими даромадҳои аҳолӣ барои давраи то соли 2000»;

– «Хусусиятҳои таъсири раванди ғайридавлатикунонӣ ба ташаккули бозори меҳнат ва проблемаҳои шуғли аҳолӣ   дар ҶумҳурииТоҷикистон»;

– «Масоили  иҷтимоию  иқтисодии  такмили  низоми  идоракунии  меҳнат  дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон» (2012-2016);

– «Роҳҳои  ташаккули  самаранокии  шуғли захираҳои  меҳнатии Тоҷикистон дар шароити  иқтисоди  бозорӣ» (2012-2015);

– «Тамоюли бозори меҳнат дар доираи амалисозии   Стратегияҳои рушд»: (таҳлил ва  пешниҳодот 2016).

– Проблемаҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ худистеҳсолии сармояи инсонӣ дар системаҳои муосири иқтисодии минтақавии Тоҷикистон (2017-2021).

Ба қалами ходимони пажуҳишгоҳ «Классификатори   ҷумҳуриявии   касбҳои  коргарӣ, вазифаи  хизматчиёнва дараҷаҳои тарифӣ, ки боқарори  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 2 марти соли  2013, №86 тасдиқ  карда шудааст, «Классификатори  ҷумҳуриявии  машғулият», «Маълумотномаи квалификатсионӣ-тарифӣ ва умумисоҳавии касбҳои коргарӣ», «Шарҳи Кодекси  меҳнати  Ҷумҳурии Тоҷикистон», тааллуқ доранд. Маводи мазкур дар айни замон мавриди истифодабарии вазорату идораҳо, корхонаю  ташкилотҳо қарор доранд.

Ҷиҳати ба роҳ мондан ва самаранок гардонидани натиҷаҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар байни ҷавонони соҳибкасб ажуҳишгоҳ маводи зайлро таҳия ва дастрас гардонид: «Дафтари  кори  донишҷўбарои машғулияти «Воситаи бизнеси ибтидоӣ», курси «Воситаҳои бизнеси ибтидоӣ»,(дастури методӣ барои  муаллимони муассисаҳои таълимиисоҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ), китоби  дарсии «Пешгирии нашъмандӣ» ва Дастур барои муаллимони омўзишгоҳи  касбии техникӣ.

Олимони пажуҳишгоҳ  тайи солҳои 2009-2016-ум 9 монография ва 6 китоб дар мавзўъҳои:«Иқтисоди бозори меҳнат», «Асосҳои ташаккулёбӣ ва фаъолияти бозори меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Рушди инноватсионӣ ва ташаккули идоракунии зиддибуҳронии муассисаҳо»,   «Рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Проблемаҳои идоракунии захираҳои меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ислоҳоти музди меҳнат дар марҳалаи гузариш ба иқтисоди бозорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Проблемаҳоирушди инсонӣ дар доираи ислоҳоти муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Проблемаҳои иҷтимоӣ-меҳнатии муназзамӣ дар бозори меҳнат дар шароити иқтисоди тағйирёбанда», «Муҳоҷирати меҳнатӣ дар таркиби муносибатҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ» таҳия намуда,  дастраси мутахасссион, олимону ходимони илмӣ гардониданд.

Пажўҳишгоҳ дар байни муассисаҳои илми соҳавии ҷумҳурӣ нахустин шуда, масъалаҳои тайёр кардан ва бо ҷои кор таъмин намудани хатмкунандагони мактабҳои, олӣ, мактабҳои миёнаи махсус ва омўзишгоҳҳои    касбӣ-техникиро  дар даҳ соли охир мавриди таҳлили амиқ қарор дод. Дар раванди он таҳқиқот дурнамои рушди таҳсил,талаботи бозори меҳнат ба мутахассисон муайян карда  шуда,дар асоси он тавсияҳо ва пешниҳодот роҷеъ ба таъсис додан ва ҷойгир намудани мактабҳои олӣ, миёнаи махсус  ва таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо назардошти имконот ва махсусияти рушди иҷтимоӣ-иқтисодии минтақаҳои ҷумҳурӣ таҳия ва манзур карда шуданд.

Бо ибтикори пажуҳишгоҳ дар аксари шаҳрҳо ва ноҳияҳои мамлакат тадқиқот оид ба меҳнати кўдакон гузароонида шуда, натиҷаҳои он якчанд маротиба дар ҷаласаҳоиҲайати мушовираи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.Ҳамзамон, дар тамоми  конференсияҳои илмӣ-амалӣ оид ба масъалаи мазкур маърўзаҳо пешниҳод гардида, тавсияҳо қабулкарда шуда, ҷиҳати истифодабарӣ ба вазорату идораҳо ва корхонаву муассисаҳо ирсол гардиданд.

Бо назардошти он ки дар ҷумҳурӣ маркази ягонаи меъёрбандии меҳнат вуҷуд надорад, пажуҳишгоҳ «Тавсияҳои  методӣ  оид ба ташкили бамеъёрдарори меҳнат дар соҳаҳои иқтисодиёти  Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро  тартибдода, дар шакли  китобча аз чоп бароварда,  ба вазорату  идораҳо, роҳбарони вилояту шаҳрҳо,ноҳияҳо, роҳбарони  корхонаю  муассисаҳо барои истифода бурдан дар фаъолияти кориашон ирсол намуд.Ходимони илмии пажуҳишгоҳ дар ҳамдастӣ бо  ҶСП «ТАДЭС» тавсияномаи квалификатсионии вазифаҳои роҳбарон, мутахассисон, хизматчиёни  ҶСП «ТАДЭС» омода гардид.

Ҷиҳати мукаммалгардонии раванди таълим Барномаи  модулҳои таълимӣ  барои  кормандони  соҳаи  хизматрасонии иҷтимоӣ тартиб дода шуд, ки онҳоро 27-марти соли 2008, №18 Ҳайати мушовараи Вазорати  меҳнат ва ҳифзи  иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намуд.

Яке аз самтҳои фаъолияти пажуҳишгоҳ ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо маҳсуб меёбад. Дар ин ҷода ходимони илмӣ нақшаи таълимӣ  барои  ихтисоси кори  иҷтиморо таҳия намуданд ва он аз ҷониби Вазорати маорифи  Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, айни замон он дар Донишгоҳи Миллии  Тоҷикистонмавриди истифода қарор дорад.

Ходимони илмии пажуҳишгоҳ дар ҳамдастӣ бо бахши таълими калонсолони вазорат Шиносномаи  муассисаҳои таълимиро  тартибдоданд ва он ба Вазорати  меҳнат ва ҳифзи  иҷтимоии   аҳолии ҶумҳурииТоҷикистон  пешниҳод карда шуд.

Соли 2008 дар асоси лоиҳаи «Бунёди нерўи  академикӣ ва омўзгорӣ дар соҳаи  кори  иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», бо дастгирии молиявиии Хазинаи  кўдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ЮНИСЕФ) дар заминаи пажўҳишгоҳМаркази захираи кормандони соҳаи иҷтимоӣташкил ёфт. Аз тарафи олимони Донишгоҳи Стокголм машғулиятҳои курсҳои дусола барои  тайёр кардани кадрҳои баландихтисос оидбакори иҷтимоӣдоир карда шуданд ва 14 нафар ширкатдорони онҳо соҳиби Сертификати  мутахассисони  кори  иҷтимоӣгрдиданд.

Аз ҷониби мутахассисони пажўҳишгоҳ  дар панҷ соли охир дар шаҳрҳои  Хуҷанд, Исфара, Панҷакенту,Конибодом, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафурови  вилоятиСуғд, шаҳри Хоруғ ва ноҳияи  Шуғнони вилояти Мухтори  Кўҳистони  Бадахшон,шаҳри  Душанбе, шаҳрҳои  Ваҳдату Турсунзода, ноҳия ҳои Ҳисору  Рўдакӣ ва Рашт 16 пурсиши сотсиологӣ гузаронида, 16 пурсиши сотсиологӣ гузаронида шуда, тренингҳои  панҷрўза  дар мавуъҳои «Назарияи муосири кори  иҷтимоӣ», «Усулҳои  кори  иҷтимоӣ», «Усулҳои ҳозиразамони  кори  иҷтимоӣ» бо  мутахассисони  Шўъбаҳои  кўмаки иҷтимоӣ  дар хона  ва  ҳуқуқи  кўдак  гузаронида шуданд.

Дар 16 соли охир  аз тарафи пажўҳишгоҳ  пайваста  конференсияҳои  илмӣ-амалӣ  гузаронида  мешаванд, ки ба масъалаҳои  муҳими соҳаи меҳнат  ва ҳифзи  иҷтимоии   аҳолӣ, аз он ҷумла ба мавзўъҳои «Ҷабҳаҳои масоили  муносибатҳои  меҳнатии  рушди  иҷтимоӣ», «Роҳҳои асоси паст кардани сатҳи камбизоатӣ», «Муносибатҳои  иҷтимоию  иқтисодии  бозори меҳнат ва шуғл», «Проблемаҳои  иқтисодию  иҷтимоии гузариш ба  бозор дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон», «Проблемаҳои   муносибатҳои  меҳнатӣ ва рушди  иҷтимоӣ дар Тоҷикистон», «Проблемаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо», «Аҳамияти    рушди  худиштиғолӣ   дар дастгирии оилаҳои ниёзманд», «Усулҳои кори  иҷтимоӣ дар хона», «Омилҳоииҷтимоию  фарҳангӣ ва иҷтимоию  сиёсии рушди кори иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Масоили  инкишофи  бозори меҳнат дар Тоҷикистон»,дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Роҳҳои баланд бардоштани самаранокии шуғли захираҳои меҳнатии Тоҷикистон  дар шароити  иқтисоди бозорӣ, «Масъалаҳои  иҷтимоию  иқтисодии  муносибсозии  бозори  шуғл ва муҳоҷирати  меҳнатӣ дар шароити рушди  устувори  иқтисодӣ», «Масоили  иҷтимоию  меҳнатии  такрористеҳсоли   сармояи инсонӣ дар минтақаҳои  иқтисодии   Тоҷикистон дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ» бахшида шуданд, ки дар кори онҳо олимони соҳа ва намояндагони ИМА ва Федератсияи Русия иштирок ва бо  маърўзаҳо  баромад  карднд. Маводҳои конференсияҳои мазкурба нашр  расонида шуда, дастраси  муаллифону иштирокчиёни конференсияҳо ва мутахассисону кормандони  соҳа   гардиданд.

Яке  аз  самтҳои  асосии фаъолияти  Пажўҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ густариш додани самтҳои нави  ҳамкорӣ бо марказҳои илмии ватанӣ ва хориҷӣ  ба ҳисоб меравад.Тайи солҳои 1992-1996 пажуҳишгоҳ узви Шўрои ҳамоҳангсози корҳои илмӣ-тадқиқотии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маҳсуб меёфт. Дар  солҳои  охир ҳамкории Пажўҳишгоҳ бо  марказҳои илмии ватанию хориҷӣ  хеле самарабахш гардид. Ҳоло дар байни  пажўҳишгоҳ ва Академияи идоракунии  давлатӣ ва мунисипиалии  шаҳри Москва ва «Пажўҳишгоҳи  меҳнат ва  суғуртаи  иҷтимоӣ»- Вазорати тандурустӣ ва рушди иҷтимоии Федератсияи Русия  шартномаи  ҳамкорӣ оид бафаъолияти  илмӣ-тадқиқотӣ, таӣёр кардани кадрҳои  баландихтисос ва ҳамоҳангсозии тадқиқотҳои  илмӣ ба имзо расидааст. Намояндагони  вазорату идораҳои мазкур дар кори семинарҳои доимомалкунандаи пажўҳишгоҳ ва конференсияҳои илмӣ-амалӣ пайваста ширкат менамоянд ва бо муҳаққиқону  ходимони илмӣ, унвонҷўён, аспирантҳои пажўҳишгоҳ  робитаҳои  илмӣ-тадқиқотии инфиродӣ доранд.

Пажуҳишгоҳ меморандумро дар бораи  ҳамкории байни Вазорати  меҳнат  ва ҳифзи  иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи   Миллии Тоҷикистон ва Хазинаи кўдакони Созмони Милали Муттаҳид  дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуд, ки тибқи он олимону  ходимони  пажуҳишгоҳ ба чор гурўҳи кории назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  шомил мебошанд ва ҳамкорӣ менамоянд. Дар баробари ин, пажуҳишгоҳ узви Шўрои ҳамоҳангсозии байни идоравӣ оид ба  барҳам додани шаклҳои бадтарини истифодаи меҳнати кўдак маҳсуб меёбад ва иштирокчии фаъоли раванди таҳиясозии Барномаи ба кор таъмин намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳоҷирони меҳнатие, ки воридшавиашон ба Федератсияи Русия ва дигар кишварҳо манъ карда шудааст,методологияи омўзиши ҷойҳои кории нав,Консепсияи рушди   мииллии  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2050 мебошад

Тайи солҳои охир пажуҳишгоҳ амалияи якҷоябо марказҳои илмии мамлакат, дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои таркибии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва  шуғлии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, мактабҳои олии кишвар гузаронидани конференсияҳои илмӣ-амалӣ, семинарҳо, суҳбатҳои «Мизи мудаввар» ва дигар машваратҳои илмиро ба ҳукми анъана даровардааст.

Пажўҳишгоҳ соманаи интернетии тахассусии худро дорад ва ҳамаи шўъбаҳои он бо интернет пайваст мебошанд, ки инба болоравии сатҳу сифати тадқиқоти илмӣ ва самаранокии онҳо мусоидат мекунад.

Ҳамзамон пажўҳишгоҳ муассиси маҷаллаи илмии «Бозори меҳнат» мебошад, ки он ҳамасола чор маротиба ба нашр мерасад.

Дар назди пажўҳишгоҳ семинари методологии   доимоамалкунанда фаъолият дорад, ки дар он олимони шинохтаи кишвар, ходимони илми муассисаҳои гуногуни илмҳоли академию соҳавӣ бо мавзўъҳои гуногун дар  байни ходимони пажўҳишгоҳ баромад мекунанд.

Пажуҳишгоҳ роҷеъ ба мавзўи «Тавозуни захираҳои  меҳнатӣ дар Тоҷикистон ва роҳҳои ҳалли он пешниҳодотро  мураттаб намуда, барои корбарӣ ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ манзур гардонид.

Инчунин, чаҳор мавзуи дигар: «Проблемаҳои муҳоҷирати меҳнатии хориҷии занониТоҷикистон», «Татбиқи низоми варақаҳои баҳисобгирии шаҳрвандӣ», «Таҳқиқоти шуғли ғайрирасмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Муайян намудани сабади истеъмолии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳияи қонуни марбута» ба ҳайси лоиҳаҳои  пажуҳишӣпешниҳоди созмонҳои байналмилалӣ ва донорон гардонида шудаанд.

Пажуҳишгоҳ бо Вазорати  меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Академияи  илмҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ барои  солҳои 2012-2016  ва барои солҳои 2017-2021 дар мавзуъҳои  «Роҳҳои ташаккул ва истифодаи самараноки захираҳои меҳнатии Тоҷикистон дар шароити иқтисоди бозорӣ»,«Проблемаҳои иҷтимоию  иқтисодии такмили системаи  идоракунии  меҳнат  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», барои солҳои 2017-2021 дар мавзўи «Масоили иҷтимоию  иқтисодии такрористеҳсоли сармояи инсонӣ дар минтақаҳои иқтисодии Тоҷикистони  муосир» шартномаҳоро ба имзо расонид ва барои  азташхиси давлатӣ  гузаронидану маблағгузаронӣ намудан ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои  Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардонид.

Аз соли 1992 то соли 2016 олимону  ходимони Пажуҳишгоҳ дар кор 510 конференсияҳои илмию семинарҳо, суҳбатҳои«Мизи  мудавварва дигар машваратҳои илмӣ иштирок карда,дар аксарияти онҳо баромад намудаанд. Онҳо дар ин муддат зиёда аз 208 мақолаҳои илмию амалӣ, 210 тезисҳоро омада гардонида, аз чоп  бароварданд, 68 адабиёти  марбута монографияҳо, маҷаллаҳо, корҳои методӣ,маводҳои конференсияҳои илмӣ-амалӣ, ва ғайраҳо аз чоп бароварда шуд.

       Дар пешрафти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва самарабахш гардонидани фаъолияти пажуҳишгоҳ, ташкил ва гузаронидани корҳои  тадқиқотии  илмӣ, таҳияи барномаҳо, консепсияҳо, тавсияҳои  методӣ,  тартиб додани ҳисоботҳои  илмӣ, гузаронидани конференсияҳои  илмӣ-амалӣ, семинарҳо, суҳбатҳои «Мизи мудаввар» ва дигар ҳамоишҳои илмӣ-амалӣ ҳиссаи директорони пажуҳишгоҳ Бобоҷонов Р.М. – номзади илмҳои иқтисодӣ, Шокаримов  Ю.А.- Корманди шоистаи Тоҷикистон; Амонова Д.С.-доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор,  Пулотов П.А. –номзади илмҳои физикаву математика, Комилов С.Ҷ –доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, Юсуфбеков Ю.Р. –номзади илмҳои иқтисодӣ, Мутиева  С.Ҷ. –номзади илмҳои иқтисодӣ, муовинони директор оид ба корҳои илмӣ:Хоналиев Н.Х. –доктори илмҳои иқтисодӣ, Усмонова Т.Ҷ. – доктори илмҳои иқтисодӣ,  профессор, Сангинзода  Э.Н. – номзади илмҳои иқтисодӣ, Соколова Л.П. – номзади илмҳои иқтисодӣ, Боҳирова С.С.- номзади илмҳои иқтисодӣ, муовинони директор Фатҳуллоева  Х.Х.,Фаромузов А.Ҷ. ва Валиев С.Р.мудирони  шуъбаҳо Шелаева Р.И, Рафиев Д.М. –номзади илмҳои иқтисодӣ,Саломова Г. – номзади илмҳои иқтисодӣ, Ашуров Д.А. –номзади илмҳои фалсафа; Асоев У., Умаров  Х. У. –доктори илмҳои иқтисодӣ,Умарова З., Раимдодов У.С. – номзади илмҳои иқтисодӣ, Аълочии меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,   Зиёдалиев У.,Каримов С.Х, Хоркашов С. П. – Аълочии меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,Восиев Ф. – номзади илмҳои иқтисодӣ, Алимов А.Л. –номзади илмҳои иқтисодӣ, Раҷабов А.Б ва котиби илмии пажуҳишгоҳ Буриев Ф,ки 18 соли  умри худро ба кори пажуҳишгоҳ бахшида, ба дарёфти унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон»  шарафманд гардидааст, хеле назаррас мебошад;  Анваров А.К. –доктори илмҳои тиб, Акрамов З.И. доктори илмҳои таърих,  Аминҷонов М.А. –номзади илмҳои иқтисодӣ, Салиева Т.Т, – номзади илмҳои иқтисодӣ, Латипов  Ҷ. Л. – доктори илмҳои таърих, профессор, Меркулова Л.А. –номзади илмҳои таърих, Мухтори К. – номзади илмҳои филологӣ, Бакаева Д.Х-номзати илмҳои таърих,  Расулов Т.К., Джимкуридзе  Т.Г., Фатуров Н.Ф., Ҳақназаров  А., Юлдошев А., Насриддинов Ф., Ҳикматов С.,Қурбонмамадова С.А., Хурамов М., Гусейнов А.М., Маҳмудова Г.Х.,Раҳматова  Ҳ.Л., Зардаков С.. Бессонова Н.П., Рустамова З.,Ҳоҷиева М. ва  Эшонқулова С., дар пешрафти корҳои илмӣ-тадқиқотии пажуҳишгоҳ  басе арзанда мебошанд.

Ҳайати таҳририя:

Editorial Board:

image002 Мутиева С.Ҷ.

сармуҳаррир,

номзади

илмҳои

иқтисодӣ,

дотсент

Мутиева С.Дж.

главный редактор, доцент, кандидат экономических наук

Mutieva S.J.

Editor in Chief, Associate Professor,

Candidate  of Economics

image003 Сангинзода Э.Н.

номзади илмҳои иқтисодӣ

Сангинзода Э.Н.

кандидат экономических наук

Sanginzoda E.N.

Candidate of Economics

Yusuffs foto Юсуфбеков Ю.Р.

(муовини сармуҳаррир), номзади илмҳои иқтисодӣ

Юсуфбеков Ю.Р.

(зам. Главного редактора), кандидат экономических наук

Yusufbekov Yu.R.

(Deputy Chief Editor)

Candidate of economic s

image005 Комилов С.

доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, Узви пайвастаи

Академияи илмҳои байналхалқии мактабҳои олӣ

Комилов С.Дж.

доктор экономических наук, действительный член Международной академии наук высшей школы

Komulov S.J.

Doctor of Economics,

Member of the International Academy of Higher  Education

image008 Амонова Д.С.

доктори илмҳои иқтисодӣ, дотсент

Амонова Д.С.

доктор экономических наук, доцент

Amonova D.S.

Doctor of Economics, Associate Professor,

image010 Хоналиев Н.

доктори илмҳои иқтисодӣ

Хоналиев Н.

доктор экономических наук

Honaliev N.

Doctor of Economics

image011 Бобоҷонов  Р.М.

номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

Бабаджанов Р.М.

кандидат экономических наук, доцент

Bobojonov R.M.

Candidate of Economic s, Associate Professor,

IMG 2650 АлимовА.Л.

номзади илмҳои иқтисодӣ

Алимов А.Л.

кандидат экономических наук

Alimov A.L.

Candidate of Economics

image016 Восиев Ф.

номзади илмҳои иқтисодӣ

 

Восиев Ф.

кандидат экономических наук

Vosiev F.

Candidate of Economics

IMGP6905 РаимдодовУ.С.

мудири шуъбаи Пажуҳишгоҳ

 

Раимдодов У.С.

заведующий отдел Института

Raimdodov U.S.

Head of Department of the Institute

 Муассисаи  давлатии  “Пажўҳишгоҳи  меҳнат, муҳоҷират  ва шуғли аҳолӣ” 

Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии меҳнат, муҳоҷират  ва шуғли аҳолӣ (ПММША)тадқиқоти илмиро дар соҳаҳои: меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, бозори меҳнат ва таълими калонсолон, ташкили пардохт ва меъёрдарории меҳнат, таҳқиқи масъалаҳои муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таҳияи пешниҳодот ва тавсияҳои аз ҷиҳати илмӣ асосноккардашуда ва татбиқи дигар чорабиниҳои кори илмӣ-таддқиқотӣ дар ин самт, амалӣ мекунад.

Раис: Мутиева С.Ч.

Суроға: 734026, ш. Душанбе, кӯч. Н.Хувайдуллоев, 270.

Телефон:(992-37) 236-23-84