Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Муҳоҷирони дохилӣ такягоҳ доранд!

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2012, №677 соли ҷорӣ бояд дар ҷумҳурӣ 661 оила ихтиёрӣ кўчонида шавад, аз ҷумла дар вилояти Хатлон  308 оила,  вилояти  Суғд 135 оила ва НТҶ 218  оила.
Аз ҷониби Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар 9 моҳи соли 2013 дар ин самт тибқи қарорҳои  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо андешида, барои муҳоҷиркунонии аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои зертобеи Агентӣ дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  корҳои  муайянеро  ба  анҷом  расонид.    Ба ҳолати нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ба 601 оилаи муҳоҷирони дохилӣ  қитъаи замин барои сохтмони манзил ҷудо гардид ва муҳоҷирон дар

Дар ин муддат дар ҷумҳурӣ ба 601 оилаи муҳоҷирони дохилӣ  қитъаи замин барои сохтмони манзил ҷудо гардида, муҳоҷирон дар мавзеъҳои нави зист ба қайд гирифта шудаанд, аз ҷумла дар вилоятҳои Хатлон 308 оила,  Суғд  135 оила ва НТҶ 158 оила. Ба ҳамаи муҳоҷирони дохилӣ қарзҳои имтиёзнок пардохт гардида, ин оилаҳо ва сохтмони манзилҳои истиқоматӣ дар маҳалҳои нави зист машғуланд.
Ҳамчунин дар ин муддат аз минтақаҳои хавфноки экологии ҷумҳурӣ 300 хоҷагии муҳоҷирони экологӣ кўчонида шуда, бо маблағи қарзи имтиёзнок ва кўмаки яквақтаинаи моддӣ таъмин карда шуданд, аз ҷумла дар ВМКБ 50 хоҷагӣ, вилоятҳои Суғд 66, Хатлон 108 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 76 хоҷагӣ.

ГОМИ УСТУВОРЕ БА СУИ МУВАФФАҚИЯТ!

Субҳи 16.10.2013 дар толорои маҷлисгоҳи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаи Шўрои Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар 9 моҳи соли 2013 бо иштироки муовинони Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Т. Табаров, Л. Шарипова, директори Агентии даавлатии ҳифзи иҷтимоӣ,шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират Н. Маҳмадулоев баргузор гардид, ки дар он ҳамаи роҳбарони сохторҳои тобеи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ,шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират ширкат доштанд.

Дар кори ҷаласа, таҳлилҳо оиди фаъолияти Агентӣ дар самтҳои ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират сурат гирифт. Дар ибтидо баромади сардорони раёсатҳои дастгоҳи марказии Агентӣ оиди ин самтҳои фаъолияти Агентӣ шунида шуд.
Ҳамзамон аз ҷониби роҳбарият масъалаҳои самти ҳифзи иҷтимоӣ, ҳолати захиракунонии маводи хурокворӣ, доруворӣ, сузишворӣ, сузишвории дизелӣ, инчунин таъмин намудани бошандагони хона-интернатҳо ва муассисаҳои иҷтимоии системаи Агентӣ бо сару либоси гарм, барои фасли зимистони солҳои 2013-2014 аз масъулин пурсида шуд.
Дар самти бозори меҳнат бошад, муҳокима атрофи касбомўзӣ, бо  кортаъминкунии аҳолии қобили меҳнат сурат гирифт. Қайд гардид, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби Барнома 15814 нафар, Худмаблағгузорӣ 41819 нафар, Шаҳодатномакунонии малакаҳои касбӣ 26824 нафар, тавассути дигар созмонҳо 2258 нафар, ба касбомўзӣ фарогирифта шуд, ки дар умум 86715 нафарро ташкил медиҳад, ки 86,72% нақшаи солонаро ташкил медиҳад.
Дар самти муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ бошад, иброз гардид, ки дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ Агентӣ дар самти муҳоҷирати аҳолӣ нақшаи дар пешбударо оиди кўчонидани муҳоҷирони дохилӣ аз минтақаҳои камзамин ба водиҳои заминҳои бекорхобида минтақаҳои серзамини аҳолинишин ба пуррагӣ анҷом дод.
Дар интиҳои ҷаласа Муовинони Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Т.Табаров ва Л.Шарипова баромад намуда, ишора намуданд, ки имсол барои кишвари мо бисёр як соли муҳим аст, зеро имсол чорабинии сиёсӣ, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад ва ҳамаи моро зарур аст, ки кору  фаъолияти худро бозҳам беҳтар ҷонок намоем.

САХОВАТМАНДОН ДАСТГИРИ НИЁЗМАНДОН!

Дар арафаи Иди саиди Қурбон аз тарафи корхонаҳову ташкилотҳои давлатӣ ва ашхоси саховатманди ҷомеа, бахшида ба ин рўзи муборак Муассисаи давлатии «Хона-интернати беморони касалиҳои руҳии ноҳияи Восеъ» – и вилояти хатлонро дастгирӣ намуданд. Аз ҷумла, аз тарафи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кўмаки хайриявӣ

аз қабили хўрока, сару либос, пояфзолҳои занона ва мардона, рахтихоб ба маблағи 32880 сомонӣ, аз ҳисоби Суди ноҳияи бошад, ба маблағи 230 сомонӣ маводҳои хурокворӣ  аз қабили орд ва равған, аз ҷониби  ҶДММ «Бадахшон – Тур»  ба маблағи 2975,50 сомонӣ  маводи ниёзи бошандагон, аз қабили картошка, пиёз, шакар, биринҷ, равған, орд ва дигар  лавозимоти мавриди ниёз, аз ҳисоби ҶДММ «Неъмат» дар ноҳияи Восеъ ба маблағи 280 сомонӣ  маводи хурока аз қабили орду равған ва аз ҷониби ашхоси саховадманди ҷомеа  бошад, ба маблағи 502,40 сомонӣ мавод аз қабили қанд, биринҷ, равған, маводҳои қаннодӣ, обҳои минералӣ, собуни мушкин ва собун барои шустани сару либосҳои бошандагон  тақдим гардид.
Бояд гуфт, ки иқдоми ин гуна ашхоси  боҳиммату  саховатманд дар ҷомеа, омили басо муҳимест барои дастгирии табақаи осебпазир ва ниёзманди ҷомеа.

МУВАФФАҚИЯТИ ИСТИРОҲАТГОҲҲО ВА ОСОИШГОҲҲОИ АГЕНТИИ ДАВЛАТИИ ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ, ШУҒЛИ АҲОЛӢ ВА МУҲОҶИРАТ ДАР МАВСИМИ ИСТИРОҲАТИИ СОЛИ 2013

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар асоси Нақшаи чорабиниҳо оид ба ташкил ва баргузории озмунҳо, мусобиқаҳо ва чорабиниҳои фарҳангӣ якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ  бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 3 давра – сатҳи ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳурӣ озмуни «Ҳунарҳои мардумӣ», «Зардўзи беҳтарин» ва  «Ҳунарҳои заргари беҳтарин» баргузор менамояд.

Иштирок дар озмунҳои сатҳи ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ маҳдуд набуда, ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон метавонанд бо маҳсулоти омодакардаи худ, ки ифодагари эҳёи ҳунарҳои мардумӣ мебошанд, иштирок намоянд.

Тибқи низомнома барои иштироккунандагони озмуни ҷумҳуриявӣ талаботи донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, доштани яке аз ҳунарҳои мардумӣ, иштироки фаъолона дар намоишҳои сатҳи маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ ва ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба анъанаҳои қадимаи халқи тоҷик, навҷўӣ ва ташаббускорӣ дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ муқаррар карда шудааст.

Даври ҷамъбастии озмун дар «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе баргузор гардида, ғолибон бо диплом ва мукофотҳо сарфароз мегарданд.

Тақдими китоб!

Бо ибтикор ва дастгирии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Асрорӣ ба китобхонаи Муассисаи давлатии «Истироҳатгоҳи собиқадорони ҷангу меҳнати «Ромит»-и шаҳри Ваҳдат» аз ҷониби муассисаҳои нашриявии «Ирфон» ва «Адиб» 140 адад китобҳои тозанашри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  тақдим карда шуданд.

Ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ дар вилояти Суғд!

Баҳри татбиқ намудани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои ҳифзи ичтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират Сарраёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар асоси Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ», дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарору фармонҳои Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, амал намуда, корҳои муайянро ба иҷро расонида истодааст.

Бо мақсади таъмин намудани шаҳрвандони бешуғл бо ҷойи кори доимӣ ва фароҳам овардани имконият оид ба интихоби кори мувофиқ, иҷроиши «Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2013»,  тибқи нақша – чорабинии Сарраёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар вилояти Суғд санаи 15 ноябри соли ҷорӣ дар майдони Регистони бозори Панҷшанбеи шаҳри Хуҷанд бо иштироки сардори Сарраёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар вилояти Суғд ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ярмаркаи ҷойҳоии кори холӣ ва вазифаҳои озод ташкил ва гузаронида шуд. Дар ярмарка Раёсату шуъбаҳои Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои Б.Ғафуров, Хуҷанд, Қайроққум, Ҷ.Расулов, Чкалов, Спитамен,  Истиқлол, Мастчоҳ, муасиссаҳои таълимии системаи Агентӣ ва намояндагони корхонаю, муассисаҳо, ташкилотҳо ва субъектҳои хоҷагидорӣ, ки барои фиристодани шаҳрвандон ба хориҷи кишвар иҷозатнома доранд, иштирок намуданд. Дар ярмарка зиёда 153 намояндагони ташкилоту муасиссаҳои гуногун иштирок намуда 2405 ҷойҳои кории холӣ пешниҳод намуданд. Дар рафти ярмарка зиёда аз 108 нафар шаҳрвандони корҷўй барои бо ҷойи кории доимӣ таъмин гардидан роҳхат дода шуд.
Масъалаи касбомўзонӣ ва бозомўзии шаҳрвандон ҳамеша дар мадди назари Сарраёсати Агентӣ қарор дошта, дар чорабинии мазкур 6 муасиссаҳои таълимии системаи Агентӣ иштирок намуданд дар натиҷа тариқи ярмарка 67 нафар шаҳрвандон ба муасиссаҳои таълимии роҳхат гирифтанд. Дар ярмарка зиёда аз 1500 нафар шаҳрвандони корҷўй иштирок намуданд.
Инчунин дар ярмарка кормандони Маркази Реинтегратсия, иштирок намуда ба муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта машварати ҳуқуқӣ, дастгирии равонӣ (психологӣ) пешниҳоди ҷойҳои холии корӣ, бо кор таъмин намудан ва додани маслиҳат оид ба самти ташкили соҳибкорӣ бо роҳи додани қарзҳои имтиёзнок, ба касбомўзӣ, такмили ихтисос ва бозомўзонӣ, фаро гирифтани муҳоҷирони меҳнатие, ки ба ватан баргаштанд маслиҳатҳо дода шуд.
Ярмаркаи баргузор гардида аз ярмаркаҳои қаблӣ дар он фарқ дошт, ки бо ташаббуси Сарраёсати Агентӣ аз ҳисоби ҷавонони фаъол аксия гузаронида шуда доир ба самтҳои фаъолияти Агентӣ (яъне ба  касбомўзонӣ ҷалб намудани шаҳрвандон, шаҳодатномакунонии малакаи касбӣ, таритиби ба хона-интернат ҷойгир намудани эҳтиёҷмандон, дастрас намудани воситаҳои ҳаракаткунанда- аробачаи маъюбӣ, асо ва асо бағал, маҳсулотҳои протезӣ- ортапедӣ, ба бекорон дастрас намудани кўмакпулӣ, тартиби истифодаи сомонаи махсуси маҳзани маълумот оиди ҷойҳои кории холӣ ва ғайра) маводҳои таблиғотӣ тақсим намуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Қайд кардан зарур аст, ки дар муддати соли ҷорӣ дар миқёси вилоят 207 маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ гузаронида шуда, зиёда аз 1124 нафар корҷўён ва бекорон ба ҷойҳои кории доимӣ таъмин гардида, 1362 нафар ба касбомўзонӣ фаро гирифта шуданд.
Дар давоми соли 2013 ба раёсату шуъбаҳои Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар вилояти Суғд 29500 нафар шаҳрвандон муроҷиат намуданд, ки 14670 ҳамчун корҷўянда ба қайд гирифта шуданд. Аз ҷумлаи муроæиаткардагон 14621 нафар занҳо ташкил мекунанд.
Шумораи бекорони ба қайд гирифташуда дар ин давраи соли 2013 10927 нафарро ташкил медиҳад. Аз ҷумлаи бекорони бақайдгирифташуда занон 48,5 фоиз (5307 нафар) ва ҷавонони синни 15-29 сола 73,0 фоиз (7978 нафар) – ро ташкил медиҳанд.

Обуна барои соли 2014!

Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират мактуби воридгардидаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19.08.2013, № 11\2177 оид ба нақша-супориши тасдиқшудаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.07.2013, №10.34\1-121 «Дар бораи обунашавӣ ба рўзномаву маҷаллаҳои ҷумҳурӣ» мавриди иҷро қарор дод.

Дар ин радиф, Агентӣ баҳри муташаккилона ба роҳ мондани маъракаи обунашавӣ ба рўзномаю маҷаллаҳо нақшаи маъракаи обунаро ба рўзнома ва маҷаллаҳои ҷумҳурӣ барои соли 2014 аз 22.08.2013, таҳия ва тасдиқ намуда, ба мақомоти Агентӣ дастрас гардонид.
Айни замон ба маълумот мерасонем, ки нақшаи пешниҳодгардидаи обунашавӣ ба рўзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ барои соли 2014 барзиёд иҷро гардидааст.

Рўзнома ва маҷаллаҳо:
Тибқи нақша – 194 нусха
Иҷро – 330 нусха
Мутобиқи шартнома бо КВД «Рўзномаи «Роҳнамо» дар соли 2014 636 нусха ба дастгоҳи марказии Агентӣ ва сохторҳои он дастарас хоҳад гардид. Илова бар ин тибқи нақшаи тасдиқнамудаи  Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои он ба рўзномаву маҷаллаҳои зерин обуна шудаанд.
Рўзнома ва маҷаллаҳо:
Тибқи нақша – 220 нусха
Иҷро – 235 нусха
Илова ба нақша35 нусха
Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар ҳамбастагӣ бо мақомоти тобеи худ, баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати иҷтимоии кишвар, ки матбуоти даврӣ инъикосгари фаъолияти самтҳои марбутаи соҳа мебошад, аз ин лиҳоз ҳамаҷониба ҷиҳати иҷрои маъракаи обунашавӣ ба рўзномаву маҷаллаҳо барои соли 2014 фаъолияти хуб нишон доданд.

МАЪЮБОНРО ДЎСТ ДОРЕД!

Санаи 3 декабари соли ҷорӣ, бахшида ба Рўзи байналмилалии маъюбон дар Муассисаи давлатии «Литсей-интернати касбии махсуси маъюбони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барномаи театрикунонидашудаи муҳассилини литсей зери унвони «Маҳбуби дилҳо» пешкаши ҳозирин гардонида шуд. Дар ин рўз ба хотири болидахотирии донишомўзони ин боргоҳи маърифат, ансамбли овозадори «Анис» ва гуруҳи ҳунарии «Дилсўз»-и муассисаи мазкур баҳри хонандагон сурудхонӣ намуданд.

ПАЁМ ПАЙВАНДГАРИ ИМРӮЗУ ФАРДО

Паём пайвандгари имрӯзу фардо, роҳнамои кору пайкор, қубтнамои корҳои дурахшон дар ҷомеа маҳсуб меёбад. Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бобати амалӣ намудани сиёсати пешгирифта ва паёми  Сарвари давлат фаъолияти хешро дар асоси он ба танзим даровардааст, (фаълияташро бароҳ мондааст).

     Табиист, ки дар паёми имсола тамоми самтҳои афзалиятноки ҷомеа бо таҳлилу баррасӣ амиқаш аз назари роҳбарияти давлат дур намондааст..

    Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23 апрели соли 2014) доир ба тақвияти низоми ягонаи омӯзиши касбии шаҳрвандони бекор, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ ва аҳолии калонсол, инчунин ташкили кори хонагӣ, ҳунари дастӣ ва дигар намудҳои косибӣ барои занону духтарони хонашин дар маҷмуъ ҷалб намудани шаҳрвандони бекор ба омӯзиши касбҳои гуногун ва бо ҳамин роҳ паст намудани шиддати бекорӣ дар кишвар мебошад.

     Дар иртибот ба ин гуфтањо рӯзи 21 майи соли равон маҷлиси умумии кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ, ҷиҳати омӯзиши Паёми навбатии сарвари давлат гузаронида шуд.

Дар маҷлис маърузаҳо атрофи Паёми имсола зери унвони «ПАЁМ ПАЙВАНДГАРИ ИМРӮЗУ ФАРДО» ва ПАЁМ, ИШОРАЕ БА РИСОЛАТИ ҶАВОНОН ДАР ҶОМЕА» аз ҷониби муовини директори Агентӣ Абдураҳмонов Б.М., сардори Раёсати бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ Қурбонов Н.М. ва сармутахассиси Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеа Умаров Р.М.  ироа гардид.

     Ҳамчунин ин нуқта ба таъкид  аз ҷониби роњбарияти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ишора гардид, ки дар Паём аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр шуда, ин миқдори умумии ҷойҳои нави кории муҳайёшуда ва барқароргардида дар панҷ соли охир зиёда аз 870 ҳазор, аз ҷумла танҳо соли 2013 беш аз 185 ҳазорро ташкил кард, ки ин барои беҳтар кардани вазъи бозори меҳнат ва сатҳи зиндагии мардум мусоидат намуд. Бояд хотирнишон кард, ки соли ҷорӣ дар ҳама соҳаҳои иқтисоди миллӣ боз 250 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешавад.

Ҳамзамон дар маҷлис аз ҷониби сармутахассиси Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеа Умаров Р.М дар мавзуи «ПАЁМ, ИШОРАЕ БА РИСОЛАТИ ҶАВОНОН ДАР ҶОМЕА» таъкид шуд, ки  дар он  чунин оварда шудааст «Иҷрои ин рисолати муҳими миллӣ, ҳамчунин дар зеҳни насли наврас ва ҷавонон решадор сохтани ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ ва бо раванди ободониву созандагӣ даъвату сафарбар намудани мардум вазифаи аҳли зиё низ мебошад.

Зеро зиёиён посдорони нангу номуси миллӣ ва  равшангарони роҳи фардои  миллатанд.

      Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди татбиқи сиёсати давлатии кадрҳо ба массъалаи баланд бардоштани мақоми занону ҷавонон, фаъол гардонидани нақши онҳо дар ҳаёти ҷомеа ва ҷавонгардонии ҳайати кадрҳои роҳбарикунандаии мақомоти давлатӣ диққати ҷиддӣ медиҳад.

      Дар байни аъзои Ҳукумат имрӯз шумораи занон 2 баробар зиёд гардида, дар мақомоти оллии намояндагии кишвар 11 нафар занон фаъолият доранд.

      Аз 18 300 нафар хизматчиёни давлатӣ, ки дар мақомоти марказиву маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоатҳо фаъолият менамоянд, 4 315 нафар ё 24 % ро занон ташкил медиҳанд»

Дар ин замина роҳбарияти Агентӣ ин сиёсатро ҷонибдорӣ намуда, дар айни замон шумораи умумии занону бонувон  дар дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои он 150 нафар ё худ 33 % – ро ташкил медиҳад.

«Сафҳои хизмати давлатиро ҷавонон ҳам пурра намуда, имрӯз ҷавонони то 35 сола 7 600 нафар  ё 41,4% хизматчиёни давлатиро ташкил медиҳанд ва зиёда аз 1200 нафари онҳо мансабҳои роҳбарикунандаро ишғол менамоянд.

     Дар баробари ҷалби бештари занону ҷавонон ба идоракунии давлатӣ зарур аст, ки ба баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбӣ ва қобилияти ташкилотчигии онҳо диққати доимӣ дода, онҳоро дар руҳияи ватандӯстӣ, поквиҷдонӣ ва хизмати содиқона ба халқу ватан тарбия ва ҳидоят намоем.»

     Чун мо ҷавонон бунёдкори ҷомеа ва ояндаи миллату давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, соҳибистиқлолем ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои созандаи неку пайгиронаи роҳбарияти давлат ва ҳукумат хизмати содиқона намоем.

СИЛСИЛА ХАБАРҲО,ҚАДАМИ УСТУВОР БА СУИ МАҚСАДҲО

СИЛСИЛА ХАБАРҲО,ҚАДАМИ УСТУВОР БА СУИ МАҚСАДҲО

Марҳилаи муосири пешрафти ҷомеаи Тоҷикистон, ки бо рушди демократия ва роҳандозии механизмҳои иқтисоди бозоргонӣ дар ҳаёт арзёбӣ мешавад дар назди давлат ва ҷомеа ба ҳайси афзалияти аввалиндараҷа таъмини рушди усутвори ин дигаргуниҳои иҷтимоию иқтисодиро тақозо менамояд.

     Бо гузаштани Тоҷикистон ба роҳи рушди бозаргонӣ, ногузир тағйири сохтори бозори меҳнат бо пайдоиши бекорӣ, ки хусусияти хоси иқтисоди бозоргонӣ мебошад, оғоз гардид.

     Дар ҳамин радиф бозори муосири меҳнат ва пешрафти бемайлони технологияҳои истеҳсолӣ сатҳи мувофиқи тахассуси касбиро талаб менамоянд, ки он дар навбати худ зарурати мунтазам тағйир додани ихтисосро дар давоми ҳаёт, пеш меорад.

     Бо ибораи дигар, раванди таъмини шуғли босамар ба ҳайси яке аз омилҳои калидӣ дар танзими бозори меҳнат ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ, ба сатҳи омодагии касбии захираҳои меҳнатӣ қаробати зич дорад.

     Дар ин росто таълими касбии калонсолон дар Тоҷикистон ҳамчун механизми мутобиқсозии қувваҳои корӣ ба талаботи бозори меҳнат нақши муҳим дорад.

     Аз ин хотир, бо карори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2008, №115 Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» таъсис дода шуд.

Феълан дар Муассисаи давлатии «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон» – и Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи 42 намуд касбу ихтисосҳо шаҳрвандони бекор, корҷӯён ва муҳоҷирони меҳнатӣ ба тайёрии касбӣ, такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва шаҳодатномакунонии малакаҳои касбӣ фаро гирифта мешаванд.

Дар Марказ ва филиалҳои он шаҳрвандони бекор, муҳоҷирони меҳнатии эҳтимолӣ ва дигар табақаҳои аҳолӣ забонҳои англисӣ, олмонӣ, русӣ ва инчунин ихтисосҳои ҳисобчии 1 С, кафшергари газу барқ, ошпаз, ҳаррот, дӯзандаи либосҳои занона, асалпарвар, боғпарвар, барқчӣ, асосҳои компютер, назоратчии барқ, пешхизмат, сантехник, сохтмончӣ, қаннод, маъмури меҳмонхона, котиба- коргузор, сартарош, рӯзғордорӣ, ташхису таъмири автомобил, хизматрасонии иҷтимоӣ, устои бомпӯш, чӯбтарош ва ғайраро аз худ менамоянд.

Ҳамчунин барои равнақу ривоҷи корҳои хонагӣ, ҳиссагузорӣ дар паст намудани камбизоатӣ миёни занону духтарони деҳот ва рушду эҳёӣ касбҳои қадимаи миллӣ, дар баъзе ноҳияҳои дурдасти кишвар омӯзиши касбҳои қӯроқдӯзӣ, кандакорӣ, чармгарӣ, гилему ҷуроббофӣ, гулдӯзӣ, чакандӯзӣ инчунин қолинбофии дастӣ ба роҳ монда шудааст.

Таҳсил дар марказ ба таври ройгон ва худмаблағгузорӣ амалӣ гашта, муҳассилин дар таълимгоҳҳои ба таври муосир ҷиҳозонидашуда ба таҳсил ва таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта мешаванд. Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» ва дигар муассисаҳои  таълими касбии системаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ барои қабули касбомӯзони хоҳишманд ҳамеша мебошанд.

Дар айни замон теъдоди умумии марказҳои таълими касбии системаи мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 77 ададро ташкил медиҳанд, ки ин марказҳо бо таҷҳизоти муосири таълимӣ, нақша ва барномаҳои ҷадиди таълимӣ пурра  таъмин мебошанд.

МУҲАСИЛИН АЗ КИШВАРИ АФҒОНИСТОН

Тайи солҳои охир саҳми муассисаҳои таълими касбии системаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар омодасозии касбии шаҳрвандон аз хориҷи кишвар  низ назаррас мебошад.

Алҳол дар марказҳои таълими касбии мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ аз Ҷумҳурии исломии Афғонистон занону духтарон ва ҷавонон бо омузонидани касбҳои “ОРОИШГАРИ МУЙ” ва “САНТЕХНИК тибқи Барномаи (АРСИВИСИ) дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо дастгирии Созмони Миллали  Муттаҳид 20 нафар ҷавондухтарону ҷавонписарон  ба ин касбҳо ҷалб гардида, дар марказ бо тариқи маблағгузорӣ аз ҷониби СММ ба касбомузӣ, аз руи ихтисоси ороишгари муй ва сантехникӣ ба муҳлати 2 моҳ ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд. Баъд аз хатми курси мазкур муҳассилин соҳиби “Шаҳодатнома” мегарданд.

 САНЪАТИ ОМӮЗИШИ МЕҲМОННАВОЗӢ

Дар даврони истиқлолият, Тоҷикистони ҷавон ба бисёре аз ташкилотҳову созмонҳои бонуфузи дунё шомил гардиду аъзогии онҳоро пазируфт ва Тоҷикистонро ба унвони як давлати дар зоҳир ҷавону дар ботин соҳибитаъриху соҳибтамаддуни воло шинохтанду эътироф намуданд.

 Дар ин муддати кутоҳ сарони Тоҷикистон дар тамоми нишасту вохӯриҳои ин созмонҳои бонуфузи дунё бомувафаққият ширкат варзида дар ин росто бо дарназардошти  ҳолати иқтисодиву иҷтимоии худ чунин пазироии меҳмонони сатҳи олии кишварҳои оламро дар оғуши худ қабул кард. Ва худро дар байни кишварҳои дунё шиносонид.

Бояд, гуфт, ки вохӯрии навбатии сарони Созмони Ҳамкориҳои Шанхай имсол 11-12 сентябри соли 2014  дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе баргузор хоҳад гардид.

Аз ин рӯ бо ибтикори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон барои пазироӣ ва хизматрасонӣ дар Вохурии сарони давлатҳои узви Ҳамкориҳои Шанхай ва намояндагони ин созмони бонуфузи дунёт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои уст, “СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ(САҲ) мебошад.

Аз ин рӯ барои дар сатҳи касбӣ (профессионали) пазироӣ намудани меҳмонон, аз ҳисоби донишҷуёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ бо теъдоди 150 нафар ҷавондухтарону ҷавонписарон аз ҷумла 110 нафардонишҷуён аз Донишкадаи тиҷорати Тоҷикистон, 20 нафар аз  Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва 20 нафар аз Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба муҳлати 2 моҳ барои омузиши касби “ПЕШХИЗМАТ” дар Маркази мазкур ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд. Барои дар сатҳи баланд гузаронидани ин чорабинии сиёсӣ ва пазироии меҳмонини олиқадр мутахассисони ботоҷриба азМЕҲМОНХОНАИ ТОҶИКИСТОН барои муҳассилин касб меомӯзанд.

Дар ин росто аз тарафи Кумитаи сарҳадоти Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 нафар афсарон дар ҳайати Старшинаҳои дидбонгоҳҳо бо ихтисоси “ОШПАЗ – ҚАНОД” ба омӯзиш фарогирифта шудааст. Донишҷуёну афсарон новобаст аз ин ки дар муассисаои оллии касбӣ таҳсил доранд ва дигарон дар адои хизмати Модар-Ватан ҳастанд баъд аз муҳлати таҳсил соҳиби “Шаҳодатнома” –и  касбӣ мегарданд.

                 РИСОЛАТИ МО ОМӮЗОНИДАН АСТ.

      Санаи 22.майи соли ҷорӣ дар Филиали Муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” дар шаҳри Душанбе имтиҳони хатми курси 3 моҳаи ихтисоси “Муҳосибӣ” тариқи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои соҳои 2014-2015 бо теъдоди 20 нафар омӯзонида, шуда соҳиби “Шаҳодатнома”– и хатм гардиданд.

      Бино ба гуфтаи муҳассилин 3 нафарашон аллакай соҳиби ҷои кор ва маоши  550-600 сомонӣ шуда, кор карда истодаанд.

 Аз ҷумла:

Оева Замира Саидқуловна дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси “Рамзгузор” бо маблағи 550 сомонӣ,

       Ҳасанова Мавҷуда Шарифовна дар “Боғи Ғалаба” ба ҳайси корманди Шуъбаи кадрҳо бо маблағи 600 сомонӣ ва Оева Заррина Саидқуловна дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси “Рамзгузор” бо маблағи 550 сомонӣ маош ба кор даромада кор кардаистодаанд.

       Ин андешаро низ ҷонишин директори Марказ Раҳмонова Зуҳро Абдуҷалиловна тасдиқ намуда, иброз намуд, ки дар ҳақиқат ин нафарон бо ҳуҷҷати тасдиқкунанда, ки дар он корхонаҳо кор ва фаъолият менамоянд ба мо пешниҳод намуданд.

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23 апрели соли 2014) доир ба тақвияти низоми ягонаи омӯзиши касбии шаҳрвандони бекор, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ ва аҳолии калонсол, инчунин ташкили кори хонагӣ, ҳунари дастӣ ва дигар намудҳои косибӣ барои занону духтарони хонашин дар маҷмуъ ҷалб намудани шаҳрвандони бекор ба омӯзиши касбҳои гуногун ва бо ҳамин роҳ паст намудани шиддати бекорӣ дар кишвар мебошад.

           Ҳамчунин нуктаи дигаре, ки дар Паём аз ҷониби Сарвари давлат зикр шуд, ин миқдори умумии ҷойҳои нави кории муҳайёшуда ва барқароргардида дар панҷ соли охир зиёда аз 870 ҳазор, аз ҷумла танҳо соли 2013 беш аз 185 ҳазорро ташкил кард, ки ин барои беҳтар кардани вазъи бозори меҳнат ва сатҳи зиндагии мардум мусоидат намуд. Бояд хотирнишон кард, ки соли ҷорӣ дар ҳама соҳаҳои иқтисоди миллӣ боз 250 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешавад, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои худ дар шаҳру навоҳии мамлакат нисбати ин супориши муҳим коро дар ин самт дуруст ва пайгирона ба роҳ мондааст.

Занони куҳистон дастгирӣ меёбанд!

    Санаи 26.06.2014 дар Филиали Маркази таълими калонсони Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб омӯзиши курси «Қуроқдӯзӣ» кушода шуд. Барои ҳарчи бештар ҷалб намудани занону духтарони деҳот ба шуғл ин корест басо муҳим.

         Дар натиҷаи ифтитоҳи ин курси омӯзишӣ ба мо маълум гардид, ки аллакай занону духтарони ҳудуди ноҳия ба касбҳои мардумӣ рағбати хоса дошта, 20 – нафар занону бонувони  ноҳия ба омӯхтани ин касб шуруъ кардаанд.

         Қобили зикр аст, ки аз тарафи филиали маркази мазкур 20 – нафар касбомӯзон соҳиби шаҳодатнома бо ихтисоси «Замбӯрпарварӣ» гардидаанд.

Ваҳдати миллӣ – ҳуҷҷати тақдирсоз!

Санаи 26 июни соли равон дар якҷоягӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бахшида ба таҷлили 17 – умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор намуд.

       Ҷамъомади мазкурро муовини аввали Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сангинов Э.Н. кушода эълон намуда, аз номи Вазир бо ҷашн табрик карда, ба ҳар як хонадони тоҷик некуаҳволӣ, бахти фирӯз, толеи баланд, саломатӣ ва дар кору пайкори минбаъда барору пирӯзӣ орзу намуданд.

Сипас, С.Мусофиров Мудири Шуъбаи ташкилӣ ва назорат чунин суханронӣ намуданд : «Чи тавре Шумо огоҳӣ доред охири солҳои 80 ва аввали солҳои 90 ҷомеаи Тоҷикистон ба мухолифати тезутунд ва муноқишаи пурвусъат гирифтор шуд. Он низоъҳо аксаран хислати тезутунд пайдо намуда, оқибат мамлакатро ба ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор намудаанд.

Воқеан он ошубҳо дар ҳаёти ҷомеаи шаҳрвандии мо ҳодисаи қасдан эъҷод шуда набуда, балки дар ҷарраёни инкишофи ҷомеа тавлид шуда, давраи дуру дарозеро дар бар гирифтаанд, ки соли 1996 – ум барои оташбас эълон кардани тарафҳои даргир музокироти ҳалкунанда ба вуҷуд омад.

Ин лаҳза боиси ёдоварист, ки айёме, ки Тоҷикистон ба Ваҳдати миллӣ мерасид, бо сабабҳои маълум ба сангинтарин ва даҳшатноктарин имтиҳони таърих рӯ ба рӯ гардида буд. Он рӯзҳо дар назди Тоҷикистон ва халқи он масъалаи тақдирсоз «ё ҳаёт ё мамот» қарор дошта кишвар дар оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва буҳрони шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ гирифтор шуда буд.

Бо ташкили чорабиниҳо мо ифтихор дорем, ки тоҷикон яке аз миллатҳои қадимтарини дунё бо анъанаву суннатҳои таърихашон аз тамаддуни бузурги ориёи бевосита саҳм гузошта, ҳамеша ғояҳои инсондӯстиву созандагиро талқин менамоянд.»

Инчунин сухан ба Сармутахассиси Раёсати муҳоҷирати аҳолӣ Умаров Рустамҷон дода шуд, ки ӯ чунин мегӯяд: «Пӯшида нест, ки ҳаводиси фоҷиабору харобиовари охири асри гузашта моро ҳамеша ҳушдор медиҳанд, ки барои эмин нигоҳ доштани сулҳу субот дар ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ ва таъмини ҳаёти осоиштаи халқамон ҳамеша ҳушёру омода бошем.

Мо – тоҷикон таърихан миллати фарҳангӣ ва халқи сулҳпарвару сулҳовар ҳастем. Имрӯзҳо таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди омӯзишу дастгирӣ қарор гирифта, чун падидаи нодири фарҳанг сулҳофарӣ пазируфта шудааст.

Ҳамин аст, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббусҳои Тоҷикистонро доир ба ҳалли масоили муҳими минтақа ва ҷаҳон истиқбол менамояд. Ин ҳам аз нуфузу аҳамият ва мақому мартабаи Созишномаи сулҳи тоҷикон шаҳодат медиҳад.

Имрӯз ҳар яки мо дарк менамоем, ки истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ шоҳсутуниҳои зарринеро мемонанд, ки давлат ва миллати моро пойдору устувор нигоҳ дошта моро муваззаф менамояд, ки бо заҳмати созанда ин пояҳои давлатдории миллиамонро мукаммал науда, устувор нигоҳ дорем.

Муҳоҷирони дохилӣ бе тараф нестанд!

Агентии меҳнат ва шуғҳли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи супоришҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2015» санаи 04 июли соли 2014 дар бинои Сирки шари Душанбе ярмаркаи умумишаҳрии ҷойҳои корӣ ва вазифаҳои озод баргузор шуд, ки дар он пешниҳоди ҷойҳои кории холӣ дар соҳаҳои саноат, сохтмон, тандурустӣ, маориф, манзилию коммуналӣ инчунин сохторҳои марбутаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҳузур доштанд. Ғайр аз ин, дар ин маърака намояндагони ВАО иштирок намуданд.

      Аз он ҷумла, дар ин ярмаркаи умумишаҳрӣ барои ҷойҳои кории холӣ пешниҳодшуда дар чор ноҳияҳои шаҳри Душанбе аз он ҷумла ноҳияҳои Шоҳмансур 315, И. Сомони 306, Фирдавсӣ 511, Сино 876 дар маҷмӯъ 2008 ҷойҳои корҳои холиро пешниҳод намуданд. Дар ин ярмарка, зиёда аз 45 корхонаҳои кордиҳандагон иштирок дошта, шумораи корҷӯён зиёда аз 250 нафарро ташкил дод. Шумораи шахсони ба кор роҳхат гирифта 53 нафар, тадқиқотҳои сотсиологӣ 25 нафар, машварати касбӣ 18 нафар, Маркази омӯзиши модули 20 ва Маркази таълимии ш. Душанбе 7 нафарро ташкил дод. Мақсади асосии ташкил ва баргузор намудани ярмаркаҳои ҷойҳои корӣ ва вазифаҳои озод аз он иборат аст, ки таъсир ва рушди бемайлони сатҳи шуғлнокии аҳолӣ, ташкили шароити мусоид барои корхона, ташкилоту муассисаҳо ҷиҳати дарёфт намудани корманди мувофиқ, ба шаҳрвандони бекор ҷиҳати кори мувофиқ ва бо ин васила муътадил гардонидани вазъи бозори меҳнат, иборат аст.

    Маводи мазкур дар асоси асноди пешниҳоди Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе матраҳ гардидааст.

СОҲАИ ШУҒЛ, ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОК

Санаи 14 июли соли 2014 дар толори маҷлисгоҳи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаи Шўрои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ бо иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағоева Сумангул Саидовна, муовини Вазири меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Мирзоев А.Н., сардори Раёсати бозори меҳнат Музаффаров Ҳ., директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Баротов Б.Х., (минбаъд Агентӣ), муовини аввали директори Агентӣ Абдураҳмонов Б., муовини директор Қурбонов Н. ва ҳамаи роҳбарони сохторҳои тобеи Агентӣ ширкат варзиданд.

      Доир ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар нимсолаи якуми соли 2014 муовини директор Қурбонов Н.М., маърўза намуд.

Аз ҷумла қайд гардид, ки давраи ҳисоботӣ ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 66902 нафар шаҳрвандон муроҷиат намуданд, ки 42837 нафари онҳо ҳамчун бекор ба қайд гирифта шуда, ба 30545 нафар расман мақоми бекорӣ дода шуд. Тавассути татбиқи чорабиниҳои Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар маҷмўъ 22915 нафар шаҳрвандон бо ҷойҳои корӣ таъмин гардиданд. Аз ҷумла, ба воситаи ҷойҳои кории бандшуда (квотаҳо) 1720 нафар ва тавассути ташкили корҳои фардӣ 1960 нафар соҳиби ҷойи кор шуданд. Дар асоси 141 шартномаҳои тарафайн бо корхонаву ташкилотҳо 3259 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ ва 11187 нафар аз ҳисоби маблағҳои буҷети барнома дар марказҳои таълими касбии мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба омўзиши касбӣ фаро гирифта шуданд. Ба 4401 нафар бинобар аз даст додани ҷойи кор ба муддати то 3 моҳ кўмакпулӣ барои бекорӣ пардохт гардид. Аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо дар ҷумҳурӣ дар ин муддат 92245 ҷойҳои кории нав таъсис дода шудааст. Бо мақсади мусоидат барои дарёфти ҷойи кори муносиб ба шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ин давра 344 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуда, 2445 нафар корҷўён дар ин ярмаркаҳо соҳиби ҷойи кор гардиданд, ба 2657 нафар роҳхат барои касбомўзӣ дода шуд ва 857 нафар ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар гардиданд. Бевосита тавассути ташкил ва баргузории ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ 5959 нафар шаҳрвандони бекор ва корҷўён ба намудҳои гуногуни шуғл ҷалб шуданд.

     Ҳамин тавр, дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба 103855 нафар шаҳрвандон хизматрасонӣ анҷом дода шуд.

     Пас аз шунидани маърўза ва муҳокимаи он бо иштироки намояндагони сохторҳои мақомот дар интиҳои кори ҷаласа Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағоева С.С., баромад намуда, кормандони соҳаро ба иҷрои босифати вазифаҳои муайяншуда дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҳидоят намуданд.

Дафтари матбуотии Агенти дар вилояти Суғд

Санаи 17 июли соли 2014 дар маҷлисгоҳи Раёсати Агентии суғуртаи ичтимоӣ ва нафакаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма аз ҷумла, рузномаи «Ҳақиқати Суғд », « Суғд Ҳақиқатӣ», «Согдийская правда», «Сухани халқ», «Азия+» ва телевизиони «Азия» нишасти матбуотии сохторхои Раёсати меҳиат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд, Раёсати Хадамоти назорати давлатӣ дар сохаи мехнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии вилоят, Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳиат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят баргузор гардид.

   Дар огоз сардорони Раёсатҳо ба суханбар омада доир ба иҷрои «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2015», «Барномаи рушди таълими касбии калонсолон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015» ва оид ба фаъолияти худ дар нимсолаи аввали соли 2014 ба ҳозирин маълумот доданд.

   Аз чониби хабарнигорон ва рузноманигорон саволҳо бобати тадбирҳои амалӣ гардида чиҳати таъмини шаҳрвандон бо ҷойҳои корӣ, ҷалб намудани занону духтарон барои омузиши ҳунарҳои мардумӣ, нафақаи шаҳрвандон, суғуртаи иҷтимоии шаҳрвандон, муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони вилояти Суғд ва натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои Раёсатҳо иброз гардид.

    Дар рафти нишаст намояндагони васоити ахбори омма ба саволҳои худ аз сардори Раёсат посухҳои мушаххас гирифтанд.

Корҷӯён ба кор таъмин мешаванд!

Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи супоришҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2015» санаи 14 августи соли 2014 дар бинои Сирки шаҳри Душанбе ярмаркаи умумишаҳрии ҷойҳои корӣ ва вазифаҳои озод баргузор намуд, ки дар он ҷойҳои кории холӣ дар соҳаҳои саноат, сохтмон, тандурустӣ, маориф, манзилию коммуналӣ инчунин сохторҳои марбутаи Агентии меҳнат ва шуғли    аҳолӣ пешниҳод гардиданд. Инчунин дар маърака намояндагони ВАО иштирок намуданд.

    Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ин ярмарка чор ноҳияҳои шаҳри Душанбе аз он ҷумла ноҳияҳои Шоҳмансур 286, И. Сомонӣ 281, Фирдавсӣ 651, Сино 779 дар маҷмўъ 1997 ҷойҳои корҳои холиро пешниҳод намуданд. Дар ярмарка, зиёда аз 50 корхонаҳои кордиҳандагон иштирок дошта, шумораи корҷӯён зиёда аз 485 нафарро ташкил дод. Шумораи шахсони ба кор роҳхат гирифта 53 нафар, шахсони ба касбомўзӣ фиристодашуда 19 нафар, биржаи меҳнатии ҷавонон 16 нафар, тадқиқотҳои сотсиологӣ 17 нафар, машварати касбӣ 18 нафар, Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон 13 нафар, Маркази омӯзиши модулӣ 20 нафар, Маркази таълимии шаҳри Душанбе 8 нафар, Маркази касбомўзӣ 10 нафар ва инчунин Агентии бокортаъминкунӣ 19 нафарро ташкил дод. Мақсади асосии ташкил ва баргузор намудани ярмаркаҳои ҷойҳои корӣ ва вазифаҳои озод аз он иборат аст, ки таъсир ва рушди бемайлони сатҳи шуғлнокии аҳолӣ, ташкили шароити мусоид барои корхона, ташкилоту муассисаҳо ҷиҳати дарёфт намудани корманди мувофиқ, ба шаҳрвандони бекор ҷиҳати кори мувофиқ ва бо ин васила муътадил гардонидани вазъи бозори меҳнат, иборат аст.

   Маводи мазкур дар асоси асноди пешниҳоди Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе матраҳ гардидааст.

Ҳамкориҳо бо шарикони рушд тақвият меёбанд…

Санаи 13 августи соли равон дар муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон»

вохӯрии роҳбарияти Муассиса ва муовини директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Қурбонов Ниёз Маҳадбоқиевич бо роҳбари лоиҳаи «Такмили иштироки бахши хусусӣ дар низоми таҳсилоти касбӣ-техникии Тоҷикистон» Гарри Абрилло баргузор гардид.

Дар рафти нишаст масъалаи бештар ҷалб намудани кордиҳандагон ба раванди омўзиш мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Боздиди намояндагони Раёсати Туркия

  Санаи 15 августи соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» намояндагони Раёсати Туркия оид ба рушд ва ҳамкории байалмиллалӣ (ТИКА), ки тавассути он 2 нафар омўзгор баҳри омўзиш ба гуруҳҳои «Пешхизмат» ҷалб шудаанд, ба муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» ташриф оварданд.

      Мақсади ташриф дидор аз омодагии синфхонаҳои назариявию амалӣ, тайёр намудани пешхизматҳо барои хизматрасонӣ дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) ва гузаронидани тренингҳо бо коргарони Муассиса оид ба қабули меҳмони расмӣ иборат буд.

Ташрифи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Алимардон ба Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон

Санаи 18 августи соли равон дар тарабхонаи таълимии Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон»

бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Муродалӣ Алимардон, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Тағойзода Сумангул Саид, сардори Раёсати Туркия оид ба рушд ва ҳамкории байналмилал Назим Аксой, директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Баротов Бобохон Холович ва директори Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» Фаромузов Алишер Ҷумаевич вохӯрӣ бо омӯзгорони ботаҷриба оиди ихтисоси «Пешхизмат» аз давлати Туркия баргузор гардид, ки бояд онҳо омӯзиши амалии ин ихтисосро дар сатҳи баланд ба роҳ монанд.

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳодатномаи миллат

Халқи Тоҷикистонро бахту саодати бузурге насиб шудааст, ки соҳиби чунин Конститутсия гаштаанд. Чунки коршиносони байналмилали ва дохилӣ Конститутсияи амалкунандаи моро яке аз бехтарин конститутсияҳои демократӣ медонанд.

Чӣ хеле, ки ба ҳамагон маълум аст, имсол 20-солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирем.

    Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-ноябри соли 1994 дар як давраи бисьёр ҳассоси сиёсӣ, нофаҳмиҳои халқӣ Тоҷикистон қабул карда шуда буд.     Конститутсияи соли 1994 аз Констиутсияҳои қаблии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кулли фарқ дорад.  Яке аз мисоли равшани он  дар Констиутсияи амалкунандаи кишвар ба инсон ва шаҳрванд, инчунин ҳуқуқу озодиҳои он диққати махсус додани давлату ҳукумати кишвар мебошад.

Ҳамзамон қайд кардан ба маврид аст, ки дар моддаи 5 Конститутсияи (Сарқонуни) кишвар омадааст, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Инчунин дар моддаи мазкур зикр меравад, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф риоя ва ҳифз менамояд. Чунин кафолатҳо дар Констиутсияҳои қабли муқаррар нашуда буданд.

Баъд аз қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагии халқи мо рӯ ба беҳбуди ниҳод. Чунки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ хеле, ки дар моддаи 17 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  қайд карда шудааст: Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Ин гуфтаҳо як ҷаҳон маъни доранд, ки тамоми халқиятҳо бемонеа метавонанд, бо роҳҳои қонуни дорои молу мулк ва зиндагии арзанда бошанд.

    Чӣ хеле, ки дар моддаи 11 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шудааст – Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмиллалӣ муайян мекунад.

Сиёсати сулҳҷуёнаро дар амал татбиқ намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои кишварҳои хориҷа мавриди омӯзиш қарор гирифта истодаанд. Сиёсати сулҳҷуёнаи тоҷикон бо роҳбарии сарвари давлат барои кишварҳои хориҷа дастури омӯзиши аст.

    Аз ин ҷост, ки имрӯз зиёда аз 150 Давлати дуньё Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлат шинохтаанд ва қисми зиёди онҳо бо давлати мо доду гирифти тиҷоратӣ доранд.

Як нуқтаи дигарро қайд кардан зарур аст, ки таҷзияи ҳокимияти давлатӣ бори аввал дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шуд. Дар моддаи 9 Констиутсия омадааст, ки ҳокимияти давлати дар натиҷаи таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад. Ин нишонаи онро дорад, ки ҳар яке аз шохаҳои ҳокимияти давлати ба дигаре тааллуқ надошта дар алоҳидагӣ фаъолият менамоянд.

    Дар интиҳо зикр кардан ба маврид аст, ки халқи моро зарур аст, ки дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон кор ва фаъолият намуда Истиқлолияти Давлати Тоҷикистон ва Ваҳдати миллиро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ доранд, ки дар оянда зери осмони софу беғубор ва дар фазои якдигарфаҳми зиндагӣ намоянд.