Лоиҳаҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқӯқӣ

Қарори

Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон

Дар бораи тасдиқи Нақшаи татбиқи Консепсияи

ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

барои солҳои 2013-2016

Ҷиҳати иҷрои Консепсияи ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2006, №783 тасдиқ шудааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  қ а р о р   м е к у н а д:

  1. Нақшаи замимагардидаи татбиқи Консепсияи ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2016 тасдиқ карда шавад.
  2. Вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иҷрои чорабиниҳои Нақшаи мазкурро дар муҳлатҳои муқаррагардида таъмин намуда, ҳар сол то 15 январ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  маълумот пешниҳод намоянд.

Раиси Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Лоиҳа

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз «__» _______ соли 2013, №___

тасдиқ шудааст

Нақшаи 

татбиқи Консепсияи ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

барои солҳои 2013-2016

т/т

Номгӯи чорабиниҳо

Муҳлати иҷро

Масъулин

1

2

3

4

 

I.  Такмили заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоӣаз рӯи самтҳо ва иҷрои

меъёрҳои дахлдори қонунгузории ҶумҳурииТоҷикистон

1

Таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи собиқадорон»

Соли 2013

Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

2

Таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва сохтори сабади истеъмолӣ  барои гурўҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Соли 2014

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

3

Таҳияи лоиҳаи Қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи рӯйхат, ҳаҷм ва таъминоти ройгони хизматрасонии тиббӣ ва доруворӣ барои маъюбон ва беморон аз оилаҳои камбизоат»

Соли 2014

Вазорати тандурустии Ҷумҳурии  Тоҷикистон

4

Таҳияи лоиҳаи Қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи расонидани кӯмаки иловагии иҷтимоӣ  (натуравӣ ё пулӣ) ба оилаҳое, ки ду ва зиёда маъюб доранд, инчунин ба падар ё модари танҳои маъюб, ки кӯдаки маъюбро тарбия мекунад»

Соли 2014

Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

5

Таҳияи лоиҳаи Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷирати меҳнатии аҳолӣ»

Соли 2014

Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор

6

Лоиҳаи Қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва андозаҳои пардохти ҷубронпулӣ ва таъмини имтиёзҳои шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд»

Соли 2014

Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

7

Лоиҳаи Қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиби хизматрасонии тиббӣ ва солимгардонии кӯдакон ва наврасоне, ки бар асари фалокати Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд»

Соли 2014

Вазорати тандурустии Ҷумҳурии  Тоҷикистон

8

Таҳияи лоиҳаи Қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи қоидаҳо ва тартиби пешниҳоди кафолатҳои иҷтимоӣ ба кормандони хадамоти иҷтимоии давлатӣ»

Соли 2015

Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

9

Таҳияи лоиҳаи Қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ба таври ройгон ё имтиёзнок истифода бурдани маъюбон аз нақлиёти автомобилии мусофирбарӣ  дар ҳудуди шаҳрҳо ва ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Соли 2015

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон

10

Таҳияи лоиҳаи Қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамои ислоҳот ва рушди минбаъдаи соҳаҳои меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2020»

Соли 2015

Вазорати   меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

11

Таҳияи лоиҳаи Қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиби хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона, дар муассисаҳои будубоши муваққатӣ ва доимӣ»

Соли 2016

Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

12

Таҳияи лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии ҳифзи иҷтимоии маъюбон барои давраи то соли 2020»

Соли 2016

Вазорати   меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Вазорати тандурустии Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ

II Таҳия ва бастани шартномаҳои байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ

13

Дар бораи Созишномаи ҳамкорӣ байни Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия «Дар бораи суғуртаи (таъминоти) иҷтимоӣ»

Соли 2015

Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

14

Воридсозии манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии созмонҳои минтақавӣ (ИДМ, ЕврАзЭС, СҲШ ва монанди инҳо), ки Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи онҳо мебошад

Доимӣ

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати ҶТ

15

Дар бораи Созишномаи ҳамкорӣ байни Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор дар  Федератсияи Россия

Соли 2015

Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон

16

Бастани шартномаҳои байниидоравӣ оид ба масъалаҳои меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо вазоратҳои ҳамноми ҷумҳуриҳои аъзои ИДМ, ҷумҳуриҳои назди баҳри Балтик, Афғонистон, Чин, Эрон, Ҳиндустон ва кишварҳои арабие, ки узви ТБМ мебошад.

Доимӣ

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

III Таҳия ва татбиқи барномаҳои муҳоҷирати минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ

17

Гузаронидани мониторинги рафти иҷрои Нақшаи миёнамуҳлати кӯчонидани муташаккилонаи муҳоҷирони экологӣ барои солҳои 2011-2013

Нимсолаи II

соли 2013

Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

18

Гузаронидани мониторинги рафти иҷрои Барномаи муҳоҷирати дохилии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2014, ки бо Қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  1 марти соли 2012, № 91 тасдиқ гардидааст.

Ҳар сол

дар моҳи ноябр

Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор

19

Таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани Тарҳи намунавии Нақшаи генералии мавзеъҳои истиқоматӣ барои муҳоҷирони экалогӣ ва дохилӣ

Соли 2014

Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»

IV Таъмини системаи иттилоотӣ, аз ҷумла ташаккули механизми

ҷамъоварӣ ва коркарди омори иҷтимоӣ(соҳавӣ)

1

2

3

4

20

Таҳияи ҳисоботи омории шакли  – 1ХИ (дар таҳрири нав)

Соли 2013

Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии давлатии омори назди Президенти ҶТ

21

Такмил додани ҳисоботи шакли омории КИҶ-94 (нафақаҳо) бо дар назардошти дарҷи нишондиҳандаҳои иҷтимоии ҷинсият ва минтақавӣ

Соли 2014

Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии давлатии омори назди Президенти ҶТ

22

Дар заминаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират таъсис додани ду Агентӣ:

– Агентии давлатии рушди иҷтимоӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ

– Агентии давлатии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати дохилӣ ё Хадамоти давлатии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати дохилӣ

Соли 2015

Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

V. Сиёсати давлатии таъминоти нафақа ва кўмакпулиҳо

23

Баланд бардоштани андозаи нафақаҳои таъингардида мутаносибан бо индекси афзоиши нархҳо ва ё музди меҳнат тибқи моддаи 51 Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Ҳар сол

Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии давлатии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

24

Ба амал баровардани бозҳисоби андозаи сармояи нафақавии шартӣ

Ҳар сол

Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

V1. Татбиқи Барномаҳои давлатӣ дар самти танзими бозори меҳнат ва  бехатарии меҳнат

1

2

3

4

25

Гузаронидани мониторинги иҷрои Барномаи ҳифзи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2016

Ҳар сол

Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттиҳодияи корфармоёни Тоҷикистон

26

Гузаронидани мониторинги рафти иҷрои Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020

Ҳар сол

Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

27

Таҳлили ҷараёни иҷрои Консепсияи ислоҳоти музди меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2008-2016

Ҳар сол

Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттиҳодияи корфармоёни Тоҷикистон

 

VII. Мустаҳкам намудани иқтидори муассисаҳои соҳавӣ

28

Таъмири капиталии биноҳои истеҳсолӣ ва маъмурии Корхонаи воҳиди давлатии  «Заводҳои протезию ортопедии шаҳри Душанбе» ва баланд бардоштани сатҳу сифати маҳсулоти протезию ортопедӣ дар ин корхона

Соли 2015

Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии давлатии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ

29

Таъсис додани хона-интернати беморони рӯҳӣ барои 100 ҷой-кат ва ташкил кардани истироҳатгоҳи собиқадорон дар вилояти Суғд

Соли 2016

Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии давлатии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд


Лоиҳа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба

Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи 1. Ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1997 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  с. 1997, №9,  мод.  112;  с.  1998,  №23-24, мод. 340; с. 1999, №5, мод. 69; с. 2002,  №4,  қ. 1,  мод. 185; с. 2004, №5, мод. 337; с. 2006, №3, мод. 152; №4, мод. 195; с.2009, №5, мод.320; с. 2010, №7, мод. 545; мод. 549; с. 2011, №3, мод. 151; №12, мод.842), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

 

1. Дар моддаи 35:

– дар қисми сеюм калимаҳои «, ҳатто якҷоя бо ташкилот гузаронидан ҳам,» ба калимаҳои «(ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории амалкунанда ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон)» иваз карда шаванд;

– қисми панҷ бо мазмуни зайл илова карда шавад:

«Ҷойивазкунии (ротатсияи) корманди ҳайати роҳбарикунанда тибқи қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар худи ҳамон ташкилот, ба бахши таркибии дигар маҳал ё ба дигар ташкилоти ҳамон маҳал ё ба бахши таркибии дигар ташкилот ба дигар маҳал дар доираи тахассус, дараҷаи ихтисос ё вазифа, инчунин ба кори дигар гузаронидан ҳисобида нашуда, розигии ў гирифта намешавад.»;

– қисми панҷ қисми шаш ҳисобида шавад.

2. Моддаи 351 бо мазмуни зайл илова карда шавад:

«Моддаи 351. Ҷойивазкунии (ротатсияи) кормандони ҳайати

роҳбарикунанда

Дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ дар корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти давлатӣ ҷойивазкунии (ротатсияи) кормандони ҳайати роҳбарикунанда гузаронида мешавад.

Ҷойивазкунӣ (ротатсия) метавонад ҳатмӣ ё ихтиёрӣ бошад.

Ҳангоми гузаронидани ҷойивазкунии (ротатсияи) ҳатмӣ розигии корманди ҳайати роҳбарикунанда талаб карда намешавад. Ҷойивазкунии (ротатсияи) ҳатмӣ бо асосҳои зерин гузаронида мешавад:

– иҷрои супоришҳои махсусан муҳими давлатӣ;

– тайёр кардани кадрҳои роҳбарикунанда;

– мустаҳкам намудани иқтидори мақомот, воҳидҳои сохтории онҳо;

– пешгирии ҳолатҳои эҳтимолии содиркунии амалҳои коррупсионӣ, инчунин бархўрди манфиатҳо.

Ҷойивазкунии (ротатсияи) ихтиёрӣ бо ташаббуси корманди ҳайати роҳбарикунанда гузаронида мешавад. Асосҳо барои ҷойивазкунии   (ротатсияи) ихтиёрӣ инҳо мебошанд:

– иваз шудани ҷои зисти доимии корманди ҳайати роҳбарикунанда;

– таъин  (интихоб) гардидани ҳамсар ба мансаб барои кор дар дигар маҳал.

Ҷойивазкунии (ротатсияи) кормандони ҳайати роҳбарикунанда дар панҷ сол як маротиба гузаронида мешавад, агар қонунгузории амалкунанда дигар тартиби ҷойивазкуниро (ротатсияро) пешбинӣ накарда бошад.

Қоидаҳои гузаронидани ҷойивазкунии (ротатсияи) кормандони ҳайати роҳбарикунанда қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо шартномаҳои коллективӣ, санадҳои меъёрии дохилии ташкилот ва шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатӣ муқаррар карда мешаванд.».

3.  Моддаи 112  дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

«Моддаи 112. Кафолат ҳангоми ҷойивазкунии (ротатсияи)

корманди ҳайати роҳбарикунанда ва ё гузаронидани

корманд ба кори дигари доимии каммузд

Ҳангоми ҷойивазкунии (ротатсияи) корманди ҳайати роҳбарикунанда ва ё гузаронидани корманд ба кори дигари доимии каммузд музди меҳнати собиқаи онҳо дар давоми се моҳи аз рўзи ҷойивазкунӣ (ротатсия) ё гузаронида шуданаш, инчунин  ҳангоми гузаронидан мутобиқи хулосаи тиббӣ ба муносибати осеби меҳнатӣ, бемории касбӣ ва ё осеби дигари вобаста ба кор, ки аз ин саломатиашон зиён дидааст – дар тамоми давраи кор ва ё то муайян кардани маъюбӣ нигоҳ дошта мешавад.».

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон