Фаъолияти Ҷамъияти маъюбони ш. Душанбе «ИМКОНИЯТ» дар соли 2012

Раёсати Ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе «ИМКОНИЯТ» бо камоли эҳтиром ба самъи шумо мерасонад, ки дар ташкилоти мо наздики 7000 маъюб ба қайд гирифта шудааст. Ташкилоти мо яке аз ташкилотҳои калонтарини маъюбон буда фаъолияти хешро баҳри ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои маъюбон равона намудааст. Ногуфтанамонем, ки дар ташкилот 4 нафар маъюби гуруҳи якум ва дуюм бо кори доимӣ таъмин карда шудаанд. Дар соли 2012 «ИМКОНИЯТ» баҳри расидан ба мақсадҳои Оиномавии худ фаъолиятҳои зеринро амали гардонидааст:

1.       Январи с. 2012-омода намудани нақшаи корӣ барои  соли 2012;

2.      Оғоз намудани курсҳои дӯзандагӣва пухтупаз дар Маркази омузишии «ИМКОНИЯТ», ки 30 нафар маъюб ва аъзоёни оилаи онҳо ҷалб шудаанд. (Аз моҳиянвар то моҳи сентябри соли 2012);

3.      Вохӯрӣбо муовини директор ва роҳбарони шӯъбаҳои Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Тоҷикистон оиди гузаронидани силсила чорабиниҳо баҳри риоя намудани талаботҳои маъюбон дар сохтмон. (феврали 2012).

4.      Гузаронидани консерти хайриявӣ бо иштироки ситораҳои эстрадаи тоҷик ва маъюбони боистеъдод дар рӯзи ҳимояи кӯдаконе, ки гирифтори бемории саратон мебошанд. (феврали 2012).

5.      Гузаронидани Иди Наврӯз ва тӯй суннатии 10 нафар кӯдакони маъюб. (марти 2012);

6.      Иштирок намудан дар Конфронси ташкилотҳои маъюбони Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Алмато гузаронида шуд. Натиҷаи ин маърака он шуд, ки Анҷумани Ташкилотҳои Маъюбии Осиёи Марказӣ таъсис дода шуд ва роҳбари «ИМКОНИЯТ» ҳамчун муовини Раиси ин ташкилот интихоб гардид. (марти 2012);

7.      Ҷашн гирифтани рӯзи ҷавонон. Гузаронидани чорабиниҳои варзишӣва вохӯрии Роҳбари Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон МаликшоНеъматов бо ҷавонони маъюб. (майи 2012);

8.      Ташкил намудани ярмарка фуруши моле, ки бевосита дар Маркази омузишии «ИМКОНИЯТ» аз ҷониби духтарони маъюб тайёр мешавад. (июли 2012);

9.      Ҷашн гирифтани рӯзи маъюбон ва пиронсолон. Дар якҷояги бо намояндагони Агентии сохмон ва меъморӣдида баромадани иншоотҳои сохтмонӣ оиди ҷавобӯгй будани онҳо ба талаботҳои маъюбон. (июли 2012);

10.  Иштирок дар Конфронси маъюбони Осиё ва Минтақаи Уқёнуси Ором дар Таиланд, ки аз ҷониби Маркази Маъюбони Осиё ва Минтақаи Уқёнуси Ором ташкил карда шуд. Натиҷаи Конфронс ин қабул намудани Баёния ба иштирокчиёни Конфронси Инчон, ки дар моҳи ноябри соли 2012 ба нақшагирифта шуда буд.  (июли 2012);

11.  Бо пешниҳоди «ИМКОНИЯТ» ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳур 7 нафар ҷавонони маъюб ба макотибҳои оли дохил шуданд. (августи 2012);

12.  Ҷашнгирифтани иди истиқлолияти давлатӣ.  (сентябри  2012);

13.  Шомилшудани роҳбари «ИМКОНИЯТ» ба ҳайати 20 нафара, ки намояндагони сохторҳои ҳукуматӣ ва ғайри ҳукуматиро ташкил менамуданд ва бавоситаи барномаи «Ҷаҳони кушода», ки аз ҷониби Конгреси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дастгирӣ мешавад, иштирок намудан дар барномаҳои мухталиф, ки дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гузаронида шуд. (сентябри 2012);

14.  Бо дастгирии Аҷонсии Ҳамкории Байналмилалии Ҷопон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоқикистон яке аз коргарони фаъоли «ИМКОНИЯТ» дар курсҳои омузишӣ, ки дар шаҳри Сапараи Ҷопон гузаронида шуд, иштирок намуд. (октябри 2012);

15.  Иштирокнамудан дар Конфронси байналмиллалӣ оиди пешбурдани Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбон дар Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Бишкек гузаронида шуд. Қайд кардан зарураст, ки дар конфронс намояндагони Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ, Шӯрои Адлия ва Суди оли низ иштирок намуданд. (ноябри 2012);

16.  Шомил гаштани намояндаи «ИМКОНИЯТ» ба ҳайати гурӯҳие, ки аз намояндагони Вазорати меҳнат ва ҳифзииҷтимоӣ, Вазорати тандурустӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва ташкилотҳои байнал халқӣ иборат буд ва иштирок намудан дар Нахустин Конгресс оиди офиятбахшӣ дар сатҳи маҳал, ки дар шаҳри Аграи Давлати Ҳиндустон гузаронида шуд. (ноябри 2012);

17.  Бахшида ба рӯзи байналмиллалии маъюбон омода намудани видео роликҳои иҷтимоӣва тарики телевизиони Ҷаҳоннамо пешниҳод намудани онҳо. Иштирок дар барномаи сабқати телевизионӣбахшида ба  рӯзи байналмиллалии маъюбон тарики телевизиони Ҷаҳоннамо.( декабри 2012);

18.  Гузаронидани мизи мудаввар бо иштироки намояндагони Агентии сохтмон ва меъморӣдар  мавзӯи «Муҳити зисти дастрас воситаи асосии фаъол будани маъюбон». (декабри 2012);

19.  Гузаронидани Арчаи соли навӣбарои 150 нафар кӯдакони маъюб дар театри драмавии ба номи В.Маяковский ва тақдим намудани тӯҳфаҳои соли навӣ барои онҳо. (декабри 2012);

Ҷамъияти маъюбони ш. Душанбе «ИМКОНИЯТ» омодаи ҳамкорӣ аст ва боварии комил дорад, ки дар соли нави 2013 ҳамкориро бо шарикони худ беҳтар менамояд.

Бо эҳтиром.

Раиси Ҷамъияти маъюбони ш. Душанбе «ИМКОНИЯТ»                              А. Зикрихудоев

___________________________________

Asadullo Zikrikhudoev

Chairman

PO Society of Persons with disabilities ofDushanbe”IMKONIYAT”

4, Kurbon Rakhimov Str.,Dushanbecity.,Tajikistan

tel/fax: + (992-37) 2219486 , 2211574

E-mail: info@imkoniyat.tj

www. imkoniyat.tj