Вазорат

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми марказии ҳокимияти иҷроия мебошад, ки сиёсати ягонаи давлатӣ ва танзими меъёриву ҳуқуқиро дар соҳаҳои зайл ба амал мебарорад:

  • меҳнат;
  • шуғл;
  • таълими калонсолон;
  • муҳоҷират;

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ лоиҳаҳои қонунҳо, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои мазкурро таҳия менамояд, нақшаҳои корӣ ва нишондиҳандаҳои ояндабиниро (дурнамо) оид ба фаъолияти Вазорат таҳия мекунад;

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ мустақилона санадҳои меъёриву ҳуқуқиро дар соҳаҳои зерин қабул менамояд:

  • рушди муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ:
  • пардохти музди меҳнат:
  • ҳифзи ва шароитҳои меҳнат:
  • танзими бозори меҳнат ва мусоидат дар шуғли аҳолӣ:
  • муҳоҷирати аҳолӣ;
  • равобити байналхалқӣ:

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ фаъолияти дигар вазорату идораҳоро аз рӯи масъалаҳои дар боло овардашуда ҳамоҳанг (мувофиқ) месозад.