Хадамоти онлайн

Саволи Шумо

Савол ва ҷавоб

Агар ман дар ду ҷой кор кунам, дар вақти пешниҳоди маълумотнома чи тавр ба ҳисоб мегиранд?

Мутобиқи моддаи 72 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои ҳисоб кардани нафақа ҳамаи навъҳои пардохтҳои музди меҳнате, ки аз рўи он тибқи қоидаҳои ҷорӣ ҳаққи суғурта гирифта мешавад, аз ҷумла пардохти музди кори зиёда аз мўҳлат, кори рўзҳои истироҳат ва корӣ дар як вақт дар ду ҷой, ғайр аз ҳар гуна пардохтҳои якдафъаина (ҷубронпулӣ барои рухсатии истифоданашуда, кумакпулӣ ҳангоми аз кор холӣ кардан ва ғайра) дохил карда мешаванд.
Ёрдампулие, ки барои давраи муваккатан аз даст додани қобилияти корӣ ва рухсатии давраи ҳомилагӣ  ва зоидан пардохта шудааст, ба ҳисоб гирифта мешавад.
Ҳаққи қалами муаллифӣ дар баробари музди меҳнати кори дигар ба ҳисоб гирифта мешавад.
Дар ин ҳол он аз рўи ставкаҳои давлатие, ки дар вақти пардохти ҳаққи қалам эътибор доштанд, ҳисоб карда мешавад.
Стипендияи давраи таҳсил бо хоҳиши шахси барои нафақа муроҷиаткарда ҳамчун музди меҳнат ҳисоб карда мешавад.
Барои ҳисоб кардани нафақаи шахсоне, ки воҷиби суғуртаи иҷтимоии давлатӣ намебошанд (банди «д»-и моддаи 3-юми ҳамин Қонун), ба музди меҳнат барои ҳисоби нафақа он намудҳои маош дохил карда мешавад, ки аз онҳо ҳакки суғуртаи иҷтимоӣ ситонида мешавад.
Тибқи бандҳои 5, 6 ва 7 Замимаи 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 апрели соли 1998, №122 «Дар бораи шароити пардохти музди меҳнати кори кормандони соатбайъи ва дар ду (чанд) ҷой коркунандаи корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» кори  муштарак чӣ хеле ки дар ҷои кори асосӣ,  ҳамин тариқ дар дигар корхона (дар муассиса, ташкилот) иҷозат дода мешавад,  вале  на зиёда аз нисфи вақти мўътадили корӣ. Дар ҳамаи ҳолатҳо давомнокии умумии кори муштарак дар муддати як моҳ набояд аз нисфи  меъёри  вақти кории  моҳона,   баланд шавад.
Дар мавриди ичрои кори корбайъ ба шахси муштараккор пардохти музди меҳнат оид ба кори вокеӣ, чун қоида аз рўи натиҷаи охирин барои ҳамаи ҳаҷми иҷрошудаи кор ҷорӣ карда мешавад.

Салом ба ман бланкаи Маълумотнома дар бораи музди меҳнат (даромад) лозим

Бланкаи Маълумотнома дар бораи музди меҳнат (даромад)-ро метавонед аз раёсати (шуъбаи) Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ҷои истиқомататон дастрас намоед.

Меъёри нафака барои заноне,ки аз 5 зиёда фарзанд таваллуд кардаанд ва ба снни нафака расидаанд

Аз 1 январи соли 2013 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи нафаќањои суѓуртавї ва давлатї» мавриди амал ќарор гирифт, ки таъминоти нафаќа ба ин гурўњи шањрвандон дар асоси Ќонун мазкур сурат мегирад.

Мутобиќи моддаи 13 Ќонуни мазкур занњое, ки 5 ва ё зиёда аз он кўдак таввалуд карда, онњоро то сини 8-солагї тарбия намудаанд ё кўдаки маъюб доранд ва онњоро низ то ин  синну сол тарбия намудаанд, дар сурати собиќаи суѓуртавии на камтар аз 240 моњ доштан, пас аз расидан ба синни 53 њуќуќи ба нафаќа баромаданро доранд.

Андозаи нафаќаи суѓуртавї аз њаљми сармояи шартии нафаќавї ва андўхти нафаќавие, ки дар суратњисоби инфиродии захиравии корманд аз њисоби сањмњои суѓуртавии аз љониби корфармо ва бевосита худи шањрванд љамъ шудааст, вобаста мебошад. Дар њар сурат дар мавриди доштани собиќаи кории 240 моњ андозаи нафаќаи суѓуртавї наметавонад аз 100 фоизи андозаи нафаќаи заминавї, ки айни замон ба 105 сомонї баробар аст, кам бошад.

Ба кормандони идораи давлати, ки хизматчии давлати нестанд, пардохтани як мохона ба рухсатии мехнати (яъне “лечпособие”) аз хисоби маблагхои худи идора мумкин аст?

Вобаста аз имконияти молиявии идора ва њамчунин агар дар шартномаи коллективии корхона пешбинї шуда бошад, мумкин аст.